JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 19 Ноябри 2020 04:20

Қадами аввалин дар шоҳроҳи номаълум (Ҳикоя)

Муаллиф: Дидавар БЕКЗОДА
Қадами аввалин дар шоҳроҳи номаълум (Ҳикоя) http://krop-zbs.ru

  Имрӯз охирин рӯзест, ки  дӯстони ҷонӣ ва ҳамкурсон аз ҳам ҷудо мешаванд. Барои Шариф, Нилуфар, Сурайё ва Ҷовид рӯзи вазнин  аст. Имрӯз рӯзест, ки онҳо ба роҳи зиндагии мустақилонаи худ равона  мешаванд, чунки  курси панҷумро хатм кардаанд. Дипломҳояшонро ботантана гирифтанд.  Ба ҳамин хотир, ба ин хулоса омадаанд, ки пеш аз ҷудо шудан аз ҳамдигар ва ба шоҳроҳи мустақили зиндагӣ қадам задан,  дар тарабхонаи  “Саодат” нишаста, охирин маротиба даврони донишҷӯияшонро  ҷамъбаст  намоянд.  Ҷойи нишастро интихоб карданду нишастанд. Дар болои мизе, ки нишаста буданд,  феҳристи  номи  хӯрокҳо гузошта шуда буд.  Духтари зебое, ки вазифаи пешхизматиро адо мекард, назди онҳо омад.  Онҳо хӯрокҳоро интихоб намуданд.  Дар варақа-бейҷик, ки пеши бари пешхизмат насб шуда буд, бо ҳарфҳои калон вожаи “Фирӯза” намоён мешуд ва аз ин тариқ аён мегардид, ки ин исми хос ба духтари пешхизмат иртибот дорад.

Фирӯза гуфт:

-Шумо хӯрок интихоб кардед?

-Бале, - бо садои нарм посух доданд шарикдарсон. 

Фирӯзаи пешхизмат фармоишҳои ҳамсабақонро як-як ба дафтарчааш сабт карда, аз пайи иҷрои супоришот шуд. Ҳар як аз шарикдарсон ва ҳамсабақон, ки охирин лаҳзаҳои ширини даврони донишҷӯйиро пушти сар мегузоштанд, бо нигоҳҳои пурмеҳр ба якдигар чашм дӯхта, пас аз замоне сукут ба суҳбати дӯстонаю самимона оғоз карданд.

Сурайё бо  овози ғамгинона гуфт:

-Аз ин ба баъд ҳар яки мо дар зиндагӣ бо роҳи худ раҳсипор мешавем. Тақдири ояндаи мо маълум нест ва намедонем, ки дар оянда моро чӣ интизор аст? Аммо имрӯз муҳимтарин рӯз дар зиндагии  мост.

Ва баъди андаке мулоҳиза ба суханаш идома дод:

- Шариф, ту кай хонадор мешавӣ, ки дар базми домодию арӯсӣ рақсу шодӣ  намоем?

Шариф. ки ботинан ҳазин менамуд, худро зоҳиран бепарво нишон дода, ба ҳамсабақаш гуфт:

-Падару модарам чунин нақша кашида буданд, ки донишгоҳро, ки хатм кардам, маро хонадор менамоянд.

Нилуфар ба суҳбат ҳамроҳ шуда: 

-Шумо дар бораи издивоҷ чизе гуфтед ва саволе дар фикрам омад, ки  кайҳо боз дар бораи он ҷавоби дуруст меҷустам, вале то ҳол наёфтаам. Саволи ман ба ҳамаи Шумо дахл дорад.

Ҳамсабақон ҳама бодиққат ба тарафи Нилуфар нигаристанд.

-Савол ин аст, -- гуфт Нилуфар: 

-Издивоҷи муваффақ аз чӣ иборат аст?

Ҷовид, ки аз оғози суҳбат ба гуфтори ҳамсабақон ҷиддӣ таваҷҷуҳ менамуд, чунин ранг гирифтани нишасти охиринро интизор набуд, бо вуҷуд, аввалин шуда, ба гап даромад :

-Нилуфар саволи ҷолиб ва муҳимро дар миён гузошт. Мо бояд ба ин савол ҷавоби дурустро пайдо кунем, чунки ҳамаи мо дар зиндагии минбаъдаамон ба ин савол рӯ ба рӯ хоҳем  шуд.

