JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 14 Июли 2025 10:40

Адабиёти бадеӣ ва ниёзҳои иҷтимоӣ

Муаллиф: Меҳр Собириён

 (бардоштҳо дар заминаи маҷмуаи ҳикояҳои таҳиянамудаи шарқшиноси муосири миллӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов зери унвони “Ҷиҳози арӯс”)

Дар рушду пешрафти ҳар кишваре мардуми бофарҳанг, меҳанпараст ва соҳибтахассуси он нақши калидӣ дорад. Захираҳои зеҳнии ҳар миллат пояи асосии ба иҷро расонидани ҳадафҳои бузург мебошанд. Дар ин миён, адабиёти бадеӣ дар тарбияи мардуми бофарҳангу соҳибтахассус ва худшинос мақоми арзанда дорад. Ба воситаи ин абзор корҳои тарбиявӣ дар ҷомеа амалӣ гашта, шаҳрвандон дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ, ҳалолкорӣ, масъулиятшиносӣ ва зиндагидӯстӣ тарбия меёбанд. Аз ин ҷост, ки адабиёт дар баробари театру синамо ва Васоити ахбори омма дар ростои зеҳниятсозӣ дар ҷомеа хизмат намуда, ҳувияти миллиро боло мебарад ва таъсири падидаҳои манфие ба монанди хурофоту бегонапарастӣ ва ифротгароиву нафратпароканиро кам мекунад. 

Миллати тоҷик низ адабиёти оламшумулеро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуда, дар ростои тарбияи инсонҳо дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ, ҳалолкорӣ, масъулиятшиносӣ ва зиндагидӯстӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст. Адабиёти чандҳазорсолаи мо дар тули қарнҳо ба миллати мо хизмати шоиста намуда, тариқи тарҷума ба дигар забонҳо  ба миллатҳои дигар низ таъсири худро гузоштааст. Дар баробари ин, тарҷумаи асарҳо аз дигар забонҳо ба забони порсӣ-тоҷикӣ дар таърих зиёд ба мушоҳида мерасид, ки таъсири онҳо низ ба ҷомеаи кам набуд. Тарҷумаи асарҳои юнонӣ, ҳиндӣ, чинӣ ва ғайра дар рушди илму адаби мардуми ориёӣ ва ба ин васила ба кулли ҷомеа таъсир расонида, ҷомеаи моро ба зинаҳои болотари пешрафту тараққиёт мерасонд ва ҳоло ҳам расонида метавонад. Махсусан, адабиёти Ҳиндустон, ки мардуми он ҳам аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ва ҳам аз ҷиҳати нажодӣ ба мо наздик мебошанд, дар ҳама давру замон барои мардуми мо диққатҷалбкунанда буд ва ҳоло ҳам мебошад. Имрӯз ҳам олимону донишмандони мо бо ҳадафи тарбияи неки мардум, махсусан насли наврасу ҷавон, беҳтарин асарҳоро аз забонҳои ҳиндиву урду ба порсӣ-тоҷикӣ тарҷума намуда, пешкаши хонандагон мегардонанд. Яке аз чунин донишмандони муосири тоҷик ҳиндшиноси маъруф, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов мебошад. 

