Нусхаи чопи
Чоршанбе, 30 Июни 2021 05:19

Масъалаҳои рӯз - ватандорӣ, рушди давлати миллӣ ва ҷомеаи маданӣ: таҳлил ва паёмадҳо

Муаллиф: Суннатулло ҶОНБОБОЕВ

 Мазҳаби зиндадилон хобу парешонӣ нест,

Аз ҳамин хок ҷаҳони дигаре сохтан аст!

Иқболи Лоҳурӣ

   Суботи сиёсӣ ва рушди ҷомеа ду қутби ба ҳам алоқаманди ҳаёт ва пойдориву рифоъи ҷомеа ба шумор мераванд. Вале ин ду арзиш баъзан дар лаҳзаҳои тақдирсози таърих дар ҳоли таззод қарор мегиранд. Аз ин рӯ ба вуҷуд овардани ҳамоҳангӣ дар байни оромиш(субот) ва пешрафт (рифоъ) ҳунар, фаҳм ва истеъдоди махсуси раҳбарияти сатҳи миллӣ ва маҳаллиро талаб мекунад, то ки мо тавониста бошем, ки бе истифода аз парешонӣ ва шикасту рехт, «аз ҳамин хок ҷаҳони дигареро», воқеан, ҷаҳони беҳтару олитаре сохта бошем.

  Ватан ва ватандорӣ. Дар замони ҷаҳонишавӣ, авҷи хатари ваҳшатафганӣ (терроризм), дар ҳоли камранг ва заиф шудани эҳсоси масъулияти фардӣ ва иҷтимоии инсонҳо дар назди ҳамнавъон ва ҷаҳон, умуман суст шудани эҳсоси масъулият ва ҷавобгарии ҳар як инсон (ва давлатҳо) дар назди қавонини миллӣ, байналмилалӣ ва суботу сулҳи пойдор дар ҷаҳон аз ҳарвақта муҳим аст, ки мо дар бораи ватан ва хоку замини аҷдодии худ бештар фикр бикунем ва барои ғановату пешрафти ватану ватандорони худ амал бикунем. Маълум аст, ки ватан барои ҳар як фард, аз он ҷумла барои тоҷикон, аз хонаву кӯча ва деҳаву диёри хурди он оғоз мешаванд ва бо фарогирии мамлакату миллат ва аҳли сайёра ва нигоҳдошти охирин падидаи ҳаёт дар рӯи сайёра хатм мешавад. Асос ва моҳияти ватанро ҳиссиёти иҷтимоиву сиёсии шахсият, муҳаббати ӯ ба волидон, ба сарзамини аҷдодӣ, ба таърих ва фарҳанги бумии мардум (дар мавриди мо ватани ориёиҳо) ташкил медиҳанд. Тоҷикон дар ин росто аз имтиҳони мушкилтарини таърих, хатари вуҷудӣ-онтологӣ (ҷанги таҳмилии ба истилоҳ «шаҳрвандӣ), ки дар он ҳаёту мамот (будан ё набудуни давлату миллат) ҳал мешуд, гузаштанд. Ба эҳтимоли зиёд таҷрибаи гузариш аз ин ҷанги хонумонсӯз барои ҳамаи тоҷикон чун сармояи иҷтимоӣ омӯзанда хоҳад буд.

  Ватандӯстӣ дар асли худ, бе ягон муболиға, чунин ҳолати равонии инсон аст, ки ҳангоми дар вуҷуди инсон зуҳур намудани он шахс тайёр аст, ки барои ватан-модари худ охирин ва нодиртарин дороии худ - ҷони азизро фидо намояд. Дар таърихи тоҷикон, хушбахтона чунин шахсиятҳои дорои ҳамин гуна ҳиссиёти баланди инсонӣ хеле бисёр буданд ва ҳар яке тақдири хоси худро доштаанд, албатта яке дар ин роҳ то ҳадди имкон муваффақ шудаву дигаре бадбахту ноком монда... Одатан дар ҳоли ғалабаи ҳисси ватандӯстӣ инсон мехоҳад ки садоқати худро ба ватан аз тариқи бузургдошт ва қадрдонӣ намудани арзишҳои милливу фарҳангии халқи худ, мансубияти худ ба умумияте, ки шахс дар оғуши он солҳо ба камол расидааст, собит намояд, муҳаббати худро ба расму русуми аҷдодӣ, ба забону каломи модарӣ (бо дар баргирии тамоми вожаномаи он) ба қалам дароварад. Маҳз ҳамин гуна ҳиссиёт роҳнамои қаҳрамони маҳбуби сарзамини мо буданд, ки ҷони худро дар роҳи озодӣ аз аҷнабиён (қабоили кӯчии арабу муғулу турку узбак ва баъдан нақшахои истилогаронаи инглис, чинӣ ва русӣ ғ.), қаҳрамононе ба мисли саферҷомагону пайравони Муқаннаву Абумуслими Хуросонӣ, пешвоёни Сомониёну Ғуриён ва сарбадорон дар муқобили муғул ва ниҳоят барои эҳёи давлатдорӣ ва ифтихори миллии мардумони эрониасл дар Осиёи Марказӣ барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ-бунёди давлати миллии тоҷикон сипар намуданд. Дар ростои шинохти дубораи мафҳуми ватан ва миллат дар замони модерн, террори сталинӣ ва истиқлолияти давлатии навини миллати тоҷик дар ҷуғрофиёи ҳозираи он номҳои шахсиятҳои фарҳангиву сиёсие, ба мисли  Садриддин Айнӣ, Шириншоҳи Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Осимӣ имрӯз дар тафаккури мардум мақоми улгу, ашхоси рамзӣ (ибратомӯз) ва калидӣ доранд. 

  Маълум аст, ки эҳсоси ватандӯстӣ моли таърих аст, он таърихи таҳаввул дорад, он эҳсоси абадиву мовароиву осмониву фалакӣ нест. Ин падида дар замону макони мушаххасба вуҷуд меояд ва наметавонад, ки бе хости соҳиби амал (субъекти фикркунанда) дар ҷое ва замоне мушаххас ба миён ояд. Инҷо вуҷуди иродаи миллӣ ва рахбарияти миллӣ хеле муҳим аст. Вобаста ба ин падида вожа ва мафҳуми меҳану ватан аз тарафи ҳаммеҳанон гоҳе аз будаш васеътар ва гоҳе хеле танг таъбир мешаванд. Вале агар ашхоси миллат дар бораи натиҷаи амалии ҳиссиёти худ, муҳаббати худ ва масъулияти худ ҳамвора ва мантазам фикр накунанд, зиёда аз ин фикру амали худро дар тарозӯи ақл насанҷанд, он гоҳ миллат ба мушкилоти вазнине дучор хоҳад шуд.Ин фикр дар робита ба диалектикаи мафҳумҳо аст, ки дар қутби дигари ватандӯстиву миллатдӯстӣ ҳиссиёти дигари ғайри қобили қабул-эхсоси бетарафӣ ва бемасъулиятӣ қарор гирифтаанд, ки метавонанд соҳиби фикру амал (субъект) ва ҳам мухотабу объектхои гирду атрофи онро аз ҳоли мувозинат ва ҳамоҳангӣ берун барорад ва ниҳоят будиши онҳоро таҳдид ва тахриб намояд. Ин ҷо сухан дар бораи адами худшиносӣ ва инчунин ҳиссиёти бузургталошӣ (шовинизм) ва бегонаситезӣ (ксенофобия), яъне паст задани иззати нафси миллату халқҳои дигар дар баробари миллати худ мебошанд, ки дар сиёсатҳои ашхос ва гурӯҳҳову давлатҳои алоҳидаи замони ҳозира ҳоло хеле роиҷанд.  Аз ин ҷост, ки ҳисси ватандӯстӣ фақат сиёсат нест, он масъулияти шахсӣ аст ва дар ҷавҳари он муҳаббат ба миллати худ ва инсонҳои дигар чун дигарон ниҳон аст.

