Нусхаи чопи
Ҷумъа, 05 Июни 2020 07:22

Ба чашми хирад дид бояд ҷаҳон

Муаллиф: Кароматулло ОЛИМОВ

  Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 23 сол мегузарад. Ин давраест, ки ҷаҳон ба буҳрони умумӣ гирифтор шудааст. Шуури ҷамъиятӣ дар ҷаҳон ба ақидаи бисёр олимони Ғарбу Шарқ, ба шуури буҳронӣ табдил ёфтааст. Маъмулан ин буҳронҳо дар давраи аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштани давлатҳо ва ҷомеаи инсонӣ ба вуҷуд меоянд ва боиси пайдоиши ҳар гуна эҳсоси хавфу хатар ва таназзули фикрии одамон мегарданд. Назарияҳое пайдо мешаванд, ки ҷараёни буҳронро аз мавқеъҳои гуногуни синфӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ ва ғайра шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

  Ба ақидаи банда, буҳрони имрӯзаи ҷаҳонӣ аз фурӯпошии низоми сотсиалистӣ дар Аврупо ва барҳам додани Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз шуда, ҷангҳои локалии идомадор натиҷаи ҳамин зилзилаи бузурги сиёсию иҷтимоӣ мебошад. Яке аз муҳаққиқони рус навиштааст, ки «Асри ХХ, эҳтимолан, дар таърих ҳамчун фоҷиабортарин ва буҳронитарин асре дар тамоми таърихи инсоният ворид хоҳад шуд: ду ҷанги ҷаҳонӣ; таъсиси режимҳои тоталитарӣ; буҳрони ақидаҳои оид ба инкишоф, ақлоният, гуманизм, ки дар тӯли асрҳо фарҳангу тамаддуни аврупоиро фарқ мекунонд; дигаргуниҳои харобиовари иқтисодӣ; инкишофи босуръати технологӣ; болоравии бесобиқаи истеҳсолоти саноатӣ ва дар айни замон аз силоҳи ақли инсон ба манбаи таҳдид ба мавҷудияти инсоният табдил ёфтани он ва ба ҳамин монанд ҳодисаҳо шуури буҳрониро ба вуҷуд оварда ва онро ба таври устувор ва васеъ паҳн мекунанд». Шуури буҳронӣ имрӯз санъат, адабиёт, фалсафа, фарҳанг ва андешаҳои мардуми одиро фаро гирифта, баъзе сиёсатмадорон аз ин раванд ба ташвиш афтодаанд. Баъзеҳо ҳатто аз раванди инкишофи проблемаҳои глобалӣ ба таҳлука афтода, ба хулоса омадаанд, ки имкони худинкишофёбии ҷамъияти инсонӣ ба охир расида, марги он наздик омадааст. Ва буҳрони иҷтимоӣ-фарҳангиро ҳамчун буҳрони умумиинсонӣ қаламдод менамоянд ва асоси онро дар ирратсионализм, ки бар шуури ақлонии инсон ғолиб омадааст, мебинанд. 

  Дар муқобили ақидаи шуури буҳронӣ баъзе донишмандон бо пайравӣ ба файласуфи машҳури фаронсавӣ Огюст Конт (1798 - 1857), ки асосгузори фалсафаи позитивизм мебошад, назарияи стабилизатсиониро пешниҳод намудаанд, ки мувофиқи он тараққиёти илм ва пешрафтҳои илмӣ-техникӣ буҳронҳои сиёсӣ ва ахлоқиро метавонанд бартараф созанд. Вале равандҳои муосир, техника ва технологияи нави босуръат тағйирёбанда нишон дода истодаанд, ки ин пешрафтҳои идоранашаванда хатарҳои зиёди глобалиро низ дар пай доранд. Баъзеҳо дар Ғарб суханони Нитсшеро паямбарона дониста, тасдиқ мекунанд, ки, воқеан ҳам, «Мавҷи бузурги ваҳшоният то дарвозаи мо баланд шуда расидааст». Вале файласуфоне низ ҳастанд, ки ба бартараф шудани буҳрони глобалӣ бовар доранд. Чунончи, яке аз файласуфони машҳури муосири олмонӣ Юрген Хабермас ақида дорад, ки ақли инсонӣ дар ниҳояти кор қодир аст ӯро аз буҳрон берун оварад. Ба баёну таҳлили ба тафсили чунин ақидаҳои илмию фалсафӣ дар ин мақола имкон нест. Бинобар ин, агар дар асоси хулосаҳои илмии баъзе донишмандони ғарбӣ ва рус воқеаҳои муосири Тоҷикистонро тавзеҳ диҳем, пас метавон гуфт, ки ба саҳнаи сиёсӣ кашида шудани оммаи васеъ таҳти шиорҳои динӣ ва маҳалгароӣ, ки боиси ҷанги шаҳрвандӣ шудаанд, натиҷаи муборизаи ирратсионализм бо ақлгароӣ буд. Дар ин раванд шуури динии сиёсишуда ва таҳрифгардида, ки ба эҳсосот асос ёфтааст, буҳрони шадиди маънавиро дар байни гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа ба вуҷуд оварда буд. 
