Маҳз дар асри гузашта, баъди ба озодӣ расидан, пайдо шудани номи Тоҷикистон дар харита, номи тоҷик аз нав зинда шуд, тоҷик аз худ, аз миллияти хеш, ки то ин дам ба мусулмон, бухороӣ, самарқандӣ, ҳисорӣ ва ғайра табдил ёфта буд, бохабар гардид, имкони дастрасӣ ба илму адаби худро пайдо кард, ба вижа Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва дигар шоирони миллии хешро шинохт, зеро тоҷикон то ин дам, ба ҷои «Шоҳнома», «Гуруғлӣ» мехонданд, Амир Ҳамза мехонданд, «Қассас – ул – анбиё» мехонданд, «Амир Арслон» мехонданд... Ба ҳарфи дигар, дар мактабу мадрасаҳо, ба ҷои Рӯдакӣ, Шаҳид, Абушакур, Фирдавсӣ, Асадӣ, Фахриддини Гургонӣ, Асадии Тусӣ, Адиб Собир, Анварӣ, Хоқонӣ, Низомӣ, Хайём, Убайди Зоконӣ, Камол, Ҷомӣ, Биноӣ, Мушфиқӣ, Урфӣ, Назирӣ Толиб, Калим, Нозим, Ҳазин, Шоҳин ва дигар шоирони миллии мо, девонҳои Фузулию Навоиро мехонданд, ки мо дар боло зикр кардем. Бо як сухан, аз сабаби набудани давлати миллӣ, тоҷикон, умуман, устод Рӯдакиро намешинохтанд. Онҳо ба ном ва осори ӯ дар осори адибон низ ба нудрат рӯ ба рӯ мешуданд. Ба заъми устод Улуғзода, «вақте ки шарқшинос Андреев аз як талабаи Бухороӣ мепурсад, ки «ту Рӯдакиро шунидаӣ?» чунин ҷавоб медиҳад: «Рӯдакӣ – мӣ? Аз одамҳо шунида будам: дар қадим ҳамин хел валӣ гузашта будааст. Профессор лабханд карду гуфт: «Не, вай валӣ набуд… Рӯдакӣ ҳамватани бузурги туст, вай бисёр одами аҷоиб буд… Вақте ки ту дар ин ҷой хонда кӣ будани Рӯдакиро донистӣ, вайро дӯст хоҳӣ дошт. Пас аз ин Михаил Степанович аз зиндагонии нахустин ва бузургтарин шоири тоҷик ҳикоятҳои шавқовар кард ва баъзе шеърҳои шоирро аз ёд хонда дод. Ғазали машҳури шоир «Бӯи ҷӯӣ Мӯлиён» ба мо бисёр хуш омад:
Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ,
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Реги Ому бо дуруштиҳои ӯ
Зери по чун парниён ояд ҳаме.
Шоир дар ин ғазали худ ҳусну латофати шаҳри азизаш Бухороро васф мекунад. Ривояти машҳуреро, ки бо ин шеъри алоқаманд аст, мо дар он рӯз аввалин бор аз забон М.С.Андреев шунидем. Назар ба ин ривоят, амири Сомонӣ дар он вақт аз пойтахти худ Бухоро ба Ҳирот рафта, муддате дар он ҷо монда будааст, шеъри Рӯдакиро ба ӯ пагоҳӣ дар вақти мӯза пӯшиданаш мехонанд. Амир бо шунидани ин шеър ба чунон ҳаяҷоне меояд, ки ҳамон соат як пои мӯза пӯшида ва пои дигараш нопӯшида, ба асп савор шуда роҳи Бухороро пеш мегирад. Михаил Степанович дар бораи бузургони дигари аз байни халқи тоҷик баромада ҳам ҳикояҳо кард. Вай афсӯс хурда мегуфт, ки тоҷикон ба сабаби садҳо сол дар қайди зулм, торикӣ ва бесаводӣ монданашон шоирон ва олимони бузурги худро дуруст намешиносанд ё ки фаромӯш кардаанд». 3
Дар ҳақиқат, тоҷикон, ки пас аз фурӯпошии давлати миллии Сомониён бедавлат монда буданд ва дар давлатҳои бегона умр ба сар мебурданд, аз илму адабиёту таъриху фалсафаи худ дур шуда буданд. Ҳатто бузургтарин шоири миллии худро намешинохтанд. Агар мо ин байти Мирзо Сироҷро, ки гуфта:
