JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

(чанд мулоҳиза дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ)

  Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоле ироа гардид, ки Ватани азизи мо дар марҳилаи навини тараққиёт ва рушд қарор дорад. Ин марҳилаи таърихи миллӣ ва ватанӣ, аз як тараф, ба уфуқҳои тозаи ташаккули ҳувияти миллӣ ва рушди иқтисоди ватанӣ мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, моро дар рӯбарӯ бо мушкилоту хатароти глобалӣ вомегузорад. Ин аст, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ дар баробари воқеиятҳои имрӯзӣ амри зарурӣ ба шумор меравад. Дар зимн, шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо, ки боиси низоъ ва даргириҳои зиёди даҳшатбор дар манотиқи гуногуни сайёра, гардидааст, давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

    Алӣ Муҳаммадии ХУРОСОНӢ рӯзи 29-уми октябри соли 1950 дар деҳаи Нигноти Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Панҷакент,  дар оилаи омӯзгори маъруфу зиндаёд Муҳаммадии Аҳмади Зариф таваллуд шудааст. Маврид ба зикр аст, ки зиндаёд 104-соли расо умр дида, дар давраҳои маҳви бесаводӣ мавсуф  дар минтақаҳои дурдасти кишварамон ҳамчун омӯзгори маъруф кору фаъолияти мондагор ба сомон расонидаанд.

  Равобити байналмилалии муосир ба таври фазояндае бо печидагӣ, пӯёӣ ва чандқутбӣ машхасс мешавад. Дар ин замина, аҳамияти сарварии сиёсии фардӣ, ба вижа дар кишварҳое, ки дар марҳилаи тавсеаи пас аз ҷангӣ ҳастанду, барои эҷоди ниҳодҳои хукуматии пайдор кўшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд ва ба дунболи тақвияти иқтидори байналмилалии худ ҳастанд, рӯ ба афзоиш аст. Намунаи боризе аз гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки Президенти он, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чеҳраи калидии муайянкунандаи масирҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии он ба ҳисоб меравад.

  Дар ҷаҳони имрӯза, ки ҷаҳонишавӣ марзҳоро аз байн мебарад ва фазои иттилоотию фарҳангии ягона эҷод мекунад, масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ рӯз аз рӯз бештар матраҳ мегардад. Густариши равобит байни мардум, пешравии фанноварӣ, дастрасии бозорҳои ҷаҳонӣ, инчунин афзоиши ҷараёни муҳоҷират, дарки мутақобил ва мубодилаи идеяҳоро тақвият ва дар баробари ин хатари аз даст додани аслият, решаҳои фарҳангӣ ва марҷаи маънавиро низ ба миён меорад. Маҳз аз ин сабаб ҳувияти миллӣ ба унвони усси асосии (краеугольный камень) рушди иҷтимоӣ ва омили муайянкунандаи пойдории давлату муттаҳидии миллат шинохта мешавад. Дар даврае, ки башарият босуръат дар ҳоли ҳаракат ба сӯи ҷаҳонӣ шудан аст, ниёз ба дарки решаҳои миллӣ ва аслияти фарҳангии худ бавижа зарурӣ мешавад.

Саҳифа аз 1 то 200