  Агар аз нигоҳи фалсафӣ ба ҳодисаҳои кишварамон ва аз ҷанги шаҳрвандӣ халос шуда ба сулҳу ваҳдати миллӣ расиданро таҳқиқ намоем, пас хулосаи мо метавонад оптимистона бошад. Зеро аз ҷангу бетартибиҳо, ки дар паси худ куштору ғорат, беназмию харобиро ба бор оварда буд, ақли солим ғолиб омад ва ба сулҳу ваҳдати миллӣ расонд. Бинобар ин, таҷрибаи Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаи буҳрони шуур ва муборизаи ирратсионализму ратсионализм метавон таҷрибаи амалии ғалабаи ратсионализм бар ирратсионализм донист ва ҳамчун мисоле барои ҳалли ин баҳс пешниҳод намуд. Вале кишвари мо, бо вуҷуди дар соҳаи сиёсат ва маънавиёт фаъолиятро ба ратсионализм аёр намудан, аз хатарҳои замона танҳо берун омада наметавонад ва ҳамчун узви ҷомеаи башарӣ аз фалокатҳои муосир эмин нест. Лекин чораҳои оқилона барои рафъи мушкилиҳо ва сабру таҳаммул дар душвориҳо низ, ки дар таълимоти гузаштагони мо ҳамчун яке аз роҳҳои раҳоӣ аз буҳронҳо будааст, аҳамияти худро аз даст надодааст. Расидан ба ваҳдати миллӣ далели равшани натиҷаҳои мусбати ақлгароӣ ва таҳаммул дар Тоҷикистони муосир таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мисоли пирӯзии сиёсати ратсионалистӣ дар ҳалли муаммоҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошад.
  Бар хилофи солҳои гузашта Рӯзи Ваҳдати миллӣ имсол дар шароите баргузор мешавад, ки ҷаҳон буҳрони шадиди эпидемиологӣ ва равониро аз сар мегузаронад ва Тоҷикистон низ аз бемории сироятии COVID-19 дар канор намонд. Вале ба рағми баъзе пешгӯиҳои маъюскунанда ва дурӯғпароканиҳо дар бораи нотавон будани Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон дар муқобили ин бемории маргбор вазъият бинобар чорабиниҳои ҷиддии Ҳукумат дар кишвар на танҳо беҳбуд ёфт, талафот нисбатан кам гардид, рӯҳияи ноумедию маъюсӣ дар ҷомеа ба вуҷуд наомад ва ҳатто умеду боварӣ ба ояндаи нек фарогири тамоми мардуми тоҷик гардид. Инро метавон пирӯзии Ҳукумат таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар ин бемории вазнини сироятӣ номид. Чаро? Карл Маркс, гуфта буд, ки оғози ҳар кор мушкил аст. Воқеан, дар аввали «ҳуҷуми» коронавирус мардум бепарвоӣ зоҳир мекарданд, бинобар ин, мушкилиҳое низ пеш омаданд, ҳарчанд Ҳукумат барои роҳ надодан ба воҳимаю парешонфикрии ҷомеа барои пешгирӣ аз хатари пандемия чораҳои зарурӣ меандешид. Баъди пайдо шудан ва хуруҷ кардани вирус ба зудӣ чораҳои фавқулода дида шуданд, ки онҳо комплексӣ буданд, яъне ҳам аз ҷиҳати табобатӣ - ба беморхонаҳо фароҳам