Устод Ҳабибулло Раҷабов дар муддати зиёда аз 58 соли фаъолияти илмӣ-эҷодии хеш чандин асари нависандагони Ҳиндустонро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, пешкаши хонандагони тоҷик гардонидааст. Мо пештар як монографияи илмии арзандаи ӯро, зери унвони "Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимшавии Ҳиндустон дар асарҳои адибони Ҳинд" (-Душанбе: ЭР-граф, 2022. – 272 с.) мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода будем (ниг.: https://gundishopur.tj/blogs/меҳр-собириён/Тақриз/uviyati-mill-be-tarin-guzinai-rushdu-osudag). Ин асари ҳадафнок ва ба мушкилоти доғи давраи муосир нигаронидашуда, ҳамчун воситаи хубе дар ростои муборизаи давлату миллати тоҷик бар зидди ифротгароиву хурофотпарастӣ ва таблиғи ҳувияти миллӣ дар ҷомеаи мо хизмат мекунад. Дар воқеъ, ҷамъоварии маълумот дар бораи ҳодисаҳои даҳшатноки бархоста аз бадбиниву адовати мазҳабӣ ва огоҳ намудани мардум аз оқибатҳои мудҳиши ин ҷудоисозиҳову нафратпароканиҳо, таъсири мусбати худро ба ҷомеаи тоҷик расонида метавонад ва китоби номбурда, бешак дар ҳалли мушкилоти ифротишавии ҷомеа ва коҳиш додани буҳронҳои фикрию ҳувиятӣ нақши худро гузоштааст. Дар ин навиштор мо китоби дигари устодро зери унвони "Ҷиҳози арӯс" (ниг.: Ҷиҳози арӯс, Маҷмуаи ҳикояҳо, -Душанбе, ЭР-граф-2023, 272 саҳ.) мавриди баррасӣ қарор медиҳем, ки он маҷмуаи ҳикояҳои беҳтарин адибони тараққипарвари Ҳиндустон мебошад, ки аз ҷониби ҳиндшиноси ватанӣ ба забони порсӣ-тоҷикӣ тарҷумаву таҳия шудаанд.

Маълум аст, ки ҳикоя яке аз жанрҳои адабие мебошад, ки ба воситаи он метавон як мушкили муайяни ҷомеаро бо матни нисбатан кутоҳу фаҳмо тасвир намуд. Устод Ҳабибулло Раҷабов низ дар муқаддимаи "Ҷиҳози арӯс" мегӯяд: "...жанри ҳикоя беҳтарин воситае аст, ки бисёр ба осонӣ ва самимона дар дили мардум эҳсоси ватандӯстӣ, донистани қадру қимати худ, чашм кушода ба ҳақиқат нигоҳ кардан, барои озодиву беҳбудӣ далерона мубориза бурдан, ё ҳеҷ набошад то андозае кӣ будани худро дуруст дарк кардан ва мисли ин андешаҳоро ҷой медиҳад". Ин жанр дар Ҳиндустон хеле маъруфияти зиёд дорад, ки дар ду садсолаи охир ҳазорҳо ва шояд даҳҳо ҳазор ҳикоя дар ин кишвар навиштаву нашр шудаанд. Барои як маҷмуа интихоби ҳикояҳо аз ин осори бешумор хеле мушкил ба назар мерасад. Вале таҳиягари маҷмуаи мазкур дар ин кори худ, пеш аз ҳама, ҳадафҳои миллиро пайгирӣ карда, ҳикояҳоеро интихоб намудааст, ки ба мушкилоти ҷомеаи мо ҳам иртибот доранд. Ин аст, ки дар интихоби 8 нависанда ва 20 ҳикоя аз онҳо таҳиягар хато накардааст ва бештари онҳо ба мушкилоти имрӯзаи ҷомеаи тоҷик рабт дошта, аҳамияти маҷмуаро боло мебаранд. Ин ҳикояҳо масъалаҳои суйистифода аз мавқеи иҷтимоӣ, кинаву нафрат, интиқомҷӯйӣ, ифротгароӣ, муқобилият бо навоварӣ ва амсоли инҳоро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

Ҳикояи "Судя" аз Равиндранатҳ Тҳакур(1861-1941) суйистифода аз мақоми болотари баъзе инсонҳо ва ба табоҳӣ кашидани рӯзгори инсонҳои камдонишу зудбовар қисса мекунад. Судя Моҳит Моҳан Датт занеро, ки баъди тамоман муфлис шудан худро бо кӯдаки хурдсолаш ба ҷоҳи об мепартояд ва худи ӯро наҷот медиҳанду фарзандаш мемирад, ҳукми қатл медиҳад. Баъдан, вақте ба зиндон меравад, дармеёбад, ки он зан ҳамон духтари 14-солае мебошад, ки 24 сол қабл ба бовари худ дароварда аз хонаашон мегурезонад ва беобирӯ карда сар медиҳад. Дар ҳамин лаҳза виҷдонаш чунон азоб медиҳад, ки худро нокас ва он занро ҳамчун "ҳайкали тиллоии олиҳа" мебинад. Ин ҳикоя ба хонандагон огоҳӣ медиҳад, ки ҳеч гоҳ набояд аз вазъияти бад ва ё нофаҳмии дигарон суйистифода намуд. Чунки дер ё зуд аз карда пушаймон ва ба азоби виҷдон гирифтор хоҳед шуд.