  Айни замон мафҳуми ватан дар тули таърих таҳти таҳаввул қарор гирифтааст: бо ба вуҷуд омадани динҳои ҷаҳонӣ мазмуни он васеъ ва қимати қавмиву хунии он чанде коста шуда ва табиист, ки дар ин ҳол арзиши ҳисси ватандӯстии қавмӣ дар баъзе аз миллатхо афзуда ва дар дигарон камранг ё беранг шудааст. Динҳои ҷаҳонӣ таълим медиҳанд, ки дар назди Худо ҳамаи мардум баробарандва таври мисол дар вуҷуди Исоҳи масеҳ тамоми тафриқаҳо аз байн хоҳанд рафт…, яъне назди Худо тафовутҳои қавмиву ҷинсӣ, ирқиву находӣ, синфиву табақавӣ заиф ва беранг мегарданд. Дар аслнома(устав)и динҳои ҷаҳонӣ, алалхусус масеҳиёни аввал борҳо омадааст, ки ватани аслии диндорон (насоро) калисо аст, ҳамон гуна, ки ватани аслии яҳудиҳо куниш (синагог) мебошад, онҳо дар дигар ҷойи рӯи замин худро бегона эҳсос мекунанд. Илова ба ин онҳо аз ғалаба дар ҷанг хушнуд ва аз омадани офату бадбахтӣ ба мамлакат ба даҳшат намеафтанд, зеро ин гуна падидаҳо як амри илоҳӣ ва зарурӣ тасаввур мешаванд. Ба иборае, Худо олим аст ва ҳоли дунёро бехтар медонад.

  Тасаввуроти ба ҳамин монанд дар дини Ислом ва макотиби мухталифи он вуҷуд дорад, ки инҷо ҳам ранги пӯсту забону насаб ва ҷои зист аз аҳамият бархӯрдор нестанд. Тамоми мардум мансуби як уммат, уммати ягонаи ислом тасаввур мешаванд. Зиёда аз ин дар ибтидои ислом ё исломи давраи аввал, давраи футуҳот тамоми дунёи барои мусулмонон маълум ба ду қисмат тақсим шудааст: дор-ул-ҳарб ва дор-ул-ислом. Мусулмонони аввал дар роҳи ба ислом даъват намудани мардумони дунё таҳти ҳамин шиор кишваркушоӣ мекарданд, аз шамшер истифода бурда мехостанд, ки аз тариқи ҷиҳод мардуми тамоми ҷаҳонро ба як дину як мазҳаб ташвиқ намоянд ва каломи илоҳӣ ва забони арабӣ ҳамин гуна васила буданд, ки мардум мутаҳҳид бишаванд,дар ин роҳ як умумияти нави одамон-уммати мусулмонон дар мантиқаи фарогир бунёд гардид. Дар натиҷа, мафҳуми миллати ислом ба вуҷуд омад, ки қавмҳои мухталиферо дар худ муттаҳид ва ҳалл намуд. Баъди дусад соли оғози ислом дар заминаи ин дин дар асоси тамаддунҳои гузашта ин ҷо воқеан тамаддуни нави инсонӣ таҳсис шуд, ки ҳоло моли таърих аст. Дар заминаи ахлоқи динӣ илму адабиёти нави синкретӣ рушд намуд. Андешаи ягонагии одамонро бо роҳи оштиву мадоро тасаввуфи ислом низ пайгирӣ карда ба натиҷаҳои ҷолибе расидааст. Вале замон ва вақт тағйир карданд, дар давраи нави рушди сармоядории Ғарб ҷаҳони ислом истеъморӣ шуд. Риштаи раҳбарияти андешаи миллатҳо ва давлатҳои мусулмонӣ дар ин замон ба дасти истеъморгарони Ғарб гузашт, акнун мусулмонон худ тасмимгир набуданд, ба ҷои онҳо вазъиятҳои таҳмилӣ ақли онҳоро идора мекуунад, бо ин ҳол онҳо дар ҳаракатҳои озодихоҳии худ дар муқобили истеъморгарон ба дифои ислом пардохтанд ва ноилоҷ аз он бештар чун абзори сиёсӣ дар ду шакл: яке ба шакли бунёдгароии динӣ, ва дигаре ба шакли сотсиализми исломӣ истифода намуданд. Табиист, ки ҳам истеъморгарон ва ҳам ҳаракатҳои озодихоҳии мусулмонон на тамоюлҳои ақлгароёна, ё таърихи пурғановати илму техноложӣ дар ислом, балки сафарбаркунии (мобилизатсияи) сиёсии мардум андешаи ҷиҳодии исломро барои расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонгирӣ ва истиқлоли миллии худ созгор донистанд. Маълум аст, ки тамаддуни исломӣ дар замони истеъморӣ аз илму амал камтар кор гирифт ва ба ибораи Муҳаммад Аркун, исломшиноси муосири араби муқими Фаронса, комилан мавқеи дифоияро гузашт. Бо онки бегонагон мамаддуни мусулмононро барои мақсади ҷаҳонгирӣ аз дохил хароб карданд, мустамликадорон бо истифода аз инженерияи нави иҷтимоӣ исломи соддаи авомонаро дастгирӣ карданд, ва исломи оқилона, аклгаро ё интеллектуалиро зери по гузоштанд. Ин дар ҳолест, ки аврупоиҳо фалсафаву илмро аз ислом (бо номи юнонӣ) гирифтанд ва азхуд карданд….Яъне онҳо худ кишварҳои мусулмонони истилоъгардидаро аз истифодаи илму техноложӣ дур карданд, то бо абзору аслиҳаи навтарини ҳарбӣ ва равонӣ онҳоро ба умқи таърих, ба бойгонии тарзи тафаккури қабилаҳои аввали оғози таърих баргардониданд. Ҳоло шакли иғроқшуда ва ҷиҳодии чунин андешаи ҷаҳонишудаи ватан ва ватандориро дар таълимоти бунёдгароёни динӣ (аллахусус, ҳаракати салафия, ҳизбут-таҳрир ва ғ.) дучор шудан мумкин аст. Бо бунёди образи нави душман (пеш лагери коммунизм буд) дар симои ҷахони ислом майдони нави муҳорибаҳо сохта шуд. Ин технологияи нави геополитикӣ имкон медод, ки душмани нав (тудаҳои мусулмон) бо дасти худи мусулмонон кушта шаванд. Аз ин ба баъд ҳаракатҳои ба ном ҷиҳодӣ пайравони ҳамаи мазҳабҳои исломӣ ва динҳои ғайрисломиро мансуб ба куфр медонанд ва дар сурати даст накашидан аз ҷаҳонбинии нави худ рехтани хуни онҳоро раво медонанд. Маҳз ҳамин гуна тасаввурот заминаи даъвати давлати ба ном исломӣ -ДОИШ, барои ҷиҳоди исломӣ дар Шарқи Наздику Миёна ва Афғонистон шудааст ва таҳдид ба ҳувияти қавмиву миллии ҳалқҳо дорад (чи тоҷикон ва чи халқҳои дигари пасошӯравӣ).

  Дар муқобили ин раҳбарон ва бузургони дину сиёсати ҷаҳони кишварҳои ислом борҳо даъват ба амал оварданд, ки мусулмонон бояд аз ин гуна тасаввуроти ибтидоӣ даст бикашанд, зеро ба хотири кадом нияту мақсади баланде ҳам набошад (фарз кардем, барои ваҳдати мусулмонон!), куштани як нафар инсон дар ислом ба куштори тамоми инсоният баробар аст. Дар китоби муқаддаси мусулмонон омадааст, ки ҳар касе  ҳақ дорад, ки пайравӣ аз дину оини худ дошта бошад, вале ба дини дигарон ҳатман бояд эҳтиром дошта бошад, зеро дар дин (аз ҷумла дар ислом) зӯрӣ нест («Ло икроҳа фи дин»). Дар дигар сарчашмаҳои ислом қайд мешавад, ки мусулмонон ба динҳои дигар хушбинанд, онҳо ҳаққи интихоб доранд: яъне «Исо бо роҳи худ ва Мусо бо роҳи худ»!