Услуби дигар ниҳем бунёд,
Созем равони Рӯдакӣ шод. 4
истисно намоем, дигар дар осори адибон, хусусан баъд аз қарни 13, омадани муғул, гоҳ-гаҳ ба номи Рӯдакӣ дучор мешавем. Бад – ин маънӣ, метавон гуфт, ки номи Рӯдакӣ, асосан, дар асри гузашта, яъне ХХ зинда мешавад, мардум ба осори бозмондаи ӯ ошно мешаванд, ба қавли шоирон:
Суруди Рӯдакӣ шуд зинда акнун,
Расида авҷи Фирдавсӣ ба гардун. 5
Турсунзода
Тавре ки гуфтем ва мебинем, то асри гузашта миллати тоҷик ин шоири миллии худро намешинохт, осораш, ки дар асари турктозӣ аз байн рафта, ашъори бозмондааш гирдоварӣ нашуда буд, дар мактабу мадрасаҳо омӯхта намешуд, яъне номи Рӯдакӣ мисли номи халқаш гум буд. Танҳо баъд аз инқилоб номи ӯ зинда шуд, рӯзи дувуму савуми Наврӯзро Рӯзи Рӯдакӣ эълон карданд, осорашро ҷамъоварӣ, мавриди тадқиқ қарор доданд. Китобу рисолаҳо дар бораи ӯ падид омаданд, номаш дар осори адибон мавриди зикр қарор гирифт, адибон ашъорашро тазмин карданд, ба образҳояш талмеҳ заданд, аз ҷойгоҳу мақоми варҷовандаш хабар доданд. Хусусан шоирон дар ин замина пештозу пешсаф буданд. Беҳуда нест, ки мо дар осори устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Деҳотӣ, Раҳимӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Боқӣ Раҳимзода, Шукуҳӣ, Миршакар, Ғаффор Мирзо, Қутби Киром, Мастон, Убайд Раҷаб, Муъмин Қаноат, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло, Лоиқ, Гулназар, Гулрухсор, Аскар Ҳаким, Раҳмат Назрӣ, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб ва ғайра ҳамвора ба номи устод Рӯдакӣ рӯ ба рӯ мешавем. Эшон ба ин ё он навъ, ба ин ё он сабаб аз ӯ ёд мекунанд, ном мебаранд, каломашро пайравӣ, тазмин менамоянд, аз мақоми оламгираш боифтихор сухан мегӯянд. Устод Бозор яке аз ҳамин гуна шоирони ба сухани Рӯдакӣ, ба мақоми баланди ӯ ошно маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, дар ашъораш аз ӯ ёд мекунад, ба шахсиятҳои осораш талмеҳ мезанад, аз мақоми шоирияш сухан дар миён меорад, бо як сухан, аз ӯ ва каломи бозмондаи волояш васфу ситоиш менамояд. Ин ёдкарди ӯ, аз устод Рӯдакӣ аз шеъри «Забони модарӣ»-и шоир аст, ки мо онро дар оғози сухан ба хониш мегирем. Маълум аст, ки тоҷикон баъд аз фурӯпошии давлати миллии Сомониён тамоми чизи худро аз даст дода буданд, тоҷикон ҳатто номашонро (ҳамчун гури Рӯдакӣ) аз ёд бурда буданд. Тавре ки устод Айнӣ гӯяд:: «Тоҷикони бесавод ва поймоли зулми худӣ ва бегонашуда аз соҳаи худшиносии миллӣ дур афтода буданд, ҳатто номашон ҳам аз ёдашон баромада рафта буд ва дар вақти пурсиш аз миллаташон «мусулмон» гуфта ҷавоб медоданд». 7 Рӯи ҳамин асос, устод Бозор мегӯяд:
Ҳар чӣ ӯ аз моли дунё дошт, дод,
Хитаи Балху Бухоро дошт, дод,
Суннати волою девон дошт, дод,
Тахти Сомон дошт, дод…
Дод ӯ аз даст гурзи Рустаму Сӯҳробро,
Барбарони нотавонеро тавоно кард ӯ.
