Нусхаи чопи
Чоршанбе, 16 Сентябри 2020 05:07

Забони тоҷикӣ чун шеъри Рӯдакӣ зебост

Муаллиф: Фозилов А

  Ашъори безаволи Рӯдакӣ дар ганҷинаи адаби мардуми форсизабон, алалхусус, халқи тоҷик саҳифаи пурҷилоест.

 Дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷахонӣ», ки 6 сентябри соли 2011 бахшида ба 1150- солагии устод Абуабдулло Рӯдакӣ доир гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз рӯзгору осори алломаи тоҷик устод Абуабдулло Рӯдакӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Оли Сомон ёдовар шуда, ки аҳли эҷод ва мардуми фарҳангпарвари тоҷикро ба омӯзиши таърихи ниёгон, илму дониш, рӯ оварда, мардумро ба тарғиби ахлоқу одоби ҳамида, дӯстиву рафоқат, сулҳу созиш ва накӯкориву инсондӯстӣ даъват намуда буд.

 Сардафтари адабиёти классики тоҷик устод  Абуабдулло Рӯдакӣ дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик аввалин суханваре аст, ки таҷрибаю ва муваффақиятхои гузаштагони худро дар соҳаи адабиёти форсӣ-дарӣ ҷамъбаст карда, яке аз асосгузорони сабку услуби хоса дар назми форсу тоҷик шинохта шудааст.

 Забони Рӯдакӣ забони шеъри равону ширин ва асили тоҷикӣ аст. Забони Рӯдакӣ забонест ҷовидонӣ ва сармояву пояи зиндагонӣ. Рӯдакӣ бо донишу хирад ва таҷрибаи рӯзгори худ, ки дар ашъораш таҷассум ёфтааст, беҳтарин сухансарост. Шоирони баъдӣ ӯро ба ҳайси малик-уш-шуаро эътироф намудаанд ва гуфтаанд, ки «Сухан Рӯдакивор зебо бувад».

 Аз ин рӯ, ашъори ӯ яке аз омилҳои асосии таърихан ташаккулёбии забони тоҷикӣ мебошад. Забони адабии тоҷик то замони ташакулёбиаш марҳилаи гуногуни таърихиро паси сар карда, бо ҳодисаҳои зиёде рӯ ба рӯ шудааст. Танҳо баъд аз муборизаҳои зиёд дар муддати бештар аз 200 сол ин забон тавонист, ки иқтидору нерӯи худро дар рақобат бо забонҳои дигар, аз ҷумла забони арабӣ нишон диҳад ва дар саҳифаи таърихи башарият мондагор будани худро исбот намояд. Ба ин, пеш аз ҳама, созгор будани вазъи мусоиди сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии замони Сомониён мусоидат намудааст. Маҳз бо талоши хонадони фазилатпарвар Сомониён забони тоҷикӣ дубора эҳё гардида, ба ҳайси забони адабӣ ташаккул ёфт. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: «Бо талошу заҳмати фарзандони маърифатпарвари халқ забони тоҷикӣ давра ба давра ташаккул ва таҳаввул ёфта, қаламрави истифодаи он аз Мовароуннаҳру Хуросон фаротар рафта, ба Қафқозу Осиёи Хурд, Ироқу нимҷазираи Ҳинд доман паҳн кард ва садсолаҳо нақши забони байналмилалиро иҷро намуд».

 Дар аҳди Сомониён ва маҳз бо ташаббуси ҳамин хонадон дар як ҳавза муттаҳид гардидани аҳли илму адаб ва диққати хосса зоҳир намудан ба илм ва аҳли он забони адабӣ арзи ҳастӣ кард, ки дар раъси он устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ меистод. Давлатшоҳи Самарқандӣ: чунин қайд кардааст: «Аммо ба рӯзгори Оли Сомон шеъри форсӣ равнақ ёфт ва устод Рӯдакӣ дар ин олам саромад буд ва қабл аз вай шоире, ки дар форсӣ соҳибдевон бошад, нашунидаам. Пас, воҷиб бувад, ки ибтидо аз устод Рӯдакӣ намуд». Ин фикри Давлатшоҳи Самарқандӣ воқеан қобили қабул аст, зеро то замони ба арсаи эҷод ворид гардидани устод Рӯдакӣ адибони зиёде ба таълифи осори мухталиф машғул буданд, вале аз сабаби роиҷ набудани қавоиди ягонаи забони адабӣ осори онҳо ба ҳайси асарҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои забони адабӣ пазируфта нашудааст. Дар ашъори устод Рӯдакӣ мо тамоми  хусусиятҳоеро, ки барои ташаккули забони адабии тоҷикӣ мусоидат кардаанд, пайдо намуда метавонем, ба вижа ғазали зер гувоҳи ин суханҳост.

