Ба ин тариқ, он чи ки дар доираи ормон-назариёти файласуфони пешазсуқротию пасосуқротӣ ғунҷоиш дошт, театри юнонӣ дар шакли амалӣ дар қолиби намоишномаҳои ҷолибу ҷаззоби театрӣ ба намоиш мегузошт ва тадриҷан ба тамошо рафтани табақоти гуногуни иҷтимоии вақт ба театр расм шуда, бад-ин минвол ин расм то имрӯз идома дорад. Ҳануз аз замони таъсисёбии нахустин театрҳо рисолати бедорсозии насли башар дар қиболи мушкилоту муаммоҳои рӯзгор бар дӯши театр ва тими театрӣ вогузор шуда, то имрӯз ин рисолат дар ҳар шаклу навъе ҳадафмандона анҷом дода мешавад. Аз ин ҷост, ки:
Нест инҷо саҳнаи бозӣ,
Балки бошад маҳди худсозӣ,
Минбари озодагинозӣ,
Даргаҳи поки сарафрозӣ,
Парчами дониш барафрозӣ,
Ҷаҳлро, бешак, барандозӣ!
Мусалламан, машинаи театрӣ (театральная машина) дар ҳар ҷомеае, пеш аз ҳама, рисолати мафкурасозиро бар уҳда дорад. Дар ин замина, театри миллии мо ҳам, ки аз нахустин даргаҳи маърифатгустарию худогоҳию худсозӣ – Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ маншаъ гирифта, ин даргоҳ модари кулли театрҳои ҳирфаии ватанӣ маҳсуб мешавад, рӯйи шонаҳояш бори гарони огоҳибахшию худсозию мафкурасозии миллию ватаниро тайи солҳои мутамодӣ бурдборонаю ҳадафмандона таҳаммул мекунад. Агарчи имрӯз, бар асари вусъати кайҳонии фановарӣ ва даргир шудани зеҳни насли наврасу ҷавон ва умуман, ҷомеаи тоҷик ба шабакаҳои иҷтимоию фазои маҷозӣ, тамошобинони ин ҳунари мафкурасозу ҳувиятмадор ангуштшуморанд, ҳануз ҳам театр ва намоишномаҳои театрӣ ҷаззобияти худро аз даст надодаанд. Ҳоло ҳам, хушбахтона, фурсати бозсозию худсозиро аз тариқи дидану бозбинии намоишномаҳои театрӣ аз даст надодаем ва имкон дорем, ки бо такя ба ормонҳои миллӣ театри миллиро бозсозӣ кунем ва дар доираи он миллат ва натиҷатан, давлатро, ончуноне ки талаботи имрӯзист, наву модернтар кунем.
Маълум аст, ки огоҳӣ ва бедорӣ падидаҳоенд, ки ба ҳамдигар тавъаманд ва дар сохтусози инсонӣ минҳайси муҳаррик хидмат мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, огоҳӣ инсонро ба сатҳи баланди маърифат (познание), дониш (знание), хирад (разум), илм (наука) ва фарҳанг (култура) мерасонад ва қудрату тавоноӣ мебахшад. Беҳуда нест, ки Мавлоно ин масъаларо дар авлавияти зиндагӣ қарор дода, мефармояд:
Иқтизои ҷон чу ай дил огаҳист,
Ҳар кӣ огаҳтар бувад, ҷонаш қавист.
