Нусхаи чопи
Сешанбе, 31 Январи 2023 16:36

«Наврӯзнома»-и Абурайҳони Берунӣ (Наврӯз, пайдоиши он ва масъалаи соли кабиса дар «ал-Осор ал-боқия»)

Муаллиф: Аҳмад Ҳоҷиев., С. Ҷонбобоев

Ба муносибати бузургдошти соли таваллуди

Аллома Ҳаким Абурайҳони Берунии Хоразмӣ

    Шинохти бошуурона ва пайвастан ба таърихи илми ватанӣ як василаи муҳиме дар баробари усулу воситаҳои дигари оқилонаи таъсиррасон ба ҷаҳонбинии ҷавонони имрӯза аст, ки онҳоро аз роҳи талқин аз тақлид ба ҳаракатҳои ифротиву тунрави сиёсиву динӣ берун мекашад ва барои омӯзишу парвариш ва ободкориву рушди ҷамъият сафарбар мекунад. Падидаҳои бузурги фарҳангӣ ва илмӣ ҳамонанд, ки табъан оламшумул бошанд, онҳо сарҳадҳои сохтаро убур кунанд ва барои тамоми ҷаҳониён бе тафовут аз ирқу нажод ва забону тамоили сиёсӣ хидмат намоянд. Падидаи миллӣ ва дар айни замон ҷаҳоншумул будани илмро аз баррасии осори мутафаккироне чун Абубакри Розӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ дарёфтан мумкин аст. Ин олимони мутабаҳҳир, ки дар бештари риштаҳои дониши замони худ осори пурарзиш офаридаанд, дур аз таассуби мазҳабиву минтақавӣ дар таблиғу интишори илм кӯшидаанд ва дар ба вуҷуд овардани илми сатҳи ҷаҳонӣ ҳиссаи сазовор гузоштаанд. Осори ҷовидонаи илмии онон дар Шарқу Ғарб баҳои сазовор гирифта, дар донишгоҳҳои онҷо таълим дода шуда ба ҳамин васила дар тӯли асрҳои зиёд барои пешрафт ва шукуфоии инсоният хидмати босазо расонидааст. Абурайҳон Муҳаммад ибн Аҳмад ал-Берунӣ дар шаҳри Киёти Хоразм 4 октябри соли 973 таваллуд шуда баъди умри бобаракат ва пур аз фарозу нишеб 9 декабри соли 1048 дар шаҳри Ғазнии (Афғонистоин ҳозира) ин олами фониро падруд гуфтааст. Беруни мутафаккири бузурги тоҷику форс, ки асли решаи эронии хоразмӣ дорад, ӯ чандин асарҳои илмӣ оид ба таърих, ҷуғрофӣ, илми адаб (филология), нуҷум, илми ҳисоб, илми механика, геология ва минералогия, ва инчунин минералогия, фармакология (дорушиносӣ), илми омӯзишҳои куҳӣ (геология) ва ғ. Офаридааст. Соли 2022–2023  тибқи қарори ЮНЕСКО дунёи мутамаддин ҷашни бузургдошти 1050 солагии Абурайҳони Беруниро ботантана қайд мекунад.   

  Дар ин мақола, ки дар он назариёти Абурайҳони Берунӣ дар мавриди Наврӯз аз асари ӯ “Осор ал- боқия” ҷамъоварӣ гардидааст ва шартан номи “Наврӯзнома”-и Беруниро гирифтааст, тасвири пайдоиш, бузургдошти ҷашни Наврӯз дар Эрони бостон ва даврони ислом, инчунин, аҳамияти масъалаи гоҳномаи қадимаи эрониён дар заминаи Наврӯз, соли кабиса (високосный год)[1] аз нигоҳи Берунӣ дар муқоиса бо шарҳи муосир ба таври мухтасар баррасӣ карда мешавад. Чун Абурайҳони Берунӣ нобиғаи илми даврон буданд, аз ин мавқеъ осори илмии худро бо истифодаи фаровон аз тамоми манбаъҳои дастраси замони худ, ки аз юнониву сириёнӣ ва баъдан ҳиндӣ ба арабӣ гардонида шудаанд, таълиф кардааст. Дар «ал-Осор ал-боқия» - яке аз асарҳои беназири Абурайҳони Берунӣ, ки аз ифтихороти беназири фарҳангии мардумони тоҷику эронӣ ба шумор меравад, дар кулл ба илми гоҳшиносӣ (хронология) ихтисос дорад, дар бораи тақвиму иду айёми мардумони олам аз даврони қадим то замони муаллиф сухан меравад. Тарзе, ки муҳаққиқи ин асари Берунӣ Акбари Доносиришт қайд мекунад: «Пеш аз Берунӣ ин масоил (ки мавриди баҳси «ал-Осор ал-боқия» аст – А.Ҳ.) ба таври пароканда дар кутуби таворих ва дафотири нуҷумӣ навиштаҳои мазҳабии милал мавҷуд буда ва ҷамъоварии ин иттилоот ва диққату иҷтиҳод дар онҳо ва санҷидани ин ақвол бо миқёсҳои таърихӣ ва аҳёнан бо мизонҳои илмӣ ва сурати ваҳдонӣ бахшидан ба ин баҳсхо  кори мардест, ки ҷаҳони фартут  монанди ӯро дар кӯшишу ҳуши худодод ва эътиқод ба ҳақиқат  камтар дидааст»[2]