  Вале пружаҳои сиёсии истеъморӣ барои ба мақсадҳои геополитикии худ расидан ҳар гуна сарҳадҳои фарҳангиро мешикананд. Дар кулл мусулмонони муосир аз техноложии нави фикрии муқовимат, баҳсу андеша ва истидол бархурдор нестанд, дар натиҷа онҳо бе таҳлили ақлонӣ ва шитобкорона тасмими нодуруст мегиранд, ки ба фишор бо фишор ҷавоб бидиҳанд. Чунин муқовимат дар ҳолест, ки бархурди нобаробар ба ҳастии онҳо таҳдид мекунад. Аз ин рӯ аз нигоҳи сиёсӣ ба ин масъалаи қадимӣ роҳбари имрӯзаи давлати Миср Абулфаттоҳ Ал-Сиси баҳо дода буд. Дар яке аз аввалин вохӯрӣ бо уламои Донишгоҳи ал-Азҳар (баъди ҳуҷуми террористон ба маҷаллаи «Шарли абдо», с. 2015), ӯ аз уламои исломӣ даъват кард, ки бар зидди ин гуна ақидаҳои асримиёнагии ба замони муосир хатарнок (тақсими ҷаҳон ба дорул-ислом ва дор-ул-ҳарб ва мақсади сохтани давлати ҷаҳонии исломӣ -истилоҳи А.Мавдудӣ (1903-1973), муаллифи «Тафҳим-ул-Куръон») садо баланд кунанд,дар муқобили зиёдахоҳӣ (радикализм) фатво бароранд ва ниҳоят роҳи наҷоти миллатҳои мусулмонро дар ҷаҳони пуртазоди глобалӣ равшан кунанд.

  Аз ҷумла ӯ гуфта буд: "Инҷо тарзи тафаккур, маҷмӯи матнҳо ва ғояҳои барои мо муқаддас дар назар аст, онҳо онқадар муқаддасанд, ки ҳар гуна раддия аз онҳо тақрибан ғайриимкон мешавад. Бо ин кор мо боқимондаи ҷаҳонро ба муқобили худ мегардонем.Мо ба инқилоби динӣ ниёз дорем. Тамоми ҷаҳон. мунтазири иқдомоти минбаъда аст, зеро уммат пора-пора шудааст, худро гум кардааст ва дар ин кор танҳо мо гунаҳкор ҳастем" [6].

  Аз нигоҳи шеваи бархӯрд ин назари Абулфаттоҳ Ал-Сиси комилан ақлонӣ аст, зеро ба андешаи ӯ, мусулмонон, ки яку ним миллиарди нуфуси аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, набояд бо эълони ҷиҳод бо 5.5 млрд. мардуми боқимондаи дунё дар ҳоли ҷангу набард қарор дошта бошанд. Дар ин ҷаҳони пуртаззод ва хатарзо, ки мардумони дунё ҳоло гӯё дар болои як маҳзани пур аз борут нишастаанд, мардум ба фарҳанги сулҳ ва мадоро бештар эҳтиёҷ доранд, нисбат ба нифоқу ҷанг. Вале ба андешаи М.А.Халил ташаббуси ислоҳоти динӣ ба гумон аст, ки дар худи мамолики суннатии мусулмонони араб ба вуҷуд ояд. Ба гумони ғолиб чунин кор аз тарафи мусулмонони Осиёи Ҷанубӣ ва Ғарб имкон дорад, ки содир шавад, зеро онҳо аз бори вазнини суннатҳо ва урфу одатҳои ҳазорсола озодтаранд [6:127-128]. Дар тафовут аз дигар миллатхои Осиёи Маркази точикон низ сарсупурдаи дину тамаддуни исломӣ мебошанд ва барои онҳо низ ислоҳ (реформа) дар дин дардовар аст. Туркҳо бошанд, ин сарҳадҳоро кайҳо убур кардаанд ва дини исломро модерн намуда дар хидмати нақшаҳои милливу стратегии худ қарор додаанд.. Мушкили тоҷикон дар раванди ислоҳ алоқаманд ба он аст,ки аз рӯи ақида онҳо ба арабҳо наздиктаранд. М.А.Халил менависад, ки дар дини ислом ҳисси гунаҳкорӣ дар назди Худо ва инсонҳо нест (Худо инсонро бахшидааст[1]), аз ин рӯ ҳар гуна интиқод ба ислом бо силаҳшӯрӣ қабул мешавад ё аслан инҷо ислоҳ имкон надорад.

  М.А.Халил менависад: “Арабская культура стыда, таким образом, не может позволить себе критического взгляда на исламскую религиозную систему, особенно учитывая самоосознание арабов как хранителей мусульманской теологии и доктрины. Другими словами, неготовность арабских мыслителей и общества к религиозной реформе лежит в аксиологических установках арабской культуры на данном этапе»[6:127]. Инҷо сухан дар бораи ду тамаддун меравад: яке мансуб ба фарҳанги шарм (ҷомеаҳои коллективии аграрии Шарқ) ва фарҳанги гуноҳ (мансуб ба ҷомеаҳои саноатии Аврупо ки баъди таҳаввули иҷтимоиву саноатӣ дар зери таъсири консепти «гуноҳ”и аслӣ ё нахустин гуноҳи Одами Абулбашар дар масеҳият фардгаро ва масъулиятшинос шудаанд). Ҷомеаи мусулмонон дар зери таъсири консепти бахшиши Одам аз тарафи Аллоҳ чун камбудии дини худро намебинанд, аз паи ислоҳи он ҳам нестанд…Ба гуфтаи Ҳофиз чун “Падарам равзаи ризвон ба ду гандум бифурӯхт, Нохалаф бошам агар ман ба ду ҷав  нафрӯшам...”....Азбаски ҳамин гуна таҳаввул ва ислоҳ дар ислом ва дини он аз дарун ба вуҷуд намеояд, ин гуна рукуд ва суннатгароиро дигарон ё бегонагон ба мақсадҳои худ  ва бар зарари мусулмонҳо истифода мебаранд. Модернистони мусулмон (М.Абду, Саидҷамолиддини Афғонӣ, Муҳаммад Иқбол ва диг.) ҳам роҳи ҳалли ин мушкилро наёфтанд ва дар оғози асри 20 баҳсро хотима доданд ва эълон намуданд, ки “Ислом ба зоти худ надорад айбе, Ҳар айб, ки аст, аз мусулмонии мост”!