Албатта, то замоне ки намоишномаҳои театрӣ танҳо дар қолиби намоиш (представление) пешниҳоди мардум ва тамоишобин мегардиданд ва танҳо ҳадафи намоишӣ доштанд, тамошобин аз саҳнаҳои ҷолибу ҷаззоб кайфият мебурд, аммо дарду ранҷу мусибату бадбахтию шодию суруру хушбахтии қаҳрамонону иҷрокунандагони нақшҳоро дар худии худ таҷриба намекард ва агарки таҷрибаҳое дар ин замина иттифоқ меафтид, хусусияти инфиродӣ доштанд ва ба кулли тамошобинон иртибот намегирифтанд. Ва, аз замоне ки системаи театрии Константин Сергеевич Станиславский (1863-1938) бар мабнои барнома-марҷаи “театр-таҷриба” (театр-переживание) устувор шуд, бинанда аз тариқи тамошои намоишномаҳои театрӣ дар ҷараёни намоишнома бо тими ҳунарию иҷроӣ ҳамгом буда, ҳамроҳи бозигарон дарду ранҷ ва дар айни замон шодию сурурро баробар таҷриба мекунад. Ин аст, ки театр ҷою макону даргоҳи худогоҳию худшиносию худсозӣ ва таҷриба кардани дарду ғам, андуҳу алам ва мусибату фоҷеаи қаҳрамонону персонажҳо, аз як тараф ва шодию нишоту суруру тантанаи адолат, аз тарафи дигар, будаву ҳаст. Ба ин маъно, тамошобин на танҳо аз намоишномаи театрӣ кайфияту лаззат мебарад, балки бо иҷрокунандагону актҳои саҳнавӣ ҳамдарду ҳамнишоту ҳамнабарду ҳамқисмат мешавад, ки ин навъи бархурди маънавиро дар истилоҳи театрӣ, “таҷрибанамоӣ” (переживание) мегӯянд.
Дар воқеъ, ба тамошои намоишномаҳои теарӣ ҷалб шудани ҳайат-персонали маъмурию идории ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин замина, 30-юми апрели соли 2026, бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои Театри давлатии академиии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раёсати АМИТ, як идда кормандони АМИТ барои тамошои драмаи таърихӣ – намоишномаи “Тоҷгузори миллат” (Шоҳ Исмоили Сомонӣ) аз рӯйи романи “Исмоили Сомонӣ”-и нависандаи муосири тоҷик Бароти Абдураҳмон дар таҳияи Султон Усмонзода дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ меҳмон шуданд.
“Тоҷгузори миллат” (Шоҳ Исмоили Сомонӣ) аз рӯйи романи “Исмоли Сомонӣ”-и нависандаи муосири тоҷик Бароти Абдураҳмон дар таҳияи Султон Усмонзода ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он мавзуи калидии сохтусози давлати миллӣ бар мабнои арзишҳои ҳувиятӣ минҳайси хатмашйи сужавӣ дунбол шуда, дар доираи он силсиламасъалаҳои муҳимме, аз қабили: раванди давлатсозии миллӣ (дар мисоли ибтикороту ташаббусоти созандаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ); кайфияти авзои дохилию хориҷии минтақавӣ; ҳайсияти фардию ҷамъӣ; шарафу номуси ватандорӣ; ғуруру ҳамияти инсонӣ; кашмакашҳои дохилию хориҷӣ ба хотири халал ворид сохтан дар сохтмони давлати миллӣ; тақвияти хотираи забонию таърихӣ (дар мисоли талошҳои Наср ва Исмоили Сомонӣ дар ҳифзи асолати забони миллӣ ва ҳувияти аҷдодӣ); дарки ҳассосиёти замонӣ; бозиҳои сиёсӣ-геополитикӣ; барномарезиҳои сиёсӣ дар баробари таҳдиду хатарҳои дохилию хориҷӣ матраҳ гардиданд. Муҳим ин аст, ки дастгоҳи раҳбарию коргардонӣ, тими тавлидию бозигарӣ ва масъулини тадвинӣ ва фаннӣ-техникӣ дастаҷамъона як намоишномаи ба лиҳози сиёсӣ-мафкуравӣ ва ҳассосиёти замонӣ хуберо таҳия ва манзури бинандагону алоқамандони театри ватанӣ карданд.
