Ман, Бозор Ибодӣ тайи як соли ахир дар бахши магистратураи ихтисоси технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи Акитаи Ҷопон таҳсил менамоям ва як сол аз будубошу таҳсили мо дар Донишгоҳи Акитаи Ҷопон сипарӣ мешавад. Мо донишҷӯёни Тоҷикистонӣ тайи як соли сипаришуда, пеш аз ҳама, аз ғамхорию дастгириҳои ҳамешагии ҳайати профессорӣ-омӯзгории Донишгоҳи Акита баҳравар гардида, дар ҳама ҳолат ёриву мададгории тими устодонро ба хубӣ эҳсос кардаву мекунем. Дар ин миён, бештар аз ҳама, аз ёриву кумакҳои бедареғи профессор Инагаки Фумиаки баҳравар гардидаем.
Барои як кам огоҳ шудани хонандагони ҳафтанома ва корбарони шабакаҳои иҷтимоию фазои маҷозӣ дар бораи устод Инагаки Фумиаки иттилооти аввалия манзур месозам. Устод Инагаки Фумиаки 16 апрели соли 1971 таваллуд шудааст ва аз мактаби илмию таҳқиқии донишманди маъруфи ҷопонӣ, профессори равоншод Ютаки Акино гузашта, шогирди вафодори устод мебошанд. Мусаллам аст, ки профессор Ютаки Акино дар симати корманди умури шаҳрвандии намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон соли 1998 аз тарафи гурӯҳҳои ҷинояткори силоҳбадаст гаравгон гирифта шуда, баъдан ба қатл расонида мешавад. Ин аст, ки профессор Акино ҳам барои мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ба унвони қаҳрамон ёд мешавад, чаро ки шодравон барои таҳкими сулҳу субот дар минтақа фаровон талош варзида, дар ин роҳ ҷон бохтааст. Шогирди вафодори Ютаки Акино профессор Инагаки Фумиаки суханҳои устодашро ба ёд оварда, нақл мекунанд, ки устод Акино ҳамеша бар он таъкид мекарданд, ки таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон амри зарурист ва ба марҳилаи амну осоиш расидани кишвар роҳи рушду тараққии мардуми минтақаро ҳамвор хоҳад кард. Дар суҳбатҳои алоҳида профессор Инагаки аз хислатҳои накуи устодаш зиёд ёдовар мешаванд ва ӯро ба сифати шахсияти сахткӯшу вафодор дар роҳи интихобкардааш муаррифӣ мекунанд.
Ба ин маъно, профессор Инагаки аз мактаби одамият, илмият, тахассусият ва касбияти устоде мисли Ютаки Акино, ки ҷони худро дар роҳи сулҳу суботи кишвари мо аз даст додаанд, гузаштааст ва ба принсипу меъёрҳои ахлоқӣ, илмӣ, ихтисосии устодаш вафодор мондааст. Аз ин гузашта, панду насиҳатҳои устоди равоншод Ютаки Акино дар заминаи хидмати бедареғ кардан ба мардум ҳамеша дар забон ва қаъри дили нозуки профессор Инагаки боқӣ монда, профессор бар он талош меварзанд, ки дар тарбияи шогирдони Тоҷикистонӣ саҳми сазовор бигузоранд. Аз ин ҷост, ки саҳми устод Инакаги дар раванди омода намудани олимони ҷавони тоҷик назаррас буда, феълан таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ 5 нафар магистр ва 1 нафар доктор (PhD) корҳои таҳқиқии худро дар донишгоҳҳои Ҷопон идома медиҳанд.
Устод Инагаки Фумиаки соли 1995 зинаи таҳсилоти бакалавриат (B. Eng)-ро дар Донишгоҳи Кейо поён дода, соли 1998 даври таҳсилоти магистратура (М. Eng)-и Донишгоҳи Сукубаро хатм карда, соли 2004 поённомаи дуктурӣ (докторантура (Dr. Eng) аз Донишгоҳи Сукуба дарёфт кардааст. Ба собиқаи кории профессор Инагаки таваҷҷуҳ мекунем: ёрдамчии профессори Лоиҳа дар Донишгоҳи Кейо (2007-2010), омӯзгори ба таври вежа таъйиншуда дар Донишгоҳи Кейо (2012-2013), дотсенти Донишгоҳи Кейо (2013–2015), омӯзгори Донишгоҳи Акита (2016-2022), омӯзгори Донишгоҳи байналмилалии Акита (2019-2020), омӯзгори Донишгоҳи Сукуба (2020-2021), муҳаққиқи даъватӣ дар Донишгоҳи Гакусюин (2022–2024) ва аз соли 2022 то имрӯз профессори Донишгоҳи Акита. Соҳа ва самти фаъолияти пажуҳишию таҳқиқии профессор Инагаки фарох ва доманадор аст. Профессор дар соҳа ва самтҳои таҳқиқии сиёсатшиносӣ; таҳқиқоти минтақавӣ; муносибатҳои байналмилалӣ; идоракунии об дар Осиёи Марказӣ; муносибатҳои байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ; идоракунии захираҳои об; сиёсати байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ; таҳқиқоти минтақавӣ (Осиёи Марказӣ/Иттиҳоди Шуравии собиқ) пажуҳишҳои ҷолиби илмӣ-ихтисосӣ анҷом медиҳад.