Номи худро ҳамчу гӯри Рӯдакӣ аз ёд бурд,
Қотилони хешро машҳури дунё кард ӯ… 8
Устод дар идомаи ин шеъри маъруфаш бори дигар аз устод Рӯдакӣ ёд мекунад ва аз таназзули миллат, рӯҳи миллӣ ба гунаи шоирона, тавассути санъати ташхис, аз гиристани миллат, ба обшорон омухтани гиря, ба боду борон ёд додани лафзи куҳистониён, рудҳоро Рудакихон кардану бодҳоро Анварихон кардани мардуми тоҷик ба хонандагон хабар медиҳад. Ӯ бад – ин тартиб, эҳсоси волои миллӣ, дарду ҳасрат, алоқаи шадид, пурҷушу хуруши худро нисбат ба таърихи пуршебу фарози миллат, ба вижа шоирони бузурги он, аз ҷумла Рӯдакиву Анварӣ, буруз медиҳад ва ба намоиш мегузорад:
Халқи тоҷик,
Халқи армон,
Об дар чашм,
Чун ятимон,
Дар лабаш хашм,
Чун асирон,
Аз ватан то бар кафан ҳар буду нобуде, ки буд,
Бар кафанталбу ватанталбандаҳо бахшиду дод,
Душмани дервеши худро
Шоҳу доро карду худ дарвеш шуд…
Худ ба худ дар гӯшаи хоки диёр
Аз ҷудоӣ, аз ғарибӣ,
Ӯ гиристу гиряҳо бар обшорон ёд дод,
Лафзи куҳистоние бар боду борон ёд дод.
Рӯдҳоро Рӯдакидон кард ӯ,
Бодҳоро Анварихон кард ӯ. 9
Устод Бозор дар шеъри «Шоиру шеъре агар ҳаст…», ки ба шеъру ҳунари шоирӣ иртибот мегирад, аз Фирдавсӣ Ҳофизу Масъуди Саъд ёд карда, дар охири он ба таърих талмеҳ мезанад ва қиссаи кур кардани устод Рӯдакиро аз ҷониби неруҳои иртиҷоӣ дар поёни умраш, ки на танҳо фоҷеаи шахсии шоир, балки фоҷеаи бузурги миллӣ маҳсуб мешавад, барои худ шафеъ меоварад ва мегӯяд:
Шоирӣ дар буду дар бунёди ман,
Кош бедармон шавад, дард аст агар,
Дарди ширин, дарди модарзоди ман.
Гар хато бошад, гаравгонаш сарам,
Дар баҳои сар намедонам хатои дигарам.
Розиям ман дар хатои шеър ранҷурам кунанд,
Балки ҳамчун Рӯдакӣ кӯрам кунанд. 10
Дар шеъри «Муҷассамаи Айнӣ» низ устод Бозор, боз мисли шеъри «Забони модарӣ», аз гумномии устод Рӯдакӣ, ки мисли халқаш баъд аз фурупошии давлати Сомониён гумном гардида буд, сухан дар миён оварда, маҳз дар асри гузашта зинда гардидани ному осори устод Рӯдакиро, ки тавъам бо халқаш ба озодӣ расидаву зинда шуда буд, аз ҷониби устод Айнӣ, ки нахустин бор дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик», рисолаи илмии «Устод Рӯдакӣ» дар бораи ӯ ва шеъраш маълумот додаву намунаҳо оварда буд, таъкид менамояд. Гузашта аз ин, ӯ дар рӯдакишиносӣ ба масобаи қаҳрамон арзи андом намудани устод Айниро дар Тоҷикистон матраҳ месозад ва ба хонандагон гӯшрас менамояд:
Ин ҳақиқат мекунад чашми маро ҳар бор тар,
Кас набуд дар Панҷрӯд аз Рӯдакӣ гумномтар.
Дар Фаранг аз аҳди Сомон гар асар мекофтанд,
Дар Бухоро тӯдае дуздона зар мекофтанд…
Гарчи табъи Рӯдакӣ шеъри закӣ эҷод кард,
Офарин бар табъи Айнӣ, Рӯдакӣ эҷод кард.