Бо таваҷҷуҳ ба кайфият ва вежагиҳои намоишномаи “Тоҷгузори миллат”, мулоҳизоти худро минҳайси як тамошобин ва алоқаманди театри ватанӣ ба таври иҷмолӣ ироа медорем:
- Тими иҷроии намоишномаи театрӣ (иборат аз 17 нафар) тайи як соату бист дақиқа ҳунарнамоӣ карда, дар иҷрои нақшҳо, минҷумла нақшҳои Амир Насри Сомонӣ (Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ибодулло Машраб), Амир Исмоил (Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Абдукарим Машраб), Хоҷаи Бузург (Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Фирӯз Умар), Абдуҷаббори Ҳамза (Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Асалбек Назрӣ), Абуабдуллоҳи Фақеҳ (Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ортиқ Қодир), Абдулашъаси Аҳмад (ҳунарманд Аъзам Розиқ), Абузакариёи Яҳё (Ризо Юсуфзода), Муҳаммади Нуҳ (Шоҳмурод Аюб), Ҳусайни Аъло (Шаҳзод Ниёз), Ҳамуя ибни Алӣ (Убайдулло Саъдулло), Абумуҳаммади Бухорхудот (Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Султонмурод Бобомурод), Абуҳомиди Ясорӣ (Суҳроб Эгамназарзода), Рофеъи Арсама (Салоҳиддин Шукурзода), Муҳаммади Ҳорун (Умеди Субҳоналӣ), китобдор (Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Исфандиёри Ғулом) ва Абулфазли Марвазӣ (Азиз Ҷумабой) муваффақ шуданд.
- Дар намоишнома, аз ҳама муҳим, ҳалқаи васл миёни наслҳои бузургсол (дар мисоли ҳунармандони маъруфи миллӣ Ибодулло Машраб, Асалбек Назрӣ, Исфандиёри Ғулом, Султомуроди Бобомурод, Ортиқи Қодир, Фирӯз Умар), миёнсол ва ҷавон таъмин карда шуд. Ба сухани равшантар, дар ҷараёни намоишнома ва раванди нақшофарӣ намояндаи ҳар насл мекӯшид, ки аз тариқи талошҳо ва сахткӯшиҳои ҳунарӣ сатҳи ихтисосию ҳирфаии намоишномаро боло бубарад ва нагузорад, ки темп-суръати бозӣ пойин равад.
- Сатҳу сифати намоишномаи “Тоҷгузори бузург”, пеш аз ҳама, бо ҳунари нотакрори Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ибодулло Машраб, ки нақши Амир Насри Сомониро офарид, ончунон боло рафт, ки аз оғоз то ба анҷоми намоишнома чун ҷозибаи ҳунарӣ кулли ҳунармандонро атрофаш ҷазб мекард ва ҷаззобияти ҳаракату амалиёти ҳамбозон-партнёронро таъмин менамуд. Албатта, кулли бозигарон дар обуранги намоишнома саҳми асосӣ гирифтанд, вале ядро-ҳастаи намоишномаро ду нафар -- Амир Насри Сомонӣ (Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ибодулло Машраб) ва Амир Исмоили Сомонӣ (Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Абдукарим Машраб) ташкил медоданд.
- Тавре ки ишора шуд, дар намоишнома ҳунари бозигарии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ибодулло Машраб (дар нақши Амир Насри Сомонӣ) қобили таъкиди махсус аст. Устод Ибодулло Машраб, бар мабнои донишу бинишу таҷрибаи ғании ҳирфаӣ, аз як тараф ва ҳунари эъҷозофаринӣ, аз тарафи дигар, тавонист, ки намоишномаро бакуллӣ тамошобобу пурэҳсосу пуршӯру пурҳаяҷон гардонад. Нақш то дараҷае аз ҷониби ҳунарманд омӯхтаву коркард шудааст, ки ҳангоми иҷро ҳатто нафаскашии ҳунарманд (манзур Ибодулло Машраб дар нақши Амир Насри Сомонист) эҳсос мегардид, чӣ расад ба мимикаю имову ишораву ҳарфзанию пойкӯбию дастафшонию ҳаракатҳои мутафовити саҳнавӣ. Ҳунарманди ҳирфаӣ ончунон нақши Амир Насри Сомониро муассир офарид, ки дар ҳар ҳаракату амал, имову ишорат ва ҳатто таваққуфу исту нафаскашии орому шадид симои амир бармало мешуд ва саҳнаро бакуллӣ дигаргун мекард. Бавежа, дар саҳна, ҷое ки аз забону фарҳангу тамаддуни миллӣ сухан дар миён меомад, авзои қаҳрамони саҳна Ибодулло Машраб (дар нақши Амир Насри Сомонӣ) якбора тағйир пазируфта, новобаста ба талаботи сиёсати замон, ки аз дағдағаҳои хилофати Бағдод маншаъ мегирифт, дар баробари ҳукумати аҷнабӣ, аз забону фарҳангу миллият бо шӯру шаафи мунҳасир ба фард дифоъ мекунад. Ин навъ мавқеъгирӣ ва ба истилоҳ, ориентатсияи сиёсию миллиро дар ҳарф, гуфтушунуд ва муколимаву муоширати қаҳрамонони намоишнома, бахусус Амир Насри Сомонӣ (устод Ибодулло Машраб) ва Исмоили Сомонӣ (Абдукарим Машраб) равшан мушоҳида кардан мумкин буд.