Ҳамчунин, устод Инагаки аз соли 2021 роҳбари лоиҳаи JICA/JST SATREPS -- "Лоиҳаи рушди системаи декарбонизатсияи энергияи гармӣ бо истифода аз захираҳои оби зеризаминӣ" мебошад. Вай инчунин муҳаррири нашрияи вежаи илмӣ-таҳқиқотии “Geopolitics Resources” – “Захоири геосиёсӣ” (бо забони японӣ) мебошад. Илова бар ин, профессор Инагаки дар бораи сиёсати Осиёи Марказӣ аз дидгоҳҳои геополитикӣ, раванди миллатсозӣ ва муноқишаҳои обӣ пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ мақолаҳои илмӣ пахшу нашр кардааст. Дар ин замина, матолиби илмӣ-ихтисосии профессор Инагаки “Табдил додани сиёсати энергетикӣ дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ пас аз ҷанги сард”, “Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар бораи захираҳои об”, “Ислоҳоти шабакаҳои барқӣ дар Осиёи Марказӣ: Таъминкунандаи неруи барқ барои кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ”, “Муносибатҳои Тоҷикистону Русия”, “Ҷопон ва захираҳои оби Тоҷикистон: саҳм, мушкилот ва воқеият”, “Мушкилоти об дар Осиёи Марказӣ: баҳсҳо дар бораи Неругоҳи барқи обии Роғуни Тоҷикистон”, “Осиёи Марказӣ ва Афғонистон: Лоиҳаи нави шабакаи барқи "CASA-1000" аз ҷониби коршиносону мутахассисони соҳавӣ баҳои баланд гирифтаанд. Аз тарафи дигар, матолиби илмии мазкур дар шинохти мушкилоти соҳавӣ, фазои геосиёсии минтақавӣ, муҳити захираҳои обии Осиёи Марказӣ, сиёсати энергетикӣ ва амсоли инҳо барои доираи васеи донишмандону муҳаққиқону коршиносони соҳавӣ ба сифати манбаи зарурии илмӣ-ихтисосӣ кумак мекунанд.
Устод Инагаки, бо он ки гирифториҳои зиёди пажуҳишию корию идорию маъмурию таҳқиқию омӯзгорӣ доранд, вақту фурсат дарёфта, ба кумаки мо-донишҷӯёну муҳассилини Тоҷикистонӣ мешитобанд ва ҳатто ба одитарин мушкилоти мо расидагӣ намуда, ба суолоту пурсишоти зиёдамон посухҳои саривақтӣ медиҳанд. Ин навъи муомилаю муоширату муносибат на танҳо сатҳи баланди илмияту касбияти устодро ба намоиш мегузоранд, балки аз мақому ҷойгоҳи баланди ахлоқию инсонӣ бархурдор будани мавсуфро гувоҳӣ медиҳанд. Аз ин ҷост, ки мо – муҳассилони Тоҷикистонии Донишгоҳи Акитаи Ҷопон дар симои устод Инагаки на танҳо устоди сахтгиру серталаб, балки пуштибони ҳамешагии худро мебинем ва аз ошноӣ бо ин гуна инсони ғамхору хоксору бузургмартаба ифтихор мекунем.
Чун дар арафаи зодрӯзи устоди гиромӣ, профессор Инагаки Фумиаки қарор дорем (16 апрел ҷашни мелоди устод аст), ба устод, пеш аз ҳама, саломатӣ, тандурустӣ, бахту саодати ҳамешагӣ, қуввату неруи илмию эҷодӣ ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно мекунем.
Ҷашни мелод муборак, устоди гиромӣ, профессори арҷманд Инагаки Фумиаки!
Бо эҳтиром ва самимияти тамом,
магистранти соли дувуми ихтисоси
технологияҳои инноватсионии
Донишгоҳи Акитаи Ҷопон
Бозор Ибодӣ