Нусхаи чопи
Сешанбе, 18 Ноябри 2025 12:03

Оянданигарӣ дар маҷмуаи “Шукӯҳи Истиқлол”

Муаллиф: Яъқуби Ясно

(Тақриз ба китоби Беҳрӯзи Забеҳулло “Шукӯҳи Истиқлол”. – Душанбе: “Дониш”, 2025. –190 саҳ.)

 Чакида

Маҷмуаи шеъри “Шукӯҳи Истиқлол” асари Беҳрӯзи Забеҳулло шомили достонҳои “Амвоҷи ҳастӣ”, “Қиссаи мурғи Самандар”, дар зумраи осори шохиси адабиёти муосири тоҷик ҷой дорад. Ин асар бо пайванд додани мероси адабии куҳани форсӣ-тоҷикӣ ба заруратҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии рӯзгори ҳозир, ду рӯйкарди асосиро дар худ дорад: нахуст, таъкид бар посдорӣ аз ҳувияти фарҳангӣ ва миллии тоҷикон; дувум, барҷастасозии оянданигарӣ ва тараққихоҳӣ дар масири истиқлоли миллӣ ва давлати навин. Шоир бо баҳрагирӣ аз забони намодину байноматнӣ, мафоҳиме чун миллат, давлат, ақли ҷамъӣ ва раҳбарии хирадмандонаро дар қолаби шеър дар ду достон “Амвоҷи ҳастӣ” ва “Қиссаи мурғи Самандар” ба баён меоварад. Мақолаи ҳозир мекӯшад бо рӯйкарди таҳлилӣ-тафсирӣ нишон диҳад, ки “Шукӯҳи Истиқлол” на танҳо асари адабӣ, балки “Манифести фарҳангӣ- миллӣ”-и тоҷикон дар қарни ХХ1 аст.

Муқаддима

Адабиёти муосири тоҷик, бавижа дар се даҳаи пас аз истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 1991 то имрӯз) ба яке аз халлоқтарин арсаҳои бознамоии ҳувияти миллӣ ва бозсозии ҳофизаи фарҳангӣ табдил шудааст. Дар ин даврон дағдағаи аслии бисёре аз шоирону нависандагон, бозтаърифи ҷойгоҳи “тоҷик будан” дар матни тамаддуни форсӣ-исломӣ ва низ дар ҷаҳони мудерн будааст.

Шеъри Беҳрӯзи Забеҳулло дар дафтари  “Шукӯҳи Истиқлол” аз ҳамин чашмандоз қобили баррасӣ аст; зеро ӯ бо огоҳӣ аз рисолати таърихии шоирон, шеърро на абзори баёни эҳсос, балки “абзори бедорсозии фарҳангӣ ва таърихии миллат” медонад [16, 41]. Аз нигоҳи ӯ, шоирӣ дар замонаи пас аз Истиқлол сирфан халқи зебоӣ нест, балки нигаҳбони ҳофизаи  таърихӣ ва ояндаи миллат аст. “Шукӯҳи Истиқлол” посухе адабӣ ба яке аз муҳимтарин гуфторҳои фарҳангии Эмомалаӣ Раҳмон-Пешвои миллати Тоҷикистон аст, ки фармудаанд: “Агар дар фарҳанги як ҷомеа холигоҳи фарҳангие ба миён омад, он холигоҳи фарҳангӣ тавассути фарҳанги дигарон пур мешавад” [8].

Ин ҷумла на танҳо ҳушдори фарҳангӣ, балки навъе дастури кори таърихист, ки шоирону равшанфикрони тоҷикро ба бозофаринии ҳувияти фарҳангӣ фаро мехонад. “Шукӯҳи Истиқлол” дар ин замина намунае мумтоз аз ҳамсӯйии шеъру андешаи сиёсӣ-фарҳангии муосири тоҷик аст.

Мақолаи ҳозир бо тамаркуз бар муаллафаи оянданигарӣ дар ин дафтари шеър, ба баррасии ҷанбаҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии он мепардозад.