- Персонали эҷодию фаннӣ дар мисоли сенарист, коргардон-таҳиягар, тими тавлидию тадвиниюфаннию иҷроӣ ҳамагӣ мавзуи сохтмони давлатро бар мабнои мавқеъгирию манофеи миллӣт дунбол намуда, ғолибан рӯйи ташкили як давлати мутамарказ бар мабнои манофеи миллӣ ва мавқеъгирии дурустҳисобии сиёсӣ тамаркуз шудааст. Албатта, ҷиҳати мустаҳкам намудани хатти сужаи намоишнома лавозими сужасозе мисли кашмакашҳо, низоъҳо, даргириҳо, иғвою дасисабозиҳо, фиребу найрангҳо, фурсатталабию суханчиниҳо, шӯру валвалаҳо ва мунтаҳо, вежагиҳои таркибӣ-сохторӣ-композитсионӣ ва тартиботи сужасозӣ (оғоз, гиреҳ, конфликт, авҷу кулминатсия ва анҷом) дар намоишнома тартиббандӣ шуда, воқеият ва ҳаводиси замонро ба таври бояду шояд бозтоб доданд. Ба ин тартиб, мавзуи меҳварӣ ва калидии намоишномаи “Тоҷгузори миллат” (Шоҳ Исмоили Сомонӣ) -- раванди давлатсозии миллӣ ва мушкилоту уқдаҳои марбут ба ташкили давлатдории миллӣ буда, тамоми мубоҳисоту моҷароҳою ҳаводис дар доираи баҳси давлатсозии миллӣ чарх мезананд.
- Моҷарои ду бародар (Амир Наср ва Амир Исмоили Сомонӣ) сари қудрат ва истиқлоли сиёсӣ дар намоишнома меҳвари низоъ-конфликтро ташкил дода, ҳаводисро ба самту сӯйи мушаххасе савқ медиҳанд. Иштиёқи қудрат Амир Насрро бо бародар Исмоил, ки талабгори қудрати сиёсӣ дар ҳамбастагӣ бо истиқлоли сиёсӣ ва иттиҳоди миллист, симои дурандеши Шоҳ Исмоилро ба намоиш мегузорад. Моҷарое, ки саранҷом ба ҷангу даргирӣ миёни бародарон гиреҳ мехурад, бо шикасти Амир Насри Сомонӣ ба дасти бародари ҳушманду зирак Шоҳ Исмоил анҷом мепазирад. Авҷ ва кулминатасияи намоишнома дар тавбаномаи Амир Наср таҳаққуқ меёбад, ки баъди шикасту бандӣ шудан ва аз ҷониби бародар бахшида шудан, фарёди дардноке ба ин мазмун: “Эй хок бар сарам” дармекашад ва аз кардаи худ самимона пушаймон мешавад. Воқеият ин аст, ки вақте ки Амир Насрро бандию завлона дар даст назди Шоҳ Исмоил меоваранд, аз тахт пойин мешавад, бандҳои дасти бародарро мекушояд, ӯро бо икрому иззат болои тахт менишонад ва омодаи хидмат буданашро арз медорад (Шоҳ Исмоил аз тариқи ин навъи политехнология гӯшзад мекунад, ки агар ҳадафи ту-бародар ба даст овардани тахту тоҷу шоҳаншаҳист, бароям бидуни парда ва ҷангу даргирӣ ошкоро арз медоштӣ ва мо ба ҳукми бародарӣ бидуни ҷангу хархашае тахту тоҷро хидматат арзонӣ медоштем). Амир Наср аз ин тавр ҷараён гирифтани ҳодиса сахт хиҷолатзада мешавад ва бадгумонӣ аз бародар ва иштибоҳ карданашро пай бурда, хатою ҷурмашро мардонавор иқрор мекунад. Маҳз ҳамин ҳолати ҳассосро Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон устод Ибодулло Машраб бо маҳорати баланд дода тавонист ва тамошобинон ҳам барояш самимона каф кӯфтанд.
