JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Филми мустанади Ҷашни сари сол аз ТВ Синамо, бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯз. Муаллиф ва ровӣ: Далер Ҳасанзода. Дар барнома донишмандони тоҷик Бӯризода Анвар Маҳмад, Мирҳусен Нарзиев, Суннатулло Ҷонбобоев, Ризои Баҳромзод, Нурзода Ҳабибҷон ва Номвар Қурбон иштирок кардаанд.
Дар барномаи навбатии Нобиғаҳо аз ТВ Синамо сухани сари се нобиғаи тоҷик бародарон Бану Мусо меравад: Муҳаммад, Аҳмад ва Ҳасан писарони Мӯсо ибни Шокири Хуросонӣ. Онҳо дар инкишофи илмҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва назарияи мусиқӣ нақши бузурге гузоштаанд. Муаллифи «Таъриху-л-ҳукамо» — Қифтӣ менависад, ки Мусо ибни Шокир аз Хуросон буда, дар овони ҷавониаш роҳзаниву авбошӣ мекардааст. Бо ҳокими Хуросон Маъмун (786—833) шиносоӣ пайдо карда, ба ӯ наздик мешавад. Пас аз сар задани ҷанги шаҳрвандӣ Маъмун (с. 813) Бағдодро гирифта, халифа мешавад ва Мусо ибни Шокир бо Маъмун ба Бағдод мекӯчад. Ӯ дар Бағдод илми нуҷумро омӯхта мунаҷҷими машҳури замон мешавад. Пас…
Панҷшанбе, 23 Майи 2024 14:12

Устод Лоиқ шоири мардумӣ

Муаллиф:
Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, ходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Зоҳири Сайфулло иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Устод Лоиқ шоири мардумӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Суҳбати ихтисосии муҷрии барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” Исомиддин Шарифзода бо доктори (PhD) дар соҳаи геология Ҷовид Аминов дар мавзуи “Маъданҳои нодирзамин ва аҳмияти онҳо дар рушди технологияҳои навин”. Лутфан, таваҷҷуҳ фармоед.
Душанбе, 12 Феврали 2024 11:50

Кӯҳҳои Помир ва тектоникаи тахтасангӣ

Муаллиф:
Суҳбати ихтисосии муҷрии барномаи телевизионии “Фарҳанги муосир”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” Исомиддин Шарифзода бо доктори (PhD) дар соҳаи геология Ҷовид Аминов дар мавзуи “Кӯҳҳои Помир ва тектоникаи тахтасангӣ”. Лутфан, таваҷҷуҳ фармоед.
Саҳифа аз 1 то 25