 

Муаррифии достони “Амвоҷи ҳастӣ” ва “Қиссаи мурғи Самандар”

Достони “Амвоҷи ҳастӣ” аз нуҳ фасл иборат аст, ки вожаи “мавҷ” дар номи аксари шеърҳо вуҷуд дорад ва “мавҷ” намоди зиндагӣ, пешрафт ва тараққӣ дониста шудааст, ки зиндагиро ба ҳаракат дармеоварад. Ин достон бо истинод ба байте аз Калим оғоз мешавад:

Мавҷем, ки осудагии мо адами мост,

Мо зинда бар онем, ки ором нагирем [2, 8].

Ин достон бахшида шуда ба бунёдкорони неругоҳи Роғун ва ин неругоҳ нишоне аз ангеза барои ободӣ ва тараққӣ муаррифӣ шудааст:

Тулуи субҳи хуршедии мо аз шаҳри Роғон аст,

Дар ин ҷо корзори насли инсон аст.

Қиёми марду зан бошад,

Набарди тан ба тан бошад,

Намоишгоҳи азму орзуи насли инсон аст! [2, 22].

“Қиссаи мурғи Самандар” дорои шонздаҳ фасл аст ва ин қиссаву достон бо устураи мурғи Самандар иртиботи маъноӣ дорад ва шоир мехоҳад сарнавишт, ҳувият ва фарҳанги тоҷиконро ба сарнавишти мурғи Самандар рабт диҳад. Тавре ки мурғи Самандар дар баробари оташу шуълаҳои он муқовимат дорад, миллати тоҷик низ фарҳанги худро бо муқовимат дар баробари сахтиҳо ва шуълаҳои оташ нигаҳ дошта ва ҳифз кардааст.

Устураи мурғи Самандар ва Қақнус нисбатан ба ҳам шабоҳат доранд, зеро ҳар ду бо оташ дар иртиботанд. Мурғи Самандар дар баробари оташ муқовим аст ва Қақнус пас аз сӯхтан аз хокистари худ баланд мешавад ва аз нав худро бозсозӣ мекунад ва ба ҷовидонагӣ мерасад. Фарҳангу адабиёт ва ҳувияти тоҷик низ сарнавиште монанди мурғи Самандар ва Қақнус дорад. Дар достони “Қиссаи мурғи Самандар” Забеҳулло Беҳрӯз шеъре ба номи “Саргузашти тоҷик” дорад, ки бо ирҷоъ ба байтҳое аз Бозор Собир оғоз мешавад:

Қиссаи мурғи Самандар пеши ман афсона нест,

Саргузашти мардуми печидафарёди ман аст.

Он ки умре мурда-мурда зиндагӣ карду намурд,

Сӯхтан, носӯхтан эҷоди аҷдоди ман аст [2, 55].

 

Шеърҳои достони “Қиссаи мурғи Самандар” ҳар кадом бо ирҷоъ ба байтҳое аз Мавлоно, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саъдӣ ва шоирони муосири тоҷик оғоз мешавад ва шоир мехоҳад байни шеъри худ ва шоирони пешину муосир иртибот барқарор карда, собит намояд, ки шеъру адабиёти тоҷик пешина дорад ва ба мо расидааст ва аз мо ба оянда мерасад.

 

Пайванди мероси адабӣ бо зарурати муосир

Беҳрӯзи Забеҳулло аз шоирони огоҳ ба суннат ва дар айни ҳол ҳассос ба масоили замони хеш аст. Ӯ дар достонҳои “Амвоҷи ҳастӣ” ва “Қиссаи мурғи Самандар” бо баҳрагирӣ аз забони тамсилӣ ва устураӣ, мероси адабӣ ва ҳикамии форсии тоҷикиро бо ниёзҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии муосир пайванд мезанад.