Бар илова, ҳунарманди ҷавон Абдукарим Машраб бояд як кам сари нақши Шоҳ Исмоил ва бурузи вежагиҳои равонию ахлоқию ҳувиятию сиёсию мадании қаҳрамон кор кунад ва образи Шоҳ Исмоилро бо тамомии буъдҳояш бармало созад. Бовар дорем, ки ҳунарманд, бо такя ба донишу таҷрибаи ҳунарӣ, аз як тараф, зиракии сиёсӣ, донишмандӣ ва сиёсатварзии бемисл ва аз тарафи дигар, шахсияти отифии қаҳрамонро дар тавъамӣ бо шахсияти миллии мавсуф дар намоишномаҳои баъдӣ ҳатман буруз медиҳад ва тамошобинонро ба ҳайрат меоварад.
- Муҳимтар аз ҳама, аз тариқи манзур намудани саҳнаи набарди ду бародар ва моҷароҳое, ки дар заминаи қудратталабӣ зуҳур карданд, тими ҳунарӣ бо мо-тамошобинон ҳушдор доданд, ки доимо дар шоҳроҳи ваҳдату ҳамбастагӣ иқдом намуда, пайваста ҳушёру зирак бошем ва нагузорем, ки мусибату фоҷеаҳои гузашта такрор шаванд. Ҷангу набардҳо миёни бародарон ба хотири тахту тоҷ дар таърих зиёд аст, аммо аз ҳаводиси фоҷеабори таърихӣ ибрат гирифтан, бо чашми хирад нигаристан ва бар нафъи халқу ватану миллат хидмат кардан вазифаи так-таки афроди саршинос мебошад. Ба назари мо, ин нуқтаи атф ва паёми намоишномаи таърихии “Тоҷгузори миллат” мебошад.
- Масъулину дастандаркорони пружаи театрии “Тоҷгузори миллат” чанд масъалаи муҳимеро, ки дар раванди давлатсозии миллӣ корсозанд, матраҳ намудаанд, аз ҷумла:
а) сиёсатмадорӣ ва давлатсозӣ кори саҳлу осоне нест ва сиёсатмадор касест, ки бар асоси донишу биниш ва таҷрибаи рӯзгор назарияро бо амалия мепайвандад;
б) дирояти сиёсӣ, дурандешӣ, ҳадафгузорӣ, таҳаммулпазирӣ, иштиёқмандӣ, тавоноии баҳодиҳӣ, шинохти дурусти бозиҳои сиёсӣ ва билохира ҷаззобияти сиёсӣ (политический харизм) дар ташкил, ҳифз ва устуворсозии пояҳои давлатдорӣ аслу мушаххасоти муҳим маҳсуб мешаванд;
в) давлатмадорон ва сиёсиён ҳамеша бо мушкилоту моҷарою таҳдиду фишору хатарҳо дасту панҷа нарм мекунанд ва вуҷуду ҳузури силсиламушкилоти дохилию хориҷӣ, аз як сӯ ва талошу пайкору сахткӯшиҳо ҷиҳати ҳаллу фасли ҳадафмандонаю мантиқии онҳо, аз сӯйи дигар, симои воқеии давлатмадорро минҳайси чеҳраи таъсиргузори ҷаззобу харизматик ба ҷилва дармеоварад;
г) дар пешорӯйи ҳар гуна таҳдиду хатару изтироб қарор гирифтану қоим будан, дуруст ҳадаф гирифтан, мавқеъ шинохтан, бидуни тарсу ҳарос сари вақт барномарезӣ кардан меъёр ва меҳвари давлатдорӣ будаву ҳаст ва ин меъёрбандӣ дар сиёсати давлатии Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҷо доштааст;