  Маълумоте, ки муҳаққиқон аз «ал-Осор ал-боқия» ба даст меоранд, воқеан назирашон дар навиштаҳои дигарон нест ва қисме аз манбаъҳо, ки мавриди истифодаи Абурайҳон буда имрӯз аз миён рафтааст. Барои таъкиди аҳамияти китоби мазкури Абурайҳон Берунӣ муҳаққиқи эронӣ чунин менигорад: «…мо эрониён (тоҷикон) аз Берунӣ сипосгузорем, ки нагузошт маълумоти бисёр арзанда дар бораи аъёду айём ва таворихи марбут ба Эрон фаромуш шавад ва агар кори ӯ набуд ин қисматҳо низ аз хотирҳо мерафт».[3]

  Дар интихоби манбаъҳо эҳтиёткории зиёд намудани Абурайҳони Берунӣ ва сараро аз носара ҷудо кардани ӯ аз ин навиштаҳои ӯ ошкор мегардад. Ба таври мисол, дар тасвири гоҳшиносии тоҷикону эрониён Берунӣ на ба шарҳу тасвири бегонагон (ки бо ин восита аҷдоди зардуштии тоҷиконро бадном мекунанд!), балки ба худи сарчашмаҳои зардӯштиён муроҷиа мекунад:

  «Яксара он чиро, ки дар зичҳо нигоштаанд, канор мегузорем, зеро нависандагони ин дафотирро таваҷҷуҳ ва инояте ба ин айём набуда ва дар аксари ин кутуб ба нақл аз нусхаҳои фосид, ки бештари онҳо сохтагӣ аст, кифоят шуда. Ва ман он чиро, ки аз ноҳияи худи зардуштиён ба даст овардаам, ки барои эътиқоди динӣ таваҷҷуҳи хос ва инояти махсус ба ин рӯзҳо доштаанд, дар ин ҷо нақл мекунам. Дар кутуби Родвайҳ ибни Шоҳвайҳ ва Хуршед ибни Зиёр – мубади Исфаҳон ва Муҳаммад ибни Баҳром матолибе дар ин баҳс ёфтам, ки маро аз дигар мароҷеъ бениёз карда ва онҳоро дар ин ҷо бозгӯ мекунам».[4]

  Абурайҳони Берунӣ дар «ал-Осору-л-боқия» ба ҷашни Наврӯз бобҳои муфассале бахшидааст ва баргузории ин ҷашнҳоро назди эрониён, суғдиён ва хоразмиён ба тарзи алоҳида баён ва баррасӣ кардааст. Ин мутафаккири бузург бо ҷузъиёти ҳайратовар ва бо равиши илмии хоси худ ба мавзӯи Наврӯз мепардозад ва ҳар нуктаро дар ин баҳс бо далелҳои устувор  асоснок мекунад. Аз ҷумла:

  «Эрониён вақте ки солҳои худро кабиса мекарданд, фаслҳои чаҳоргонаро бо моҳҳои худ аломат мегузоштанд. Ва фарвардинмоҳ аввали тобистон ва тирмоҳ аввали поиз ва меҳрмоҳ аввали зимистон ва даймоҳ аввали баҳор буд. Бархе аз ин айём марбут ба умури дунявӣ аст ва порае марбут ба умури динӣ. Аммо умури дунявӣ идҳои муқаддасе аст ва рӯзҳои бузург, ки подшоҳону бузургони дин онҳоро вазъ карда, то муҷиби шодмониву фараҳ ба василаи касби ҳамду сано ва дӯстиву дуои хайри мардум шаванд. Ва барои тудаи мардум русуме қарор доданд, ки онон низ битавонанд дар чунин суруре ширкат кунанд ва тоату хизматгузории худро нисбат ба подшоҳон изҳор кунанд. Ва ин рӯзҳо яке аз сабабҳоест, ки тангии рӯзии фуқароро ба як зиндагонии фарох мубаддал месозад ва орзуҳои ниёзмандонро бароварда месозад ва ононро, ки наздик ба ҳалок расида ва дар гирдоби бало афтодаанд, раҳоӣ мебахшад. Аммо айёми диниро диноварон ва шоирони онон аз пешвоёни мазҳабӣ ва фақеҳону диндорон вазъ карданд ва мақсуд аз вазъи ин айём ва анҷоми суннатҳои он низ монанди мақсуд ва ғоят аз вазъи рӯзҳои марбут ба умури дунявӣ буд, ҷуз ин, ки дар ин рӯзҳо аҷру савоби ухравӣ низ мадди назар буд».[5]

  Ҳамин тавр, тоҷикон, яъне эрониёни қадим ва подшоҳони онҳо ҳама вақт мекӯшиданд, ки адолатро дар умури дунявӣ ва динии худ дар ҳамоҳангӣ қарор бидиҳанд, ки ин ниёзи касб ва ривоҷи бештари ин ҷашнҳо дар байни мардум шудааст. Дар тақвияти назари Абурайҳони Берунӣ Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ дар бораи пайдоиши силсилаҷашнҳои ориёӣ ривояти дигареро пеш меорад, ки бо мақсади муқоиса оварда мешавад:

  «Афридун аз қабилаи Ҷамшед буд. Ӯ панҷсад сол ҳукмронӣ кард. Вақте аз яксаду шасту чор соли салтанати Афридун гузашт, инқилоби дуюм дар ҳисоби Каюмарс ба поён расид. Афридун дини Иброхим - алайхи саломро кабул кард ! Фил, шер ва гуспардро ром кард, хайма ва айвон сохт, оби равонро ба богу биноҳо бурд ва ниҳолу тухми дарахтони мевадиҳанда - турунҷ, афлесун, бадранг, лиму ва гулҳои садбарг, бунафш, наргис ва диг. овард. У ҷашни Меҳргонро ба тартиб овард - дар ҳамин рӯз Заҳҳокро зиндонӣ кард ва ҳамон рӯз подшоҳиро пазируфт ва ҷашни Садаро таъсис дод. Мардуме, ки аз зулм ва зулми Заҳҳок раҳо ёфтанд, хеле хушҳол шуданд ва ин рӯзро ба унвони [рӯзи] фоли нек таҷлил мекарданд ва то имрӯз дар Эрону Турон (Мовароуннаҳру Хуросон) ин расмро ҳамасола ба васфи подшоҳони некӣ анҷом медиҳанд. Чу хуршед ба фарвардин расид, Афридун он рӯзро боз ҷашн гирифт. Мехргон - иди баробаршавии шаби тирамох 21-и Меҳр. Сада- иди 50 руз пеш аз Навруз - 10 бахман («сада» - айнан «сад», яъне 50 шабу 50 руз пеш аз Навруз).[6]

  Аз ин гуфтаҳои боло маълум мешавад, ки тибқи назари мутафаккирони мо ин силсилаҷашнҳои ориёи (Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон) барои решакан кардани зулм, таҳкими адолат, интишори эътидолу баробарӣ ва некиву накукорӣ эҷод шудаанд, ва табиист, ки воқеан ҳоло ҳам ин арзишҳои умумибишарӣ барои ҳама давру замон ва минтақаҳои ҷаҳон коргаранд.

  Шарҳи Наврӯз дар замони ислом. Дар ҷавоб ба андешаи муғризонаи баъзе аз ҳамватанони бехабари мо, ки кӯрдилона ҷашни Наврӯзро бо дину тамаддуни ислом муқобил мегузоранд, дар инҷо чанд мисол мезанем. Абурайҳони Берунӣ тазаккур медиҳад, ки суннатҳову оинҳои муайян барои ин айём вазъ карда буданд, ки аз пешиниён ба мерос расида ва онҳоро табарруку хуҷаста медонистанд.  Сипас ба зикри моҳҳои эрониён ва идҳое, ки дар ҳар кадом моҳ ҷашн гирифта мешаванд, пардохта, аз Фарварвардин ва Наврӯз сухан оғоз мекунад. Ба андешаи Берунӣ ҷашни Наврӯз ҳам дар назди яҳудиён ва ҳам дар назди мусулмонон азиз буд. Барои собит сохтани фарогиранда будани Наврӯз Берунӣ ду ривоят оид ба Наврӯз ва суннатҳои онро ёдоварӣ менамояд. Яке ин аст, ки:

 “Сулаймон пайғамбар чун ангуштарии худро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт, вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарии худро биёфт ва подшоҳиву фармондеҳӣ бар ӯ баргашт. Ва мурғон бар гирди ӯ гирд омаданд, эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад», яъне рузи тоза биомад. Ва парасту бо минқори хеш қадре об овард ва бар рӯи Сулаймон пошид ва як рони малах низ ҳадия овард. Ва аз ин ҷост, ки мардум дар Наврӯз ба якдигар об мепошанд ва пешкашҳо ба назди ҳам мефиристанд.

 Ривояти дигар ба ҳазрати Пайғамбар Муҳаммад (С) иртибот мегирад, ки ровиён онро ба Ибни Аббос нисбат медиҳанд.

 Нақл кардаанд, ки дар Наврӯз зарфи нуқрагин, ки пур аз ҳалво буд, барои Пайғамбар (С) ҳадия оварданд. Ва он ҳазрат пурсид, ки ин чист? Гуфтанд: имрӯз рӯзи Наврӯз аст. Пурсид, ки Наврӯз чист? Гуфтанд: иди бузурги  эрониён аст. Фармуд: Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд аскараро зинда кард. Пурсиданд: Аскара чист? Фармуд: Аскара ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда ва сар ба биёбон ниҳоданд. Ва Худованд ба онон гуфт: Бимиред. Ва мурданд, сипас ононро зинда кард ва абрҳоро бифармуд, ки ба онон биборад. Аз ин рӯст, ки пошидани об дар ин рӯз расм шудааст. Сипас аз он ҳалво тановул кард ва зарфро миёни асҳоби худ қисмат карду гуфт: Кош, ҳар рӯзе барои мо Наврӯз буд!

 Абурайҳон Берунӣ қиссаҳои зиёди дигарро низ, ки ба пайдоиши Наврӯз дар замони Ҷамшед ва оинҳои наврӯзӣ алоқамандӣ доранд, баён менамояд. Аз ҷумла, оид ба пайдоиши суннати сабзондани гандум, ки имрӯз дар байни мардуми мо ривоҷи тамом дорад, Абурайҳони Берунӣ дар ин робита ривояти зеринро меорад:

 «…Иблиси лаин баракатро аз мардум бурда буд, ба андозае, ки ҳар чи аз хӯрданиву ошомиданӣ тановул мекарданд, аз таому шароб сер намешуданд. Ва низ бодро намегузошт бивазад, ки сабаби рӯидани набототу дарахтон шавад ва наздик буд, ки дунё нобуд гардад.  Пас Ҷамшед ба амри Худованд ва роҳнамоии Ӯ ба қасди манзили иблис ва пайравони ӯ ба сӯи ҷануб шуд ва дер гоҳе дар он ҷо бимонд, то ин ки ин мушкилро бартараф намуд. Он гоҳ мардум аз нав ба ҳолати эътидол ва баракату фаровонӣ расиданд ва аз бало раҳоӣ ёфтанд. Ҷамшед дар ин ҳангом ба дунё бозгашт ва дар чунин рӯзе монанди офтоби тобон шуд ва нур аз ӯ метофт. Ва мардум аз тулуи ду офтоб дар як рӯз шигифт намуданд. Ва дар ин рӯз ҳар чӯбе, ки хушк шуда буд, сабз шуд ва мардум гуфтанд: «Рӯзи нав». Ва ҳар шахс аз роҳи табаррук ба ин рӯз дар таште ҷав кошт. Сипас ин расм дар эрониён пойдор монд, ки рӯзи Наврӯз дар канори хона ҳафт навъ аз ғалла дар ҳафт табақ бикоранд ва аз рӯидани ин ғаллаҳо хубиву бадии зироат ва ҳосил дар ин солро муайян кунанд».[7]

 Бояд зикр намуд, ки расму таомули наврӯзӣ ва ин расми хуби сабзонидани ҳафт навъ аз ғалла пеш аз фарорасидани Наврӯз то ҳанӯз ҳам дар минтақаҳои кӯҳистони тоҷик, махсусан дар Бадахшон зинда аст. Намунаҳои бузургдошти Наврӯз дар Бадахшон ва гоҳномаҳои он дар таҳқиқоти олими рус М.Андреев дар китоби “Таджики долини Хуф» муфассал оварда мешавад.