Далия қаҳрамони ҳикояи дигари Равиндранатҳ Тҳакур мебошад, ки бо ҳамин ном дар маҷмуа оварда шудааст. Ин писари роҷаи Аракан аст, ки тавассути меҳру муҳаббат ва муносибати баланди инсонӣ дилҳои пур аз кинаву нафрати духтарони Шоҳ Шуҷоъро пок намуда, эҳсоси интиқомҷӯии онҳоро аз байн мебарад. Вақте Шоҳ Шуҷоъи мағлубшуда аз тарси Аврангзеб бо се духтари худ мегурезад, маҷбур мешавад, ки аз роҷаи Аракан паноҳ талабад. Роҷа мехоҳад духтарони ӯро ба писарони худ диҳад, вале Шоҳ Шуҷоъ Розӣ намешавад ва дар натиҷаи муқобилият нишон додан худи шоҳ ва як духтараш ба ҳалокат мерасанд. Духтари хурдӣ Аминаро об мебарад ва ба тӯри як моҳигир афтида, дар хонаи ӯ бузург мешавад. Духтари мобайнӣ Ҷулекҳаро як хизматгори падараш наҷот дода буд. Вақте Ҷулекҳа пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд Аминаро меёбад, мебинад, ки ҳамарӯза як ҷавоне бо номи Далия ба хонаи моҳигир назди Амина меояд ва дар ҳама корҳо ба ӯ кӯмакҳои холисона мекунад: меваю гул мечинад, шикор мекунад, ё ягон кори дигареро барои Аминаву моҳигир анҷом медиҳад. Амина ӯро оҳуи ҷангалӣ меномад. Хоҳарон бо дили пуркинаву нафрат роҳи интиқомҷӯӣ аз роҷаро меҷӯянд. Инро ба Далия низ мегӯянд. Дар ин давра роҷаи қотил вафот карда буду писараш ба тахти ӯ нишаста буд. Дере нагузашта хабар мерасад, ки "роҷаи нави Аракон бохабар шудааст, ки дар кулбаи моҳигире ду хоҳарон ҳастанд. Яке аз онҳо, яъне Аминаро дар танҳоӣ роҷа дида ошиқ шудааст ва ҳоло дар дарбор тайёрӣ ба тӯйи роҷаю Амина рафта истодааст". Хоҳарон инро фурсати беҳтарини қасосгирӣ шуморида, нақша мекашанд, ки дар шаби аввали баъди тӯй ҳадафи худро нобуд мекунанд. Вале, вақте ба утоқи роҷа медароянд, дар он ҷо ҳамон оҳуи ҷангалӣ, ҳамон Далияи кумакрасону меҳрубонро мебинанд ва ҳама нақшаҳои қасосгириро канор мегузоранд. Ин ҳикоя нишон медиҳад, ки дӯстиву муҳаббат ва амалҳои шоистаи инсонӣ ҳама буғзу кинаҳоро мешиканад ва ба ҷомеа ба ҷойи куштору хунрезӣ оромиву саодат меоварад.

