Нусхаи чопи
Панҷшанбе, 20 Феврали 2020 08:07

Ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳамчун омили муҳимми пешгирии экстремизми динӣ – сиёсӣ дар ҷомеа

Муаллиф: Маҳмадиев Н.Д

   Ҷомеаи шаҳрвандӣ истилоҳест, ки асрҳои ХVII-XVIII дар таълимоти иҷтимоӣ - фалсафии мутафакирони барҷастаи Аврупои Ғарбӣ Т. Гоббс, Ҷ. Локк, И. Кант ва Г. Гегел ташаккул ёфта, ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ шудаанд. Мутафаккирони номбаршуда тарҳи чомеаи шаҳрвандиро мутобиқ инкишофи донишҳои иҷтимоӣ – фалсафии қарнҳои зикршуда ба роҳ монда буданд. Файласуфи бузургӣ англис Т. Гоббс дар асарҳояш «дар бораи шаҳрванд» ва «Левиафан» консепсия ҷомеаи шарҳвандиро баён кардааст, ки дар натиҷаи нест кардани ҳолати табии – ваҳши инсон ва гузаштани ў ба ҷомеаи фарҳанги пайдо мешавад. Ба ақидаи мутафаккир вазифаи давлат аз он иборат аст, ки сулҳ ва тартибу низомро таъмин намуда инсонро ба таъғир ёфтан маҷбур намояд то, ки ў ба шарҳванд табдил ёбад. Шаҳрванд шахсияти озод ва фаъол мебошад, лекин Гоббс қайд менамояд, ки озоди ў ба маҳдудияти озодии шахсиятҳои дигар нарасонад. Сарҳади озодии инсонро давлат муайян менамояд ва одамон ихтиёран ба давлат итоат мекунанд. «Ҷомеаи шаҳрванди итиҳодияи оддии одамон набуда, балки итиҳодияиест асосашро шартномаи садоқат ва ризояти мутақобилаи одамон ташкил медиҳад»[2; 173-176].

  Бояд зикр кард, ки аксари файласуфони қарни маорифпарварӣ ба хулосаи омаданд, ки ҳокимияти воҳиду ягонаро ба се шохаи мустақил – яъне қонунбарор, иҷроя ва судӣ тақсим намудан зарур аст. Файласуфон ва сиёсатмадорони замони маорифпарварӣ иброз менамуданд, ки ҳар як «шохаи ҳокимият бояд, ки нисбатан мустақил бошанд. Ба ақидаи файласуфи Олмонӣ И.Кант ҳокимияти судӣ дар баӣни дигар шохаҳои ҳокимият афзалият дорад. Ў менависад, ки вазифаи давлат аз он иборат аст, ки риояи ҳуқуқро дар ҷомеа инсонӣ таъмин намояд. Инчуни худи давлат вазифадор аст, ки талаботи қонунҳои қабулшударо иҷро намояд. Аз охири асри ҶVIII сар карда, зери истилоҳи ҳуқуқ маҷмўӣ меъёрҳои ҳуқуқие дар назар дошта мешуд, ки ба таври васеъ имкониятҳои ҳокимияти марказиро маҳдуд менамояд. Гуфтан мумкин аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ бо давлати ҳуқуқӣ алоқамандии зич доранд.

  Ғояи маҳдуд кардани сарҳади «ҷомеаи шаҳрвандӣ» ва «давлат»-ро файласуфи Олмони Г. Гегел пешниҳод кардааст. Бояд зикр кард, ки ҷомеа ва «ҷомеаи шаҳрвандӣ» дар маҷмўъ истилоҳи давлатро ташкил медиҳанд. Ба ақидаи муҳаққиқон «ҷомеаи шаҳрвандӣ» аз салоҳияти давлат беруни ҷомеа буда, ки асосашро озоди ва худмухторияти одамон ташкил медиҳад. «Давлат» ва «ҷомеаи шаҳрвандӣ» ҳодисаҳои нисбатан мустақили иҷтимоӣ мебошанд. «Давлат» ва «ҷомеаи шарҳвандӣ» сохтори шахшудаи равандҳои нестанд. Онҳо ҳодисаҳои иҷтимоие мебошанд, ки дар инкишоф ва равандҳои воқеии ҷомеа нақши фаъол мебозанд. Ғояи «ҷомеаи шаҳрвандӣ» ҳамчун ифодакунандаи мақом ва манзалати шахсияти инсон дар асоси дастовардҳои илмии файласуфони Аврупоӣ Ғарбӣ инкишоф ёфтааст. Афкори иҷтимоӣ – фалсафӣ ва таҷрибаи сиёсии давлатҳои Шарқ далели он мебошанд баробарҳуқуқии инсон ҳамчун арзиши олӣ новобаста аз вазифа ва тарзи ҳаётӣ шаҳрвандиаш риоя намешуд. Ёдовар мешавем, ки дар фарҳанги сиёсии давлатҳои Ғарб тамоми афзалиятро ба инсони алоҳида медиҳад. Дар анъанаи фарҳангии давлатҳои Шарқ афзалият ҳама вақт ба инкишофи ҷомае ва давлат дода мешавад.