  Садсолаҳо кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ барои мардуми Шарқ роҳнамоӣ мекарданд, барои онҳо назарияҳо ва консепсияҳо месохтанд, то ки дар асл ба воситаи онҳо онҳоро дар зери идораи худ нигоҳ доранд. Дар асри XX моҳияти сиёсии ин гуна назарияҳоро Эд.Саид фош карда буд [3]. Дар натиҷа, ба назари Эдвард Саид, мусулмонон, баъд аз мактаби Ибни Сино тафаккури таҳлиливу интиқодиро дар худ рушд надоданд. Дар замони истилоъи муғул вазири Салоҷиқа, Низомулмулк дар “Сиёсатнома” таъкид месозад, ки Худо Одамро фармуд, то 60 сол дар кӯҳу биёбонҳо бигардад, то гуноҳи ӯ тоза шавад. Ва боз Низомулмулк мефармояд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ тоҷикон (ки қобилияти таҳлилӣ доранд)-ро ба кори идораи давлат роҳ надиҳанд. Чунин ҳол дар дохили ислом роиҷ буд. Ин дар ҳолест, ки ба таври мисол, дар садсолаҳои минбаъда давлатҳои Фаронсаву Олмон идеяи миллатгароӣ ва инқилоби коргариро худ имтиҳон карда татбиқи минбаъдаи онро ба Шарқи Наздику Осиё пешниҳод намуданд. Дар натиҷа дар Русия ва кишвари Турки усмонӣ инқилобҳои милливу ҷумҳурихоҳӣ ба вуҷуд омаданд. Назарияи пантуркистон (ки Отатурк онро ба роҳбарӣ гирифт) дар Аврупо каркард шуда буд, он ба вуҷуд овардани абармиллате дар минтақаи Аврупосиёро дар назар дошт, ки нимкурраи шимолии Авруосиёро ватани «туркҳои бузург» эълон намуд. Дар асл ин мебоист фазои диктарураи туркҳоро месохт ва дигар миллатҳои бумиро мебоист дар худ махлут мекард. Дар зери ин андешаҳо нақшаҳои неоколоналистие ниҳон буд, ки тибқи он роҳҳои тиҷоратии Шарқу Ғарб (аз Лиссабон то Пекин) мебоист барои интиқоли молу коло барои аврупоиҳо кушода мешуд. Бояд гуфт, ки ин модели империяи Муғулро ба хотир меовард, ки давлатҳои милливу қавмиро аз байн бурд, ба ин восита роҳи тиҷоратии Абрешимро, ки барои аврупоиён фоидабахш буд, равнақ дод.

  Мусаллаҳ бо андешаҳои К.Маркс, бунёнгузорони давлати «пролетарӣ» (бо раҳбарии В.И.Ленин) низ даъват ба он доштанд, ки бояд «ватандӯстии пролетарӣ», яъне ватани коргару деҳқон ба вуҷуд оварда шавад, ки он мафҳуми меҳану ватанро аз нигоҳи ҷуғрофӣ васеъ менамуд ва дар зеҳн тамоми сайёраи дар зери диктатураи пролетариро дар назар дошт.Ин равия ҳам ҳисси дӯстдории ватани худ, ватани аз нигоҳи ҷуғрофӣ хурду қавми камнуфуси худ, забони модарии худ, фарҳанги миллӣ ва ғ.-ро ғайри қобили қабул медонистанд ва дар ниҳоят бо амри Марказ ватандӯстони коммунисти кишварҳои атрофи қисматҳои марказии Руссияро бо ҷурми «душманони халқ» ё «ҷосуси импералистон» будан ба Сибир ва дигар лагерҳои сталинӣ фиристода аз байн бурданд. Дар замони шӯравӣ ватани мо «шашяки рӯи замин»-ро ташкил медод ва халқу миллатҳо ба ҳам омехта миллати ояндаи мо бояд «шӯравӣ» мешуд. Дар давлати коммунистӣ, бо тақлид ба романтизми фаронсавиҳо, аз рӯи ақидаи асосгузорони он мебоист, ки як давлат, як забон ва як миллат (миллат ё халқи шӯравӣ) арзи ҳастӣ мекард. Асосгузори давлати пролетарӣ В.И.Ленин дар асарҳои баъдан нашргардидаи худ навиштааст, ки ҳатто дар саросари тамоми дунё дар ояндаи наздик як забон мемонад. Ва ба андешаи ӯ ин ё забони англисӣ мешавад ё русӣ ҳоҳад буд. Вале дар қавсайн навишта ки: беҳтар мешавад, агар русӣ бошад! …Дар ҳамин мисол дидан мумкин аст, ки чи гуна миллату мазҳабҳои ғолиб иродаи худро аз роҳҳои мухталиф ба халқу миллатҳои дигар бор мекунанд ва аз абзорҳои диниву сиёсӣ моҳирона истифода мебаранд, то кихуд ягона ҳукмрони ҷаҳон бишаванд.

  Давлати миллӣ. Дар охирҳои асрҳои нуздаҳ баъди нуфузи иқтисодиву сиёсӣ пайдо кардани Русия дар Осиёи Марказӣ ва ибтидои асри 20-ум, баъди заволи давлати сулолаи манғитиён дар Бухоро ҳаракати босмачигарӣ авҷ гирифт, ки баъзе аз зиёиёни мо ҳоло онҳоро нишоне аз ҳаракати ватандӯстӣ дар Осиёи Марказӣ мешуморанд. Албатта ин як ҳаракати сиёсиву иҷтимоии мураккаб буд, ҳаракати то андозае моломоли ватанхоҳӣ буд, вале босмачигарӣ чунин падидаи мураккабест, ки шояд дар амали баъзе аз намояндагони тоҷики он унсурҳои ватандӯстӣ ҷой дошта буданд, вале ба таври кулл, мақсади он барои миллати тоҷик бегона буд, онҳо на истиқлоли миллии миллатҳои мушаххаси Осиёи Марказӣ, балки барқароркунии аморати Бухоро бо сулолаи амирони манғитиро мехостанд. Дар ин бора ёддоштҳои амири сарнагуншуда Олимхон, дар мактуби ӯ ба Иброҳимбек маълумот медиханд.

Дар ин санад, ӯ менависад: 

«Ман ба Иброҳимбек фармон навиштам, ки Анварпошо дар хусуси муҳориба шахсан соҳибтадбир ва коргузор буда, лозим, ки Шумо дар иззатдорӣ дар назди худ оварда пурсед, агар хизмати миллати исломро хоҳиш дошта бошад, аз тарафи зоти олии мо ваколати хизмат ва илло, ба хубӣ аз дарё гузаронида, бо ин сурат равона намоед».

Чунонки мебинем, дар мактуб сухан дар бораи «миллати ислом» меравад, ки албатта, барои давраи аморат қобили қабул буд. Вале маълум аст, ки мақсади аслии Иброҳимбек ҳам на бунёди давлати миллӣ, балки, ба шаҳодати яке аз пайравони ҳаракати ҷадидҳо А.Фитрат, бо ёрии Анвар-пошшо ташкили империяи туркӣ буд. Ба иборае  мақсад –

«бо нақшаи кишварҳои иртиҷоии  мамолики Ғарб дар ҳайати Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон, Закавказия, Қрим ва Туркия ташкил кардани империяи «Туркияи бузурги султонӣ» маҳсуб мешуд» (Атохон Сайфуллоев. Босмачигӣ хилофи манфиатҳои миллӣ буд) [5].

  Воқеан, ин гуна давлат дар зеҳн идеологияи «ваҳдати қабоили туркӣ» ё ваҳдати тамоми миллал дар забон ва либоси туркӣ дошт. Ин гурӯҳ ҳам мехостанд, ки дар минтақаи ҷуғрофии Балкан то Чин як империяи туркиро бо як забон, як давлат ва як дин ташкил бикунанд, ки хилофи хостаҳову манфиатҳои қавму миллати тоҷику эронӣ, курду баллуҷ ва ҳинду пашту буд. Ба андешаи онҳо дар аморати Бухоро (ки ҳазорҳо сол тоҷикзабон буд) мебоист забони тоҷикии форсӣ ҷои худро ба забони туркӣ медод. Як пантуркист аз кишвари Туркия дар ибтидои асри бист, баъд аз дарёфтани иттилое дар бораи боз шудани мактабу рӯзномаҳои усули нави таълим (бо номи «Бухорои шариф») бо қаҳр чунин менависад: чаро дар Бухоро иҷозат дода шудааст, ки ба забони форсӣ мактабу рӯзнома нашр шавад?! [1]

  Ҳоло мо медонем, ки ҳоли тоҷикон дар давлатҳои қавмиву этнонатсионалистӣ чӣ гуна аст. Инро дар мисоли вазъияти курдҳо дар Туркия ва давлатҳои Араб ба таври равшан дидан мумкин аст: дар яке аз ин давлатҳо курдҳоро «туркҳои кӯҳӣ» (горные тюрки) ва дар дигаре араби забонгумкарда мешуморанд (айнан ба мисли тоҷикони Самарқанду Бухоро...) Дар кулл, мушкили давлатҳои сирф қавмгаро дар он аст, ки онҳо тафовутҳоро тааммул карда наметавонанд, вале мехоҳанд, ки бо даъват ба ҳар гуна ягонагиву «ваҳдат» қавми худро ба мақоми ҷаҳонӣ ва «кайҳонӣ» бирасонанд. Албатта, ин ҳама ба фоидаи синфи дорои ин мамалкатҳо меанҷомид, на барои тамоми мардум.