Шариф давом дод:

-Мо чор нафар бо навбат ба ин савол ҷавоби худамонро мегӯем. Шояд дар гуфтаи кадоме аз мо ҷавоби дуруст бошад. Ё шояд дар асоси гуногунии андешаҳо ба ҷавоби саҳеҳ бирасем. Аввал аз Ҷовид шурӯъ мекунем. Ҷовид марҳамат, навбати ту.

Ҷовид ангушти дуюми дасташро болои миз гузошта, як каме бо худ андеша карду гуфт:

-Ташаккур  дӯстон.  Агар масъала ин бошад, ман бар ин назарам, ки издивоҷи муваффақ, бардавом нигоҳ доштани шӯълаи  эҳтиром  дар  хонавода  аст.

Посухи Ҷовид ба охир нарасида, Нилуфар саросемавор риштаи суханро ба даст гирифт:

-Ҷовид, ки табъи  шоирӣ дорад ва шоири хуб низ ҳаст, тавассути маҷозу истиора ва анвои дигари каломи бадеъ суханашро пардоз медиҳад.  Пас, ба назари ту, бояд хушбахтии оила дар асоси эҳтироми  якдигар  ташкил  карда шавад? Ман туро дуруст фаҳмидам? 

Ҷовид хост, ки дигарон ҳам дар ин баҳс фаъол бошанд, бинобар ин, бо посухи кӯтоҳ суханашро қатъ кард:

-Бале Нилуфар,  дуруст фаҳмидӣ.

Шариф, ки аз оғози суҳбат ҳадафи тавсеа ёфтани доманаи баҳсро дунбол мекард, ба Сурайё рӯй овард:

- Ба назари ту, издивоҷи муваффақ чӣ гуна аст?

Сураё хандида гуфт:

 -Ман то ҳол издивоҷ накардаам, аз куҷо медонам, ки издивоҷи  муваффақ  чӣ гуна  аст?  Медонам, чун шумо, дӯстон исрор меварзед, майлаш, кӯшиш мекунам, ки дар ин маврид назари худамро баён намоям. Ба фикри ман, издивоҷи муваффақ издивоҷест, ки дар асоси дӯстдории самимии байни писару духтар ба вуҷуд меояд. Ман ин масъаларо ҳамин тавр мефаҳмам.

Шариф, ки дар ин баҳс худро дар мақоми довар  тасаввур мекард, суханро ба Нилуфар дод. Нилуфар ҳассосияти масъаларо дарк карда, гуфт:

-Зинда бошӣ, Шариф. Воқеан, ҷавоб додан ба ин савол бисёр душвор аст. Чунки ҳар кадоми  мо ҳанӯз ба шоҳроҳи зиндагии мустақил қадам нагузоштаем. Вале, ба гумони ман, қадами аввалини мо баъди баромадан аз ин тарабхона гузошта мешавад.  Ва  фикр мекунам, ки издивоҷи  муваффақ ҳангоме муяссар мешавад, ки оила дорои сарвати зиёд бошад. Инсони сарватманд ба мушкилӣ кам рӯ ба рӯ мешавад. Андешаи ман доир ба ин мавзӯъ ҳамин аст.

Сурайё  посухи  кӯтоҳи шарикдарсонро як-як шунида, хеле муҳим будани масъалаи издивоҷ ва дар айни замон, бахту саодати хонаводагиро дарк мекард. Дар ин ҳолу ҳаво Шарифро мухотаб қарор дод:

- Шариф, ҳамаи мо назарамонро изҳор намудем ва акнун навбат ба ту расид.

Шариф бо табассуме малеҳ ба сухан даромад:

-Ман гуфтаи Сурайёро такрор мекунам:  дар бораи  чизе, ки онро ҳанӯз надидаам ва бо он рӯ ба рӯ нашудаам, чизе гуфта наметавонам.

Ҷовид давоми сухани Шарифро мунтазир нашуда, тундона сухан гуфт:

-Ту чӣ, фикр мекунӣ. ки мо бо ин ҳодиса кайҳо боз рӯ ба рӯ будаем? Мо ҳам ҳанӯз ба ин марҳилаи ҳассоси зиндагӣ нарасидаем, вале зарур мешуморем, ки дар ин замина гуфтугӯ кунем ва ба ин навъ пурсишҳо, дар доираи тавонмандиҳоямон посух бидиҳем.

