JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 31 Майи 2023 17:14

Биотерроризм

Муаллиф: Зебониссо ЗИЁЕВА

   Мусаллаҳгардонии нав, силоҳҳо ва фановариҳои микробӣ бештар мавриди таваҷҷуҳи ташкилотҳои террористӣ қарор гирифтааст. Метавон бо ҷуръат гуфт, ки яроқҳои ҳастаӣ дигар як хатари аслӣ нестанд ва танҳо як қудрати потенсиалӣ ба ҳисоб мераванд. Имкони зиёд аст, ки бештари кишварҳое, ки соҳиби ингуна силоҳҳо ҳастанд, ба осонӣ наметавонанд аз онҳо бар зидди душманони худ истифода намоянд, зеро оқибатҳои фарогирии истифодаи ингуна силоҳҳо чунон густурда аст, ки қисмати бузурги ҷаҳонро дарбар хоҳад гирифт. Шуъоҳои радиоактивӣ, гарду ғуборҳои атомӣ, туфони атомӣ, ки дар қолаби марзҳои ҷуғрофӣ намеғунҷанд, қисмати васеъеро олуда хоҳанд кард. Табиатан ҳар кишваре, ки аз ин силоҳҳо истифода мекунад ва зараре, ки ба давлатҳои ҳамсоя мерасад, бояд ҷавогӯ бошад. Истифода ва истеҳсоли силоҳи биологӣ ва ҳама зербобҳои он аз ҷониби Конвенсияи байналмилалии Женева аз 17-уми июни соли 1925 манъ карда шудааст.[1]

  Аз сӯйи дигар, силоҳҳои кимиёӣ низ чандон интихоби муносибе барои  фаъолиятҳои террористӣ нестанд. Мушкилӣ дар нигаҳдорӣ ва истифодабарӣ, вақти муайяни кутоҳ, хавфи нобудшавӣ ва ғайраҳо боис шудааст, ки чандон мавриди қабули террористон набошанд. Ҳарчанд ин як интихоби муваффақ дар майдони ҷанг буд, пас аз он ки Конвенсияи Женева оид ба манъи истифодаи онҳо дар соли 1935 аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон ба имзо расид, аммо кишварҳои душман аз он бо эҳтиёт истифода мекунанд, ки ин, албатта, ба абарқудратҳо низ дахл дорад. Ҳоло ҳам зери фишори шадиди афкори ҷамъиятии ҷаҳон қарор хоҳанд гирифт.

  Аз ин рӯ силоҳҳои микробӣ, чи дар арсаи ҷангӣ чи дар арсаи террористӣ, василаи бисёр хубе барои душманон шудааст. Иқтидори баланди истеҳсолӣ, нигоҳдории хуб, қобилияти интишор, қобилияти муҳофизати қувваи худ, қобилияти таҷдиди дубора барои омилҳои микробҳои зинда, душвориҳои зиёд дар пайгирии шахсони алоҳида ё шахсони алоҳидаи ҷангҷӯ, доираи амалиёт аз одам то чорводорӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ва бисёр манфиатҳои дигар ташкилотҳои террористиро ба ин технологияи нав оварда расонданд. Силоҳҳои микробӣ, бахусус дар арсаи терроризми давлатӣ ва бар зидди сохторҳои саноатӣ-кишоварзӣ дар солҳои охир бисёр ба кор рафтааст. Ба унвони мисол, Кореяи Шимолӣ, паҳншавии вабо дар Пхенянро дар охирҳои солҳои 80-ум натиҷаи фаъолияти ҷосусҳои амрикоӣ медонад, ки бо ҳадафи маҷбур кардани ин кишвар бо пазируфтани шароити давлатҳои аврупоӣ-амрикоӣ барои қатъи озмоишоти ҳастаӣ анҷом шудааст.