Дар сатҳи байноматнӣ, ради пои Мавлоно, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саъдӣ ва Иқболи Лоҳурӣ қобили мушоҳида аст. Ӯ аз Мавлоно ишқу ҳаракат: “Осмон шав, абр шав, борон бибор”, аз Фирдавсӣ ғурури миллӣ ва хирад: “Ҳар он кас, ки дорад равонаш хирад, Ба чашми хирад корҳо бингарад”, аз Носири Хусрав истодагию озодагӣ “Ман аз пок фарзанди озодагонам”, аз Саъдӣ инсонгароӣ “Банӣ одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд. Чу узве ба дард оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор” ва аз Иқбол пӯёии тамаддунӣ “Фард мегирад зи миллат эҳтиром, Миллат аз афрод меёбад низом”-ро вом мегирад, аммо масири хоси худро мепаймояд.

Агар Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” бо “забони ҳамоса” аз истиқлоли фарҳангии Эрон дифоъ мекунад, Беҳрӯзи Забеҳулло дар “Шукӯҳи Истиқлол” бо “забони ҳикмати шоирона” аз истиқлоли фарҳангии тоҷикон сухан мегӯяд. Ин истиқлол на дар баробари миллатҳои дигар, балки дар баробари “фаромӯшии хештан” маъно меёбад:

Қиссаҳои хешро ҷӯё шавед,

Миллати ҷӯяндаву пӯё шавед.

 

Қиссаҳояшро касе аз ёд бурд,

Асли худ аз решаву бунёд бурд.

 

Миллати беқисса мурғи бепар аст,

Ошиқи афсонаҳои дигар аст.

 

Хоби ширин бомдодаш бурдааст,

Ҳастии худро зи ёдаш бурдааст.

 

Ин фаромӯшӣ зи фикри танги мост,

Қиссаву афсонаҳо фарҳанги мост! [2, 47].

 

Дар ин нигоҳ, шеър василае барои бозсозии фарҳангист, на сирфан бозтоби он. Шоир нақши худро ба унвони “меъмори маънавии миллат” бозмешиносад; нақше, ки дар суннати ирфонӣ ва ҳикамии Шарқ ҳамвора бар дӯши паёмбарон, файласуфон ва шоирон ниҳода шудааст.

 Авлавияти ҳувияти миллӣ

Яке аз бунёдитарин меҳварҳои андешаи шоир, тақаддуми мафҳуми “миллат” бар “уммат” аст. Дар ҳоле, ки дар андешаи исломии классик, “уммат” мафҳуме ҷаҳонӣ ва фародинӣ талаққӣ мешавад. Забеҳулло Беҳрӯз бо илҳом аз таҷрибаи таърихии тоҷикон, бар ин бовар аст, ки наҷоти фарҳангию сиёсӣ танҳо аз масири “ҳувияти миллӣ” мегузарад.

Ӯ бо нигоҳе интиқодӣ ба бархе тафсирҳои динӣ ёдовар мешавад, ки агар миллатҳо аз забону фарҳанги худ ҷудо шаванд, дар дарозмуддат на ба умати ҷаҳонӣ, балки ба фаромӯшии таърихӣ меанҷоманд. Ин нигоҳ дар тақобул бо дидгоҳи Иқболи Лоҳурист; ҷое, ки Иқбол бар ваҳдати уммати исломӣ таъкид мекунад, аммо Беҳрӯзи Забеҳулло бар истиқлоли фарҳангии миллати тоҷик пой мефишорад.

Ин нигариш дар ҳамхонӣ бо сухани Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудааст: “Ман аввал тоҷик ҳастам, баъд мусулмон!”[8]. Шоир ин суханро меҳвари фикрии худ қарор дода ва дар осораш нишон медиҳад, ки миллату дин на дар таззод, балки дар силсиламаротиби табиъии ҳувияти инсон қарор доранд ва миллат ҷойгоҳи фарҳангӣ ва сиёсӣ дорад, аммо дин ҷойгоҳи ғайрисиёсӣ ва эътиқодӣ дорад. Аз манзари назарӣ, Забеҳулло Беҳрӯз аз мафҳуми “миллати фарҳангӣ” сухан мегӯяд, ки асоси миллат устувор бар арзишҳои фарҳангии ниёкони он миллат аст. Бенедикт Андерсон чунин миллатеро ба номи “ҷамоате дорои тахайюли фарҳангӣ” [12, 6] меномад.