  «Ҷомеаи шарҳвандӣ» чунин ҷомеа мебошад, ки аз нигоҳи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ инкишоф ёфтааст ва муносибатҳои сиёсӣ байнӣ аъзоҳои «ҷомеаи шарҳвандӣ» новобаста аз давлат ва дар робитаи мутақобила бо давлат инкишоф меёбад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақоми баланди робитаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дар ҳамбастагии давлат муносибатҳои инкишофёфтаи ҳуқуқиро ба миён меоранд» [2; 75].

  Ташаккули давлати ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ – масъалае мебошад, ки барои Тоҷикистони муосир аҳамияти муҳим дорад. Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон таҷрибаи ғании ҳаёти сиёсӣ, хосияти хоси шуури сиёсӣ дошта, дар шароити ба худ хос ва пуртаззод ташакул ёфта истодааст. Ба ҳамин хотир нусхабардории оддии таҷрибаи ҳаётӣ сиёсӣ ҷаҳони Ғарб ба фикри мо кори хуб нест.

  Таҳлил ва тадқиқи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фалсафаи иҷтимоӣ мақоми намоёнро ишғол менамояд. Душвории барқароршавии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар он аст, ки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати инкишоф ёфтан қарор дорад ва наметавонад, ки меъёрҳои зарурии ҷомеаи шаҳрвандиро дар ҷомеа пиёда намояд. Аслан барои барқарор кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ташкилотҳои ғайридавлатӣ кушиши зиёд ба ғарҷ медиҳанд. Аммо натиҷаи фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар даҳсолаи охир аз он дарак медиҳад, ки дар самти тарғиби ғояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон онҳо муваффақ нашудаанд. Ин раванд сабабҳои худро дорад. Ташқилотҳои ғайридавлатӣ на аз тарафи одамони алоҳида ва на аз тарафи мансабдорон ба ҳайси институти муккамали муносибатҳои иҷтимоӣ эътироф нашудааст. Аҳоли аслан дар бораи моҳият ва фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ ягон тасавуроте надоранд, чунки таъсири онҳо ба равандҳои иҷтимоӣ – иқтисодии давлат ноаён мебошанд.

  Ба ақидаи мо ташкилотҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд дар аксари ҳолат дар доира манфиатҳои иқтисодии худ амал карда манфиати ҷомеаро дар маҷмўъ сарфи назар мекунанд. Онҳо маблағҳои ҷудошударо аз худ карда, ҳисоботҳои сатҳи пешниҳод менамоянд, к ибо воқеъияти кор ягон алоқамандӣ надоранд. Ташкилотҳои ғайридавлатии Тоҷикистон аз ҳад зиёд бо донорҳои Амрико ва Аврупоӣ Ғарбӣ кор мекунанд. Дар ҳалли вазифаҳои гузошташуда, ташкилотҳои ғайридавлатии Тоҷикистон салоҳияти васеъ надошта, истеъдоди ҷалби манбаҳои молиро надоранд. Ташкилотҳои ғайридавлатии Тоҷикистон барои ҳалли душвориҳои аҳолӣ мақсад ва идея ягонаи амалиётро надоранд.