Ҳикояи "Ҷиҳози арӯс" масъалаи доғи ҷомеаҳои суннатии шарқӣ, яъне хароҷоти вазнини расму русуми оиладоршавиро ба миён мегузорад. Ин як қиссаи кӣ кам доду кӣ зиёд набуда, вазнинии молиявии бар сари оилаҳо овардаи расмҳои нодурустро ба тасвир мекашад. Нишон медиҳад, ки талаботи зиёди хонахаробкунанда чӣ тавр ҷавононро бадбахт месозад, мардонро сархаму маъюс менамояд ва билохира барои афроди дигаре ба фоҷеа анҷом меёбад. Ин қисса ба фоҷеаи арӯс Нирупома (ба тоҷикӣ Беназир) ва бадбахтшавии аҳли оилаи ӯ анҷом меёбад. Вақте тарафи домод аз ҷониби арӯс даҳ ҳазор рупия ва бисёр чизҳои дигар ҳамчун туҳфа талаб мекунад, падари Нирупома Рамшундор розӣ мешавад. Вале ин маблағ дар замони онҳо хеле зиёд буд ва Рамшундор онро ёфта наметавонад ва шаш-ҳафт ҳазори дигар намерасад. Дар рӯзи тӯй падари домод Райбаҳодур инро шунида ғавғо мебардорад ва иброз медорад, ки то пулро наёред, домод ба хаймаи никоҳ намедарояд. Вале домод дар миён даромада талаб мекунад, ки никоҳ сар шавад ва арӯсро гирифта баранд. Пас аз тӯй аҳволи арӯс дар хонаи домод бад мешавад ва падар кӯшиш мекунад, ки боқимондаи маблағро ёфта диҳад. Вақте се ҳазор рупияи дигар дарёфт намуда ба Райбаҳодур мебарад, ӯ намегирад ва Рамшундорро таҳқир мекунанд. Чанде пас Рамшундор хонаи худро фурӯхтанӣ шуда пешакӣ пул мегирад ва ба хонаи духтараш меравад, вале духтараш онро қабул намекунад ва илова бар ин, пас аз вай фарзандони дигараш ҳам мерасанд ва илтиҷо мекунанд, ки хонаро нафурӯшад, вагарна дар кӯча хоҳанд монд. Падар ночор пулҳоро бармегардонад, вале аҳволи духтараш дар хонаи Райбаҳодур бадтар мегардад. Ин рӯзҳои сахт ва бепарвоӣ нисбат ба саломатӣ оқибат Нирупомаро бемор мекунад. Шавҳараш дар он замон ба дигар шаҳр рафтааст. Вақте аз беморӣ шикоят мекунад, хушдоманаш ӯро сарзаниш мекунад, ки ин ҳама нозу нуз ва баҳона аст. Ҳатто ба хонаи падараш рафтан намемонанд. Оқибат аз ин беморӣ Нирупомаи ҷавон мемирад. Ин ҳикоя нодуруст, ғайриинсонӣ, фоҷеаовар ва миёншикан будани хароҷоти ҳангуфт намудан ва ё талаб намудани он аз таборшавандагон ҳангоми издивоҷи фарзандонро ба хонандагон нишон дода, ба танзим даровардани онро тарғиб менамояд. Дар ҷомеаи мо низ чунин мушкил ҷой дошту дорад ва адабиёт бо чунин ҳикояҳо метавонад то дараҷаи муайян онро коҳиш диҳад. Эҳтимолан ҳаминро дар назар дошта, муаллиф номи маҷмуаро бар мабнои ҳамин ҳикояи Равиндранатҳ Тҳакур “Ҷиҳози арӯс” ном ниҳодааст.

