Нусхаи чопи
Сешанбе, 18 Ноябри 2025 04:06

Нақши роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаклдиҳии ваҷҳи байналмилалии Тоҷикистон

Муаллиф:

  Равобити байналмилалии муосир ба таври фазояндае бо печидагӣ, пӯёӣ ва чандқутбӣ машхасс мешавад. Дар ин замина, аҳамияти сарварии сиёсии фардӣ, ба вижа дар кишварҳое, ки дар марҳилаи тавсеаи пас аз ҷангӣ ҳастанду, барои эҷоди ниҳодҳои хукуматии пайдор кўшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд ва ба дунболи тақвияти иқтидори байналмилалии худ ҳастанд, рӯ ба афзоиш аст. Намунаи боризе аз гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки Президенти он, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чеҳраи калидии муайянкунандаи масирҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии он ба ҳисоб меравад.

Дар заминаи таҳаввулоти пасошўравӣ, замоне ки кишварҳои тозаистиқлолёфтаи Осиёи Марказӣ дар баробари шаклдиҳии ҳувиятҳои миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ, бо зарурати эҷоди равобит бо ҷаҳони беруна рӯ ба рӯ шуданд, ниҳоди президентӣ ба механизме табдил гардид, ки аз бисёр ҷиҳат моҳияти масири сиёсиро муайян мекард. Дар кишвари мо, ин ниҳод аз моҳи ноябри соли 1992 ба таври ҷудоинопазир бо номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмони – абармарде, ки нақши калидӣ дар ҳалли даргириҳои дохилӣ, эҳёи давлат ва вуруди кишвар ба унвони як узви комилҳуқуқу муҳтарам ба ҷомеаи байналмилалӣ ифо карда буд – пайванд хӯрдааст.

Презмдент дар низоми сиёсии муосири Тоҷикистон на нақши сарвари ҳокимияти иҷроияро иҷро мекунад, балки ба унвони муаррифкунандаи давлат дар саҳнаи байналмилалӣ низ ҳаст, ки афзалиятҳои сиёсати хориҷиро муайян карда, аҳдномаҳои байналмилалиро ба имзо мерасонад ва самти стратегии ҳамкориҳои байналмилалиро шакл медиҳад. Аз ин рў, ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон на фақат як сохтори қонунии конститутсионӣ, балки поя ва асоси субъективияти сиёсати хориҷии кишвар низ мебошад.

Баррасии фаъолияти сиёсати хориҷии Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба шаклгирии ваҷҳаи байналмилалии Тоҷикистон, аз аҳамияти махсус бархўрдор аст. Дар тӯли роҳбарии хеш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, борҳо тавоноии худро дар пайгирии як сиёсати хориҷии мутаодил, амалгароёна ва бисёрқутба бо ҳадафи тақвияти ҳокимияти миллӣ, инчунин иштироки фаъол дар ҳалли масоили минтақавию ҷаҳонӣ нишон додааст.

Дар шароити тавсеаи чолишҳои муосири геополитикӣ, таҳдиду хатарҳо, инчунин носуботӣ дар кишварҳои хамсоя, стратегияи дипломатӣ, ки на танхо амният, балки пешбурди манофеи миллиро дар арсаи байналмилалӣ низ таъмин менамояд, аҳамияти вижаро касб мекунад. Дар ин замина, сарварии сиёсии мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунае аз пайвандгарии муассири афзалиятҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар доираи як стратегияи ягонаи давлатӣ мебошад.

Мақолаи мазкур ба таҳлили ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Точикистон аз диди сиёсати хориҷии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Таваҷҷуҳи хоса ба нақши ӯ дар шаклдиҳии афзалиятҳои дипломатӣ, таҳкими салоҳияти байналмилалии ҳуқуқии кишвар ва мавқеъгирии Тоҷикистон дар системаи муносибатҳои байналмилалӣ ба унвони ширкаткунандаи масъул ва фаъол зоҳир карда мешавад.

Роҳи таърихии Точикистон ба унвони як кишвари соҳибистиқлол дар шароити бисёр номусоид оғоз ёфт. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 низоми сиёсии дохилиро фалаҷ ва фаъолияти ниҳодҳои давлатиро заиф намуда, амалан кишвари моро аз ширкати фаъол дар умури байналмилалӣ канор гузошт. Дар ин вазъияти мураккаб, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи ноябри соли 1992 ба ҳайси раиси Шӯрои Олӣ ва баъдан Президенти кишвар интихоб гардид, нақши калидӣ дар ҳифзи истиқлолият ва ҳалли сулҳомези минбаъдаи даргириҳои дохилиро ифо намуд. Сарварии сиёсии ӯ дар давраи баъдиҷангӣ на танҳо масири суботи дохилӣ, балки оғози шаклгирии як стратегияи пайдори сиёсати хориҷиро низ муайян кард.