  Дар Тоҷикистони муосир танҳо давлат ва соҳибкорон ба инкишофи иқтисодиёт таъсири калон доранд. Ҷомеаи шаҳрвандие, ки дар Тоҷикистон ташакул ёфта истодааст дар ин раванд танҳо нақши мушоҳиди бетарафро бозӣ мекунад, ки ин раванд бисёр хатарнок мебошад. Мушоҳидакори бетараф 80 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки ин омил ба инкишофи иқтисоди – иҷтимоӣ ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Вақте гап сари сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ меравад бояд, ҳар як аъзои ҷомеа дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисоди ва сиёсии ҷомеа бетараф набошад. Вуҷуд надоштани ҷомеаи шаҳрвандӣ инкишоф ёфта ва институтҳои иҷтимоӣ самараноку таъсирбахш, инчунин вуҷуд надоштани механизмҳои фаъоли назаорати ҷамъиятӣ бемасъулиятии сохторҳои давлатӣ ва соҳаи савдоро ба миён меорад. Набудани кафолатҳои эътимодноки институсионалии ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҳисоби ҳуқуқҳои иҷтимоие, ки шаҳрвандони кишварҳои тарақикарда ҷаҳон доранд, ба он оварда расонид, ки сатҳи суистифода аз тарафи мақомотҳои давлатӣ тамоми сатҳо аз поён то боло хеле зиёд шуданд.

 Тазоднокии ташакулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони пасошурави бо тазоднокии системаи иҷтимоӣ собиқ давлати шуравӣ, ки ҳам ҷиҳатҳои мусбат ва ҳам манфӣ дошт сахт алоқаманд мебошад. Дар байни ин навовариҳои иҷтимоӣ, ки дар Тоҷикистони шуравӣ сохта шуда буданд, тиб, маориф ва фарҳангро махсусан қайд кардан зарур мебошад, ки ба фондҳои истеъмолии ҷамъияти такя менамуданд. Баъди пошхурии итиҳоди шуравӣ сохтор ва мазмуни ниҳодҳои дар боло зикршуда, таъғир ёфтанд, чунки муносибатҳои иқтисоди бозори муносибатҳои сифатан нави иҷтимоӣро ба миён оварданд. Гуфтан мумкин аст, ки бозор ба яке аз унсурҳои муҳими фаъолияти сохтори иҷтимоӣ ҷомеа табдил ёфт. Чунин сохторҳое, ки мувофиқати идораҳои давлатӣ ва корпаратсияҳои хусуси, давлати ва унсурҳои бозориро амали мекунанд дар сохтори иҷтимоӣ давлатҳои тарақикарда бо муваффақияти калон кор мекунанд. Аммо ин таҷрибаи тарақипарвар дар Тоҷикистон амали карда намешавад, ки ин боиси таасуф аст.

  Фарқият ва махсусиятҳои тамаддунию минтақавии ҷомеаи шаҳрванди талабот ва имконияти ташакули онро дар кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни ҷаҳон бекор наменамояд. Ояндаи инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз он вобаста аст, ки элитаи ҳукмрон зарурияти манфиатбахш будани мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандиро дарк менамоянд ё не? Агар дарк намоянд онҳо кадом чораҳоро андешанд, ки душвориҳои инкишофи ҷомеаи шаҳрвандиро бартараф намоянд. Барои баратараф кардани равандҳои мухолифат ва нигилизм нисбати давлат ва ҷомеа дар шуури оммаи васеъи ҷомеа бояд тарҳои гуногуни иҷтимоӣ сиёсӣ таъсир расонида шавад. Мувафақияти ташакулёбии ҷомеаи шаҳрванди дар Тоҷикистон аз он вобаста аст, ки чи тавр ҳокимият ва савдо мувозинати фаъолияташонро дар амали кардани тарҳои иҷтимоӣ – иқтисоди нигоҳ медоранд.

 Номуккамалии ҷомеаи шаҳрвандӣ боиси пайдоиши унсурҳои нохоҳам дар ҷомеа ва давлат мегардад. Яке аз вазифаҳои муҳимми Тоҷикистон таъмини ягонагии ҷомеа, сулҳ ва бехатарии миллӣ буда, кафолати амалнамоии муккамлӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ мегардад.

 Сабабҳои суст ташаккул ёфтани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гуногун мебошанд. Яке аз онҳо экстремизм буда, ҳайёти ҷомеаро зери хатар гузошта, инкишофи мустаҳками давлатро зери суол мегузорад. Сабаби пайдоиши экстремизм ва терроризм номуккамалии институтҳои давлатӣ ва принсипҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвари мо мебошад. [3; 112-118].

