Нусхаи чопи
Душанбе, 14 Сентябри 2020 11:55

Бузургтар аз шахсияти таърихӣ

Муаллиф: Субҳиддин Зиёев

   Яке аз хислатҳои наҷибу беназир ва инсонмеҳвару зиндагидӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки ин марди хирад, сиёсатмадори оқил ва роҳбари дурандеш зимни ҳар сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ба мардум суҳбати ошкорою рӯ ба рӯ баргузор намуда, аз зиндагӣ ва фаъолияти ҳар як сокини он воқиф мегарданд ва бо ҷавонону наврасон ва пирону калонсолонро шахсан аҳволпурсӣ менамоянд. Ҳамин хислатҳои ҳамида ва наҷиби Роҳбари давлат аст, ки меҳру муҳаббат ва садоқату самимияти ин сарвари борикбину нуктасанҷро дар замири мардуми шарифи Тоҷикистон ҷой кардааст. Мардуми тоҷик, ки халқи заҳматкашу матинирода ва ростқавлу поквиҷдон аст, ҳар фарди некбину некандеш ва ростқавлу росткорро сидқан ва самимона иззату эҳтиром мекунад. Зеро обрӯву эътибор ва мақому манзалати шахсият дар байни ҷомеа танҳо тавассути афкору андешаи воло ва кору фаъолияти нафърасонона ба мардум муайян мегардад.

 Роҳбари давлат аз ибтидои фаъолияти худ беҳтарин мактаби ҷавонмардӣ, қавииродагӣ ва ростқавлию поквиҷдониро дар замири ҳар тоҷики миллатдӯсту меҳанпараст ҷойгир намуда, ҳамзамон дар сират ва ботини худ ташаккул доданд. Чунин хислатҳои волои инсонӣ, таҷрибаи сулҳофаринӣ, муаррифгарии миллату меҳан дар арсаи ҷаҳонӣ ва сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи давлатдории Роҳбари давлат ба яке аз мактабҳои олӣ табдил ёфтааст.

  Роҳбари давлат аз замони зимоми давлаториро ба даст гирифтан, инҷониб, худро аз халқ канор нагирифта, баръакс ба халқ бештар наздик шуданд ва мардумро пушту паноҳи худ дониста, танҳо ва танҳо ба мардум такя карданд ва умед бастанд. Дар аксар ҳолату вазъияти вахим ва мураккаб аз баҳри ҷони худ гузашта, ҷони мардумро наҷот доданд ва худро чун як марди одӣ аз миёни халқ ҳисобида, тамоми кӯшишу ғайрат ва донишу таҷрибаи хешро баҳри баргардонидани гурезагон, барқарор намудани сулҳу салоҳ ва боло бурдани обрӯю нуфузи ба пастӣ афтодаи ин марзу бум равона карданд. Мардуми огоҳу бедор ва дилсӯзу ғамхори миллат ва меҳан заҳмату машаққатҳои хастанопазири Роҳбари давлатро дида, ба фардои нек ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони ба вартаи нестӣ қарордошта дубора умед бастанд.

  Ҳарчанд Роҳбари давлат ҳамчун як шахси дилсӯзу ғамхор миллат ва меҳанро аз вартаи нобудӣ раҳонида, бузургтарин рисолати фарзандии хешро барои миллат ва меҳани худ ҷавонмардона анҷом дод, вале бо ин қаноат накарда, бо иродаи қавӣ, қадамҳои устувор ва ҷаҳду талошҳои пайваста заҳмат мекашанд, то Тоҷикистони азизро рӯз аз рӯз ободу зебо гардонанд ва сатҳу сифати зиндагии ҳар як сокини ин сарзаминро беҳтар намоянд.

  Ҳамин аст, ки дар баробари корҳои зиёди сиёсию давлатдорӣ, Сарвари давлат пайваста ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафарҳои корӣ анҷом дода, мунтазам ба ободкорию созандагӣ даст мезананд ва бо халқ аз наздик суҳбат менамоянд. Ин созандагию буднёдкориҳо дар манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ ба хотири рушду нумӯъ ва тараққӣ намудани тамоми соҳаҳои фаъолият дар тамоми гӯшаю канори кишвар мебошад. Рушди босуботу баробари соҳаҳои мухталиф дар манотиқи гуногуни кишвар, равобит ва муносибатҳоро миёни шаҳру ноҳияҳои кишвар кавитар гардонида, якдилию ягонагӣ ва ваҳдатро дар сартосари Тоҷикистони азиз ҳамагонӣ мегардонад. Ҷаҳду талош ва заҳмату меҳнатҳои пайвастаи Роҳбари давлат ҳам барои боз ҳам қавитар гардонидани сулҳу субот ва ҳамдилию якдигарфаҳмӣ миёни шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд.

  Аз ин рӯ, бидуни муболиға метавон гуфт, ки нақши Роҳбари давлат дар таҳкими сулҳу субот, рушду нумӯъ, созандагиву ободкорӣ ва тавсеаи фарҳанги миллӣ барои миллату меҳани мо бузургтар аз як шахсияти таърихӣ буда, ҳамчун фарзанди фарзона ва содиқи миллат рисолати фарзандӣ, инсонӣ ва сарварии худро анҷом дода истодаанд. Зер ин ҳама ободкорӣ, созандагӣ, рушду пешрафту тараққиёт, сулҳу суботу ваҳдат ва оромию осудагии Тоҷикистони биҳиштосои мо натиҷаи заҳматҳои пайваста ва ҷаҳду талошҳои бевоситаи ин фарзонафарзанди миллат аст.  

 

Субҳиддин Зиёев,

ходими пешбари АМИТ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Хондан 791 маротиба