JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 26 Ноябри 2020 07:59

Оё медонед, ки…

Муаллиф: Тошов Фирдавс Мунавварович

…аз 170 минерали то имрӯз маълуми мис танҳо 17- тоаш аҳамияти саноатӣ доранд.

…минералҳои аҳамияти саноатӣ доштаи мис инҳоянд: халкопирит, борнит, халкозин, ковеллин, энаргит, малахит, хризоколла, халкантит, куприт ва ғ.

…аз минералҳои ҷинсҳои беҳосил дар таркиби маъданҳои мисӣ кварс, калсит, шпати саҳроӣ ва ғ. бештар паҳн шудаанд.

…хризоколла (силикати мис) хеле бад ва баъзан вақт умуман флотатсия намешавад.

…маъданҳои мисие, ки 1,5% мис дошта бошанд маъдани бой ҳисобида мешаванд, ва маъданҳои оҳан бошанд онгоҳ бой ҳисобида мешаванд, ки оҳан дар таркиби он 30% бошад.

…дар таркиби халкопирит ба ғайр аз он, ки 34,6% мис, 30,5% оҳан ва 34,9% сулфур мавҷуд аст, боз ба миқдори хеле кам тилло, нуқра, руҳ, арсен, селен, теллур ва скандий мавҷуд аст.

…аз минералҳои руҳ аҳамияти саноатӣ танҳо сфалерит дорад.

…минералҳои аҳамияти саноатӣ доштаи волфрам инҳоянд: волфрамит, гюбнерит, ферберит ва шеелит.

…дар таркиби маъдан металлҳои сиёҳ, ранга ва нодирро бо фоиз (%) ҳисоб мекунанд ва металлҳои асилро бошад бо грамм дар тона (г/т).

…металлҳо ё компонентҳои арзишнок дар таркиби маъдан бо α ишора карда мешаванд ва дар маҳсулоти бойгардонӣ (консентрат) бо β.

…агар дар 1 метри мукааб ҷинси кӯҳӣ 0,1 карат алмос бошад, онгоҳ он ҷинс саноатӣ ҳисобида мешавад.

…агар танҳо як дона кристали алмос ҳангоми коркард ба партова гузарад, талафоти бузург ҳисобида мешавад.

…вулфенитро (PbMoO4) бо роҳи гравитатсионӣ бой гардонидан осон ва қулай аст зеро, зичиаш 6,8 г/см3 мебошад. 

…генезиси маъдан гуфта шарту шароити пайдоиш ва ташаккулёбии маъданро меноманд. 

…маъдане, ки  0,2 – 0,5% молибден дорад маъдани бой ҳисобида шуда маъдани сурбие, ки ҳамин қадар металл дорад ғайрисаноатӣ ҳисобида мешавад. 

…минерали аз ҳама мулоим талк аст.

…санги аз ҳама сахтарин алмос аст.

…минерали аз ҳама шӯр намаки ошӣ мебошад.

…минерали аз ҳама шаффоф қаҳрабо (янтар) аст.

 

…графит аз ҳама санги сиёҳтарин аст.

…миқдори оҳане, ки ба миқдори тиллои дар тӯли таърихи инсоният истихроҷшуда баробар аст дар 45 дақиқа истихроҷ карда мешавад.

…алмос дар кислотаҳо ҳал намешавад, ҳатто ҳангоми гармкунӣ.

…Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи нуқра дар шаҳон ҷои дуюмро ишғол мекунад. Агар ҳар сол дар Тоҷикистон 50 тон нуқра истеҳсол карда шавад, пас захираи нуқра зиёда аз 150 солро кифоят мекунад.

…Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи сурма дар Осиё ҷои сеюм (пас аз Чин ва Таиланд) ва якумро дар ИДМ ишғол мекунад. Захираи асосии сурма ба конҳои Джижикрут ва Кончоч рост меояд.

…ҳар сол дар ҷаҳон ба сари як нафар одам то 20 т ҷинси кӯҳӣ канда мешавад. 

…дар замони ҳозира зиёда аз 3000 минерал маълум аст.