  Воқеити таърихӣ нишон медиҳад, ки дар асл, тафовутҳо дар фарҳангҳо, дар дину оин ва дар сиёсатҳо дар сухан ва дар китобҳо аз байн мераванд, вале дар зиндагӣ ва ҳаёти воқеӣ доимо боқӣ мемонанд. Ли Куан Ю то ҳатто чунин мешуморид, ки тафовутҳо дар фарҳангҳову дар динҳо ба тариқи модарзодӣ вуҷуд доранд. Ин баёния шояд то андозае муболиғаомез намояд, вале он заминаи воқеӣ низ дорад. Ин тафовутҳоро муҳити табиӣ ва фарҳангӣ ҳар замону макон тавлид мекунанд. Барои ин онҳоро бояд омӯхт, эҳтиром гузошт ва дар амалия ба назар гирифт. Ҳоло муҳим аст, ки бо ин тафовутҳо бояд зист ва бо тафовутҳо ва гуногунӣ мадоро намуд. Зеро тафовутҳо на манбаи ҷангу хатар ва зарар (чунонки С. Ханктинтон [9], тасавур мекунад ва барои машинаи ҳарбии Ғарб тавсия медод), балки манбаи ғановати ҳаёти фарҳангӣ ва дар ин замина заминаи пешрафти иҷтимоӣ шуда метавонанд. Вале маълум аст, ки таърихи кишварҳову давлатҳо ва дину адёни олам дар ин бора мисолҳои бисёре дорад, ки дар заминаи манфиатҳои иқтисодиву сиёсӣ давлатҳо ва саркардаву раҳбарони онҳо чи гуна тафовутҳои оддии инсонӣро ба фоидаи худ истифода бурда мардумро ба ҷангу бесарусомониҳои кашидаанду мекашанд ва мамлакатҳоро хароб мекунанд, мардумро мутеъ ва захираҳои табииро ба фоидаи худ истифода мебаранд. Имрӯз сухан дар бораи шакли нави системаи истеъморӣ (неоколонализм) меравад, ки дар ҳоли густариш аст…Барои собит сохтани ин қазия кофӣ аст, ки ба вазъи муносибатҳои байналхалқии ҷаҳони муосир назар андозем, ки чи гуна давлатҳои аз нигоҳи ҳарбӣ-дорои имкониятҳои бузурги моливу яроқи ядроӣ ва аз лиҳози иқтисодӣ пурзӯр барои ба даст овардани манфиатҳои миллии худ бо ҳам дар ҳоли кашмакаш мебошанд ва аз ин радду бадали сиёсиву ҳарбӣ тамоми  мардуму  миллатҳои мухталифи дунё ранҷ мебаранд…

  Вазъияти дунё ҳоло хеле мураккаб аст. Як роҳи наҷот ва гузоштани садд аз ин бесарусомонии сайёра имрӯз бунёд ва таҳкими давлати миллӣ шинохта мешавад. Тибқи назари ғолиб тасаввур мешавад, ки давлати миллӣ - ин иттиҳоди байни миллат (халқ) ва давлат ё иттиҳоди фарҳанг ва сиёсат аст, ба гумони ғолиб он метавонад мушкили мавҷудаи байни ягонагӣ ва тафовутҳоро (ки ҳоло дар заминаи он ба истилоҳ гӯё «ҷанг» эълон шудааст) ҳаллу фасл бикунад. Ҳадаф ва ормони давлати миллӣ ин аст, ки дар раванди рушди давлати миллӣ халқ (мардум) соҳиби аслии сиёсат ва омили идораи давлат хоҳад шудан. Мо ҳоло соҳиби чунин давлати миллӣ мебошем, ки дар доираи имкон ба ҳар гуна зиёдахоҳиҳои сиёсиву мақсадҳои вайронкоронаи сиёсатмадорони дохиливу нақшаҳои шуми трансмилливу абарқудратҳо дар ватани бобоии мо мамоният мегузорад. Вале давлати миллӣ ба мисли як зироат аст, онро ҳамаруза обу тоб, рушд ва қудратманд бояд кард.

  Аз ин лиҳоз ҳоло фурсате расидааст, ки Давлат ва Миллат ба истиқболи ҳам биёянд ва дар ин роҳ гомҳои ҷиддӣ бардоранд! Аҳли илму уламои дин ва аҳли сиёсати дунёи пешрафта ҳоло дар фикри онанд, ки ҳар як инсон,миллату мамлакат ва давлат танҳо дар фикри наҷоти инфиродии худ набошанд ва айни замон набояд дар андешаи вайронии дигарон бошанд (воқеияте, ки мо ҳамарӯза шоҳиди онем, воқеияте, ки онро ба ибораи «гӯр сӯзаду деги қаландар ҷӯшад» ифода кардан метавон!). Албатта ин ҳоло муҳим аст, ки айни замон ҳама дар фикри наҷоту поксозии хонаи худ, маҳаллу куча ва ватану сайёраи худ бошанд, зеро дар акси ҳол қувваи торикиву бадиву неруи шикананда ва тахрибкору вайронкор (хатари яроқи ядроӣ, нақшаҳои абарқудратҳо, терроризм, одамрабоиву одамфурушӣ, наркомафия, афзудани сатҳи бекориву қашшоқӣ ва ғ.) дар дунё ба авҷи аъло расидааст. Вале дар баробари ин ҳисси ватандустии муосир наметавонад бо маҳаллу зодгоҳ ва мансубияти мазҳабиву забонӣ, тафовутҳои касбиву синфӣ маҳдуд бошад. Ва дар айни вақт он наметавонад ватандӯстии безабону беаслу насаб бошад. Магар мешавад, ки барои мисол, дар баробари забони зиндаи мардуми кишварамон, яъне порсии тоҷикӣ, ин забони ба ибораи Ф.Энгелс, забони ҳӯрони биҳиштӣ, ягон забони дигари аҷнабиро дар ин ватан чун забони давалатӣ ҷорӣ намуд ва аз каломи ширини Рӯдакӣ, забони малакутии Мавлоно ва Ҳофиз даст кашид?! Қудрати ин забон то ҷоест, ки Маликушшуаро Абуабдулло Рӯдакӣ бо як суруди тоҷикӣ амири Бухороро аз Ҳирот ба Бухоро кашид, то идораи давлатро ба дасти худ бигирад ва роҳи қабоили кӯчиро бигирад...