  Хироҷи наврӯзӣ дар замони ислом ва шинохт аз соли кабиса. Чун дар ин мақола мо имкони гунҷондани тамоми он чиро, ки Берунӣ дар бораи Наврӯз менависад, надорем, бо овардани масъалаи марбут ба мавзӯи хироҷи наврӯзӣ, ки дар қадим подшоҳон аз раият меситондаанд, баррасии Наврӯзро дар «ал-Осору-л-боқия» хулоса мекунем. Ин мисол аз ҷамъоварии хироҷи наврӯзӣ дар замони Аббосиён аст. Дар он замон ҳокимони мусулмон, ки тибқи қарори муайян пайравӣ аз гоҳномаҳои қамарӣ мекарданд ва аз гоҳшиносии эронӣ тибқи солшумории шамсӣ дур шуда буданд, шумори рӯзҳоро бо ниёзмандии онҳо ба кабисаро[8] дуруст тасаввур намекарданд, дар вақти мувофиқ ҷашн нагирифтани он ва ҷамъоварии нодурусти хироҷ мухолифати мардумро ба вуҷуд меовард. Нақл аз забони Берунӣ чунин аст:

  Мутаваккили Аббосӣ дар шикоргоҳи худ машғули гардиш буд, ногоҳ ба киштзоре расид, ки ҳанӯз хӯшаҳои он нарасида буд ва мавқеи дарав нашуда буд. Ва гуфт: Убайдулло ибни Яҳё (вазири халифа А.Ҳ.) аз ман иҷоза хост, ки аз мардум молиёт ва хироҷ биситонад, бо он ки ҳанӯз ҳосил ба даст наёмада ва ғалла сабз аст ва мардум аз куҷо биёваранд, ки то ба мо хироҷ диҳанд. Дар посух арза доштанд, ки ин кор зиёнҳои фаровон ба мардум ворид сохта ва раоё матои дастранҷи худро пешфурӯш менамоянд, то хироҷи девонро бипардозанд. Ва дастае ҳам чун аз пардохти молиёт нотавон ҳастанд, аз ватани модарзоди худ кӯч мекунанд ва мардум аз ин кор бисёр шикоятҳо доранд.

  Мутаваккил гуфт: Оё ин кор дар аҳди ман шуд, ё пеш аз ман ҳам буд? Гуфтанд, ки ин кор аз одатҳои подшоҳони Эрон аст, ки дар аввалҳои Наврӯз аз раоёи худ хироҷ меситонанд ва подшоҳони Эрон дар ин кор пешрав ва сармашқи мулуки араб шуданд.

  Мутаваккил чун ин посухро шунид, бифармуд, то мубадро ҳозир карданд ва ба мубад гуфт, ки дар ин масъала бисёр гуфтугӯ шудааст, ман ҳам наметавонам аз русуму одоти подшоҳони Эрон по берун ниҳам. Ва бо он ки подшоҳони Эрон мардуми боотифа ва раиятпарвар буданд ва ба адл машҳури ҷаҳониён ва ҳамвора дар кори мардум назар доштанд, чаро дар аввали Наврӯз, ки ҳанӯз хирман ба даст наёмада, аз раияти худ хироҷ мегирифтанд?

  Мубад арза дошт: Ҳарчанд подшоҳони Эрон ҳангоми Наврӯз аз раият хироҷ мехостанд, вале Наврӯз ҳангоме фаро мерасид, ки ҳосилот ба даст омада буд.

  Мутаваккил гуфт: Чи тавр чунин чизе нишон дорад? Мубад чигунагии солҳо ва шумори рӯзҳоро бо ниёзмандии онҳо ба кабиса барои Мутаваккил баён кард. Ва гуфт: Эрониҳо ҳамвора солро кабиса мекарданд ва чун дини ислом омад ва салтанати моро аз миён бурд, кабиса аз байн рафт. Ва ин аҳамият надодан ба кабиса аст, ки сабаби зиёни мардум шудааст.

  Ва деҳқонон дар аҳди Ҳишом ибни Абдулмалик дар назди Холиди Қасрӣ ҷамъ шуданд ва барои ӯ шарҳ доданд, ки саҳлангорӣ дар амри кабиса боиси зиёнҳои бисёр шуда ва аз ӯ дархост карданд, ки як моҳ Наврӯзро ба таъхир андозад. Холиди Қасрӣ аз баровардани ҳоҷати деҳқонон шона тиҳӣ кард ва ин хабарро ба Ҳишом ибни Абдулмалики Умавӣ навишт.