…дар поракунакҳои навардӣ навардҳои сатҳашон дандонадор ва дағал назар ба навардҳои сатҳашон суфта пораҳои 45 маротиба калонро меқапанд, гарчанде қутри ҳарду навард баробар бошад.

…ғалберҳоро барои он, ки ҳангоми кор садои ниҳоят баланд доранд, бо забони русӣ «грохот» яъне, «раъд» меноманд.

…маҳсулоти ҳосил намудаи осиёи меҳварӣ нисбат ба осиёи саққоӣ хеле дурушт мебошад.

…ҳангоми то 40% бо саққо пур кардани устувонаи осиё раванди майдакунӣ хуб мегузарад.

…бо хурдшавии андозаҳои маъдани порашуда (маводи ибтидоии осиё) маҳсулнокии осиёҳои саққоӣ зиёд шуда арзиши майдакунӣ кам мешавад, лекин харҷи поракунӣ зиёд мешавад.

…қулайтарин ва арзонтарин роҳи нақлдиҳии маводҳои хушк аз як коргоҳ ба дигар коргоҳ ин – роҳи конвейерӣ аст.  

…сарфи кувваи барқ барои поракунии як тон маъдан бо поракунакҳои рӯявӣ 0,3 – 1,3 кВт соат аст, ки ин нисбат ба поракунакҳои конусӣ ҳангоми якхела будани дараҷаи поракунӣ  ду маротиба зиёдтар мебошад.

…дараҷаи поракунӣ то чанд маротиба хурд шудани андозаи пораро мефаҳмонад. Агар пораи ба поракунӣ воридшаванда  1500 мм бошаду пас аз поракунӣ андозааш 300 мм шавад онгоҳ дараҷаи поракунӣ ба 5 баробар мешавад, яъне пора 5 маротиба аз андозаи ибтидоиаш хурд шуд.

…барои поракунӣ, майдакунӣ ва бехтани маъдан дар ИМА ҳар сол 32 млрд кВт соат барқ сарф карда мешавад.

…ба осиёи худмайдакунӣ пораҳои андозаашон 500 мм-ро истифода мебаранд. Аз ин мебарояд, ки ба ин усули майдакунӣ маъдан ба поракунии хурд, миёна ва ҳатто калон ниёз надорад.

…он суръатеро, ки якҷоя бо устувона саққоҳо низ давр мезананду майдашавии маъдан ба амал намеояд, суръати критикӣ меноманд.

…андозаи пораҳои маводи воридшаванда ба осиёҳои саққоӣ одатан 10 мм ва ба осиёҳои меҳварӣ 15-20 мм-ро ташкил медиҳанд.

…флотатсия яке аз методҳои асосии бойгардонии маъданҳои ранга ба шумор меравад. Самаранок ва бо муваффақият истифода бурдани ин метод аз хосиятҳои хуби флотатсионӣ доштани аксар минералҳои ранга далолат медиҳад.

…новобаста аз он, ки флотатсия методи гаронбаҳотарини бойгардонӣ аст, онро қулайтарин ва муфидтарин мешуморанд. Ва иншунин новобаста аз он, ки зарари флотатсия нисбати дигар методҳо ба табиат хеле калон аст онро нисбати дигар методҳо бештар истифода мебаранд. Чунки бо ин метод маъданҳои фоизи ками минерал дошта ва ниҳоят маҳинзарра бой гардонида мешаванд.  

…флотатсия усули механикии коркарди маъдан мебошад, на химиявӣ.

…соли 1906-ум Н. Л. Салман, Н. Ф. Пикар ва И. Балло воридкунии ҳаворо ба пулпа бо воситаи импеллери даврзананда пешниҳод намуданд. Ҳамин тавр, флотатсияи кафкк ба вуҷуд омад.

…сулфиди натрий – сулфидкунандаи хеле хуб барои минералҳои металлҳои рангаи вазнин. Масалан ҳангоми сулфидизатсияи серуссит бо сулфиди натрий дар сатҳи минерал пардаи сулфиди сурб ҳосил мешавад, ки дар натиҷа серуссит хеле хуб флотатсия мешавад:

PbCO3+Na2S=Na2CO3+PbS.