  Равшанфикрони дунёи муосир ба андешае расиданд, ки Инсон бе ватани мушаххаси худ (бе «ватани хурд») наметавонад, ки шаҳрванди ҷаҳони бузург - «шаҳрванди ҷаҳон ё кайҳон» бошад, чунин инсон инсони бекасу куй, беаслу насл, безабону бебаён, бехонаву дар, инсони муҳоҷир ва дарбадару хонабадуш мебошад. Ҳеҷ боке нест агар ватани мо, ки айни замон хурд ҳам бошад, вале дар асл сарҳади миллии мо бо сарҳадҳои сиёсии мо тамом намешавад. Зеро ба ғайр аз сарҳадҳои ҷуғрофию сиёсӣ, боз сарҳадҳои фарҳангиву таърихӣ вуҷуд доранд. Сарҳади мо, ба қавли шоир Бозор Собир, сарҳади забону фарҳанги мост, ки аз Хутан то Анатолиё дар шарқу ғарб ва аз Самарқанду Бухоро то Деҳливу Мултон дар ҷануб густариш дошда буданд ва ҳоло ҳам решаву андешаи он дар ин минтақаҳо вуҷуд доранд. Дар баробари ин ба мо маълум аст, ки Миллатҳои ба истилоҳ «хурд» ба дунё одамони бузург додаанд.Яке аз аввалин китобҳои муқаддас (баъд аз Ведҳои мардуми ориёии Ҳинд) ва қомуси донишҳои инсонӣ – Авеста дар ҳамин сарзамин, дар Балхи бостон, дар пойтахти давлати Каёниён эҷод шуда буд, дар ҳамин ҷо дини ҷаҳонии зардуштӣ ба дунё эълон гардид, дар ҳамин ҷо баъди шикасти империяи Доро давлати бохтариву юнонӣ қомат афрохт ва аз ҳамин ҷо империяи Кушониёни оташпараст ва баъдан буддоӣ дар шарқу ғарб, ба атрофу акнофи дунё паҳн гардид. Дар ҳамин минтақа дар замони Сомониён дар Бухорову Рай асарҳои безавол, ба мисли «Шоҳнома», «Осор-ул-Боқия», «ал-Қонун» ва «Донишнома» навишта шудаанд. Суғду Бохтар аз қадим марказ ва пардозгари фикру андеша буданд. Оини зардуштӣ ҳам дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадааст. Ин факти таърихиро бозёфтҳои давраи охирини бостоншиносон, аз ҷумла дар Помир ва Турфони Чин собит мекунанд. И.Г. Гердер (1744-1803), як мутафаккири олмонии асрҳои ҳаждаҳу нӯздаҳ дар асараш «Андеша оид ба фалсафаи таърихи инсоният» дар бораи миллатҳои аз нигоҳи ҷуғрофӣ густурда ва ҳоло сернуфуз (славянҳо) навишта буд: вусъати онҳо дар замин, нисбат ба мақомашон дар таърих бештар ба назар мерасад! Ин суханҳо ба баъзе аз халқҳои ҳамсояи мо низ нисбат дорад. Дар муқоиса бо дигарон, мақоми тоҷикон дар фарҳанг ва таърих нисбат ба сиёсат ва кишваркушоиву забти сарзаминҳо хеле бештар аст. Вале тоҷикон мардони вазорату сафорат буданд. Расолати тоҷикон дар таърих – ин бозомузии халқҳои омада будааст, ки онҳоро андешаҳои инсондӯстонаи мираизму монавияту зардуштият ва будоӣ омӯзонданд.

  Бунёди ҷомеаи маданӣ зарур аст. Вале ҷаҳони  имрӯз шоҳиди он аст, ки бо ниятҳои поку нопок (ба мисли андешаи мардумсолорӣ ё густариши демократия чун ҷомеаи ормонӣ ва ё бунёди ваҳдати исломӣ ва ғ.) дар дунё корҳои дигаре дар ҷӯшу хурӯшанд. Таърихи навин нишон медиҳад, ки ин гуна кӯшишҳои амалисозии шиорҳои «ваҳдат», «пешрафт», ягонагӣ ва озодӣ, ҳуқуқи инсон кори инсоният дар баробари баъзе пешрафтҳо ба чи бадбахтиҳо ва фоҷиаҳо меанҷоманд. Магар мешавад, ки ба хотири ин андешаҳо (демократия, нажодпарастӣ (фашизм), атеизми ҷанговар, дину мазҳаби ҷиҳодӣ ва ғ.) хонаи дигаронро (дар мисоли Либиё ва Сурия) вайрон кард,дар ин замина андеша ва оини ватандории худро ба дигарон бор намуд: хеле беҳтар аст, ки аввал хонаи худро хуб сохт ва ба дигарон кордор нашуд.Дар ин росто диалектикаи ягонагӣ ва гуногунрангии тамаддунҳову инсонҳороба диққат бояд омӯхт ва ба назар гирифт!

  Зарур аст, ки озодӣ ва истиқлоли фардӣ ва инчунин истиқлоли миллии ҳар як миллат ва қавму халқият, инчунин озодиҳои аққалиятҳои этникиву забонӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ хифзу нигоҳдорӣ ва эҳтиром карда шаванд ва онҳо ба таври расмӣ аз пуштибонии сахт ва ҷиддии ниҳодҳои ҳуқуқи милливу байналхалқӣ таъмин ва бархурдор гарданд. Мардуми оддӣ зиндагии оддӣ доранд ва ин зиндагии онҳо набояд бо шиорҳои баланд халалдор карда шаванд. Дар ҳақиқат, чунонки Жан Жак Руссо (1712-1778), мутафаккир ва маорифпарвари фаронсавӣ дар асараш «Андешаҳо оид ба таъсири илм ва ҳунар» менависад, ин тӯдаҳои мардумони меҳнаткаш ва мардумони коргари оддӣ мебошанд, ки бо садоқати бедурӯғу самимонаи худ ватандӯстӣ ва идеяи шаҳрвандиро қуввату неру мебахшанд, яъне на фақат нухбагону хосон, ки албатта, дар раванди ватандорӣ мақоми махсус доранд. Вале ватанпарастони асливу воқеӣ мардумони оддианд. Бояд гуфт, ки мутаассифона, хосон (элита) одатан дар вазъи изтирорӣ худро аз ҳалли мушкилот дар канор мегиранд ва бисёр шудааст, ки ба хотири бехатарии шахсӣ ва хонаводагии худ дар лаҳзаҳои тақдирсоз кишварро тарк мекунанд. Дар тафовут би ин оммаҳо як ватан доранд.    Вале ватандӯстии мардумӣ ҳам бояд созанда бошад, на сӯзанда ба мисли дунёдӯстӣ-и неофашизм (тоссарҳо)-и муосир дар Руссия ё мавҷи глобализатсияи дунёхоронаи абарқудратҳо (глобалистҳои трансмиллӣ). Дар акси ҳол чунин «патриотизм»и дағал, зӯровар, шармовар (черносотенҳо-туда ва оммаҳои сиёҳкор) мардумро ба ҷанг мекашонад ва он баъзан дар дасти баъзе аз ашхоси бемасъулияти дастгоҳҳои золими давлатӣ, ба ибораи Л.Толстой, ба абзори зулм ва истибдоди давлати тоталитарӣ (аз боло, ба мисли фашизм) ё зулми трансмиллӣ (аз поён, аз тарафи хадамоти махсуси ҳарбӣ ба мисли ҳаракати ба ном ДОИШ мубаддал мегарданд, ки дар он ҷавҳари қимати ватандӯстӣ, ки муҳаббат аст, нобуд мегардад.