  Ҳишом посух дод, ки ман метарсам ин кор дар шумори насӣ бошад, ки Худованди таоло фармуда : «Насӣ – зиёдат дар куфр аст».[9]

  Ва чун рӯзгори Ҳорунаррашид расид, низ мардум ба даргоҳи Яҳё ибни Холид ибни Бармак  ҷамъ шуданд ва аз ӯ дархост карданд, ки ду моҳ Наврӯзро ақиб биандозад. Ва Яҳё тасмим гирифт, ки ҳоҷати эшонро бароварад, вале душманони Бармакӣ суиқасде ташкил доданд ва гуфтанд, ки «Яҳё барои маҷусият, ки кеши падаронаш буда, таассуб харҷ медиҳад». Ин буд, ки Яҳё низ аз ин кор сарфи назар кард ва ҳамин тавр амри кабиса бимонд.

  Пас аз он, ки суханони мубад тамом шуд, Мутаваккид Иброҳим ибни Аббоси Сулиро ба дарбор даъват кард ва ӯро амр намуд бо мубад дар бораи Наврӯз ҳамроҳӣ кунад ва рӯзҳоро бишуморад ва қонуни тағйирнопазире вазъ намояд. Ва аз тарафи Мутаваккил ба ҳамаи шаҳрҳо бинависад, ки Наврӯзро таъхир биандозанд.

  Ва чун Иброҳим ибни Аббоси Сулӣ бо мубад нишастанд ва ҳисоб намуданд ва бар ин азм шуданд, ки Наврӯзро ба ҳафдаҳум биандозанд. Ва Мутаваккил низ ин раъйро писандид ва ба офоқу атрофи кишвар номаҳо навиштанд, ки ҳокимон низ чунин кунанд. Ва ин воқеа дар муҳаррами дусаду чилу сеи ҳиҷрӣ буд.[10]

  Абурайҳони Берунӣ дар баёни чигунагии кабиса кардан, мавзӯи насӣ ва баёни маънои он назди арабҳои даврони ҷоҳилият маълумоти фаровони илмии таърихии муфид, чунон, ки ба навиштаҳои ин мутафаккири бузург хос аст, тақдим медорад. Инҷо зарур шуморидем, ки моҳияти соли кабисаро барои хонандаи ҷавон шарҳ бидиҳем.

  Моҳияти соли кабиса из чи иборат аст? Назари иҷмолӣ. Муайян кардани соли кабиса ва ба низом овардани тақвим аз вазифаҳои муҳими илми гоҳшиносӣ (календар) ба ҳисоб меравад. Барои муайян намудани аҳамияти чунин гузориши Абурайҳони Берунӣ ва муқоиса бо замони нав чунин маълумот меорем.

  Барои хонандаи ҷавони имрӯза ҷолиб хоҳад буд, ки соли кабисаро чи гуна муайян мекунанд. Масъала ин ҷост, ки ҳар чор (4) сол мо мушоҳида мекунем, ки дар моҳи феврал ба ҷои 28 рӯзи муқаррарӣ 29 рӯз меояд. Ин амал нишонаи соли кабиса аст. Сабаби ин он аст, ки Замин дар чунин сол дар атрофи Офтоб (Хуршед) каме тезтар аз 365 рӯз ҳаракат мекунад ё давр мезанад. Барои ҷуброни ин падидаи нуҷумӣ (астрономӣ) дар таърихи илму тамаддун як соли қабиса ихтироъ карда шуд ва бо илова кардани як рӯзи иловгӣ дар моҳи феврал сол 366 рӯз давом мекунад. Усулҳои муайянкунии соли қабиса содда ва ба ҳама дастрасанд. Ба ягон тақвим бо доштани 29 феврал назар меандозем. Соли кабиса ҳамеша ба 4 (чор) бе боқимонда тақсим мешавад. Фарз мекунем, ки соли 2012 соли кабиса аст, зеро 2012:4=503,00, яъне тақсимот бе бақия 0 аст.

