JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 04 Январи 2023 15:26

Аз қувваҳои гравитатсионӣ то ба мавҷҳои гравитатсионӣ (Бахшида ба физикдон ва олими барҷаста – Исаак Нютон)

Муаллиф: Ф.Шокир, Э.Э.Оқилов

  Таҳқиқоти физикдон ва донишманди шинохтаи асри XVII Исаак Нютон (04.01.1643 – 31.03.1727) дар таърихи рушди илми физика нақши калидӣ доранд. Агар ба масири рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ назар намоем то асри XVII илмҳои физика, химия, геология ва монанди инҳо ба доираи таҳқиқоти як маҷмӯи комплексии донишҳо – фалсафаи натуралӣ дохил мешуданд. Аз ин лиҳоз масалан, агар ба ҳолномаи олимони барҷастаи қарнҳои гузашта назар намоем, то асрҳои XVI-XVII дар шарҳи самти илмии онҳо калимаи “физикдон” ба назар намерасад, гарчанде ниёгони мо дар ин соҳаи донишҳои бунёдӣ доштанд. Сабаб дар он аст, ки илми физика то асрҳои XVI-XVII дар доираи фаъолияти фалсафа рушд мекард ва қонуниятҳои табиат бештар аз нуқтаи назари илми фалсафа маънидод карда мешуданд. Ин ҳам асос дорад, зеро агар ба таври умумӣ баён намоем, ҳам физика ва ҳам фалсафа аслан гирем – механизми кори табиатро меомӯзанд.

  Ҳоло бошад ба ҳама маълум аст, ки таърихи илми физика ҳамчун самти алоҳидаи илмӣ расман бо таҳқиқоти бунёдии И.Нютон дар интиҳои асри XVII оғоз ёфта, муаллифи ин таҳқиқот – ҳамчун асосгузори физикаи классикӣ шинохта шудааст.

  Дар таърихи илм се кашфиёти бунёдии И.Нютон махсусан қайд мешаванд – назарияи ҷозибаи умумиҷаҳонӣ ва қонунҳои ҳаракат, табиати нури рӯшноӣ ва ҳисобҳои риёзӣ. Гарчанде дар ибтидои асри ХХ назария ва қонунҳои И.Нютон аз ҷониби физикдони шинохтаи асри ХХ А.Эйнштейн бо назарияҳои дақиқтари фазо ва вақт иваз шуданд, бо вуҷуди он таҳқиқоти И.Нютон ҳамчун қадами устувори ғолибияти бечунучарои ҷаҳонбинии илмӣ нисбати ҷоҳилӣ, барои эҳёи андешаи илмии таърихи инсоният заминаи бунёдӣ ва саҳми беназир гузоштаанд.

  Аз ҷумла, дар раванди мукаммалнамоии физикаи классикии И.Нютон соли 1916 аз ҷониби А.Эйнштейн дар асоси назарияи умумии нисбият мавҷудияти мавҷҳои гравитатсионӣ пешгӯӣ карда шуд. Чӣ тавре, ки олимони соҳаи физика хабар доранд, соли 2016 ба инсоният муяссар шуд, ки аввалин маротиба дар асоси таҷрибаҳо мавҷҳои мазкурро ба қайд гирад. Ин кашфиёт, ки соли 2017 бо ҷоизаи Нобелӣ қадрдонӣ гардид, бори дигар саҳеҳии назария ва қонуниятҳои физикаро исбот намуданд. Бояд зикр намоем, ки мавҷҳои гравитатсионӣ аслан гирем лаппиши фазову-вақтро ифода менамоянд ва таҳқиқи бунёдии онҳо инсониятро бо имкониятҳои дар ҳақиқат бузурги илмию техникӣ муҷаҳҳаз хоҳад намуд.

 Ҳоло физикдонҳои муосир, дар заминаи таҳқиқоти олимони шинохтаи асрҳои гузашта, ба монанди И.Нютон ва А.Эйнштейн ба як қатор кашфиётҳои нав ноил гаштанд ва дар оянда дастрасӣ ба назарияву қонуниятҳои боз ҳам васеътару нави физикӣ пешбинӣ мешавад.

  Дар интиҳо қайд менамоем, ки илми физика яке аз соҳаҳои бениҳоят ҷолиби таҳқиқот мебошад, ки қодир аст дар тамаддуни инсонӣ рушди бесобиқаро ворид намояд, оғоз аз имконпазир будани телепортатсия то ба тағйири фазову вақт. Аз ин лиҳоз аз тамоми ҷавонони кишвар хоҳиш менамоем, ки ба илми мазкур боз ҳам бештар таваҷҷӯҳ намоянд ва дар оянда бо кашфиётҳои хеш номбардори халқу миллати тоҷиқ дар арсаи ҷаҳонӣ гарданд.

 

Ф.Шокир, Э.Э.Оқилов

Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Хондан 5825 маротиба