Нусхаи чопи
Душанбе, 15 Марти 2021 10:53

Фарҳанги миллӣ – як навъи равиши зиндагӣ

Муаллиф: Н.Нуров
Фарҳанги миллӣ – як навъи равиши зиндагӣ https://cdn2.img.sputnik.tj

  Фарҳанг ба унвони тарз ва равиши зиндагии башарӣ тайи таърих ҷомеаи инсониро дар баробари хатару таҳдидҳои гуногун ва мушкилоту муаммоҳои рӯзгор ҳамеша муқовим доштааст. Аз ҷониби дигар, инсон тавассути фарҳанг дар баробари вуҷуду ҳастӣ қад алам карда, тамаддун офарида, ҷаҳонро маъно ва мафҳум бахшидааст. Ин аст, ки фарҳанг дар ҳама давру замон тору пуд ва ҳасту буди инсон ва ҷомеаи инсонӣ талаққӣ мешавад. Ба ин маъност, ки инсон иддао мекунад:

          Зебоии замину замон аз вуҷуди мост,

          Ин осмон масири фарозу фурӯди мост.

          Беазмиҳо каронаи заъфу рукуди мост,

          Фарҳанг аслу азму тавони вуҷуди мост,

          Гуфтушунуди мост,

          Пайку дуруди мост,

          Фатҳу кушуди мост,

          Шеъру суруди мост,

          Чун тору пуди мост,

          Пас, ҳасту буди мост!

   Бо таваҷҷуҳ ба ин, фарҳанг азму талошу ҳаркату тавонмандии навъи башар аст ва сириштан ва моҳиятан дар муқобили беталошӣ, беҳаракатӣ, рукуду нодонӣ қарор мегирад. Дар маҷмӯъ, фарҳанг таровиши хиради инсонҳост. Ҷаҳонбинӣ, пиндорҳо, гумонҳо ва андешаҳои мардум дар бастагӣ бо ҳунари офаринандагии инсонӣ нишони фарҳанги мардумист. Фарҳанг ба вижагии ҷӯяндагӣ ва офаринандагии инсонҳо марбут аст. Гузашта аз ин, низоми мардумсолорӣ (демократия ва озодӣ) натиҷаи шинохти пасмондагӣ ва заъфҳои фикрию иҷтимоӣ ва равонию маданӣ буда, тавассути ин навъ шинохту бозрасиҳо мардум ба дараҷаи баланди огоҳӣ ва сатҳи зарурии донишу биниш мерасанд ва сарнавишти худро ба дасти худ таъйин мекунанд. Аммо ҳар қадар дар ҷомеа сатҳи костиҳо, пулпарастиҳо, сарватандӯзиҳо, истисмору истибдод, ғуруру такаббури нобаҷо, бетафовутию саҳлангорӣ зиёд шавад, ҳамон қадар сатҳи фарҳанг пойин меравад ва буҳронҳои гуногун ҷомеа ва давлатҳоро фаро мегиранд. Дар зимн, мардуме, ки аз вопасгаройии фикрӣ ва фарҳангӣ  ранҷ мебарад ва дар ҳоли фақри маънавӣ гирифтор аст, намехоҳад, ки фикри пешрафта пирӯз гардад, чаро ки бо пирӯз гардидани фикру андешаи пешрафта ва мудерн нодонӣ ва вомондагии мардум рӯ мезанад. Аз ин рӯ, қишри ҷаҳолату нодонӣ ва хурофоту таассуб, ки алайҳи донишу фарҳанги зинда ва пешрав ҳамеша шӯру қиём мекунанд,  дар ҳоли карахтии фикрӣ ва эҷодӣ қарор доштани мардумро мехоҳанд (ниг.: Оноҳид Марду. Таровиши андеша дар перомуни фарҳанг. Фаронса: Бунёди фарҳанги Ирон, баҳори 2008 (ба хатти форсӣ). -С.83-84).

  Ба ин тартиб, ҳадафи зандагӣ ва зистан ҳам дар тасаввури инсон ҳамин фарҳанг аст, ки дар бурузи тавоноиҳои ботинӣ ва сириштӣ ва мунтаҳо, раҳонидани мардум аз мушкилоти зиндагӣ таҳаққуқ меёбад. Дар саргаҳи фарҳанг ва қудрати фарҳангӣ ақлу донишу ҳуш, ки аз огоҳӣ ва худшиносӣ сарчашма мегиранд, қарор дорад. Инсони огоҳу ҳушманд ҳамеша барои огоҳӣ бахшидани навъи башар кўшиш кардааст ва ин навъ инсонро «фарҳангӣ» унвон додаанд, ки ин унвони ифтихории иҷтимоӣ то имрўз дар миёни ҷомеа аз маҳбубияти вижа  бархўрдор аст. Фарҳангиён бо роҳандозӣ кардани барномаҳои фикрию маданӣ ҳувият ва натиҷатан, фарҳанг дуруст карда, муносибатҳои инсониро бар мабнои фарҳанг устувор намуда, як ҷомеаи низомманд месозанд. Ҷомеаи низомманд ҷомеаи озоду созанда буда, тафоҳуму ҳамзистии фарҳангиро дар муҳитҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меоварад. Гузашта аз ин, ҷомеаи низомманд фарҳанги миллиро аз қайдубандҳои гуногуни ахлоқӣ, фикрӣ, ақидатӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ эмин медорад ва роҳро барои расидан ба ҳадафҳои инсонӣ ва давлатсозии миллӣ ҳамвор месозад. Ин масъалаи муҳимест, ки дар шароити феълии давлатсозии миллӣ корсоз мебошад.

  Мусаллам аст, ки мо дар шароити сахти бозиҳои сиёсию геополитикӣ ва бархӯрдҳои шадиди тамаддунӣ зиндагӣ мекунем. Ин гуна шароит ва фазо, ки ғолибан дар қолаби барномарезиҳо ва пружаҳои сиёсию мафкуравӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ буруз менамояд, блоки сиёсию фарҳангии давлатҳои миллиро водор месозад, ки дар масири андешидани тадбир ва чораҳои зарурӣ ҳаракат кунанд ва масуният ва иммунитет доштани худро собит созанд. Муҳимтар аз ҳама, барои  сенаристону коргардонони пружаҳои сиёсию геополитикӣ, ки ба хотири таҳти контрол даровардану мудирият кардани манотиқи мавриди назар саҳнаю намоишномаҳо таҳия ва пахш мекунанд, дар ҳоли  хурофоту таассуб нигоҳ доштани ҷомеаҳои хушку карахт ба манфиати кор аст. Афзун бар ин, ҳар қадар ҷомеа дар ҳоли карахтии фикрӣ ва сатҳи пойини маърифатию маданӣ қарор дошта бошад, сатҳи татбиқи пружа ва тарҳҳои геополитикӣ ҳамон қадар боло меравад. Аз ин ҷост, ки аксаран, барномаю стратегияҳои сиёсию мафкуравии қудратталабони минтақавию ҷаҳонӣ дар минтақаҳои мавриди назар бидуни мушкил роҳандозӣ мегарданд ва натиҷатан, бохти давлату кишварҳои вопасгароро таъмин менамоянд.