  Дар тақвими Эрони бостон, ки тақвими қамарӣ-шамсӣ ҳисоб мешуд, сол дар рӯзи баробаршавии шабу рӯзи баҳорӣ дар замони ҷашне оғоз мешуд, ки он Наврӯз ном гирифт ва сол аз 12 моҳи қамарӣ (ҳар кадом 29 ва 30 рӯз) иборат буд ва сол тақрибан 354 рӯзро ташкил медод. Барои ҷуброн кардани фарқият бо соли тропикӣ, ҳар шаш сол як моҳи сездаҳум ба тақвим ворид мешуд. Ин тақвим дар мобайнҳои асри панҷуми мелодӣ ба тақвими шамсӣ (офтобӣ) иваз карда шуд, ки аз рӯи намунаи тақвими мисрӣ соҳта шуда буд ва он чун асос барои тақвими зардуштӣ хидмат намуд. [11]

  Дар Аврупо 1 январи соли 45 пеш аз милод императори Рум Гай Юлий Сезар тақвимеро, ки дар Рум астрономҳои Искандария бо роҳбарии Сосигенес таҳия карда буданд, ҷорӣ намуд, ки ба он асос ёфтааст, ки соли астрономӣ тақрибан ба 365,25 рӯз (365 рӯзу 6 соат) баробар аст. Ин тақвими Ҷулианӣ номида шуд. Он бо мақсади баробар кардани муҳлати шашсоата соли кабиса чорй карда шуд. Се сол ҳамчун 365 рӯз ҳисоб карда мешуд ва дар ҳар сол дар моҳи феврал як рӯзи иловагӣ (29 феврал) ба чор маротиба илова карда мешуд. Қайсар пас аз ду соли ҷорӣ шудани тақвими нав кушта шуд, соли дуюми кабиса пас аз марги ӯ оғоз ёфт. Шояд ин далелро мефаҳмонад, ки коҳинон, ки барои кори тақвим масъул буданд, принсипи ҷорӣ кардани як рӯзи иловагӣ дар ҳар соли чорумро нафаҳмиданд ва ба ҷои он ҳар се сол як рӯзи иловагӣ дар моҳи феврал ҷорӣ карданд (фарз карда мешавад, ки онҳо аз соли пеш аз соли кабиса чорум хисоб карда шуд). Дар тӯли 36 сол пас аз қайсар, ҳар як соли сеюм як соли кабиса буд ва танҳо пас аз он император Август пайдарпайии дурусти солҳои кабисаро барқарор кард (ва инчунин чанд соли кабисаи минбаъдаро барои бартараф кардани тағироти ҷамъшуда бекор кард).

  Барои ҷуброни хатои ҷамъшуда ва пешгирӣ кардани чунин тағирот дар оянда, дар соли 1582, Папа Григорий XIII тақвимро ислоҳ кард. Барои он ки соли миёнаи тақвимӣ ба соли офтобӣ беҳтар мутобиқ карда шавад, қарор дода шуд, ки қоидаи соли кабиса тағйир дода шавад. Мисли пештара, соли кабиса вуҷуд дошт, ки шумораи он чанд ба чор аст, аммо барои онҳое, ки ба 100 баробар буданд, истисно карда шуд. Чунин солҳо танҳо вақте ки онҳо ба 400 тақсим мешаванд, солҳои кабиса буданд. Ба ин ҳисоб солҳои охири асрҳое, ки бо ду сифр ба охир мерасанд, дар се маврид аз чор маврид солҳои кабиса нестанд. Ҳамин тавр, солҳои 1700, 1800 ва 1900 солҳои кабиса нестанд, зеро онҳо чандкаратаи 100 мебошанд ва на ба 400. Солҳои 1600 ва 2000 солҳои кабиса мебошанд, зеро онҳо ба 400 баробар мебошанд. Солҳои 2100, 2200 ва 2300 соли кабиса нест. Дар солҳои кабиса як рӯзи иловагӣ ҷорӣ карда мешавад - 29 феврал. Соли кабиса 2020 буд, соли қабисаи оянда 2024 хоҳад буд.[12]

  Тақвими исломӣ рӯзҳои кабисаи доимӣ надоранд, ҳарчанд ки моҳҳои қамарӣ 29-30 рӯзро дарбар мегиранд. Тақвими мусулмонӣ, ки аз ҷониби ситорашиносон дар асрҳои миёна сохта шудааст ва то ҳол дар ҷомеаи исломӣ истифода мешавад, рӯзи кабиса муқаррарӣ дар охири соли қамарӣ дар соли 11 ӯми давраи 30 сола илова мешавад. Ин рӯзи изофӣ дар охири моҳи Зулҳиҷҷа дар аёми моҳи Ҳаҷҷ сурат мегирад.