Гар ба дунё рафт Сино чун табиби иллате,
Кард ӯро ҳиммати Айнӣ табиби миллате. 11
Мусаллам аст, ки баъди фурӯпошии давлати миллии Сомониён, рӯи кор омадани давлатҳои бегонатабор тоҷикон на танҳо давлат, балки пойтахти худ-Бухороро, ки дили кишвар ва миллат махсуб мешавад, низ аз даст медиҳанд. Эшон баъди ҳазор соли бедавлатӣ танҳо дар аввали асри гузашта, дар натиҷаи пирӯзии инқилоб, на фақат соҳиби давлат, балки соҳиби пойтахт ҳам мешаванд. Аз ин рӯ, дар шеъру адаби мо шоирон на танҳо ба ватансароӣ иқдом менамоянд, балки пойтахтситоӣ ҳам менамоянд. Аз шоирон Муҳаммадҷон Раҳимӣ аввалкасест, ки бунёди пойтахтситоӣ (душанбеситой) – ро мегузорад ва баъдан шоирон ин суннати ӯро идома медиҳанд ва ашъори зиёд ва зебо дар ин замина эҷод менамоянд. Устод Бозор яке аз ҳамин гуна шоирони пойтахтситой (душанбеситоӣ) буда, шеърҳои зиёде дар ин замина эҷод кардааст. Шеъри «Душанбе» яке аз шеърҳои ҳамин сислсила аст, ки шоир дар он аз ду устоди бузурги шеъри тоҷик – устод Рӯдакию Айнӣ, ки муҷассамаҳояшон пойтахти кишвар – Душанбеи ҷавонро зебу зинат мебахшанд, бо меҳру муҳаббати бепоён ситоиш ба амал меорад. Ӯ пойтахтро ба шахсе монанд мекунанд, ки як нимаи рӯяш Рӯдакист ва нимаи дигараш Айнӣ:
Ту шаҳри санъату шаҳри сухандонӣ,
Ту фарҳнги забони Тоҷикистонӣ.
Туро ҳар нақш,
Чун нақши сухан барҷост
Ва тарҳат,
Тарҳи ҳайкалҳои шоирҳост.
Агар як нимаи рӯи ту-
Рӯи Рӯдакии мармарин бошад,
Дигар як нимааш Айнии сангин аст,
Душанбе,
Сурату симои ту ин аст… 12
Таърихи пуршебу фарози тоҷикон шоиронро, ки аз гузаштаи он огоҳанд, вомедорад, ки ба он ба дидаи ибрат бингаранд, аз ғафлат, аз худкушӣ, ки дар дарози таърих кардаанд, даст кутоҳ намоянд, аз фоҷеаҳои миллат, ки бо дастони худ анҷом додаанд, ибрат бигиранд, то минбаъд изҳори ҳасрату пушаймонӣ нанамоянд. Дар шеъри «Ман худамро кушта – кушта…» устод Бозор ҳамин мазмун, яъне худкушии миллатро дар дарозои таърих мундариҷ мекунад, ба ёд меорад, худкушие ки боиси вовайло ва узрхоҳии шоир аз Худой гашта. Воқеан, дар ин шеър шоир ба масобаи раҳнамо ба хонандагон руҷуъ мекунад, то онҳо ба гузаштаи пурфоҷиаи миллат аз чашмони ӯ бингаранд ва баъд-ин васила халқи худро беҳтару хубтар бишиносанд, ки мо кӣ будем, ободгари худ будем ё ғоратгари хеш? Барои ҷавоб ба ин суол бояд эшон жарфбин бошанд, то дарду доғҳои маро, ки дар хароботи Хуросону таърихи кушон, сангони мазори Рӯдакию Оли Сомон хомушона мегирянд, мушоҳида намоянд. Аммо, ин гиряҳо аз ҷабру ҷафои аҷнабӣ нест, балки аз ҷабру ҷафои худи мо, аз ҷумла ҷабру ҷафои ман, аз ситами ман бар худ, ки аз нодониюю ғафлат кардаем ва кардаам, иборат аст:
Вой бар ман, вой бар ман, вой бар ман…
Пеш аз ин будам,
Валекин ман кӣ будам?
Ё чӣ будам?
Бо шаҳидон ман шаҳид будам,
Бо асирон дар асорат,
Чунки кардам хешро ғорат.
Ҳаст нақши ман дар он нақше, ки мерезад ғамангез
Аз манору бурҷи Систон.
