Солҳои охир дар сохтани таҷҳизоти нимноқилӣ, дар асоси пайвастагиҳои нимноқилии таркиби эвтекти антимониди никел бо антимониди кадмий, арсениди никел бо диарсениди кадмий ва ғайра макоми хосе касб кардааст. Онҳо чун масолеҳи сохтани магнеторезисторхо, датчик (бозгирифт)-ҳо, детектор (ошкоргар)-ҳои ҳудуди андозагирии садояшон мухталиф ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Истифодаи онҳо барои ба миён овардани термоэлементҳои анизотропӣ аз монокристалллҳои пайвастагиҳои нимноқилии анизотропияш бузурги қувваи электродиҳандааш калон таркиб ёфта, дар сохтани ҷиҳози нимноқилии фаъолияташ васеъ истифода карда мешавад. Шумораи нимноқилҳои хусусияти созгордошта дар мукоиса бо термоэлементҳои анизотропӣ он қадар зиёд нест. Дар ҳақиқат, барои афзудани ҳасосияти ва зудамалкунии термоэлементхои анизотропӣ масолеҳе зарур аст, ки он дорои ноқилияти баланд ва гармигузарониаш хеле калон бошад.