Шариф ҳеҷ интизор надошт, ки посухи ӯ ҳангома бармеангезад ва боиси тундгӯйии ҳамсабақаш Ҷовид мегардад. Аз ҷониби дигар, тунд шудани суҳбат, ки қабл аз ҳама, ба гуноҳ-посухи Шариф иттифоқ афтода буд, ӯро нороҳат кард. Шариф худро як кам ҷамъу ҷур карда, бо нимнигоҳе тарафи Ҷовид афзуд:

-Дӯстон, маъзарат мехоҳам, ки посухи ман боиси нофаҳмиҳо гардид. Иҷозат диҳед, ба Шумо як чизро арз кунам. Боре як шахси бисёр арҷманде ба ман ҷавоби ин саволро гуфта буд. Чанд сол пеш ман як духтарро мешинохтам. Духтаре зебо, доно ва аз ман чанд сол бузургтар буд.  Чанд маротиба бо ӯ суҳбат доштам. Мутаассифона, он духтар, хеле ҷавон аз олам даргузашт.  Ман маҳз аз забони ӯ шунида будам: “Издивоҷи муваффақ, ин доштани истеъдоди баланди дӯстӣ бо ҳамсари худ аст. Агар инсон истеъдоди дӯстии хуб бо ҳамсари худ дошта бошад, саодат ва хушбахтӣ насиби ӯ мегардад”.

Суҳбати Шариф дар авҷи тафсиш буд, ки пешхизмат бо ғизо-фармоишот назди миз пайдо шуд ва аз ҳамсабақон иҷозат хоста, муаддабона ба суҳбат шарикӣ кард (аз сатҳи огоҳӣ ва тарзи муносибати пешхизмат маълум буд, ки ӯ ноаён баҳси ҳамсабақонро пайгирӣ мекардааст):

-Воқеан, ин бародар (нозукона ба тарафи Шариф ишора карда) рост мегӯяд. Дирӯз дар тарабхонаи мо як оила бо се фарзанди хурдашон  меҳмон  шуда  буданд. Зоҳиран хушҳол ва хурсанд менамуданд. Ман ба онҳо хӯрок  меовардам  ва  аз  рафтори  онҳо  хушам меомад. Ҳангоме ки шавҳари он зан  барои  бо  телефон  гап  задан  ба  берун баромад, аз занаш пурсидам: шумо ин қадар хушҳол ва хушбахт менамоед.  Ман муносибати шуморо дида, ҳавасам омад. Агар махфӣ  набошад, муаммои  саодати  шумо  дар чист? Ва медонед, он зан дар ҷавоб ба ман чӣ гуфт? Ӯ гуфт: шавҳарам, пеш аз оне, ки шавҳари ман бошад, дӯсти беҳтарини ман аст. Аз ҳамин сабаб, ӯро зиёд дӯст медорам.

  Баъди шунидани посухи Фирӯзаи пешхизмат, ки аз ҳамроҳ шуданаш ба баҳси ҷиддӣ изҳори қаноатмандӣ мекард, Нилуфар, Сурайё ва Ҷовид бо аломати ризоият сар ҷунбонида, нуктаи духтари фавтидаеро, ки чанд дақиқа пештар Шариф аз забони ӯ фармуда буд:  “издивоҷи муваффақ ин доштани истеъдоди баланди дӯстӣ бо ҳамсари худ мебошад” тасдиқ карданд ва ба  дурусту мантиқӣ будани он ҳамагӣ бовар ҳосил намуданд.

  Аз вазъи рӯҳию равонӣ ва ҳолати фикрии ҳамсабақон ҳадс задан мумкин буд, ки онҳо посухи дуруст ва мантиқиро дар заминаи издивоҷи муваффақ ва бахту саодати хонаводагӣ пайдо карданд. Баробари аз тарабхона мураххас шудан, онҳо, инак, аввалин қадамҳои худро ба  шоҳроҳи  номаълуме, ки “зиндагии мустақилона” ном дорад, мегузоранд ва ҳар яке ин шиоргунаро зери лаб тараннум мекунанд: “Падруд айёми ширини донишҷӯйӣ, дуруд замони зиндагии мустақилона”!

Дидавар БЕКЗОДА

ҷомеашинос

Хондан 7562 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Рӯдакӣ ва Хоқонӣ