Хаст доғи ман дар он сангон, ки хомӯшанду гирён,
Дар мазори Рӯдакиву Оли Сомон. 13
Устод Бозор дар шеъри «Теғи Сино» ба асри Сомониён, ки оғозаш тиллоӣ, анҷомаш фоҷиавӣ мебошад, меравад, асре ки на танҳо сиёсатмадорони бузургеро ба ҷаҳон овард, балки олимону шоирони ҷаҳоншумулро низ ба оламиён ҳадя кард, ки яке аз онҳо устод Рӯдакӣ буд, аммо бо сабаби ғафлат ин хондон аз ҳам фуру пошида, ҷои худро ба бегонагон дод. Бино бар ин, шоири бузургаш Рӯдакӣ кур, олими нобиғааш Сино фирорӣ гардид. Мутаассифона, ин навдавлатон танҳо ба ғасби сарзаминҳои мо иктифо накарданд, балки олимону шоирони моро аз худ намуданд ва намудан доранд. Лиҳозо, шоир ба даъвогарон бо далелҳои қотеъ ва сотеъ нишон медиҳад, ки дар асрҳои Х, ХI, асре, Рӯдакиву Сино зистаанд, атрок (Ғазнавиҳою Қарахониҳову Салҷуқиён…) ҳануз бо қалам сару кор надоштанд, балки бо шамшер, кишваргирӣ, ғазовот, ҷонситонӣ машғул буданд, аммо устод Рӯдакию Сино бо қалам, ба дониш, ба шифои мардум, ба ҷонбахшоӣ иштиғол доштанд. Аз ин рӯ, даъвои Сино кардани ин шамшербозон, ҷонситонон, ки аз ғафлати миллати мо истифода карда, зимоми мулкро ба даст гирифтанд, на танҳо аз ақл берун аст, балки як амали зиддиинсонӣ, ҳазёну суханони пучу бемағзе беш нест. Бинобар ин, шоир ба даъвогарон ҷавоби мантиқию раднопазир медиҳад ва мегӯяд:
Ину оне ҳар куҷо даъвои Сино мекунад,
То ба боми шуҳрати олам гузорад нардбон,
Лек Сино он қадар ин бомро бардоштаст,
Ину он кай метавонад нардбон монад бар он?..
Соате Маҳмуд сӯи Руму рай мебурд даст,
Ибни Сино то ба набзи Нӯҳу Сомон даст бурд.
Дар Хуросон заҳр арзон буду позаҳре набуд,
Дар илоҷи заҳри қотил заҳр мебоист хӯрд…
Дӯш мебоист тоҷик Бӯалӣ орад ба даст,
Чун набудаш ғайри дарди бедаво нақди дигар,
Гарчи ҳарфи дафтару девони ӯ машҳур буд,
Дар сари девону дафтар Рӯдакиаш кӯр буд.
Соате салҷуқ ба сӯи Кофиён меронд асп,
Дар миёни тиру теғи ҷонситон меронд асп,
Халқи тоҷик теғи ҷонбахшои Синоро гирифт,
Теғи ҷонбахшои Сино рӯи дунёро гирифт. 14
Устод Бозор дар шеъри «Борбад», ки ба хунёгари бузурги тоҷик – форс бахшида шудааст, Борбадро бо устод Рӯдакӣ, ки бунёдгузори адабиёти классикии мост, қиёс менамояд ва барҳақ, унвони «Рӯдакии санъати тоҷик»-ро ба вай арзонӣ медорад. Дар ҳақиқат, агар устод Рӯдакӣ бунёдгузори адабиёти мо бошад, Борбад бунёдгузори мусиқии тоҷик маҳсуб мешавад:
Нахустустоди устодони хунё Борбад буда,
Ба нисбат Рӯдакии санъати мо Борбад буда,
Гирифта андар олам роҳи уду барбату конун,
Саросар оламеро Борбад паймуда бо нохун…
Нахустустоди устодони хунё Борбад буда,
Навогар ровии яшти «Абисто» Борбад буда.