"Муаллим" ҳикояест аз Премчанд(1880-1936), ки аз аҳамияту ифтихороти касби муаллимӣ қисса мекунад. Пандит Чандрадҳар муаллими мактаби ибтидоӣ мебошад. Чун дигар муаллимони кишварҳои рӯ ба рушд даромади зиёде надорад ва ба зӯр бори зиндагониро мекашонад. Дар ҳамсоягии ӯ Тҳакур Атибалсинҳ-сардори шуъбаи политсия ва Муншӣ Байҷанатҳ-ҳисобчии ноҳия зиндагӣ мекарданд, ки ҳарчанд расман маоши тақрибан баробар бо муаллимро мегирифтанд, вале зиндагии бамаротиб хубтар доштанд. Пандит зиндагии камбағалонаи худро бо онҳо муқоиса намуда, борҳо эҳсоси пушаймонӣ аз касби интихобкардаи худ карда буд. Аммо як сафари якҷояи се ҳамсоя ин бардоштҳои муаллимро тағйир дод. Вақте ду ҳамсояи пулдор бо аҳли оилаи худ қасди зиёрати шаҳри муқаддаси Айёдҳия мекунанд, муаллимро низ даъват менамоянд ва ҳамаи хароҷоти сафари ӯро ба зимма мегиранд. Ҳангоме ки онҳо ба поезд мешинанд ва ба купеи худ ворид мешаванд, дар он чор нафар аллакай ҷой гирифта, ҳамагӣ  ба роҳат дароз кашида буданд. Сардори полис Тҳакур аввал талаб ва баъдан  хоҳиш ҳам мекунад, ки хеста дуруст шинанд то барои дигарон ҳам ҷойи нишаст шавад. Аммо онҳо Тҳакурро маломат карда, яке ришвадиҳӣ ба ӯ ва дигаре бо чӯбдасти полисӣ латукуб шуданашро аз ҷониби вай ёдовар шуданду бо як беҳурматӣ талабу хоҳишашро рад карданд. Муншӣ Байҷанатҳ дар вагони дигар ҷойи нишаст наёфта буд ва хеле ранҷ кашида, тамоми шаб хоб накарда буд. Аз як истгоҳ кола харида менӯшад, ки аҳволашро хеле бад мекунад. Дар истгоҳи дигар онҳо маҷбур мешаванд фароянд. Муншии беморро ба зӯр ба як бунгоҳи тиббӣ мебаранд ва аз табиб хоҳиш мекунанд, ки ҳарчи зудтар ба доди вай расад. Вале табиб хеле хунукназарӣ намуда, аз онҳо пули зиёд талаб мекунад ва ҳеч шитобе намекунад. Муншӣ ба хашм омада мепурсад, ки чаро ман мурда истодааму шумо ин тавр хунукназарӣ карда истодаед. Табиб мегӯяд, ки ман дар ноҳияи шумо камтар замин дорам ва ҳар сол лозим меояд, ки ба он ҷо рафта, онро нигоҳубин кунам ва андозҳояшро супорам. Дар вақти андозсупорӣ ин ҳисобчӣ маро таҳдид намуда, ҳаққи худро меситонад. Агар надиҳам, маҷбур мешавам то шаб дунболи вай гардам. Муншӣ дигар хомуш монда, маҷбур мешавад, ки барои табобат пули зиёд диҳад. Вақте ҳамсафарҳо ба Айёдҳия мерасанд, дармеёбанд, ки ҳамаи меҳмонхонаҳо пурра банд ҳастанд, ҳатто дар зери дарахтон ҷойи холӣ ёфта наметавонанд. Маҷбур мешаванд дар дашти кушод ҷой гиранд. Аммо дере нагузашта, борони шадид ва раъду барқ мехезад. Бачаҳо мегиристанду занҳо аз тарс меларзиданд. Дигар дар он ҷой ҳам истодан ғайримумкин буд. Дар ҳамин лаҳзаҳои ноумедӣ муаллим як шогирдашро мебинад. Шогирд муаллимро шинохта бо як хушҳолӣ ва ҳурмату эҳтироми зиёд онҳоро ба хонаи худ бурда ҷою обу хӯрок медиҳад ва дар рӯзҳои дигар роҳбаладӣ намуда ҳама ҷойҳои муқаддаси шаҳрро гардонда нишон медиҳад. Ҳикоя бо ин ҷумла ба охир мерасад: "Вақте ки Пандит ба хонааш баргашт дар фикру андешааш дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд. Акнун вай дар ягон ҷойи дигар ҳаваси кор кардан надошт". Яъне вай дар як сафар бо ҳамсояҳояш дарёфт, ки қадру қимати як муаллим метавонад дар вазъияти муайяне аз дигарон баландтар бошад. 