ғ) шинохтан, мушаххас кардан ва дар айни замон ҳифзи манофеи миллӣ (забон, сарватҳои табиӣ, фарҳангу тамаддуни миллӣ, марзу буми аҷдодӣ, қаламрави сиёсӣ, ҷуғрофиё, давлату сиёсати миллӣ) қудрату нуфуз ва шуҳрату шаҳомату шукӯҳи давлатро дар фазои минтақавию ҷаҳонӣ таъмин месозад;
д) аз мушкилот ва таҳдиду хатароти дохилию берунӣ набояд ҳаросид, балки онҳоро бар мабнои сатҳи таъсир ва мазмуну муҳтавою нигаронӣ тафкику ҷудо ва пасон ҳаллу фасл бояд кард;
е) тарбияи насли давлатмадору сиёсатпеша, ки бо дидгоҳи илмию дунявӣ манофеи миллӣ-давлатиро бар кулли манфиатҳои фардию гурӯҳӣ авлавият медиҳанд, аз ҷумлаи паёмҳое буд, ки тариқи намоишномаи “Тоҷгузори миллат” ба бинандаву тамошобин расонида шуд.
- Табиист, ки дар намоишнома баъзе нукоти баҳсталаб вуҷуд доранд, ки ислоҳи онҳо ба манфиати кор хоҳад буд, аз ҷумла таъкиди муборизаҳои Сомониён бо Тоҳириёну Саффориён, ки ба лиҳози миллию таборӣ бо Сомониён муштарканд, хатти машйи сужаро халалдор месозад ва аҳдофи миллӣ-давлатиро зери суол мебарад. Дар зимн, дар ин шароити ҳассос, ки давлати муосири миллӣ дар пешорӯйи таҳдиду хатарҳои сиёсию тамаддунӣ қарор дошта, бо бегонапарастию беҳувиятию худбохтагӣ барин мушкилоти ҳувиятӣ дасту панҷа нарм мекунад, набояд ҷангу даргириҳои Сомониёнро бо ҳамтаборони худ -- Тоҳириёну Саффориён, ки асосан, бар асари худшефтагию бехабарии сиёсии давлатмардони вақти миллӣ, аз як тараф ва бо тавтеаву васвасаи хилофати Аббосӣ, аз тарафи дигар, рӯйи кор омада буданд, аланӣ ба намоиш гузорем, то ин ки бегонагон ба ҳоламон биханданд (дар ҳоле ки дигарон қаттолтарин шахсиятиҳои таъхрихиашонро идеализатсия карда, бегуноҳу беолоиш ва раҳиму карим ба ҷилва дармеоваранд, мо ба хотири ҳифзи якпорчагию ҳамбастагию ваҳдати миллӣ набояд уфту иштибоҳоти қаҳрамононамонро ҳузурию аланӣ намоем ва ба душманони онтологии худ шароиту шонси мусоиди интиқодоти муғризонаро муҳайё созем). Ба дунболи ин, ҳангоми тартиббандии муколимаву диалогу гуфтугӯҳо бештар сари шукӯҳи миллӣ-ҳувиятӣ тамаркуз бояд кард ва чеҳраҳои тобноку матраҳи қаламрави Ориёноро ба хотири тақвияти хатмашйи сужа ёдовар бояд шуд. Аз ҷумла, ёдоварӣ ва гӯшзад кардани авлавиятҳои тамаддуни Ориёӣ дар мисоли китоби “Авасто”, Академияи “Гундишопур”, қаҳрамониҳои Курушу Дориюшу Спитамону Муқаннаъ ва дигарон сатҳи ҳувиятию сиёсӣ ва мафкуравии намоишномаро боло мебарад. Танҳо аз ин тариқ машинаи театрии ватанӣ дар мисоли Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба таври шоиставу боиста метавонад на танҳо ниёзҳои бадеию эстетикию маънавӣ, балки эҳтиёҷоти сиёсӣ-мафкуравии миллатро бароварда созад.