…купороси мис барои сфалерит активатор буда, купороси руҳ бошад депрессор.

…ксантогенатҳоро ба намуди маҳлули обии 2-5%-а ба пулпа ворид месозанд.

…ба сифати металлҳои ҳамроҳ аз бисёр маъданҳои мисӣ тилло, нуқра, руҳ, молибден, никел ва ғ. истихроҷ карда мешавад.

…аз рӯи андоза, зичӣ, шакл ва ғ. ба таври табик қабатқабат ҷудо шудани (такшин шудани) маводро сегрегатсия меноманд.

…партоваҳои фабрикаҳои бойгардониро (агар безарар гардонида шуда бошанд) ҳамшун маводи сохтмонӣ истифода бурдан мумкин аст.

…шахтёри машҳури шӯравӣ – рекордсмен Алексей Стаханов дар асл номи дигар дошт. Пас аз он, ки баъди рекорди ӯ оид ба истихроҷи ангишт дар газетаи «Правда» мақолае чоп мешаваду ӯро саҳван Алексей ном мебаранд, ӯ маҷбур мешавад, ки ном ва шиносномаашро дигар намояд. Номи аслиашро то ҳол касе намедонад, баъзеҳо мегӯянд Андрей, бархеи дигар Александр.

…лабораторияи дохилифабрикавӣ дар дохили бинои асосӣ ҷойгир карда мешавад.

…вазифаҳои лабораторияи дохилифабрикавӣ аз инҳо иборат аст: таҳлили гранулометрии маҳсулотҳои аз осиё ва классификатор гирифташуда, муайян намудани таркиби маҳсулотҳои бойгардонӣ (консентрат, партова, маҳсулотҳои мувозӣ), муайян намудани сифати маҳсулотҳо ва нишондиҳандаҳои бойгардонӣ (истихроҷ ва баромади консентрат, самаранокии бойгардонӣ), муайянкунии консентратсияи реагентҳо дар маҳлул ва ғ.

…вазифаҳои лабораторияи илмӣ-тадқиқотӣ инҳоянд: тадқиқоти маъдан барои бойгардонӣ, коркарди технологияҳои нави самаранок барои бойгардонии маъдани додашуда, озмоиши технологияҳои нави кашфшуда, кашфи реагентҳои нав, тартиб додани реҷаи самараноки истифодабарии реагент, кашфи машинаҳои нав ва озмоиши он ва ғ.

Таҳияи

Тошов Фирдавс Мунавварович

 

Сарчашмаҳои истифодашуда

 

  1. Самиҳов Ш.Р., Зинченко З.А. Технологияи ғанигардонии маъданҳои металлҳои ранга. ДМТ, Душанбе 2014. - 592с.
  2. Низомов С.Б. Бойгардонии канданиҳои фоиданок. Чкаловск: ДКМТ-2014, 88 с.
  3. Назаров Х.М., Низомов С.Б. Равандҳои омодасозии маъдан барои ѓанигардонӣ. Китоби дарсӣ. - Хуҷанд: Хуросон. 2013. - 183 с.
  4. Егоров В.Л. Обогащение полезных ископаемых. Учеб­ник для техникумов. - М.: Недра, 1986. - 421 с.
  5. Авдохин В.М. Обогащение полезных ископаемых. Том 1. Обогатительные процессы. Учебник для вузов. Изд. 2-е. - М.: Издательство Московского государственного горного универ­ситета, издательства «Горная книга», 2008. - 417 с.
  6. Буторина М.В., Дроздова Л.Ф., Иванов Н.И. и др. Инженерная экология и экологический менеджмент. /Под ред. Иванова Н.И., Фадина И.М.. - М.: Логос, Университетская книга, 2004. - 520 с.
  7. Муҳаммадиев П.А., Фозилов М.М. Техникаи иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок. Дилди 1. Ковиши накбҳои куҳӣ - иктишофӣ. Душанбе: Матбааи ДМТ, 2013.-328 с.
Хондан 3652 маротиба