овардани шароити зарурӣ барои муолиҷаи беморон, ҳам ба воситаи сари вақт ҷорӣ кардани карантин барои мусофирони аз кишварҳои дигар ба Тоҷикистон аз роҳҳои гуногун воридшуда, ҳам ташкили васеи корҳои таблиғотӣ ва огоҳондани мардум аз хавфи беморӣ ва баргузор намудани корҳои санитарӣ ва зиддиуфунӣ дар саросари кишвар, ҳам пешгирии болоравии нархҳо дар бозорҳо, ҳам бо маводи ғизоӣ таъмин намудани аҳолӣ, бахусус дар маҳалҳои бештар сироятёфта ва ҳоказо. Ғайр аз ин дар ҳамин давра кумакҳои беғаразонаи кишварҳои дӯст ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати таъминот бо воситаҳои техникӣ, доруворӣ, мубодилаи таҷриба бо табибони мамлакатҳои хориҷӣ низ барои пешгирии беморӣ ва шифоёбии беморон, кам шудани ҳолатҳои марг нақши муҳим доштанд. Хидматрасонии табибон ва кормандони соҳаи тиб, заҳмати фидокоронаи онҳоро дар ин давраи ҳассос исбот намуд, ки аз тарафи Сарвари давлат ҳамчун қаҳрамонӣ арзёбӣ гардид. 
Баъзе мунаққидони Ҳукумат такрор мекунанд, ки гӯё имрӯз давлати мо бе кумакҳои беруна масъалаи худро ҳал карда наметавонад. Ин фикр ғалат аст, чунки имрӯз давлати мо муҳтоҷи ҷиддии кумакҳои ғайр нест. Дигар давлатҳо низ, қатъи назар аз ин ки дар кадом вазъият қарор доранд, пешрафта ҳастанд ё рӯ ба инкишоф, дар чунин ҳолатҳои фавқулода вазифаи инсондӯстонаи худро нишон медиҳанд. Чунончи, ёрии беғаразонаи давлати ҳамсоя ва бародар - Ӯзбекистон барои бартараф кардани коронавирус хеле бамавқеъ буд ва аз васоити ахбори оммаи Тоҷикистон васеъ намоиш дода шуд. Ё ёрии табибони Хитой, ки барои маслиҳат ба Тоҷикистон омаданд. Дар айни замон бо ҳидояти Пешвои миллат Ҳукумати Тоҷикистон низ ба зарардидагони офати табиӣ дар Ӯзбекистон ёрии беғаразонаи худро, ки бештар аз 50 вагон масолеҳи сохтмонӣ буд, расонд. Ин ҳусни ҳамҷаворӣ барои ҳар ду кишвар яке аз омилҳои пешрафт ва зиндагии орому осудаи ду халқи бародар ва минтақа низ мебошад.
  Ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) бе воҳимаю дағдаға муяссар гардид, ки аксари аҳолиро ба эҳтиёткорӣ даъват намуда, режими ҳифзи аҳолиро аз сирояти беморӣ ҷорӣ намуда ва паҳншавии саросарии онро пешгирӣ намояд. Албатта, баъзе шикоятҳо аз сари вақт ҳозир нашудани ёрии таъҷилӣ, дертар дастрас шудани василаҳои пешгирӣ, пеш аз ҳама, ниқобҳои тиббӣ, вуҷуд доштанд, лекин ин камбудиҳо ба зудӣ бартараф шуданд. Муассисаҳои дӯзандагии давлатию хусусӣ барои таъмини талабот дар ин ҷиҳат корҳои зиёдро иҷро намуданд ва ниқобҳо аз берун низ қисман ворид шуданд. 