  Мушкили замони ҳозир дар он аст, ки дар асри XX-XXI ҷаҳони истеъморӣ баъзе аз аҳкоми исломро чун абзори сиёсӣ бар зидди худи мусулмонон истифода бурда истодаанд. Бояд гуфт, ки ҳоло гурӯҳи хурд, вале қудратманди сармоядори мусулмонон (барои мисол «шайхҳои араб») ҳам дар ин бозӣ ба таври фаъол шариканд, вале оммаҳои мардуми мусулмон аз ин бозиҳои сиёсӣ огоҳии комил надоранд. Маълум аст, ки бо эътирофи шоҳзодаи саудӣ Муҳаммад бинни Салмон ҳаракати ваҳобиро саудиҳо дар замони ҷанги сард бо ташвиқ ва фишори доираҳои қудратманди Ғарб (Британияи Кабир, ИМА) барои суст кардани мақоми низоми коммунисти шӯравӣ густариш дода буданд [7]. Ҷои таассуф аст, ки бо вуҷуди он, ки шӯравӣ кайҳо аз саҳнаи таърих рафтааст, вале бо истифода аз ҷиҳод, ин абзори ҷанги сард дар шакли салафия ҷомеаҳои мамолики дар ҳоли рушд то ҳанӯз ҳам аз дахолати бемавқеи абарқудратҳои ғарбӣ ва шайху давлатҳои халиҷ дарду ранҷ мебинанд. Аз ин ҷост, ки ҳоло ҷойгоҳи нухбагони ватандӯст ва элитаи сиёсиву интеллектуалии миллат махсус аст. Инро дар мисоли фаъолияти Конрад Адэнауэр (1876-1967) ва ҳаммаслакони ӯ- муаллифони «муъҷизаи олмонӣ» баъд аз шикасти режими фошистӣ (бо пиёда намудани барномаи додани озодӣ барои ташаббус ва имконияти баробар ба ҳар як фарди ҷомеа, фалсафаи масъулияти иҷтимоии давлат ва риояи ахлоқи масеҳӣ) дидан мумкин аст, ки маҳз элитаи созанда дар охири ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баъд аз шикасту рехти бемислу монанд дар солҳои баъдиҷангӣ сабаби аз сари нав ба по хестани давлат ва миллати Олмон гардид. Мисолҳои «раҳбарияти муваффақ» дар Шарқ ҳам хеле бисёр аст. Яке аз онҳо таҷрибаи раҳбарии Ли Кван Ю (1923-2015), сарвазири Сингапур, муаллифи «муъҷизаи сингапурӣ» аст. Чизи ҷолиб дар «муъҷизаи сингапурӣ» ин аст, ки Ли Куан Ю аз сармояи иҷтимоӣ (социальный капитал)-и худ, ки аз замони мустамликадории англисҳо ба мерос расида буд (аз қабили истифодаи забони англисӣ чун абзори рушди илму техноложӣ, илми иқтисоди пешрафтаи ғарбӣ ва системаи ҳуқуқии британӣ) даст накашид. Дар баробари ин Ли Куан Ю илми иқтисоди Ғарбро барои сиёсатзадигӣ ва барои дарк накардани тафриқаҳои фарҳангии халқҳо ба зери танқид мегирад. Ӯ мавҷи андешаҳои ифротиеро, ки аз давлатҳои арабӣ (ба мисли наҳзати ваҳҳобия ва салафияи саудиҳо) меоянд, барои ҳастии давлат, барои ҳамгироии миллат (интегратсияи миллӣ) хатарзо мешуморид ва онҳоро дар кишвараш напазируфт. Муҳимтарин нукта ин аст, ки Ли Куан Ю иқтисоди миллии Сингапурро дар заминаи сармояи иҷтимоӣ ва фарҳанги миллӣ сохт [4].

  Ба ин монанд таҷрибаи рушдро дар мисоли раҳбарияти Муҳотир бинни Муҳаммад (с.тав.1925), сарвазири Малайзия дидан мумкин аст, ки ӯ таҷрибаи идораи иқтисодиёти системаи шӯравӣ (системаи иқтисоди планӣ ва адолати иҷтимоӣ)-ро бо иқтисоди бозории капиталистӣ омезиш дода, тафовути байни фақр ва дороиро ба мизони кам расонид, бо лағви вазоифи воридот (бекор кардани вомҳои воридотӣ) ва ба вуҷуд омадани сармояи бештар дар дасти мардум иқтисоди аграрии мамлакатро ба саноатӣ табдил дод. Муҳотир Муҳаммад мақоми раҳбари давлатро дар идораи оқилонаи мамлакат муҳим арзёбӣ мекунад, зеро раҳбар бо ташаббус ва неруи бузург дар айни замон бояд воқеъбин бошад. Яке аз беҳтарин мисолҳо дар масъалаи раҳбариятро ӯ дар фаъолияти Ден Сяо Пин(1904-1997) мебинад, ки бо истифода аз ду системаи иқтисодӣ як мамлакати қафомондаро ба иқтисоди дараҷҷаи дуввуми ҷаҳонӣ баровард.

  Тоҷикистон ҳам аз таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилӣ вале ба ном «шаҳрвандӣ», дар асл кудитои русу узбак гузашт (ки ҳоло ҳам аз «вобастагӣ» ба дигарон ранҷ мебарад), вале айни замон хушбахтона заминаҳои бунёдии рушди иқтисодиву иҷтимоии худро гузошта истодааст. Дар ин раванд маълум шуд, ки мақоми давлат, элитаи сиёсӣ ва интеллектуалӣ ва мустаҳкам кардани ниҳодҳои қудратӣ ва бехатарӣ дар раванди истиқрори сулҳу субот ва таъмини рушд хеле муҳим аст. Таҷрибаи Тоҷикистон ва пеш аз он таҷрибаи Сингапур, Малайзия ва Чин собит сохт, ки ролу мақоми давлат дар баробари дигар ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ камтар нест, балки он дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ ҳалкунанда хоҳад шуд.  Пас давлат ҳам яке аз муҳимтарин унсури ҷомеаи маданӣ аст, ки онро дар ин сифат бештар бояд омӯхт.  Ба ҳамин монанд, дар баъзе аз мамлакатҳои мусулмонӣ давлат ва артиши он чун унсури ҷомеаи маданӣ чун абзори пешгирии ҳаракатҳои ифротии исломӣ истифода мешаванд (Покистон, Туркия, Миср ва ғ.). Ин нукта собит мекунад, ки назарияи рушди мардумсолорӣ ё демократии ғайриғарбӣ асос дорад ва роҳи ғайритақлидии сохтмони демократияи миллиро дастгирӣ бояд намуд (оид ба роҳи ғариғарбии демократия китобу таҳқиқоти хеле зиёд навишта шудааст, аз ҷумла, Даниел Белл, Бевунутура Де Соса Сантос [2].

  Таҷрибаи ғайриғарбии рушди мардумсолорӣ шеваҳои зеринро дар бар мегирад: ба назар гирифтани озодии ҳуқуқи миллатҳо, гурӯҳҳо, ҷамоатҳо ва фардҳо барои интихоб (дар мисоли мардумсолорӣ дар Тунис); адолати иқтисодӣ (дар мисоли таҷрибаи мардуми Амрикои Лотин); додани имтиёзҳо барои аққалиятҳо; ҷорӣ намудани шаклҳои алтернативии фаъолият ва намояндагӣ (мардумсолории машрутавӣ- машваратӣ). Чунин таҷриба имкон медиҳад, ки дар ватан мардумсолории худҷӯш бавуҷуд биёяд. Дар ин ҳол ҳисси ватандӯстӣ бояд бо шеваи хоси ҳисси шаҳвандӣ бе истифода аз дахолат ва истилоъи зӯроваронаи давлатҳои абарқудрат ва аз тарафи онҳо бо баҳонаи рушди демократия парогандани ҷанги гумоштагон (proxy war-прокси во) дар минтақа ва бад-ин восита ба таври сунъӣ бор кардани моделҳои ғарбии либерализм ва мардумсолорӣ-демократия (таҷрибаи талхи давлатҳои Афғонистон, Ироқ, Либиё, Сурия ва ғ.) муттаҳид гардад. Решаҳои пешрафти нав ва озоди инсонӣ бояд бе ин шева аз ҳамин замин, аз ҳамин хоку об ва рудҳо ва ниҳоят фарзандони ҳамин ватан қувваву нерӯ бигирад, ниҳодҳои демократӣ бояд бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ дар заминаи суннатҳои миллӣ ва фарҳанги давлатдории миллӣ тарроҳӣ гарданд. Ба ибораи Иқболи Лоҳурӣ, ки дар боло оварда будем,

«Мақсади зиндадилон хобу парешонӣ нест,

Аз ҳамин хок ҷаҳони дигаре сохтан»!-ҳамин аст.

