Нусхаи чопи
Душанбе, 24 Августи 2020 04:17

Сарчашма ва маҳзани илму дониш китоб аст

Муаллиф: Қориева Рафиқа Амоновна

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурӣ” аз 26 декабри соли 2019 ба ҳифз намудани забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон, дӯст доштани он диққати алоҳидаро таъкид намуда, дар баробари ин ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ чун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа гузоштаанд.

  Аз ин рӯ мо бояд пеш аз ҳама ба мутолиаи китоб, чун сарчашмаи маърифатнокии инсон саъю талош намоем.

 “Китобро муқаддас донед, ҳурмат кунед ва ба як эъҷозу икром ба ин боргоҳ қадам гузоред”, гуфтааст А.И.Гертсен, нависандаи рус, публитсист.

  Китоб бузургтарин ва бебаҳотарин маводест, ки маънавиёти шахси китобхонро ғанӣ мегардонад, ӯро пурдон мекунад, маълумоти луғавии ӯро бой намуда, маърифатнокии шахсро баланд мебардорад.

  Олимон ва шоиру нависандагони оламшумули гузаштаи мо, ба мисли Абӯабдуллои Рудакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хисрав, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Камоли Хуҷандӣ, Алишери Фонӣ (Навоӣ) ва дигарон дар давраи замони худ чи тавр ҷабру ситам, азобу машаққат мекашиданд, ки ба онҳо китоб дастрас шавад.

   Пинҳонӣ нест, ки солҳо чӣ дар мактаби миёна ва чӣ дар донишгоҳ фанни таърихро аз устодони худ омӯхта, дар айни ҳол оид ба таърихи Ватани худ, саҳифаҳои таърихии халқи тоҷик, шахсиятҳои маъруфу оламшумули Тоҷику Тоҷикистон хеле кам огоҳ ҳастем.

   Аз ин маълум мегардад, ки ба он маълумотҳои таърихие, ки аз китобҳои дар айни замон мавҷудбудаю, ба нашр расида, ба монанди ”Тоҷикон”-­­­ и Бобоҷон Ғафуров ва асарҳои таърихии халқи тоҷик, ватани аҷдодии моён, бо қаламҳои олимони машҳури ҷумҳурӣ – академикҳо М.Осимӣ, А.Мухторов, Р.Масов, Н.Неъматов, профессор М.Бобохонов, донишманди оламшумули тоҷик Миралӣ Саиди Ҳамадонӣ барои дастраси хонандаи пиру ҷавони мамлакат нашр гаштаанд, моро водор месозанд, ки онҳоро хондаву мутолиа намуда, аз онҳо дарси ибрат гирем ва фахр кунем.

  Доир ба ин масъала Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми мазкур қайд кардаанд, ки дар Рӯзи Дониш “Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони муассисаҳои таълимиро вазифадор намудам, ки муносибати хонандагонро ба хондани китоб ва аз ёд кардани порчаҳои назму наср ҷиддӣ назорат кунанд ва барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, тавсияи ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангӯ шудани насли ояндаи кишвар тадбирҳои ҷиддӣ ва судмандро ба роҳ монанд.

  Бе шубҳа мавриди қайд аст, ки супориши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат то ҷашни 30­­­‑солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар тӯҳфа намудани шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон­­­ ин боз як ташаббуси навбатии хайру эҳсон, баракату саховати Роҳбари давлатамон мебошад.

  Гегели бузург файласуфона гуфтааст, ки ­­­­­‑ "Касе бо асарҳои бузургони қадима шинос нест, шуморед, ки он зиндагии худро бе зебоӣ ва бе ҳаловат гузаштааст. Дар ҳақиқат, арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва олими забардасти халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров бо меҳнат ва заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми тамоми ҷаҳонро бо саҳифаҳои рангини миллатамон ошно карданд. Чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он барои ба ҳар як фарди ҷомеа эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии он мусоидат хоҳад кард.

  Яке аз мақсади наҷиби ин ташаббус он аст, ки ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва ҳамзамон дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем.

  Дар ин ҷо қайд кардан низ зарур аст, ки тарбияи фарзанд на фақат ҷиҳатҳои ахлоқию рафторӣ ва гуфторию иззату эҳтиромиро дарбар мегирад, балки муҳимтараш он, ки аз замони кӯдакӣ диққати фарзандро ба хондани китоб, китобчаҳои бачагона дар ҳар мавзӯи ба ӯ шавқовар, шеъру ҳикояҳои шоирону нависандагоне ,ки ашъори онҳо доир ба бачагони хурдсол бахшида шудааст, ба монанди М.Миршакар, Г.Сулаймонова, А.Барто, С.Михалков, ҷалб намудан аст.

  Падару модарони фарзанддор ҳастанд, ки агар ба ҳаёти ҳаррӯзаи онҳо нигарем дар бисёр маврид таълиму тарбияи фарзандонашонро вазифаи муқаддаси худ ҳисоб накарда, онро ба мактабу муаллимон ва ҳатто устодону омӯгорони донишгоҳҳои олии касбӣ ҳавола менамоянд, бояд, ки онҳо иҷро намоянд. Ҳоло он, ки пас аз тавлид таълиму тарбияи фарзанд дар оила барои падару модар ҳам фарзу, ҳам суннат аст.