Забонаш чун забона будааст аз оташи Зардушт,
Варо куштаст он ки оташи Зардуштро мекушт. 15
Устод Бозор дар шеъри «Ҷунбиши гаҳвораи сабзаш – ҷунбиши набзаш», ки баъди фоҷеаи дар солҳои 90 –ум иншо шудааст, ҳамаро ба ваҳдат, ба тавба кардан дар пеши руҳи Рӯдакӣ фаро мехонад ва эҳсоси пушаймонӣ, надомату пузиш аз ин фоҷиаи умумимиллӣ, ки бо дастони худ созмон додем, менамояд. Ӯ миллатро ба сулҳу оштиву бахшиш фаро мехонад:
Дасту бағал кушода биёед
Аз пӯстҳои худ бароем,
Дар пӯстҳои ҳамдигар бидароем,
Аз ҷилди танги ҷанг бароем,
Дар ҷилди ору нанг дароем…
Ранҷида рӯҳи Бурхи Валӣ аз мо,
Ранҷида рӯҳи Бӯалӣ аз мо,
Ранҷида рӯҳи Рӯдакӣ аз мо,
Ранҷида рӯҳи Хоҷа Камол,
Ранҷида рӯҳи ҳазрати Иқбол…
Оё уммеди покии мо ҳаст?
Оре, уммеди покии мо ҳаст,
Бигузор, ҳамчу мардуми осӣ
Бӯсида риши мӯсафедонро,
Бӯсида чашми ятимонро
Дар пеши пои ҳайкати Фирдавсӣ,
Дар пеши пои ҳайкали Сино,
Дар пеши пои ҳайкали Айнӣ,
Дар пеши пои ҳайкали Восеъ
Зону занем аз пушаймонӣ,
Аз рӯсиёҳӣ… 16
Устод Бозор дар шеъри «Аҷам ҷамъ аст» дар қатори Сиёвуш, Моҳи Нахшаб, Зардушт, Наврӯзи Ҷамшед, Фирдавсӣ, мисли шеъри «Борбад», дар яке аз бандҳои он аз устод Рӯдакию Борбад ёд мекунад. Ӯ бад-ин роҳ на танҳо аз арҷгузории худ аз мусиқию шеъри Аҷам, ки ифтихори моро дар ҷаҳон таъмин менамоянд, балки тавъам будани шеъру мусиқиамон хонандагонро огоҳ месозад.
Аҷам ҷамъ аст бо мусиқию шеър,
Ҷигарпайванд бо ин ҳарду кафшер.
Ба шеъри Рӯдакӣ ҳуши Аҷам банд,
Ба лаҳни Борбад гӯши Аҷам банд. 17
Наврӯз аз ҷашнҳои муҳимтарини ориёҳо (тоҷикону форсҳо) мебошад. Наврӯзро Ҷашни Ҷамшедӣ гуфтаанд ва Ҷамшедро бунёдгузорони он хондаанд. Дигар, Наврӯз ҷашни баҳорӣ, сари сол, баҳамоварӣ, ваҳдати ориёиҳо (тоҷикону форсҳо) маҳсуб мешавад. Устод Бозор дар шеъри «Аҷамро ҷамъ Наврӯзи Аҷам кард» моҳияти ваҳдатофарини на танҳо Наврӯзи Аҷам, балки шеъри Аҷмаро ба риштаи тавсиф кашида, аз устод Рӯдакӣ, ки роҳро барои ҳамагонӣ ва ҷаҳонӣ гаштани шеъри мо дар Эронзамин ва олам ҳамвор намудааст, боифтихори хос ёд мекунад:
Аҷамро ҷамъ Наврӯзи Аҷам кард,
Чу анҷум анҷуман дар Тахти Ҷам кард.
Аҷам ҷамъу Аҷам ҷамъу Аҷам ҷамъ
Ба даври гулхани наврӯзии Ҷам…
Аҷам шеъру Аҷам шеъру Аҷам шеър,
Аҷамро шеър маҳкам кард кафшер.