  Воқеан, аз хоби асримиёнагӣ (дар заминаи пайравӣ ба моделҳои тоталитаризми исломи сиёсӣ, тоталитаризми пролетарӣ, тоталитаризми евродемократӣ ва ғ.) ва шикасту рехти ҷаҳони глобалӣ асри 21-ум (ворид шудан ба ихтилофҳои глобалистӣ, ҷангҳои трансмиллӣ ва прокси, ки аз тарафи гумоштагони абарқудратҳо ба мақсади ҷаҳонгирӣ ва тақсими дубораву чандбораи захираҳои табии Замин пиёда мешаванд ва ғ.) наҷот бояд ёфт. Ин кор, яъне пайдо кардани роҳи наҷот аз ин хатарҳо, ба зиммаи олимон, нухбагони сиёсӣ, дар кулл зиёиён ва қишри нисбатан бедори кишвар гузошта шудааст. Роҳандозии озодиҳои бештари иқтисодӣ, дастгирии сармоядорони миллӣ (синфи миёна) омили рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ хоҳад шуд. Дар ин раванд намояндагон ва пайравони дин бояд қавонини давлати дунявӣ, низоми сиёсии шаҳрвандӣ ва волоияти қонунро ба шиддат ва ҷиддан эътироф ва дастгирӣ намоянд. Маълум аст, ки дин (мушаххасан ислом) дар ҷомеаи мо чун шакли махсус ва қуддусии ахлоқ ҷойгоҳи алоҳидаи худро дорад. Аз ин рӯ, уламои дин бояд дар раванди бунёди ваҳдат, ҳамгироии миллӣ ва ташвиқи ватандӯстӣ иштироки фаъол дошта бошанд. Дар сарчашмаҳои мусулмонӣ омадааст, ки муҳаббат ба ватан аз имон мехезад (ҳуббул-ватан мин ал-имон). Дар фазои ҳаёти мусулмонони пасошӯравӣ миллат (умумият дар заминаи асолати қавмӣ) ҳамчун умумияти қавмиву давлатӣ ва марзӣ ба мисли мусулмонони дигари кишварҳои истеъморӣ, масалан, арабҳо, чун «бидъати ғарбӣ» шинохта намешавад, балки он чун сармояи иҷтимоӣ (дар мисоли таҷрибаи Ли Куан Ю) эътироф гардидааст. Вожаи имон дар маънои васеъ боварӣ ва эътиқодмандӣ аст. Пас, на фақат ба дин ва арзишҳои он, балки ба ватан ва сарзамине, ки дар он зиндагӣ мекунем, низ бояд на камтар аз он имон дошт. Зеро дин, ба қавли М.Иқбол «илму ҳаёт аст, на савму салот» ва он бояд чун шакли шуури ҷамъиятӣ доимо дар хизмати мардум, дар тарбияи равониву ахлоқии аҳли ҷомеа бошад.

  Маълум аст, ки ҳар гуна ҳувиятҳо маҳсули таърих ва иҷтимоъ мебошанд, онҳо на азалӣ, балки онҳоро эҷод мекунанд[8]. Зарур аст, ки имрӯз ваҳдати имонии исломӣ ҳам бо ваҳдату ҳувияти қавмии тоисломӣ (дар мисоли тоҷикони  тамаддуни ориёӣ) ва ҳувияти навини миллӣ чун бахшҳои як ваҳдат ва ҳуввияти ягонаи шаҳрвандӣ қабул гарданд.Ба зовия кашидани ҳар яке аз ин бахшҳои ҳувият барои миллат хатари вуҷудӣ эҷод мекунад. Зеро набояд бори дигар барои бегонагон ба мисли замони собиқ чунин фурсати муносибе фароҳам сохт, ки аз ислом ҳамчун абзори сиёсӣ бар зидди дорандагони ин фарҳанг истифода баранд ва дар хонаи тамоми мусулмонон оташи ҷанг биафрӯзанд.

  Аз сӯи дигар, ҳаётан зарур аст, ки муҳаббат ба ватан сарчашмаи пешрафти тамоми мардум, тамоми қишрҳои ҷомеаи мо гардад, чун ватан ватани тамоми бошандагони мамалакат аст, он танҳо моли сиёсатмадорон ё зиёиён ё олимон, ё танҳо коргарон ва деҳқонон нест. Дар ин замина, барои сармоядорон, ки намояндагони синфи миёнаи ҷомеа мебошанд, низ чунин шароите ба вуҷуд овардан зарур аст, то ки онҳо худро ва сармояи худро дар ватан нигоҳ бидоранд, худро бегона эҳсос накунанд ва сармояи худро бо ҳар роҳе аз ватан берун накашанд. Танҳо дар ин сурат имкон дорад, ки инсонҳо новобаста ба мансубияти мухталифи забонӣ, равонӣ, ҷинсиву мазҳабӣ, ирқиву нажодӣ, мақоми сиёсиву иқтисодӣ ва ғ. дар паи пиёда кардани ормонҳои баланди миллӣ ва инсонӣ аз ҳуқуқҳои баробаре, ки Эъломияи ҳуқуқи башар эълон ва эътироф намудааст, ба таври баробар ва одилона бархӯрдор гардида дар шукуфоии кишвар саҳми муносиб гузоранд.

Суннатулло ҶОНБОБОЕВ

номзади илмҳои фалсафа

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№2 (24), 2021

Адабиёт

  1. Адиб Халид. The Politics of Muslim Cultural Reform.Jadidism in Central Asia. Addeb Khalid. London, 1998, 335p.).
  2. Белл, Даниэл, Бавенутура Де Соса Сантос ва диг.: Daniel Bell, Beyond Liberal Democracy: Political Thinking for an East Asian Context(Princeton: Princeton University Press, 2006); Boaventura de Sousa Santos, Democratizing Democracy: Beyond the Liberal Democratic Canon (London: Verso, 2005).
  3. Саид Э. В. Ориентализм. Западные концепции Востока. изд. 2, исп. и доп. Пер. с англ. - СПб.: 2016.- 671 с.
  4. Ли Куан Ю. «Сингапурская история. 1965-2000 гг. М.: «МГИМО», 2010.
  5. Ниг.:http://khovar.tj/2019/01/bosmachig-hilofi-manfiat-oi-mill-bud-boznashri-ma-olai-professor-atahon-sajfulloev-az-r-znomai-um-uriyat/Бознашр аз руз.«Ҷумҳурият», Январь 14, 2019 14:15
  6. Президент Египта сделал шокирующее заявление об исламе. 15 янв.2015. https://www.vesti.ru/article/1718585; М.А.Халил. Перспективы религиозной реформы ислама в свете аксиологических особенностей арабской культуры. Вестник ВГУ. Серия: Философия 12.2.2018. № 1. С.122-129
  7. Spread of Wahhabism was done at request of West during Cold War – Saudi crown prince, Published time: 28 Mar, 2018 11:58. https://www.rt.com/news/422563-saudi-wahhabism-western-countries/?fbclid=IwAR1_M5knmn7EwbwtvcIUcW26g7zKdjV_6rGplU6NWn-NkOHmSeBtsSJiT0c.
  8. Хоббсбаум,Э. Эҷоди суннатҳо. Eric Hobsbawm, Terence Ranger: The Invention of Tradition.Cambridge, 1992
  9. Хантингтон С. Столкновение цивилизаций / С. Хантингтон. – М. : АСТ, 2006. – 576 с.

 

[1] Коран / пер. Э. Кулиева. Сура «Та Ха», аят 122; Сура «Аль-Анам» (Скот), аят 164.

Хондан 1298 маротиба