Яке аз вазоифи авлавиятдори сарварии сиёсии ҷадид дар заминаи беҳбуди авзоъ пас аз чанг, бозгашти кишвар ба системаи равобити байналмилалӣ, тақвияти машруияти он дар сатҳи ҷаҳонӣ ва эҷоди мушорикат бо давлатҳову созмонҳои байналмилалӣ буд. Дар солхои аввали сарварии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тааҳҳуд ба як сиёсати хориҷии боз, сулҳомез ва бисёрқутба, ки бар усули эҳтиром ба ҳуқуқи  байналмилалӣ, баробарии хокимият ва адами дахолат ба умури дохилӣ бунёд ёфта буд, эълон намуд. Пайвастани Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид ва афзоиши мушорикат дар созмонҳои минтақавӣ, аз қабили Созмони хамкории Шанхай, Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — қадамҳои муҳиме ба самти эҳёи ҷойгоҳи дипломатии кишвар буданд.

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат шакл гирифтааст, бо тамаркузи мутаодил ва стратегӣ тавсиф мешавад. Кишвари мо пайваста бо шарикони анъанавӣ дар фазои пасошуравӣ ва бо марказҳои дигари ҷаҳонӣ, аз ҷумла Чин, кишварҳои Осиё Ҷанубӣ, Иттиҳоди Аврупо, инчунин кишварҳои исломӣ робита барқарор мекард. Ин сиёсати бисёрқутба, имкони гуногунсозии равобити иқтисодии хориҷӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва ҳимояти байналмилалӣ, инчунин пешгирӣ аз ҷалби кишвар ба меҳварҳои геополитикии тақобулро фароҳам овард.

Мушорикати Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти минтақавӣ ба бахши ҷудонопазири сиёсати хориҷии ӯ табдил ёфт. Бо таваччуҳ ба мавқеи географӣ ва марзи тӯлонии Тоҷикистону Афғонистон, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромарзӣ мавқеи афзалиятнокро дар рӯзномаи ҳамкории дипломатӣ касб карданд. Ҳамкории фаъол дар чорчӯби Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, Созмони хамкории Шанхай ва созукорҳои дуҷониба бо шуморе аз кишварҳо, пеш аз ҳама Русия ва Чин қобилияти дифоии кишварро тақвият дода, низоми пурқувваттаре барои посухи дастаҷамъона ба таҳдидҳои амниятӣ фароҳам овард.

Саҳми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарвиҷи ибтикороти ҷаҳонӣ, ки мавриди таваҷҷуҳи васеи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, шоистаи зикри махсус аст. Муҳимтарин самт ба истилоҳ «дипломатияи об» — ибтикороти байналмилалии Тоҷикистон дар заминаи идоракунии пойдори манобеи об мебошад. Таҳти ҳимояи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо як қатор қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла эълони Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005–2015) ва Даҳсолаи амалкунандаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” (2018–2028)-ро пешбарӣ намуд. Ин ибтикорот на танҳо аҳамияти мавзуъи об дар Осиёи Марказиро таъкид кард, балки иқтидори Тоҷикистонро ба унвони як ширкаткунандаи масъул ва фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ, ки қудрат ба ироаи роҳҳалҳо дар миқёси ҷаҳониро дорад, тақвият бахшиданд.

Омили сарварии шахсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суботи сиёсати хориҷии кишварамон нақши калидӣ ифо мекунад. Мутобиқи Конститутсияи Тоҷикистон, ниҳоди президентӣ аз ихтиёроти васеъ дар равобити байналмилалӣ, аз ҷумла ҳаққи таъйини намояндагони дипломатӣ, имзои муоҳидот ва намояндагии давлат дар маҷомеи байналмилалӣ бархӯрдор аст. Бо ин ҳол, дар низоми сиёсии Тоҷикистон, ин вазоиф бо тадовими сиёсӣ, фаъолияти дипломатии шахсӣ ва мақоми баланди байналмилалии муҳтарам Президенти кишвар бештар тақвият меёбанд. Ин амр имкони эҷоди як сиёсати хориҷии мутамарказ, дорои ҳамоҳангии стратегӣ ва мутобиқшавии мутаносиб ба муҳити ҷаҳонии тағйирёбандаро фароҳам меорад.

