JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
За последние десятилетия в результате неуклонно возрастающего антропогенного воздействия на окружающую среду, расширения городов на основе активного процесса урбанизации, массового городского и сельского строительства и связанное с этим увеличение жилищно-бытовых отходов, в том числе сточные воды, развитие транспортной инфраструктуры, способствующее возрастанию концентрации выхлопных газов и асфальтной пыли в атмосферном воздухе, действующие теплоэлектростанции, расширение агропромышленного комплекса (животноводческие хозяйства, агрохимикаты и нефтепродукты), создание многочисленных инженерно-технических сооружений и широкого спектра малых и больших промышленных предприятий, изменения климата и многие другие процессы приводят к глобальному загрязнению среды обитания человека, прежде всего атмосферного воздуха и почв различными поллютантами. Установлено, что основными источниками загрязнений являются химические вещества, используемые или производимые в результате активной деятельности вышеперечисленных предприятий, в том числе опасными для здоровья человека соединениями тяжелых металлов [1].
Печидаи квантӣ (Quantum entanglement) як падидаи физикӣ мебошад, ки дар он ҳолати квантии ду ё зиёда объектҳо ба ҳамдигар вобастагӣ пайдо мекунанд. Он ҳолате, ки бо як зарра дар ҷуфти печида рӯй медиҳад, бо дуюмин ба кадом дучор мешавад, ҳатто агар онҳо барои таъсир ба ҳамдигар хеле дур бошанд ҳам, муайян мекунад. Моҳияти ин аз он иборат аст, ки ченкунии ягон параметри як зарра бо гирифтани маълумот дар бораи ҳолати зарраи дигар фавран (бештар аз суръати рушноӣ) ҷараён мегирад. Назария солҳои 30-уми асри ХХ ба вуҷуд омада, физикдони барҷаста А.Эйнштейнро дар ҳайрат монда буд, вале бо гузашти вақт исбот шуд, ки – назария комилан дуруст аст. Бо сухани оддӣ баён кунем – ду заррачаи “печида”-ро агар ба дилхоҳ масофа аз ҳамдигар дар канор гирем (ҳатто ба 2 тарафи галактика низ), пас агар якеро тағйир диҳем, оид ба тағйир ёфтани дуюмин ҳамоно маълумот ҳосил кардан мумкин аст. Ҳолати мазкур умуман гирем дар назари оддӣ мувофиқи назарияи нисбияти А.Эйнштейн набуд, зеро тибқи ин назария суръати таъсирот ё мубодили иттилоот аз сурати рушноӣ (300 000 км/с) бештар буда наметавонад. Вале назарияи печидаи квантӣ исбот мекунад, ки масалан 2 заррачаи “печида” новобаста аз он, ки аз ҳамдигар дар кадом масофа мебошанд, алоқамандии фаврӣ доранд. Соли 2022 ҷоизаи Нобел аз физика маҳз барои далелҳои таҷрибавии назарияи печидаи квантӣ дода шудааст.
Таҳқиқоти физикдон ва донишманди шинохтаи асри XVII Исаак Нютон (04.01.1643 – 31.03.1727) дар таърихи рушди илми физика нақши калидӣ доранд. Агар ба масири рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ назар намоем то асри XVII илмҳои физика, химия, геология ва монанди инҳо ба доираи таҳқиқоти як маҷмӯи комплексии донишҳо – фалсафаи натуралӣ дохил мешуданд. Аз ин лиҳоз масалан, агар ба ҳолномаи олимони барҷастаи қарнҳои гузашта назар намоем, то асрҳои XVI-XVII дар шарҳи самти илмии онҳо калимаи “физикдон” ба назар намерасад, гарчанде ниёгони мо дар ин соҳаи донишҳои бунёдӣ доштанд. Сабаб дар он аст, ки илми физика то асрҳои XVI-XVII дар доираи фаъолияти фалсафа рушд мекард ва қонуниятҳои табиат бештар аз нуқтаи назари илми фалсафа маънидод карда мешуданд. Ин ҳам асос дорад, зеро агар ба таври умумӣ баён намоем, ҳам физика ва ҳам фалсафа аслан гирем – механизми кори табиатро меомӯзанд.
Саҳифа аз 1 то 19