Аз ин дидгоҳ, Забеҳулло Беҳрӯз ба ин назар аст, миллати тоҷик бо посбонӣ аз забону фарҳанги худ аст, ки метавонад дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи вижае дошта бошад.

Давлат ба масобаи таҷаллии ақли миллат

Дар достонҳои “Қиссаи мурғи Самандар” ва “Амвоҷи ҳастӣ” шоир бар аҳаммияти давлат таъкид мекунад. Ба бовари ӯ, давлат танҳо сохторе сиёсӣ нест, балки сурати айнии ақлонияти ҷамъии миллат аст. Миллат бидуни давлат ҳамчун мурғи бепар аст:

Иқтидори миллат аз назми вай аст,

Баъд аз он вобаста аз азми вай аст.

 

Назм миллатро кунад соҳибнизом,

Азм миллатро диҳад шону мақом.

 

Қавми бе давлат чу мурғи бепар аст,

Қавмро давлат шабеҳи модар аст.

 

Имтиёзи қавмҳо аз миллат аст,

Эй хуш он қавме, ки соҳибдавлат аст! [2, 51]

 

Давлат на абзори қудрат, балки мазҳари пайванди миллат бо ақлу назм аст. Шоир бо рӯйкарде наздик ба фалсафаи сиёсии Ҳегел, давлатро таҷассуми иродаи ақлонии миллат медонад [14, 275]. Миллат бидуни давлат дар арсаи ҷаҳонӣ бепаноҳ ва осебпазир аст; ҳамон гуна ки мурғи бепар дар баробари бод. Ин дидгоҳ бо таъкиди Эмомалӣ Раҳмон бар “давлати фарҳангӣ” ҳамсӯ аст; давлате, ки на танҳо назми иҷтимоӣ, балки руҳи фарҳангӣ ва забони ҷомеаро пос медорад.

Воқеият ин аст, ки шоир дар ростои муаррифӣ ва ривоҷи арзишҳои фарҳангӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон дар дафтари шеъри “Шукӯҳи Истиқлол” ва дафтарҳои пешинаш, аз ҷумла “Сипоҳи сухан” [4] (-Душанбе, 2021), “Яштҳои ватандорӣ” [3] (-Душанбе, 2023), “Аз остон то осмон” (-Душанбе, 2023) [4] ва “Ошёни уқобон” (-Душанбе, 2024) фаъолона ва бо ангеза саҳм гирифтааст.

Аммо достонҳои “Амвоҷи ҳастӣ” ва “Қиссаи мурғи Самандар”, ки ҳар ду дар дафтари шеъри “Шукӯҳи Истиқлол” омадаанд, дидгоҳи ҳунарӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии шоир дар бораи фарҳанг ва ҳувияти миллӣ бештар умқ ва жарфо пайдо мекунад. Дар ин дафтари шеър огоҳии фардӣ ва ишқ ба миллат матраҳ аст, зеро фард замоне, ки ба огоҳии фардӣ даст меёбад, аҳаммияти миллатро дарк мекунад ва медонад фаҳмидани аҳаммият ва арзиши миллат ба огоҳии ҷамъӣ ва миллӣ иртибот дорад. Аммо муҳимтар аз ҳама барои миллат вуҷуд ва ҳузури давлат аст; зеро миллати соҳибистиқлол бе давлат мумкин нест. Шоир вуҷуди давлатро таҷаллии ақли миллат дар таърих медонад, ки муҷиби огоҳии ҷамъии миллат мешавад ва миллатро аз назари арзишҳои фарҳангию ҳувиятӣ ва доштани ҷуғрофиёи сиёсии кишвар ба истиқлол мерасонад.

Раҳбарии хирадмандона ва ояндаи миллат

Беҳрӯзи Забеҳулло нақши раҳбариро дар фароянди миллатсозӣ таъйинкунанда медонад. Ӯ муътақид аст, ки миллат барои таҳаққуқи аҳдофи таърихии худ ниёзманди раҳбари хирадманд ва оянданигар аст [15, 245].