  Тибқи назари коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ), дар айни замон 17 кишвари ҷаҳон қобилияти истеҳсоли чунин маводро доранд. Истеҳсол, истифода ва интишори як силоҳи биологӣ бисёр арзонтар аз бомби атомӣ буда ва камтар эҳсосоти ҷаҳониёнро ба ҳаяҷон меорад. Албатта, истифода аз ин силоҳҳо то андозае барои террористон бехатар мебошад. Одатан муайян кардани микробҳо ва мубориза алайҳи онҳо мушкил аст. Ба унвони мисол, дар сурати интишори ин ангеза дар оби як минтақа то давраи безараргардонӣ сипарӣ шавад ва эъломи беморӣ зоҳир шавад, чанд руз тӯл мекашад, ки фурсати муносибе барои террористҳо аст, то ба ҳадафҳои худ бирасанд. Интиқоли микробҳо ё ин ки силоҳи микробӣ низ аз як кишвар ба як кишвари дигар ба воситаҳои гуногун, ҳатто нақлиёти одии мусофирбарӣ осон ба назар мерасад. Ба унвони мисол, ба дохили капсул хокаи антраксро ҳамчун дору андохта ба ҷойҳои зарурӣ мувофиқи мақсадашон бурда мерасонанд. Ин ангезандаҳои бемориовар аз роҳҳои гуногун дар ҷомеаҳо мавриди истифода қарор мегиранд. Интишори ангезандаҳои зараровар дар ҳаво, об, маводи ғизоӣ, анвои маводҳои консервашуда, асбобҳои бозӣ, ҳадяҳо ва ғайраҳо собиқа доштааст. Истифода аз ангезандаҳои биотерроризм бар асоси ҳадафҳои террористҳо сурат мегирад. Дар сурате, ки терроризм қасди густариши васеъи бемориро дошта бошад, аз ангезандаҳое монанди чечакӣ (бемории бачагонаи сирояткунанда) инсон истифода мекунад, ки ба осонӣ аз фарде ба фарди дигар мунтақил мешавад ва боиси олудагии васеъ мешавад ва дар сурате, ки мақсади он мавриди ҳадаф қарор додани шахси хосе бошад, аз ангезандаҳое ба монанди шорбун (сибирская язва) ва ғайраҳо истифода мекунад.

 Дар робита бо мафҳуми биотерроризм коршиносони Интерпол қайд мекунанд, ки “Биотерроризм истифодаи огоҳонаи агентҳои биологӣ ба мисли бактерияҳо, вирусҳо ва токсинҳо барои осеб расонидан ё нобуд кардани одамон, ҳайвонот ё растаниҳо, паҳн кардани тарс, бо мақсади майл кардани давлатҳо ё ҷомеаҳо ба пайравии ҳадафи мушаххаси сиёсӣ ва ё иҷтимоӣ мебошад”.[2]

  Ҳамлаҳои биотеррористӣ иборат аст аз пахш кардани вирус, бактерия, микроб ё дигар ангезандаҳои зараровар, ки сабаби беморӣ ва марг дар байни одамон, ҳайвонот ва наботот мегардад. Кашф ва шиносоии як ҳамлаи биологӣ сахт ва душвор ба шумор меояд.

  Таъсироти як ҳамлаи биотеррористӣ ба чаҳор даста тақсим мешаванд:

  1. Физикӣ: паҳншавии беморӣ;
  2.  Равонӣ: паҳншавии тарс ва ваҳшат;
  3.  Иқтисодӣ: маҳдудиятҳо барои сафар ва кӯчидан, қатъи фаъолияти иқтисодӣ ва тиҷоратӣ;
  4.  Экологӣ: осеб дидани инсонҳо, ҳайвонот, наботот, олуда шудани манбаҳои табиӣ, мисли манбаи об.

 Биотеррористҳо маъмулан гурӯҳҳо ва ҷунбишҳои сиёсӣ ва фирқаҳои мазҳабӣ ё ашхосе ҳастанд, ки тавоноии истеҳсол ва бакоргирии силоҳҳои биологиро доранд.

  Ҳамин тариқ, муайян карда шудааст, ки дар 67 кишвари дунё 543 маҷмӯи штаммҳои бактериявӣ ҷамъоварӣ карда шуда, 54 маркази тиббӣ патогенҳои сӯзанда ва 18-тои он – ваборо нигоҳ медоранд ва рӯйхати вирусҳо ва бактерияҳо тақрибан 48 организм, аз ҷумла 25 вирус, 13 бактерия, 10 токсинро дар бар мегирад.[3]

  Хулоса, ҷаҳон имрӯз нисбат ба ним қарн қабл бо фазои нооромтар ва таҳдидҳои зиёде рӯ ба рӯ аст. Ин ҳам бошад далелҳои гуногун дорад. Шояд муҳимтарин далели он ин бошад, ки давлатҳо дигар танҳо бозингарони муқтадири арсаи сиёсӣ нестанд ва бозингарони ғайридавлатӣ низ дар арсаҳои гуногун нуфуз пайдо кардаанд. Гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумлаи бозингарони ғайридавлатӣ ва ғайрирасмӣ ҳастанд, ки ба воситаи пул, дониш ва силоҳ иқдомоти террористии гуногунро анҷом медиҳанд. Дар 20 соли охир баъзе давлато қурбони ҳамалоти гурӯҳҳои террористӣ гаштаанд, ки ин сабаб шудааст амнияти шаҳрвандон дар зери хатар қарор гирад.

Зебониссо ЗИЁЕВА

ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

[1] Онищенко Г.Г. Противодействие биологическому терроризму. М.: Петит –А, 2003.  С. 13-14.

[2] Руководство по прогнозированию и предотвращению актов биотерроризма. ICPO — Interpol. 2007. C. 7.

[3] Рубинштейн Э. Биотеррирзм: значение антимикробных препаратов.  Электронный ресурс. Дата обращения 14.09.2022 г. http://www.antibiotic.ru/cmac/200134/290text.htm.

Хондан 1507 маротиба

Китобҳо