 Хонандагони тоҷику тоҷикистонӣ албатта  бо чопи русӣ дар Тошканд ва чопи тоҷикӣ дар Душанбе анҷом додашудаи «Осор-ул-боқия» ошноӣ доранд,[13] вале ба андешаи ин ҷониб бисёр кори шоиста аст, ки ҳар чи Абурайҳони Берунӣ дар «ал-Осору-л-боқия» ва дигар асарҳои тақвимиву ситорашиносӣ дар бораи Наврӯз нигоштааст, аз ин асарҳо берун оварда шаванд ва дар шакли китоби алоҳида бо номи «Наврӯзномаи Берунӣ» интишор ёбад.

  Мероси фарҳангиву илмии замони гузашта дар бойгонии халқи тоҷик ва дигар мардуми эронасли замони ҳозира хеле ғанӣ аст ва зарур аст, ки ҳарчи тезтар ин мерос мавриди омӯзиши амиқ ва ҳаматарафа қарор гирифта шавад то насли имрӯза аз ин осор огоҳии бештар дошта бошад ва бо ин осор ифтихори миллӣ дошта бошад. Бояд иқрор кард, ки пайвастан ба таърихи илми ватанӣ як василаи муҳиме аст, ки дар баробари усулу воситаҳои дигари таъсиррасон ҷаҳонбинии ҷавонони имрӯзаро васеъ намуда онҳоро аз тақлид ба ҳаракатҳои тунрави динӣ берун мекашад ва барои ободкориву рушди ҷамъият сафарбар мекунад.  

Аҳмад Ҳоҷиев, н. и.ф.,

 С. Ҷонбобоев, н.и.ф.,

кормандони илмии Маркази синошиносии

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ

 

 

[1] Соли кабиса (форсӣ سال کبیسه‎) — соле ки тибқи қоидаи нуҷумӣ як рӯз ба моҳи охири он изофа шавад, ки ҳар чаҳор сол як бор иттифоқ меуфтад ва дар он фузунии 365 рӯзро, ки 5 соату 49 дақиқа аст ҷамъ карда ва як солро 366 рӯз мегиранд.Фарҳанги Амид. Боз ниг. Високосный год// Великий князь- Восходящий узел орбиты.-М. : Большая российская энциклопедия, 2006.-С. 387.-гл. ред. Ю.С.Осипов; 2004-017, т. 5.

[2] «Осору-л-боқия» таълифи Абурайҳон Берунӣ, тарҷумаи Акбари Доносиришт, Теҳрон, 1377, муқаддима, саҳифаи бисту панҷ.

[3] «Осору-л-боқия», муқаддима, саҳифаи бисту шаш.

[4] Осору-л-боқия» таълифи Абурайҳон Берунӣ, тарҷумаи Акбари Доносиришт, Теҳрон, 1377, с. 323.

[5] Осору-л-боқия» таълифи Абурайҳон Берунӣ, тарҷумаи Акбари Доносиришт, Теҳрон, 1377, с.324.

[6] Начало книги Норуз-наме. Ниг.: https://www.tebyan.net/index.aspx?pid=63511

[7] «ал-Осору-л-боқия» таълифи Абурайҳон Берунӣ, тарҷумаи Акбари Доносиришт, Теҳрон, 1377, с. 330.

[8] Ниг шарҳи Соли кабиса (форсӣ سال کبیسه‎)  дар с. 1.Фарҳанги Амид.

[9] Қуръони карим. Сураи Тавба, ояти 37. Матни асл ва тарҷумаи маъноҳои он ба забони тоҷикӣ. Матни тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳоти Муҳаммадҷон Умаров. Муҳаррирони масъул: Саиднуриддин Шаҳобуддинов ва Файзулло Бобоев. – Душанбе, «Ирфон», 2007.

[10] Осору-л-боқия» таълифи Абурайҳон Берунӣ, тарҷумаи Акбари Доносиришт, Теҳрон, 1377, с.51-52.

[11] گاه‌شماری ایرانی، موسی اکرمی، تهران: دفتر پژوهش‌های فرهنگی، چاپ اول (۱۳۸۰)، ص ۶۳; Рак И. В. Мифы Древнего и раннесредневекового Ирана (зороастризм). // СПб.-М.: «Летний Сад», 1998.

[12] Високосный год// Великий князь — Восходящий узел орбиты. — М. : Большая российская энциклопедия, 2006. — С. 387. —гл. ред. Ю.С.Осипов; 2004—2017, т. 5)

[13] Абурайҳон Берунӣ. Осор-ул-боқия. Ба чоп тайёркунандагон: Алиқул Девонақулов, Муҳаммадраҳими Исо, Одина Ҳамид, Меҳримоҳ Бақо. Душанбе. Ирфон, 1990, 432с.

Хондан 1275 маротиба