  Педагоги Советӣ, мураббии бузург В.А.Сухомлинский оварда аст – маъно ва мақсади асосии ҳаёти оилавӣ – ин тарбияи фарзандон. Муносибати шавҳару зан, яъне падару модар – ин мактаби асосии тарбияи фарзандон. Албатта, беҳтарин мактаби тартибу интизом ин оила аст.

  Бинобар ин шавқу завқи китоб ва китобхониро аз оила ва кӯдакистон сар карда, фарзандонро, насли ояндаро дар фазои маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, ки китоб мебошад, тарбия намоем. “Хонае, ки дар он ҷо китоб нест, монанди тани бе ҷон аст” - гуфта аст Сисерон, Марк Тулий, нотиқ ва файласуфи Рими қадим.

  Боварии комил дорам, дар оилае, ки китобро ба маънои васеи ин калима дӯст медоранд, ба мағозаҳои “Олами китоб” бо фарзандон мераванд, харид мекунанд ва дар мавзӯи “Китобхона – ганҷинаи илму фарҳанг аст” бо фарзандон суҳбат мегузоранд, ин боигарӣ, дороӣ ва сарвату ҷуръати инсон ба дили фарзандон аз кӯдакӣ сар карда роҳ меёбад.

  Ёд дорам солҳои 60-и қарни гузашта барои обуна шудан ба пурра асарҳои 10-12 ҷилдаи нависандагони чӣ тоҷику чӣ рус, мо аз рӯи рӯйхатҳои навбатии тартибдодашуда, ба мағозаи “Китобҳо”, ки дар кӯчаи Чехов ҷойгир буд, дар рӯзҳои муайяншуда, як рӯзи дароз дар навбат истода, соҳиби ин асарҳо мегардидем. Ин ба мо, ҷавонони он солҳои фаромӯшнашаванда, як ҷаҳон хурсандӣ ва ҳаловат мебахшид.

  Ин дороии бебаҳо чун асарҳои С.Айнӣ, М. Турсунзода, М.Миршакар, Ҷ.Икромӣ, ашъори Л.Шералӣ, асарҳои шоиру нависандагони Ҷумҳуриҳои ба мо ҳамсояю бародар Н.Ганҷавӣ, А.Навоӣ, Ч.Айтматов, Ҷ.Ҷабаев, Р.Гамзатов, классикони рус Л.Н.Толстой, А.П.Чехов, А.С.Пушкин, М.Н.Лермонтов, Н.В.Гоголь, Ф.М.Достоевский ва дигарон бебаҳотарин маводест, ки маънавиёти шахси китобхонро бой намуда, ҷаҳонбинии онро ғанӣ мегардонад.

  Ногуфта намонем, ки дар давлатҳои хориҷи дуру наздик низ ҳамингуна шоиру нависандагони машҳури асрҳои гузашта ҳаёт ба сар бурда буданд, ки асарҳои бадеии онҳо бо мазмуни худ ҳоло ҳам аҳамияти маънавӣ, ахлоқӣ-тарбиявӣ, таърихӣ, фарҳангӣ дошта, олами ҳаётию сиёсӣ, ватандӯстӣ, табиатдӯстиро, ки дар эҷодиёти худ тасвир намудаанд, ба хонанда як ҷаҳон илҳом мебахшанд. Ба қатори онҳо амрикоиҳо Дж.Лондон, М.Твен, англис Ч.Диккенс, шотландӣ В.Скот, фаронсавиҳо А.Франс, А.Дюма, ҳинд Р.Такур ва дигарон дохил мешаванд, ки аз эҷодиёти онҳо чун одатан аз насл ба насл, аз авлод ба авлод баҳра бурдаанд.

  Мо кормандони илм, ҳаёти худро бе китоб тасаввур карда наметавонем, китоб тамоми умр ҳамроҳи мост, пайрави мост, дар ҳақиқат китобро муқаддас медонем, ҳурмат мекунем.

  Ба камина суханҳои нависандаи рус К.А.Федин дар бораи китоб, чун дӯсти наздик, бисёр маъқул аст: “Вақте, ки ҷавониатон мегузарад ва мефаҳмед, ки ба ҳама комёбиҳо дар ҳаёти нотакрори худ муваффақ гаштед, Шумо дӯсти наздикеро ҷӯстан мехоҳед, лекин ӯро ёфтан осон нест. Инсон дар давраи пирӣ аксарият дилтанг мешавад. Ҳатто агар ба Шумо иззату – ҳурмат кунанд ҳам, ин ба гузаштаи Шумост. Фақат худатон то охири умр худатонро дӯстатон медоред. Ва фақат як дӯсти Шумо ҳамеша доимист - ин китоб аст.”

  Дар охири сухан зарур аст, ки мо ба ҷавонони замони муосир бо умеди боварӣ менигарем, ки онҳо талқини ғояҳои ватандӯстӣ, тарвиҷи хештаншиносӣ, ташаккули бунёди маънавӣ, маориф ва илмпарварӣ, донишомӯзӣ ва фарҳангиро ташаккул дода, ояндасози арзандаи кишвари маҳбубамон Тоҷикистон хоҳанд гардид.

 Қориева Рафиқа Амоновна,

Корманди шоистаи Тоҷикистон,

Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон,

ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ.

 

Хондан 1100 маротиба