Раҳбари ӯ Пешвои миллат аст,

Бовафову ҷонфидои миллат аст.

Тоҷиконро хурраму дилшод кард,

Тоҷикистони наве бунёд кард.

Чун Манучеҳру Фаридуну Қубод,

Давлати моро асоси нав ниҳод.

Шаҳру деҳу мактаби нав сохт ӯ,

Қасрҳои муҳташам афрохт ӯ.

Боғу роғу ҷодаву ҷӯбори нав,

Роҳи нав, андешаи нав, кори нав.

Ёд кард аз НОБ-и Роғун боғурур,

Мекунад бунёд, алҳақ, кохи нур [2, 79-80].

Ин байтҳо пайванди отифӣ миёни миллат ва раҳбарро нишон медиҳанд. Аз манзари назарӣ, ин нигариш бо мафҳуми “раҳбари хорезмотик”-и Макс Вебер [15] шабоҳат, аммо рангу бӯйи ахлоқиву фарҳанги шарқӣ дорад. Чунин тасвире дар ашъори Бозор Собир ё Гулрухсор Сафӣ низ мушоҳида мешавад, аммо дар шеъри Забеҳулло бо оянданигарии миллӣ омехта аст.

 

Оянданигарӣ -- паёми аслии “Шукӯҳи истиқлол”

          Меҳвари марказии китоби “Шукӯҳи Истиқлол” нигоҳи оянданигари шоир аст. Ӯ дар баробари гузаштагароӣ ё навгароии сатҳӣ рӯйкарде “такомулӣ” дорад: ояндаро бар шонаи гузашта месозад. Дар достонҳои ӯ замон хаттӣ нест, балки чархишӣ ва пайваста аст; гузашта, ҳол ва оянда дар як мадори фарҳангӣ мегарданд. Шоир миллатро даъват мекунад, ки аз ифтихори гузашта пуле ба сӯйи оянда бисозад. Ӯ борҳо бар “масъулияти фарҳангии насли нав” таъкид мекунад ва шеърро василаи тарбияти андешаи оянданигар медонад.

          Дар достони “Амвоҷи ҳастӣ” аз тасвири дарё барои баёни ҳаракати таърихии миллат баҳра мегирад:

Ғарқ дар нур аст ин дунё азиз,

Кай бувад бе мавҷ ин дарё, азиз![2, 10].

          Нуру мавҷ нишондиҳандаи ҳаракат аст ва зиндагӣ бидуни ҳаракат мумкин нест. Шоир ояндасозиро ниёзманди ҳаракати мудовим медонад, ҳамон тавр ки файласуфи итолиёӣ Антонио Грамшӣ равшанфикронро “созандагони гегемонияи фарҳангӣ” [13, 225] медонад, Забеҳулло низ шоирро созандаи гегемонияи фарҳангии миллати тоҷик медонад.

          Шоир миллати тоҷикро ба посдорӣ аз забон, фарҳанг ва истиқлол фаро мехонад, то дар минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи вижае биёбад. Аз ин рӯ, “Шукӯҳи истиқлол” на танҳо як маҷмуаи шеър, балки “Манифести фарҳанги миллӣ”-и тоҷикон дар рӯзгори муосир аст.

 

 Натиҷа

          Маҷмуаи шеъри “Шукӯҳи Истиқлол”-и Беҳрӯзи Забеҳулло фаротар аз ҷанбаи адабӣ, ҳомили рисолати фарҳангӣ ва таърихист. Шоир бо таркиби суннати адабӣ ва арзишҳои фарҳангии муосир, шеърро ба паёме барои огоҳии миллӣ, тарбияти фарҳангӣ ва оянданигарӣ табдил кардааст. Ӯ миллатро бар уммат муқаддам медорад, давлатро таҷаллии ақли ҷамъӣ мехонад, раҳабариро намоди хираду вафодорӣ медонад ва шеърро омили бедории таърихӣ мешуморад.