Бояд махсус зикр кунем, ки дар ҳамин давраи хеле вазнин ва ҳассос мубориза бо бемории коронавирус мардуми кишварро бештар муттаҳид намуд, ҳисси меҳру шафқатро бедор кард, Ҳукумат ва халқро ҳар чи бештар наздик кард. Яъне фазои умумимиллии муттаҳидӣ барои мубориза бо душмани ноаён равшан ба зуҳур омад. Ин чунин маънӣ дорад, ки мусибат барои таҳкими ваҳдати миллӣ боз як санҷиши ҷиддӣ гардид. Лекин, мутаассифона, баъзе шахсони аз Ватан берун, гурӯҳҳои бо давлат ихтилофи назардошта, барои ба вуҷуд омадани фазои навмедӣ ва «дӯсту ғамхор» нишон додани худ ба халқ аз вазъият сӯиистифода карданӣ шуданд. Яъне дар вазъияти душвори баамаломада, ки мантиқан аз ихтилофҳо муваққатан бояд  сарфи  назар  шуда,  ҳадафи  бузурги  миллӣ– муборизаи якҷоя аз дохил ва хориҷ бояд сурат мегирифт, ё имкони дастгирии иқтисодӣ надошта бошанд (ин ҳам маълум аст иддае, ки муқобили Ҳукумат мебошанд, худашон муҳтоҷ ва дастнигари дигарон ҳастанд ва мусаллам аст, гурӯҳе бо супориши дигарон низ фаъолият доранд) ба ҳар навъе ба мардум ақаллан бо суханони дилгармкунанда ва орзуи сиҳатмандӣ ҳамчун фарзандони ин Ватан ва миллат сухан ва амалашон зоҳир мегардид, албатта, кори дилписанд мешуд. Мутаассифона, мухолифони дур аз Ватан ин гуна дурбиниро аз худ нишон дода натавонистанд. Бинобар ин, метавон гуфт, ки дар муборизаи худ ба муқобили Ҳукумат ва давлат ба як бохти сиёсӣ ва идеологӣ мувоҷеҳ шуданд. Ман ин суханонро на барои таҳқир ва ё ба иззати нафси шахсе расидан мегӯям. Балки аз таърихи асафбори миллати худ, таҷрибаи шахсии худ, чи дар давраи шӯравӣ ва кор дар Афғонистон ва чи дар давраи Истиқлолияти давлатӣ, сафарҳои корӣ ба кишварҳои дигар ва мулоқотҳо бо шахсони баландмартаба ва муқоисаи фаъолияти мухолифони кишварҳои дигар ва дарки онҳо аз зарурати муттаҳидӣ дар мубориза бо душманони умумии миллат ва давлат ба хулосаҳое омадаам, ки дар ин бора дар мақолаҳо, маърӯзаҳо ва суханрониҳоям дар кишвар ва хориҷа онро баён доштаам.
  Бояд мардона эътироф кард, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, аз парокандагӣ наҷот додани миллат, тақсимшавии кишвар ва нобудии давлат, бартараф кардани харобиҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ, ободии шаҳру ноҳияҳои кишвар, махсусан пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, дарки стратегии проблемаҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ бузург аст. Инро инкор кардан бо истифода аз воситаҳои ахбори гуногун, аз ҷумла кишварҳои дигар, ба назар як бозии кӯдакона менамояд. Ба бародароне, ки имрӯз бо сабабҳои гуногун ба Президент, Ҳукумат ва тарафдорони онҳо ихтилофи назар доранд ва аз дур сангандозӣ мекунанд, маслиҳати дӯстона дорам. Дар арафаи Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ як бор ҷиддан ҷанги шаҳрвандӣ, омилҳо ва оқибатҳои онро беғаразона, объективона таҳлил кунанд. Кӣ бурд кард? Аз он чӣ ҳосил шуд? Кӣ соҳиби обрӯ шуд? Кӣ бадном ва ангуштнамои мардум гардид? Ин қадар талафоти ҷонӣ ва молӣ ба кӣ манфиат овард? Мо, тоҷикон, чаро садсолаҳо аз давлатдорӣ маҳрум будем, ҳарчанд гузаштагонамон қувваи пешбарандаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳокимону сулолаҳои дигар будаанд (Низомулмулкро ба хотир оред). Дар Афғонистон чанд сол дар гурӯҳи мушовирони Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ дар назди КМ Ҳизби демократии халқии Афғонистон дар вазифаи масъул кор карда будам. Хислату одатҳои миллатҳо ва қавмҳои он кишварро то ҳадде омӯхтам. Як хислати мардуми паштун (ин хислат собиқан ба қабилаҳои туркӣ ҳам хос буд) ҷолиби таваҷҷуҳ буд. Дар байни қабилаҳо зиддият, ҳатто қасоси хунӣ ҳам мавҷуд бошад, бар зидди душмани умумӣ муттаҳидона мубориза бурда, баъд аз ғалаба боз ба масъалаҳои ҳалнашудаи байни худашон машғул мешуданд. Мутаассифона, барои мо, тоҷикон, агар ба таърих назар кунем, баъд аз Сомониён ва қисман баъд аз Ғӯриён ҳамин муттаҳидӣ аз байн рафт, ҳар хонигарӣ ё амире бар зидди дигаре меҷангид, бо душмани худ аҳд мекард, баъдан он душман инро ҳам аз байн мебурд. Яъне сабаби ин ҳама нобарориҳо ва ин ки аз мардуми тоҷик калламанораҳо сохта буданд, натиҷаи номуттаҳидӣ ва хиёнати миллӣ будааст. Ҳамон Ҳайдари Афшин ҳам, ки дар гуфтугӯ бо Абумуслим дар Хилофат табаддулот карда, Хуросон ва Мовароуннаҳрро соҳибистиқлол ва ба Ватан хидмат карданӣ буд, дар натиҷаи хиёнат дар зиндони халифа вафот карда буд. Пас, бояд ба хулоса омад, ки аз ин ки дар хизмати дигарон бошанд, ба Ватан баргашта, дар ҷараёни ободкориҳо ва пешрафти моддию маънавии халқу Ватани азизи худ бевосита иштирок кардан беҳтар нест? 
  Ман бо ин гуфтаҳо (инро дар баъзе мақолаҳои худ низ зикр кардаам) мақсади рӯпӯш кардани камбудиҳои дар фаъолияти мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ вуҷуддошта ва ё тамаллуқ ба Ҳукуматро надорам. Лекин аз камбудӣ то камбудиро гуфтан фарқ дорад. Дар фаъолияти шахсони алоҳида бюрократизм, порагирӣ, сӯиистифода низ вуҷуд доранд. Баъзе бонкҳо мизоҷонро фиреб дода, овора ва саргардон намудаанд. Дар ин бора дар суханрониҳои Пешвои миллат хеле равшану мушаххас гуфта шудааст ва бо ин камбудиҳо муборизаи шадид бурда мешавад. Аз ин гуна хислатҳо абарқудратҳо ҳам озод нестанд. Табиати инсонро дигар кардан душвор аст. Ҳамаи камбудиҳо дафъатан рафъ карда намешаванд, вақт ва тарбияи солими кадрҳо ва, инчунин, дараҷаи зарурии баланд шудани сатҳи тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ лозим аст. Агар дар оғози Истиқлолияти давлатӣ ҲНИ ба амалҳои тундравона, қонуншиканиҳо, қатли баъзе фарзандони содиқи миллат ва террори ҷисмонию маънавӣ намепардохт, яқинан Тоҷикистон дар минтақа яке аз давлатҳои пешрафта мегардид. Ҳар боре, ки Муродулло Шерализодаро, ки рафиқи азизе буд ба ёд меорам, ҳар боре, ки Муҳаммад Осимӣ (имсол ҷашни садсолагии ӯро таҷлил хоҳем кард) бо табассум дар назар ҷилвагар мешавад, ҳар боре, ки аз назди ҷои ба қатл расидани Нурулло Ҳувайдуллоев мегузарам, дил ба фиғон  меояд.  Ба ҳама маълум аст, ки инҳо аз дасти кӣ ба қатл расиданд. Баъзеҳо ақида доранд, агар дар ҳамон вақт Қувваҳои Мусаллаҳи миллии қудратманд медоштем, шояд фоҷиа ба вуқӯъ намепайваст. Бо вуҷуди ин, баъд аз ҳамаи ин даҳшатҳо барои як давлати хурд, ки баъд аз харобиҳои зиёди ҷанги шаҳрвандӣ, таъсис ва нигоҳдории Қувваҳои Мусаллаҳ ниҳоят зарур ва аз ҷиҳати молиявӣ гарон ҳам буд, чи қадар маблағ ва лавозимоти ҳарбию васоили будубош лозим аст, ба умеди кӣ бояд мешудем? Тоҷикистон имрӯз бо бисёр кишварҳо робитаҳои дипломатӣ ва созанда дорад, сафоратҳои давлатамон дар бисёр мамлакатҳо амал мекунанд ва Парчами кишвар бар болои бинои онҳо ҷилвагар аст. Барои фаъолияти муътадил ва муаассири онҳо тахсисҳои молӣ ва техникӣ зарур аст. Ин ҳам ба зиммаи давлат аст ва ин хароҷот ҳам кам нест. Оё дар муқобили терроризм ва экстремизми муосир, ки ҳамарӯза таҳдид мекунад, таъмини ҳифзу амнияти сарҳади давлатӣ ва мардум муваффақияти кори Ҳукумат ва мақомоти амниятии кишвар нест? Аз бозорҳои холӣ, роҳҳои пурмашаққати нообод, бебарқию бегармӣ раҳоӣ ёфтан магар муваффақият нест? Ин кор магар ба манфиати кулли мардуми Тоҷикистон нест? Пас, камбудиро онҳое, ки бузург карда нишон медиҳанд, муваффақиятро ҳам ақаллан чунон ки ҳаст чаро нишон намедиҳанд? «Айби мардум чу бигуфтӣ ҳунараш низ бигӯ».