Ҳамин тариқ, таҳлили ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон аз дидгоҳи сиёсати хориҷии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, то чунин хулоса кунем: сарвари давлат на танҳо ҳомили вазоифи конститутсионӣ, балки субъекти муҳимтарини ташаккули симои байналмилалии кишвар низ мебошад. Стратегияи дипломатии ӯ, мубтанӣ бар усули ҳамзистии мусолиматомез, ҳамкории минтақавӣ ва масъулияти ҷаҳонӣ, дар бозгашту тақвияти ҷойгоҳи кишвари мо дар харитаи равобити байналмилалӣ нақши таъинкунандае бозидааст. 

Дар шароити ноустувории глобалӣ, афзоиши таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ ва шиддат гирифтани рақобат дар саҳнаи байналмилалӣ, нақши он кишварҳое, ки қобилияти ташкили сиёсати хориҷии пойдор, амалгароёна ва сулҳомезро доранд, рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Точикистон, ба унвони як кишвари ҷавони соҳибистиқлол, намунаи равшани рушду ташаккули ҳувияти сиёсати хориҷии хеш дар тӯли се даҳсолаи гузашта мебошад. Амали калидии тазмини суботи дипломатӣ ва ҷойгоҳи байналмилалии кишвар, ниҳоди президентӣ, дар симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тахлили стратегияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, авлавият ва ибтикороти он нишон медиҳад, ки сарварии шахсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дараҷае аз суботи ниҳодӣ ва тадовуми стратегиро тазмин карда, кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ ба унвони як шарики қобили эътимод, ҳомии собитқадами ҳамзистии мусолиматомез ва як ширкаткунандаи фаъол дар муколамаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардааст.  

Арзиши илмии беназирро як кишвари пас аз ҷанг, ки бо такя ба ҳокимияти президентӣ на танҳо тавонист идоракунии дохилиро барқарор кунад,  балки дар асоси баробарии соҳибихтиёрӣ вориди низоми байналмилалӣ гардад. Фаъолияти сиёсати хориҷии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — чи дар сатҳи минтақавӣ ва чи ҷаҳонӣ ба устувории соҳибихтиёрии миллӣ, тавсеаи равобити иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин шаклдиҳии симои мусоиди байналмилалии Тоҷикистон мусоидат намудааст.

Тамаркузи асосӣ бар сиёсати бисёрқутба, миёнҷигарии дипломатӣ ва ширкат дар ҳали масоили фаромарзӣ (алалхусус дар соҳаи манобеи обӣ, амният ва тавсеаи пойдор) Точикистонро ба унвони як кишвари саҳмгузори созанда ба рӯзномаи глобалӣ муаррифӣ мекунад.

Ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон, на танҳо як мақоми давлатӣ, балки рамзи давомати таърихӣ, сулҳу субот ва пешрафт буда, хамчун механизми муҳими мавқеъгирии сиёсати хориҷӣ амал мекунад. Дар ин замина, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ихтиёроти сиёсати хориҷии худро амалӣ мекунад, балки ҳуввияти байналмилалии кишварро шакл дода, салоҳияти ҳуқуқии онро тавсеа медиҳад ва дар арсаи байналмилалӣ аз манофеи миллӣ ҳимоят мекунад.

Ҳамин тариқ, таҷрибаи кишвар ва Пешвои муаззами мо ба унвони як намунаи муваффақ дар шаклдиҳии сиёсати хориҷӣ дар шароити пас аз бӯҳрон ва дар муҳити байналмилалии зудтағйирёбанда, сазовори омӯзиш ва таҳлили амиқи илмӣ аст. Ин амр на танҳо аҳамияти амалӣ, балки консептуалии сиёсати хориҷии муҳтарам Эмомалӣ Рахмонро низ нишон медихад — ба унвони намунае аз он, ки чигуна сарварии сиёсӣ, мубтанӣ бар тафаккури стратегӣ, метавонад субот, эҳтиром ва шинохти байналмилалии як кишварро тазмин кунад.

 

Шозедов Х. Н. – ходими илмии шуъбаи таҳқиқоти

                               стратегии назди Раёсати АМИТ

 

 

Хондан 40 маротиба

Матлабҳои дигар аз Равшанфикр