          Шеър, дар ҳақиқат, ду ҷанба дорад, ки ҷанбаи адабию забонӣ ва ҷанбаи муҳтавоӣ аст. Дар ҷанбаи адабию забонӣ, шигардҳо ва санъатҳои ҳунарии шеър ва дар ҷанбаи муҳтавоӣ, паёми фарҳангӣ ва иҷтимоии шеър матраҳ аст; ин ки шоир чигуна ва чи мехоҳад бигӯяд.

          Дафтари шеъри “Шукӯҳи Истиқлол” аз назари адабию муҳтавоӣ боаҳаммият аст, аммо ҷанбаи муҳтавоии он хеле барҷаста аст, зеро паёми миллӣ барои тақвият ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон барои миллат ва давлат дорад. Аз ин манзар “Шукӯҳи Истиқлол”-ро метавон “манифести фарҳангӣ-миллии тоҷикон” дар оғози қарни ХХ1 донист; асаре, ки бо забони шеър, нақшаи фикрии миллатро барои оянда тарсим мекунад ва “паёму сухани тоҷикона” дар рӯзгори муосир аст.

          Ин асар нишон медиҳад, ки адабиёти муосири тоҷик дар хидмати танҳо зебоии ҳунарӣ нест, балки рисолати фарҳангиву сиёсӣ дорад: посдорӣ аз ҳувияти миллӣ ва тарсими уфуқе равшан барои ояндаи миллат.

 

Адабиёт

  1. Айнӣ, Садриддин. Куллиёт, Ҷилди 2. Шеърҳо. – Душанбе: “Дониш”, 2020. – 656 с.
  2. Забеҳулло, Беҳрӯз. Шукӯҳи Истиқлол. – Душанбе: “Дониш”, 2025. – 190 саҳ.
  3. Забеҳулло, Беҳрӯз. Яштҳои ватандорӣ. – Душанбе: “ЭР-граф”, 2023. – 152 саҳ.
  4. Забеҳулло, Беҳрӯз. Сипоҳи сухан. – Душанбе: “ЭР-граф”, 2021.
  5. Забеҳулло, Беҳрӯз. Аз остон то осмон. – Душанбе: Промэкспо”, 2023. – 128 саҳ.
  6. Забеҳулло, Беҳрӯз. Адабиёт ва ҳувияти миллӣ – Душанбе: “Шоҳин-С”, 2025. – 288 саҳ.
  7. Лоҳурӣ, Иқбол. Асрори худӣ ва Рамузи бехудӣ. – Теҳрон: “Амир Кабир”, 1990.
  8. Раҳмон, Эмомалӣ. Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (9 марти соли 2024).
  9. Раҳмон, Эмомалӣ. Тоҷикон дар оинаи таърих. Ҷилди 1-2. – Душанбе: “Ирфон”, 2009.
  10. Собир, Бозор. Бо чамидан, бо чашидан... – Душанбе: “Адиб”, 1987. – 200 саҳ.
  11. Фирдавсӣ, А. Шоҳнома. – Теҳрон: Интишороти Фахри Розӣ, 1370. – 626 саҳ.
  12. Anderson, B. (1983). Imagined Communities: Reflections on the Origin and Spread of Nationalism. London: Verso.
  13. Gramsci, A. (1971). Selections from the Prison Notebooks. Edited and translated by Q. Hoare & G. N. Smith. New York: International Publishers.
  14. Hegel, G. W. F. (1821). Elements of the Philosophy of Right. Translated by H. B. Nisbet. Cambridge: Cambridge University Press.
  15. Weber, M. (1922). Economy and Society: An Outline of Interpretive Sociology. Edited by G. Roth & C. Wittich. Berkeley: University of California Press.
  16. Foucault, M. (1977). Discipline and Punish: The Birth of the Prison. Translated by A. Sheridan. New York: Pantheon Books.

                                                                      

                                                                       Яъқуби Ясно,

адабиётшинос ва мунаққид

                                                                     Афғонистон

 
Хондан 12 маротиба