  Бо гузашти солҳо сабабҳо ва омилҳои воқеаҳои даҳшатбори Тоҷикистони солҳои навадуми асри ХХ ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвари мо аз ҷониби олимон ва коршиносони тоҷик ва хориҷӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, хулосаҳои илмӣ низ баён шуда, дар ин бора бисёр китобу мақолаҳо навишта шудаанд, ки барои дарки моҳияти ин воқеаҳо муҳиманд. Шояд баъд аз гузашти солҳои бештаре сабабҳо ва омилҳои низоъ дар кишвари ранҷдидаи мо воқеъбинонатар, хубтар, амиқтар ва равшантар таҳқиқ гарданд ва ҳама чиз чунонки буда маълум хоҳад шуд. 
  Бо вуҷуди ин, баёни баъзе мулоҳизаҳо дар бораи паҳлуҳои ин воқеаҳоро кушодан ҷиҳати равшантар тасаввур кардани омилҳои айнӣ ва зеҳнии онҳо мусоидат хоҳад кард. Афрод ё гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ, ки имрӯз дар дохил ё хориҷи кишвар амал мекунанд, идомадиҳандаи кори ҳамон қувваҳое ҳастанд, ки солҳои навадуми асри гузашта фаъолияти густурдаи мусаллаҳона бар зидди давлат доштанд ва, хушбахтона, ноком шуда буданд. Вагарна зиндагӣ дар давлати теократӣ ҳеҷ вақт озодии нисбатан заруриро ба вуҷуд намеорад. Низои динҳо, мазҳабҳоро ба бор меорад, дунявиятро буғӣ мекунад. Ҷаҳонбинии ман дунявӣ аст, ҷонибдори давлати динӣ нестам, вале аз даргоҳи Худои таъоло ҳамеша хостори оромию осудагии ҷаҳон ва давлати соҳибистиқлоламон ҳастам. Дар пайравии бузургонамон гоҳо муноҷот ҳам навиштаам. Фақат имрӯз, ки ҳокимияти давлатӣ қомат рост кардааст, қудрати дифои ҳамаҷониба-чи сиёсӣ, низомӣ,  иқтисодӣ  ва  чи  фарҳангию иттилоотии худро дорад, неруҳои ихтилофангез имкони пешинаи худро надоранд. Демократияеро, ки дар солҳои охири ҳаштодум ва навадуми асри гузашта дар Иттиҳоди Шӯравӣ қувваҳои мансабхоҳ бо дастгирии васеи молӣ ва иттилоотии кишварҳои ғарбӣ ҷорӣ карданӣ буданд ва ба онҳо муяссар шуд, ки давлати шӯравиро барҳам диҳанд, ба ном демократия буд. Ва онҳое, ки дар Тоҷикистон низ нооромиҳоро ба вуҷуд оварда буданд, ҷузъе аз ҳамон неруҳое буданд, ки фирефташудаи ба истилоҳ ҳамон «демократия» буданд. Бубинед, Александр Зиновйев, ҳамон донишманди бузург ва таҳлилгари воқеъбин, ки дар замони шӯравӣ норозӣ шуда, демократияи ғарбиро тавсиф карда, ватанро тарк карда буд, баргашта омад ва мардона тавба карда, хатояшро эътироф кард, ки фиреб хӯрда буд. Ӯ ба хулоса омада буд: «Дар августи соли 1991 дар Россия, навиштааст  дар китобаш «Фоҷиаи русӣ», на «демок-ратияи ҷавон», чунон ки таблиғоти ғарбӣ воқеаро тасвир менамуд, ғалаба кард ва шаҳрвандони зиёди россиягӣ, бинобар гумроҳ кардани онҳо ба ин фикр тарафдор буданд, балки чизи комилан наве пирӯз гардид. Дастури Ғарб барои ҳар чи бештар вайрон кардани Иттиҳоди Шӯравӣ ва Россия