  Ба сухани дигар, ба вуҷуд овардани холои фикрию маданӣ, боло бурдани сатҳи ҳассосиятҳои миллию мазҳабӣ ва тасаллут бахшидани хурофоту таассуби динӣ муҳтавои барномаҳои ба истилоҳ, геополитикии давру замонро ташкил медиҳанд. Агар ба фазо ва муҳити тоҷикӣ дар шароити бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ таваҷҷуҳ намоем, ба хубӣ мушоҳида мешавад, ки тайи даҳ-понздаҳ соли ахир қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ ва ниҳодҳои мадании мо ҳам батадриҷ ба домани хурофоти динию мазҳабӣ, ки меросбар ва барандагонаш рӯҳониёни муҳофизакору мутаассиб мебошанд, часпидаанд. Бавижа, дар ин марҳила, бар асари нуфузу ташаннуҷи хурофоту таассуби мазҳабӣ фарҳанги миллӣ ва бовардоштҳои аҷдодӣ ба дараҷаи фаръӣ (на аслӣ) пойин фуромаданд ва ҷойи ифтихороти миллиро муфтахироти хурофӣ гирифтанд. Агар ба фазо ва муҳити фикрию маънавии даҳ-понздаҳ соли ахир дақиқкорона назар афканем, пай бурдан душвор нахоҳад буд, ки ҷомеаи мо ба чӣ мушкилу чолишҳое мувоҷеҳ гардидааст. Қабл аз ҳама, роҳандозӣ намудани барномаю тарҳҳои мафкуравӣ-идеологӣ ва фарҳангӣ (албатта, таҳти пӯшиши  ҷаҳонишавӣ ва фарҳанггустарӣ), ки ҳадафи шикастани рӯҳияи миллӣ ва ҷаҳонбинии фалсафиро дунбол мекунанд, ба унвони таҳдид ва чолиши асосӣ дар шароити феълӣ шинохта мешавад. Аз тарафи дигар, ин навъ чолишу мушкилоти фикрию маданӣ, ки дар баробари онҳо чораандешиҳои муассири маънавию мафкуравӣ сурат нагирифтааст,  боиси ба вуҷуд омадани буҳронҳои ҷиддии ахлоқӣ ва фарҳангӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ гардидааст. Дигар ин ки буҳрони фикрӣ, пеш аз ҳама, ба фарҳанг ва мафкураи миллӣ, ки муҳраи калидии давлати миллӣ ва сохтори секулорӣ маҳсуб меёбад, осеб мерасонад. Ин аст, ки ҷиҳати рафъи мушкилот ва таҳдиду хатарот блоки мафкуравӣ  дар ҳамоҳангӣ бо ҷомеаи маданӣ бояд аз муассиртарин тадбирҳо кор бигирад. Аз ҷумла, роҳандозӣ намудани барнома ва пружаҳои миллӣ, ки бар мабнои фарҳангу маънавиёти секулории аҷдодӣ матраҳ мегарданд, дар сатҳи кӯдакистону парваришгоҳҳо ва донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ тақозои замон аст. Бар ин асос, таҳияи силсилафилмҳои тасвирӣ, ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ, ки дар созмон ёфтани  фазои миллӣ ва таҳкими раванди секулорӣ нақши муассир доранд, зарурати замонию маконӣ мебошад. Ногуфта намонад, ки  бар асоси сенарияҳои ҷолиб, ки бар мабнои фарҳанг ва биниши ҳунарии миллӣ бояд таълиф гарданд, метавон филмҳои муассири тасвирӣ, мустанад ва бедеӣ ва намоишномаҳои дархӯри миллӣ офарид ва бо дарназардошти синнусолӣ ва завқу салиқавии аҳолӣ манзури наслҳои наврас, ҷавон, миёнсол ва солманд кард. Дар айни замон, таҳким бахшидани раванди кори мафкуравӣ-идеологӣ, ки ба кайфияти блоки идеологӣ бастагӣ дорад, дар шароити феълӣ амри зарурист. Заъфи фикрӣ, таноқузи мафкуравӣ ва пойин будани сатҳи маданӣ бар нафъи бегонагон аст. Мо дар шароити ҳассоси сиёсию геополитикӣ ҳақ ва ҳуқуқи заифу нотавон буданро надорем. Зимнан, фарҳанги миллӣ, ки реша дар умқи таърихи башарӣ дорад, ба ин ҳаққи заифу нотавон ва бечоранолу беҳувият буданро намедиҳад. Ҳувияти миллӣ дар ҳофизаи фарҳанги бостонии мо нуҳуфта аст ва берун овардан ва таровиш бахшидани он вазифа ва рисолати виҷдонию инсонии қишри фарҳангӣ ва зиёии кишвар аст. Фарҳанги миллӣ минҳайси шева ва равиши зиндагии мардумӣ бояд дар ҷомеа маҳбубият ва машрӯият пайдо намояд ва ин тарзу тариқаи зистӣ ва ҳамбастагии миллӣ ҳаргиз маънои нодида гирифтани соири миллият ва ақаллиятҳои динию этникии муқими Тоҷикистонро надорад. Баръакс, мо ба мерос ва арзишҳои ақаллиятҳои миллию этникии муқими кишвар эҳтиром қоилем ва ононро ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи тоҷикӣ медонем. Дар навбати худ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ аст. Бинобар ин, коргирӣ аз фарҳанги миллӣ, бовардоштҳои деринаи аҷдодӣ, меросу офаридаҳои бостонӣ ва илму фалсафаи худсози уврупоӣ ҷомеаи моро аз вартаи хатароту таҳдидоти рӯзмарраи дохилию хориҷӣ наҷот мебахшад ва роҳро барои расидан ба аҳдофи миллӣ ва сохтмони давлати дунявӣ ҳамвор месозад.

Н.Нуров

Хондан 318 маротиба