 Дар ҳикояи “Бемории хушиовар” Премчанд масъалаи навоварӣ дар фаъолияти иқтисодӣ ва муқобилияти куҳнагароёнаи зиёновар ба онро баррасӣ мекунад. Лала Ҳарнамдас осиёббони куҳансоле буд, ки аз ҷавонӣ осиёби худро гардон мекард. Акнун ки вазъият дигар шудааст ва чандин осиёби дигар дар минтақаи онҳо пайдо шудаанд ва кори ӯро хеле заиф намудаанд, вақти он буд, ки даст ба навоварӣ зада ҳам мудирият ва ҳам таҷҳизотро наву беҳтар намояд. Писари колеҷхондааш Ҳаридас, ки бо ӯ кор мекард, инро хуб медонист ва пешниҳодҳои зиёде дошт. Вале ҳар вақт ки фикрҳои навоваронаи хешро бо падараш дар миён мегузошт, гап мешунид ва маъюс мегашт. Падараш мегуфт, ки “ту ҳоло кӯдакӣ, дар ин кор мӯйи сари ман сафед шуд, барои ҳамин ба ман ягон хел маслиҳат мадеҳ”. Осиёб дар як рӯз тақрибан се соат кор мекарду халос ва дар остонаи муфлисшавӣ қарор дошт. Пирамард асабӣ мешуд ва шабҳо хоби дуруст намекард ва оқибат гирифтори ҳамлаи фалаҷ шуд. Акнун ҳамаи кор ба дасти Ҳаридаси ҷавон афтод. Вай аввал низоми кориро тағйир дода, барои ҳавасмандии коргарон ба иловаи маош ба коргарони сахткӯш иловапулӣ медод. “Усули кории ӯ чунин буд: Аз таҳти дил кор кардан ва музди хуб гирифтан”. Ӯ мошини нави ордкунӣ низ харида чанд корманди нави тахассусмандро низ ба кор гирифт. Бо муштариёни худ хеле муносибати хуб мекард. Дере нагузашта кори осиёб аз нав равнақ ёфт. Акнун пурра кор мекарданд ва ҳатто баъзан аз сабаби фармоишҳои зиёд басти шабонаро ҳам ба роҳ мемонданд. Ин ҳама тағйиротро ба Ҳарнамдаси бемор намегуфтанд, то он бемори куҳнагаро асабӣ нашавад. Вақте саломатии ӯ беҳтар шудан гирифт, аз писараш талаб мекард, ки ҳама ҳодисаҳои дар осиёб гузашта баъди беморшавии вайро нақл кунад. Аммо писар фикр кард, ки шояд ҳатто хабарҳои хуби аз забони вай баромадаро ҳам бовар накунад, беҳтар аст, коргари деринаи осиёб Диннадатҳро равон мекунам, то аз забони ӯ шунида бовар кунад. Вақте аз Диннадатҳ ҳама пешравиҳои осиёбро мешунавад, бовар намекунад ва талаб мекунад, ки ароба оварда вайро фавран ба осиёб баранд. Ҳангоми ба осиёб расидан ҳама дигаргунӣ ва пешравиҳои корро мебинад, дарк мекунад, ки ҳама зиддиятҳои вай ба навгонӣ ва пешниҳодҳои нави писараш ноҷо ва зиёновар будаанд. Аз писараш бахшиш пурсида иқрор мешавад, ки ҳама зиддиятҳои вай ба навовариҳои идорӣ ва моддӣ дар осиёб ғалат будаанд ва кош, иҷозат медод, ки Ҳаридас солҳо пеш ақидаҳои тиҷории худро амалӣ менамуд. Ин ҳикоя мушкили ҳамешагии зиддияти афроди муайян ба навовариҳоро баррасӣ намуда, нишон медиҳад, ки аз навовариҳои илмӣ дар мудирият ва истеҳсолот набояд тарсид.