 Дер зиёд он бузургвор Худованд,

Ҷони гиромӣ ба ҷон-ш андар пайванд!

 Доим бар ҷони ӯ биларзам, зеро-к

Модари озодагон кам орад фарзанд.

Аз маликон кас чун ӯ набуд ҷавоне,

Роду сухандону шермарду хирадманд.

Кас нашиносад ҳаме, ки кӯшиши ӯ чун,

Халқ надонад ҳаме, ки бахшиши ӯ чанд.

Дасту забон зарру дурр пароканд ӯро,

Ном ба гетӣ на аз ғазоф пароканд.[1]

 Рӯдакӣ барои тамоми шоирони баъдии адабиёти тоҷику форс мақоми сарвариро дорад. Бинобар ин, ҳама ҷо аз ӯ ба унвонҳои «устоди сухан», «устоди шоирон», «устоди аҷам» бо муҳаббату ихлос ва эҳтиром сухан гуфтаанд. Чунки устод Рӯдакӣ бо лафзи ҳакимони хеш одамонро ба омӯзиши илму дониш ва рӯ овардан ба маърифат даъват намуда, илму донишро равшании дил, чароғи ақлу хирад номидааст.

То ҷаҳон буд аз сари Одам фароз,

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон,

Роҳи донишро ба ҳар гуна забон

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст…

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.

  Аз ин рӯ, ҳар як соҳибзабон муваззаф аст, ки дар баробари ифтихор аз забону адабиёти оламшумули тоҷикӣ, ки рӯи авроқи таърих сабт аст, бояд ба хотири идома ва умри бардавоми он ин ганҷинаи бебаҳои ниёгонро бегазанд ба пасовандон ба мерос гузорад, чунки ҳамин рисолати таърихиро бузургони мо Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, устод Айнӣ, Улуғзодаву Лоиқ ба анҷом расонидаанд.

 Ашъори мондагори устод Рӯдакӣ, ба монанди қасидаҳои «Модари май», «Шикоят аз пирӣ», ғазалу рӯбоиҳо пандномаи бузургест барои насли имрӯзу ояндаи миллати тоҷик. Дар ашъори устод аз ҳар як мисраи шеъри он садои меҳру шафқат, дӯстиву рафоқат ва ҳамдиливу хамгироӣ ба гӯш расида, ба шинохт ва дарки амиқи таъриху забон ва худшиносии миллии насли муосир басо муассир аст, зеро онҳо таҳкимгари фарҳанги имрӯзу фардои миллатанд.

 Ин забон на танҳо аз хавфи маҳву фаромушавӣ эмин монд, балки ба туфайли кӯшиши гӯяндагони бозаковаташ равнақу ривоҷи тоза пайдо карда, оғози парвози баланди фарҳангу адабиётро таъмин намуд. Ба ин забон дар асру замонҳои гуногун шоҳкориҳое эҷод карда шудаанд, ки на фақат боиси ифтихори форсизабонон мебошад, балки онҳо дар ганҷинаи тамаддуни умумиинсонӣ низ мақоми шоистаро ишғол менамоянд.[2]

                            

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯйи дӯстон!

Ҳеҷ талхӣ нест дар дил талхтар

Аз фироқи дӯстони пурҳунар!

 Ҳамчун арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ, ҳамасола бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат 22-юми сентябр рӯзи Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил мегардад, ки тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ба расмият дароварда шудааст. Чунончи соли 2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли Рӯдакӣ эълон гардида, дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида буд.

 

Фозилов А,

корманди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

[1] Рӯдакӣ шеърҳо Хуҷанд: «Нури маърифат», 2018, -С.30.

[2] Луғати Абулфазли Майдонӣ «Ас-сомӣ Фи-л-Асомӣ» Душанбе, 2020 -С.7.

Хондан 11147 маротиба