Аз аҳди Рӯдакӣ то аҳди Иқбол
Ба шеъри шоиронаш шеъркафшер. 18
Шеъри «Назми мо то асри ХХ»-ро метавон авҷи рӯдакигароӣ ва рудакисароии устод Бозор ба қалам дод, зеро устод дар ин шеър хеле сахт сахтгирӣ мекунад. Ӯ аз шоирони гузашта танҳо ба васфи устод Рӯдакию Хоқонию Саъдию Фирдавсӣ, ки шеърашон ба зиндагӣ, воқеият, таърихи миллат, арзишҳои миллӣ, нангу номуси миллӣ, худшиносии миллӣ, ҳимматбаландӣ, ҷасорату ҷавонмардию ватанпарварӣ гиреҳ мехурад, иктифо менамояд, зеро ӯ шеъри дигаронро холӣ аз ғояву ҳадафу руҳи миллӣ мебинад. Хусусан, ба Унсурӣ, ки аз шоирони маддоҳи дарбори Маҳмуди табадулотгар аст, сахт метозад, чунки вай шоире масъул аст ва ба тақдири миллату кишвар бетафовут нест, балки ботафовут аст. Аз ин рӯ, ӯ нисбат ба адибони ғайримасъул, бетафовут, маддоҳ, чиллашин, қофиясолор хушбин нест. Ҳамин аст, ки онҳоро мазаммат мекунад, зеро эшон аз ҳолу аҳвол, тақдири миллат парвое надоштанд, барои озодию истиқлол саъю талош, қаламфарсоӣ наменамуданд, бо як сухан, қофиласолорӣ, роҳнамоӣ, меҳанпарварӣ, миллатдӯстӣ, шинакнишинӣ, озодихоҳову озодандеширо шиори хеш қарор надода буданд. Аммо Рӯдакию Фирдавсию Хоқонию Фирдавсӣ дар ин замина истисно буданд, яъне шоирони масъул, меҳандӯст, бархурдор аз руҳу андеша ва ғуруру ҳиммати волои миллӣ буданд, яъне «озодиро ба бандагӣ нафрӯхтанд». (Мавлоно). Албатта, пешвои ин гуруҳ шоирон устод Рӯдакӣ буд, ки ба сифати роҳкушо дар адабиёти мо ҷилвагар мешавад. Ба қавли устод Бозор:
Аҳди шоирони ридак буд баъд аз Рӯдакӣ,
Баъди шеъри Рӯдакӣ кам нест шеъри ридакӣ.
Ҳар ки шоир буд, ҷуз қофиясолорӣ накард,
Ҳеҷ кас аз шоирон қофиласолорӣ накард.
Чун камони Рустаму Ораш нашуд шеъри Аҷам,
Рафт аз дасти Аҷам аз бекамонӣ Ҷоми Ҷам.
Як хаданги мисрааш чун тири баҳромӣ наҷаст,
Он, ки пойи гӯрро медӯхт дар гӯшаш, ки ист.
Як ваҷаб дар домани оҳангаре дар шеър нест,
Ҳаст агар, он пойандози амири аҷнабист.
Унсурӣ то дегдон аз нуқраи Маҳмуд кард,
Чор унсури Аҷамро садқаи Маҳмуд кард.
Хор кардӣ паҳлавонони яли «Шаҳнома»-ро
Шоирони говриши буздили дарборҳо.
Ғайри Хоқонӣ хароботи Мадоинро кӣ дид?
Қатра – қатра аз сари мижгони кӣ оташ чакид?
Чиллашин бисёр, амм ҳеҷ кас шинак нашишт,
Ҳеҷ кас дар сангари шеъри дарӣ нанҳод хишт.
Меҳану миллат намедонанд ин асҳоб чист?
Душмани деринаи мо, ҳар кӣ бошад хонагист…
Хатм шуд бо Саъдию Фирдавсӣ шеъри бостон,
Шоираш Саъдист, Фирдавсӣ – худои шоирон. 19
Ногуфта намонад, ки устод Бозор дар бораи устод Рӯдакӣ на танҳо дар назмаш, балки дар насраш низ изҳори назар кардааст ва аз ӯ ба масобаи шоири бузург ёд намудааст. Масалан, дар мақолаи «Аз гули хор» то «Симхор», ки ба масъалаи шеъру шоирӣ ихтисос дода шудааст, байти зери ӯро, ки ба Мунҷик низ нисбат медиҳанд, ҳамчун шеъри ноб тавсиф менамояд ва мегӯяд: «Ба байтҳои зерин нигаред, ки чанд шоир бунафшаро ташбеҳу тасвир намудаанд, вале танҳо Рӯдакию Хоҷа Ҳофиз шоиронаанд:
Бунафшаҳои тарӣ хайл – хайл сар баркард,
Чун оташе, ки ба гӯгирд бардавид кабуд.
Рӯдакӣ
Гаҳе тарҳи тавозуъ дарфиканда,
Нишаста чун бунафша сарфиканда.
Ҷомӣ
Ё магар офтоби тинати ман
Ногаҳон кишт бар бунафша суман.