 Масъалаи ворид нашудан ба гурӯҳҳои мазҳабии иғвогар ва дар хизмати миллату давлат будан дар ҳикояи “Писари ман” аз Виншу Прабҳакар (1912-2009) оварда шудааст. Доктор Ҳасани мусалмон ва Шармаи ҳинду дар беморхонаи шаҳрӣ дар замони задухурдҳои ваҳшатноки мазҳабии Ҳиндустон кор мекунанд. Онҳо бо ҳама маҷруҳону беморон, новобаста аз дину мазҳаб, муносибати касбии хубу баробар намуда, фаъолияти табибии худро софдилона иҷро мекунанд. Ҳамарӯза кор аз ҳисоби задухурдҳои бераҳмона ва бемаънои мазҳабӣ чунон зиёд аст, ки табибон хеле кам вақти истироҳату хоб меёбанд. Баъди як рӯзи дарози чунин серкорӣ Ҳасан ба хона барои истироҳат меояд. Вале ҳатто вақти хӯрокхӯрӣ наёфта, боз ба беморхона барои ҷарроҳии фаврии як муҷруҳи овардашуда аз майдонҳои ҷанг бармегардад. Ҷарроҳии он бемор панҷ соат идома меёбад. Вай як ҳиндуе буд, ки аз дигар шаҳр омада буд ва ҳеч кас ӯро намешинохт. Шарма аз кисаи ӯ як ҳуҷҷате меёбад, ки маълум мешавад номи вай Рампрасад буда, аз шаҳри Канпур мебошад. Вақте Ҳасан бо ҳамроҳии Шарма барои як пиёла чой гирифтан ба хонаи худ бармегардад, падараш аз бемор мепурсад. Ҳангоми шунидани ному шаҳри бемор падари Ҳасан асабӣ шуда саволҳои бештар медиҳад. Баъдан бобои Ҳасан ба утоқ ворид мешавад ва маълум буд, ки вай шунидааст, ки Рампрасад аз Канпур омадааст. Баъди шунидани ин ки вай ҷароҳати вазнин бардоштааст, афтида аз ҳуш меравад. Пас аз ба худ омадан мегӯяд, ки Рампрасад писари ҳиндуи вай, амаки Ҳасан мебошад ва талаб мекунад, ки ӯро ба пешаш баранд. Дар ин қисса Ҳасан бо ҳалол кор кардан ва ворид нашудан ба гурӯҳҳои мазҳабии ҷангҷӯ амаки худро наҷот медиҳад. Қисса нишон медиҳад, ки новобаста аз фарқиятҳои динӣ-мазҳабӣ ҳамаи инсонҳо сазовори ҳурмату эҳтиром ба дастгириву табобат ҳастанд. Набояд дар баробари тақдири касе, ки ба фоҷеа гирифтор шудаааст, хунукназарӣ кард. Шояд вай яке аз наздикони худат бошад.