ғалаба кард. Қувваҳои дохилии вайронкор ва тороҷгари кишвар, ки аз тарафи Ғарб ва бо ишораи он идора мешуданд, ғалаба карданд». Дар Тоҷикистон ба ғайр аз қувваҳои харобкори дастнигари Ғарб, боз амалисозони лоиҳаи давлати исломисозони шарқӣ низ ҳамроҳ шуданд. Бинобар ин, фоҷиа нисбат ба кишварҳои дигари пасошӯравӣ дар кишвари ба истиқлолият рӯ овардаи тоҷик бамаротиб вазнин ва васеъ кардид. Вале, хушбахтона, табаддулоти ба ном «демократии исломӣ» пирӯз нашуд. Вагарна ҳамон кишвару миллате мешудем, ки имрӯз Афғонистон, ки ҳар рӯз халқи бегуноҳу бечора гирифтори таркишу террори байниҳамдигарии аҳзоби исломии он кишвар ва ҳомиёнашон мебошад. Пас, нақша ҳамон нақшаи пешина аст, вале тарзу усул ва имконияту амалисозии он гоҳ-гоҳ дигар мешавад. Шакл ва иҷрокунандагони нақша дигар шудаанд, вале мазмуну моҳият ҳамон аст, ки буд. Мо, ҳама, чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар, чи дӯст ва чи душмани давлат, бояд равшан фаҳмем, ки имрӯз дар ҷаҳон қувваҳое амал мекунанд, ки бо истифодаи баъзе неруҳои интеллектуалии кишварҳои мавриди назар нооромиро ба вуҷуд оварда, низоми илму маориф, фарҳанги миллию шуури худогоҳиро хароб мекунанд, ҷаҳолат ва ваҳшигариро ба ҷои хираду дониш ва гуманизм ҳукмрон намуда, манфиатҳои худро амалӣ месозанд. Яъне дақиқтар гӯем, имрӯз муборизаи тамаддун ва ваҳшигарӣ ба вуҷуд омадааст. Кӣ ба кадом ҷабҳа қарор дорад аз рӯи амал ва ба кадом қувваҳо итоат мекунад, маълум мешавад. Файласуфи рус Н. Мотрошилова воқеаҳои давраҳои охири ҷаҳонро таҳлил карда, ба хулоса омадааст, ки фоҷиаҳои замони ҳозира «оқибати сабабҳои амиқи фундаменталии таърихӣ мебошад, ки вуқӯи онҳо ба асосҳои ҳастии давлати мо ва халқҳои мо тааллуқ мегирад, ки ҳамеша бо масъалаи барои Россия дардовари ба ҳам печидаи тамаддун ва ваҳшигарӣ вобаста аст». 
  Вақте ҷанги шаҳрвандиро дар кишвари мо таҳмилӣ, бо мудохилаи давлатҳои хориҷӣ ва иштироки муҷоҳидони аз кишварҳои дигар ба амал омада мегӯянд, ба ҳақиқат наздик аст. Муҳаққиқи фаронсавӣ Жил Кепел навиштааст, ки «дар Босния ҳамаи «муҷоҳидон» хориҷиён… буданд. Дар он ҷо ва дар Тоҷикистон ва аз соли 1995 дар Чеченистон ихтиёриёни араб барои низои маҳдудро ба ҷиҳод табдил додан нақши муҳим доштанд». Инчунин, ӯ зикр мекунад, ки «дар Тоҷикистони ҳамсояи Афғонистон, давлати тозаистиқлол, ки ҳамаи кадрҳои он аз дарбори коммунистӣ баромадаанд, бо оппозитсияи мусаллаҳ, ки дар ҷануби кишвар ҷамъ омада буд ва дар ин ҷанг ҳаракати исломӣ нақши дуюмдараҷа надошт, дучори задухӯрд шуд». Ва ин муаллиф иттилоъ додааст, ки фармондеҳи гурӯҳи  ҷанговарони  «касбии  исломӣ»  дар   Чеченистон Шамил Басаев баъд аз ҷиҳод дар Афғонистон дар Тоҷикистон низ ҷанг кардааст. 