- Дар анҷоми матлаб ҷиҳати боло рафтани ҷойгоҳи театри ватанӣ, сатҳи маърифати театрӣ, ҷалби қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ ба театри миллӣ, тарбияи насли нави ҳунармандону тамошобинони ватанӣ ва кайфияти намоишномаҳои имрӯзӣ чанд нуктаро дар қолиби пешниҳод манзур месозем:
Якум. Тарбияи насли нави ҳунармандону тамошобинони миллӣ аз тариқи ҷалби саросарии насли ҷавон ва миёнсолону бузургсолон ба театр ва намоишномаҳои театрӣ аз ҷумлаи талаботи зарурии имрӯзист.
Дувум. Аз тариқи барномарезиҳои дурустҳисобии соҳавӣ ва таблиғоти густурдаи ҳунарӣ барқарор кардани робита байни ҳунарманду тамошобин ҳангоми ҷараёни иҷрои намоишномаҳо.
Севум. Ба кор андахтану фаъол сохтани машинаи театрӣ ба унвони дастгоҳи мафкурасозии миллӣ.
Чорум. Ҷорӣ ва марсум карлани муҳокимаҳои намошномаҳо пас аз анҷоми намоиш дар ҳузуру дастандаркорону ҳунармандони театр.
Панҷум. Барои ҳар намоишнома даъват ва муқаррар кардани тими мушовирони илмӣ аз ҳисоби донишмандони саршиноси миллию ватанӣ.
Шашум. Тибқи реҷа ва графики махсус ба театр ҷалб шудани ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ ва аз ин тариқ барқарор кардани анъана ва суннати театрравии сокинони пойтахт ва ҳайату персонали ташкилоту муассисаҳо.
Ҳафтум. Аз ҳисоби драма ва пийесаҳои миллӣ ва дархури замонӣ ғанӣ гардонидани репертуари театрҳои касбӣ. Танҳо нафароне аз ҳисоби коргардонону таҳиягарони ватанӣ ба роҳандозии барномаҳои театрӣ аз ҳисоби драмаҳои миллӣ ҷалб шаванд, ки ҷаҳоншиносии илмию фалсафӣ ва дидгоҳи миллӣ дошта бошанд. Дар акси ҳол, намоишномаҳо рӯякӣ, сатҳӣ, бетаъсир ва бесамар хоҳанд буд.
Ҳаштум. Ҷалби дромнависони саршиноси миллӣ барои эҷоди дромҳои дархури замонӣ.
Нуҳум. Бояд театрӣ миллӣ ва умуман, кулли театрҳои ҷумҳурӣ мақом ва ҷойгоҳи қаблиашонро, ки дастгоҳ ва машинаи мафкурасозии миллию давлатӣ будаанд, дарёбанд. Дар ин кор бояд, пеш аз ҳама, блоки сиёсию мафкуравӣ, роҳбарияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешгом бошанд ва ҳар як ташаббусу ибтикороти созандаи ҳунарию маърифатиро ҷонибдорӣ намоянд.
Даҳум. Кореро, ки театру синамо анҷом медиҳанд, ҳеҷ дастгоҳи дигари сиёсию таблиғотие анҷом дода наметавонад. Аз ин рӯ, театрро минҳайси дастгоҳ ва минбару пойгоҳи мафкурасозии алтернативӣ-гузинавӣ дар баробари таҳоҷумоти фарҳангии берунӣ, хушкандешию хурофазадагӣ, ки рӯз ба рӯз миллатро аз масири рушду шукуфоии зеҳнию ақлонӣ боздошта, ба сӯйи беҳувиятию худбохтагӣ ҳидоят мекунанд, бояд мақому ҷойгоҳи шоиставу арзанда бахшид ва аз ин пойгоҳи мафкурасозӣ дар таҳкими давлатдории миллию дунявӣ ҳамеша истифода бояд кард.
Нозим Нурзода
фарҳангшинос