Дар замони муосир, яке аз самтҳои калидии пешравии кишварҳои ҷаҳон – рушди раванди таҳқиқот ва таълим дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад, зеро таҷрибаи даҳсолаҳои охир нишон медиҳад, ки илмҳои мазкур ҳамчун асоси дастовардҳои инноватсионии кишварҳои ҷаҳон ва баланд баровардани некӯаҳволии шаҳрвандони онҳо мавқеи марказӣ ва аслии хешро ишғол намуда истодаанд. Вобаста ба ин дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шаклҳои гуногуни рушди илмҳои дақиқ тариқи кор карда баромадани стратегияҳову барномаҳои давлатӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ амалӣ шуда истодаанд. Дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ бо дарки ин воқеъият аз ибтидои таъсисёбии ин ташкилоти байналмилалӣ ба рушду устувории равандҳои муттаҳидшавӣ дар соҳаи илм аҳамияти махсус дода мешавад. Вобаста ба ин соли 2007 дар Дурнамои рушди минбаъдаи ИДМ ба вуҷуд овардани фазои умумии илмӣ, таълимӣ ва иттилоотӣ ҳамчун масъалаи асосии ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ муайян карда шуд. Дар ин асос ҳоло дар чаҳорчӯбаи ИДМ баҳри рушди ҳамкориҳои илмӣ як қатор сохторҳои байнидавлатӣ таъсис дода шудаанд ва бомуваффақият фаъолият бурда истодаанд, ки дар раванди ҳамкории илмии кишварҳои ИДМ масъалаҳои муайянро ҳал мекунанд. Аз ҷумла Шўро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои ИДМ, Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ, Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсозии иттилооти илмӣ-техникӣ.