Зиндагии фарқкунандаи як эҷодкор ва обирӯву эътибори ӯ дар ҷомеа дар ҳикояи “Бечора” аз Ранҳунандан Триведӣ (1955-2004) ба тасвир кашида мешавад. Қаҳрамони асосии қисса муаллими мактаб аст, ки дар фарқият аз дигар муаллимон дунболи пули иловагиву эътибори муаллимӣ нашуда, ҳама вақти холии худро ба омӯзишу эҷод сарф мекунад. Ин тарзи зиндагии вай ба ҳамкорон ва аҳли оила писанд намеомад. Ҳамсараш низ кӯшиш мекард муаллимро ба як корчалон табдил диҳад ва ӯ ба ҷойи омӯзишу эҷоди зиёде, ки аз нуқтаи назари ҳамсараш беманфиат буд, вақти холии худро ба дигар корҳои манфиатовар ва иштирок дар маъракаҳои хешовандон сарф кунад. Вале муаллим фаҳмиш ва дунёи махсуси худро дошт. Ҳатто баъди нафақа баромадан низ то дами марг аз омӯзишу эҷод даст накашид. Аҳли оила ӯро дуруст намешинохтанд ва фикр мекарданд, вай умри худро беҳуда сарф кардааст. Вале хабари марги ӯ дар рӯзномаҳо мебарояд ва ин ҳамаро ҳайрон мекунад. “Ба хона омадани 20-25 нома низ боиси ҳайронӣ шуда буд. Одамони номанавис ношинос буданд”. Баъди якчанд моҳ одами ношиносе омада дастнависҳои мӯйсафедро мехарад. Баъди як сол ба писари пирамард як баста омад, ки дар он як нусхаи китоби тозанашри муйсафед буд. Аммо писар баъдан мехонам гуфта канор гузошт ва фаромӯш карду падари худро дуруст шинохта натавонист. Баъди панҷ сол дар рӯзномаҳо хабаре паҳн гардид, ки зиёиёни шаҳр пешниҳод намудаанд, ки ба муносибати зодрӯзи муйсафед яке аз кӯчаҳои шаҳр ба номи ӯ гузошта шавад. Ҳамин тавр ҳам шуд ва ин ҳама эътирофи баланди фаъолияти эҷодии муйсафед буд. Писари муйсафед то охири умр бо вуҷуди пешравиҳои зиёди моддӣ аз пушти падараш дар ҷомеа шинохта мешуд. Ин бечора то дами марг падари худро ҳамчун эҷодкор ношинохта монд. Ин ҳикоя нишон медиҳад, ки маҳсули эҷоди як донишманд манфиати фаврӣ метавонад надошта бошад, вале баъди гузашти давраи муайян, ҳам даромад меорад ва ҳам ба ҷомеа таъсир мерасонад.

Ҳикояҳои дигари маҷмуаи “Ҷиҳози арӯз” мавзуъҳои муносибати неки инсонӣ (“Бало”, Қасами сеюм”), бекоргардию муфтхӯрӣ(“Кафан”), гӯшанишинию мардумфиребӣ(“Зиёфат барои Бобоҷӣ”, “Маслиҳатҳои Мотерам Шастрӣ”), хӯрдани ҳаққи ятимон(“Хоҳари калонӣ”), бадбинии динӣ-мазҳабӣ(“Ҳикояи нотамом”) ва ғайраро дар бар мегиранд. Ҳамаи онҳо ҳикояҳои ҷаззоб буда, дар сатҳи баланди касбӣ тарҷума шудаанд.

Хулоса, маҷмуаи таҳияву тарҷуманамудаи устод Ҳабибулло Раҷабов ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзи ҷомеаи тоҷик буда, бешубҳа дар тарбияи ҷомеа нақши худро хоҳад гузошт. Хондани ин маҷмуа ба ҳамагон тавсия дода мешавад. Адабиёт маҳз бо чунин асарҳо ба ҷомеа таъсири мусбат расонида, раванди инсонсозиву зеҳниятсозиро таҳким мебахшад. Умедворем, дар оянда чунин асарҳои адабии нигаронидашуда ба ҳалли мушкилоти ҷомеа зиёдтар мешаванд.

Зимнан, дар қолаби жанри хурди “ҳикоя” метавон садҳо мушкилоти миллию фаромиллиро, ки боиси пойин рафтани сатҳи зиндагии мардум мегарданд, баррасӣ кард ва барои хонанадагон дар заминаи рафъи камбуду навоқиси иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ақидатӣ, ҳувиятӣ ва фарҳангӣ роҳҳалҳои дурусту ҳисобӣ манзур сохт. Аз ҷониби дигар, аз тариқи тарҷума ва таҳияи ҳикояҳои дархӯр вазъи маънавию мадании ҷомеа сифатан тағйир меёбад ва сатҳи ҷаҳонбинии мардум боло меравад. Муҳимтар аз ҳама, пахшу нашри маҷмуаҳои ҳикоёте аз қабили “Ҷиҳози арӯс” дар шароити феълии ташаннуҷи хурофоту хушкандешии мазҳабӣ ва боло гирифтани руҳияи худбохтагию беҳувиятӣ роҳро барои шинохти мушкилот, аз як тараф ва ҳалли онҳо, аз тарафи дигар, ҳамвор месозад.

Меҳр Собириён

АМИТ

 
Хондан 59 маротиба