 Экстремизм ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ – фалсафӣ ба бехатарии миллии дилхоҳ давлат хатар дорад. Тоҷикистон дар таърихи пасошуравиаш бо зуҳуроти экстремизм ру ба ру шуда, бо ин зуҳурот муборизаи беамон бурда истодааст. Пайдоиши ҳаракатҳои экстремистӣ ба шахсият, ҷомеа ва давлат хатар эҷод карда, фаъолияти экстремистӣ бошад, ба таъғири асосҳои сохтори конститутсионӣ, бо зурӣ забт кардани ҳокимият, вайрон кардани истиқлолияти давлатӣ, ташкил кардани гурўҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, барангехтани хусумати динию миллӣ ва муташаниҷ кардани муносибати байни миллатҳо равона шудааст, ки дар ниҳоят ба раванди ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад.

 Бо мақсади пешгирии экстремизм зарур аст, ки кори тамоми институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ самаранок ба роҳ монда шаванд. Мубориза бо экстремизм фаъолияти якҷоя ва мувофиқро тақозо намуда, ба пешгирии шаклҳои гуногуни экстремизм равона шудааст. Чораҳое, ки бар зидди экстремизм равона шудааст, бояд хосияти дарозмуддат дошта бошад ва дар асоси қонунгўзории Тоҷикистон роҳандозӣ шавад[4; 64-86].

 Дар хулоса бояд қайд кард, ки инкишофи Институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд, ки ба омили муҳимми назорати ҷамъиятии фаъолияти сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ табдил ёбад. Ба ҳамин хотир пешгирии самараноки паҳншавии экстремизм дар шароити муосир аз он вобаста аст, ки мо чи гуна дар амал принсипҳои конститутсионии ташаккул ва амалкунии ҷомеаи шаҳрвандиро татбиқ менамоем.

 Маълум аст, ки экстремизм ва терроризм ба давлат ва ҷомеаи тоҷик хатари воқеъӣ дорад. Экстремизм – дар ҳақиқат хатари бузург буда, метавонад, ки ҳатто ҷомеаҳои осуда ва пешрафтаро ноором созад. Пешгирии зуҳуротҳои экстремистию террористӣ дар ҷомеа омили муҳимми инкишофи ҷомеа мебошад. Пешгирии экстремизму терроризм байни ҷавонон кори хеле муҳим мебошад, чунки ҷавонон ва насли наврас зиёдтар ба объекти таъсирасонии гурўҳҳои ифротию террористӣ ва ҷиноятӣ табдил меёбанд.

 Яке аз роҳҳои муҳими пешгирии ҷавонон аз фаъолияти ифротию террористӣ ин баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ – иқтисодӣ ҷавонон мебошад. Қабули барномаи давлатӣ зарур аст, ки масъалаи иҷтимоишавии ҷавонон, ба кор фаро гирифтани онҳо, додани имтиёзҳо дар самти таълим, дар донишкадаю донишгоҳҳоро ба танзим дарорад. Инчунин амали ин барнома бояд зери назорати ҷиддии давлату ҳукумат қарор гирад, чунки аз иҷроиши чунин барномаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонон нигаронида шуда ояндаи накўаҳволии ҷомеа ва давлат вобастагии калон дорад. Масъалаи дигари муҳим дар самти сиёсати давлатии ҷавонон аз он иборат бошад, ки мутахассисони ҷавон ба осонӣ ба кор ҷалб карда шуда, ба хобгоҳ ё хонаҳои хизматӣ таъмин шаванд. Ин чорабиниҳо имконият фароҳам меоранд, ки ҷавонон дарк намоянд, ки давлат нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир мекунад. Инчунин бо ин роҳ онҳоро аз таъсири идеологии ҳаракатҳои ифротӣ ба воситаи Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ эмин доштан имконпазир аст.

 Маҳмадиев Н.Д

Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ.  Душанбе- «Дониш»  2019, №2 (256)

Адабиёт

  1. В.В. Соколов. Европейское философия ХV – ХV11 веков. Учебник // В.В. Соколов / М.,1985.- 334 с.
  2. Политология: Энциклопедический словарь. М.,1993.- С.75.
  3. Маҳмадизода Н.Д. «Религиозное образование за рубежом» // «Проблема безопасности государств Центральной Евразии в условиях современного мироустройства: / Н.Д. Маҳмадиев // тенденции и подходы к обеспечению стабильности»//Душанбе РТСУ., 2014.С.112-118.
  4. Маҳмадиев Н.Д. «Проявление экстремизма в условиях глобализаций» / Н.Д. Маҳмадиев // ДМТ “Илм ва фановарӣ”.- 2016. С.64-68.
Хондан 5977 маротиба