Саноӣ
Сарвбун чун ба шаст сол расид,
Ёсуман бар сари бунафша дамид!
Низомӣ
Гузар бикун чу сабо бар бунфашазору бубин,
Ки аз дарозии зулфаш чӣ сӯгворонанд? 20
Ҳофиз
Алғараз, устод Бозор, ки шоири ватанпарвар, миллатдӯст, масъулу мутааҳҳид маҳсуб мешавад, ба устод Рӯдакӣ, шеъри ӯ арзиши олӣ қоил аст. Лиҳозо, ӯро дар назму насраш меситояд. Хусусан, аз мавқеи инсонию миллию сиёсию иҷтимоӣ ва ҳунари шоириаш истиқболи нек мекунад, аммо аз набудани давлати миллӣ, гумном мондани ӯ дар асрҳои пешин, яъне замони бедавлатӣ, ҳасрат мехурад, изҳори нигаронӣ, дареғу афсус менамояд. Аз сӯи дигар, вай аз соҳиби давлат шудани тоҷикон дар асри гузашта, зинда гардидани номи Рӯдакӣ хушҳолӣ мекунад. Дар ин роҳ ӯ хидмати устод Айниро махсус зикр менамояд, аз ҷойгоҳи волояш дар илму адабу фарҳанги кишварамон боифтихору қаноатмандии вижа сухан мегӯяд. Ҳамзамон, ӯро зиндакунандаи аҳли илму адаби тоҷик, алалхусус устод Рӯдакӣ, ба хонандагон муаррифӣ менамояд. Беҳуда дар ҳақи ӯ нагуфтаанд:
Худойи табъи бас ваққод Айнӣ,
Рисолатро зи модар зод Айнӣ.
Мубориз, ҳам муаррих, ҳам муҳаррир,
Кӣ битвонад сутуд устод Айнӣ?!
Ба як оина симояш нагунҷад,
Ки дорад гунагун абъод Айнӣ.
Давоми Рӯдакӣ, оғози дигар,
Адибу шоиру наққод Айнӣ.
Ба таъмири куҳан хишти нав афзуд,
Бинои дигаре, бинҳод Айнӣ… 21
Ҷамолиддин Саидзода
Адабиётшинос
Сарчашмаҳо
1.Муҳаммадҷон Шукуров. Пайванди замонҳо ва халқҳо. –Душанбе:Ирфон, 1982. – С.55.
2.Шафеъии Кадканӣ. Шоири оинаҳо. –Теҳрон, 1368. – С.111.
3.Сотим Улуғзода. Субҳи ҷавонии мо. –Душанбе:Ирфон, 1982. – С.269 – 270.
4.Абдухолиқи Набавӣ. «Бухороӣ шариф»-сароғози маьбуоти миллӣ. – Душанбе: Бухоро, 2012. – С. 173.
5.Мирзо Турсунзода. Шеърҳо-Ҷ.1. – Душанбе: Ирфон, 1981. – С. 190.
6.Лоиқ Хонаи чашм. – Душанбе, Ирфон, 1982. – С. 154.
7.Садриддин Айнӣ. Осори баргузида. –Ҷ.1. –Душанбе:Ирфон, 1977. –С.413.
8.Бозор Собир. Бо чамидан, бо чашидан… -Душанбе:Адиб, 1987. – С.17.
9.Ҳамон ҷо. – С.17-18.
10.Ҳамон ҷо. – С.12.
11.Ҳамон ҷо. – С.13 – 14.
12.Ҳамон ҷо. – С.95.
13.Ҳамон ҷо. – С.117.
14.Ҳамон ҷо. – С.119-120.
15.Ҳамон ҷо. – С.194-195.
16.Бозор Собир. Симхор. – Москва: Транедорнаука, 1999. – С.27-28.
17.Бозор Собир. Хуни қалам. – Душанбе, 2010. – С.97.
18.Бозор Собир. Лолаи сиёҳ. – Душанбе, 2013. – С.4.
19.Шоиру шеъре агар ҳаст… -Душанбе:Адиб, 2006. – С.79-80.
20.Ҳамон ҷо. – С.201-202.
21.Беранги Кӯҳдоманӣ. Тӯлуи сабзи шукуфтан. – Душанбе: Адиб, 1991. – С. 57.