Дар соли 1994 ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вуҷуд омадани низоми нави иҷтимоӣ ва ворид шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсиро фароҳам овард. Барои қотеона ҳал кардани масъалаҳои муҳимтарини сиёсию иҷтимоӣ тарзи идораи президентӣ мусоидат намуд. 
  27 июни 1997 марҳалаи дар ҳақиқат таърихӣ буд. Зеро имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз як тараф ҷамъбасти гуфтушунидҳои зиёд ва душвори чандсолаи тоҷикон ва аз тарафи дигар, ба гуфтаи Президенти кишвар, оғози марҳалаи боз ҳам душвортар буд. Акнун мебоист ҳуҷҷатҳои сарнавиштсози баимзорасида амалӣ мешуданд. Ваҳдати сухан ва амал исбот мешуд… Халқ ташнаи сулҳу ваҳдат буд. Олимону адибон ва рӯзноманигорони бедордили миллат дар ин бора асарҳои ҷолиб низ иншо карданд, ки ифодагари орзую омоли халқи ваҳдатҷӯи мо аст. Сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор шуд, вале тавре маълум аст, боз кӯшишҳои табаддулот ва такрори воқеаҳои солҳои навадум ба мушоҳида расиданд, амалҳои террористӣ сурат гирифтанд, ҲНИ аз тактика ва стратегияи барҳам додани давлати дунявӣ дар Тоҷикистон даст накашид. Ва дар натиҷа мақом ва эътибори худро дар саҳнаи сиёсат аз даст дод, аз боварии халқу давлат баромад, боз ҳам дастнигари дигарон гардид.
  Ҷаҳони муосир басо мураккаб ва буғранҷ аст, раванди ҷаҳонишавӣ ё худ ҷаҳонигардонӣ ҳушёрию бедорӣ ва дурандешии сиёсиро тақозо мекунад. Махсусан, ҷавононеро, ки дар шароити сулҳу ваҳдат ба камол расиданд, дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, ватандорӣ, дӯстӣ ва ваҳдати миллӣ парвардан ва аз ҳар гуна ақидаҳои ифротию тафритии сиёсию динӣ онҳоро ҳифз кардан, ба меҳнати суботкорона раҳнамун кардан ҳарчанд душвор, вале зарур аст. Вазифаи ҳар фарди Ватани азизамон аст, ки ба таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳем, ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ расем ва аз он ҳамеша ифтихор дошта бошем, то ки пеши роҳи нақшаҳои имконии тахрибгаронаи низоангезон бо неруи ваҳдату хиради халқамон гирифта шавад. Бо мақсади ҳар чи бештар таҳким бахшидан ба ваҳдати миллӣ-ин дастоварди бузурги таърихии халқамон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ислоҳи камбудиҳое, ки дар ҷомеа ва сохторҳои гуногун ҷой доранд, дастаҷамъона кӯшиш намуда, Ватани соҳибистиқлоламонро ободтар, халқи азизамонро масруртар, рӯзгори ҳар хонадони мардуми шарифамонро ободтар гардонем. Ин гарави ваҳдати миллӣ ва сарбаландии умрбоди миллати тоҷик ва таҳкими давлату истиқлол буда, наслҳои ояндаи кишварро аз ҳар гуна хатару бадбахтиҳои замона эмин хоҳад дошт ва дар айни замон боз як имтиҳони ҷиддӣ дар шароити ҷаҳонисозии муосир хоҳад буд.

Кароматулло ОЛИМОВ, академик

http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=40787 

Хондан 1250 маротиба