Тифли разеи сухан аз нафаси Рӯдакӣ
Бурд дили анҷуман бо ҳамаи кӯдакӣ [1].
Ин андешаи Содиқи Сармадро гуфтаи зери падари рӯдакишиносӣ дар ҷаҳон, устод Саид Нафисӣ низ тасдиқ менамояд: «Худои Эрони бузург табъе чунон саршор ба ӯ (устод Рӯдакӣ-Ҷ.С.) ато карда буд, ки шеър гуфтан барои вай аз сухан гуфтани дигарон осон буд. Як миллиёну сесад ҳазор шеър гуфт ва ҳанӯз касе дар ҷаҳон бад-ин появу моя дар ҳеҷ забоне нарасидааст…Инак, аз миёни як миллиёну сесад ҳазор шеъри ӯ дасти тороҷгару роҳзани рӯзгор ҷуз абёте чанд, ки шумораи онҳо ба нуҳсад ҳам намерасад, барои мо боз нагузоштааст. Аммо миллиёнҳо шеъре, ки пас аз ӯ сухансароёни Эрон сурудаанд, гӯӣ, ҳама аз ӯст, зеро агар ӯ наёмада ва ин асоси дерпойро бунёд нагузошта буд ва ин роҳро нагушода буд, шеъри форсӣ ба ин появу моя аз сарвату ғано намерасид ва бузургтарин китоби адаби ҷаҳонро фароҳам намекард»[2]. Дар ҳақиқат, шоирони замони Сомониён, ба вижа устод Рӯдакӣ буд, ки бо шеъри содаву равону оламгираш дар тарбияву такомул ва парвариши адибони пас аз худ саҳм гузошт ва боиси падид омадани шуарову удабои бузург дар шеъри тоҷик-форс гардид. Яке аз эшон Хоқонии Шарвонӣ буд, ки дусад сол пас аз ӯ суннати шеъри вайро идома дод ва дар такомулу ташаккули адабиётамон нақши барозанда бозид:
Шеърам ба зар навиштанд он ҷо хавоси Каъба,
Бар беназирии ман карданд ҳоҷ маҳзар [3].
Албатта, сарчашмаи фикру андешаҳои Хоқонӣ бисёр густурда аст, ӯ аз улуми мутадовили замони худ, фалсафаву ҳикмати Ҳинду Чину Юнону Рум, кутуби Таврот, Инҷил, Қуръон, осори Эрони бостон, хусусан шеъру адаби пеш аз худ, ҳамзамонони хеш ва ғайра, вуқуфияти том доштааст. Агар Хоқонӣ аз ин гуна иттилоот ва донишу биниш бархурдор намебуд, наметавонист ба дараҷаи як шоири бузург ва нобиғаю истисноӣ қад алам намояд ва осоре офаринад, ки муҷиби шарҳу тавзеҳ ва баҳсу мунозираҳои мухталиф дар тӯли асрҳо қарор гирад. Номҳои адибони Аҷаму Араб, ки шоир дар осораш овардааст ва мазомине, ки ӯ пайгирӣ ва баён кардааст, мубайини дониш ва бохабарии густардаи шоир метавонад буда бошад. Хусусан, ишора ба асотиру талмеҳоти исломиву эронӣ, ашхоси таърихиву фарҳангӣ, тамаддуни Арабу Аҷаму Ҳинду Чину Юнону Рум ва соири кишварҳои олам нишон медиҳанд, ки Хоқонӣ воқеан ҳам як шахсияти фавқулода, марде пурмутолиа буда, аз илмҳои замони хеш, таърихи Арабу Аҷам, фалсафа, ҳикмати Юнон ва хусусан шеър ва адаби гузаштаи хештан, ки шеършиносон аз шоирону дабирону пизишкону ҳакимон дар он замон талаб мекарданд, бархӯрдор будааст. Ба қавли устод Шарифҷон Ҳусейнзода, «дар асри XII барои тай намудани роҳ ва равиши камоли адабӣ аз худ намудан ва маълумоти кофӣ гирифтан аз илмҳои мухталиф аввалин шарти шоирӣ ба шумор мерафтааст. Ба ғайр аз ин касе, ки қадам ба шоирӣ мегузошт, ба гуфтаи Низомии Арӯзӣ, ба ҷуз донистани қонуну қоидаҳои улуми адабӣ бояд «бист ҳазор байт аз ашъори мутақаддимин ёд гирад, даҳ ҳазор аз осори мутааххирин пеши чашм кунад ва пайваста давовини устодонро ҳамехонад ва ёд ҳамегирад». Ё ин ки Ровандӣ дар китоби «Роҳат-ус-судур» ҳамин гуфтаҳои Низомии Арӯзиро бо баёни дигар аз забони шоире чунин овардааст: «Аз ашъори мутааххирин, чун Имодӣ ва Саидашраф ва Абулфараҷи Рунӣ ва амсоли араб ва ашъори тозӣ ва ҳиками «Шоҳнома» он чи табъи ту бад-он майл кунанд, қадри дувист бист аз ҳар ҷо ихтиёр кун ва ёд гир ва бар хондани «Шоҳнома» мувозабат намой, то шеър ба ғоят расад». Аз ин рӯ, шоирони бузурги он аср, чун Анварӣ, Хоқонӣ, Низомӣ, Фаридаддини Аттор ва бисёр дигарон, ба ғайр аз истеъдод ва қобилияти табиӣ дар шоирӣ аз илму дониши замони худ баҳраи том доштанд». 4 Аз ин рӯ, Хоқонӣ девонҳои шуарои пеш аз худро хондаву аз шарту шароити шеър ва шоирӣ огоҳ будааст. Воқеан, ӯ дар осораш аз адибони зиёде ном мебарад. Адибоне мисли Рӯдакӣ, Шаҳид, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Тайён, Қатрон, Масъуди Саъд, Муиззӣ, Хайём, Саноӣ ва ҳамзамононаш Рашиди Ватвот, Абулалои Ганҷавӣ, Муҷири Балайқонӣ, Ғазолӣ ва дигарон. Аммо аз устод Рӯдакӣ, Унсурӣ ва Муиззӣ беш аз соирин зикр ба амал меорад. Зоҳиран, дар замони Хоқонӣ ин се шоир аз шоироне буданд, ки осорашон вирди забонҳову баёнҳо ва маҳфилҳову дарборҳо қарор доштаанд. Чун Хоқонӣ дари дигаре дар сухансароӣ ва адаб бар рӯи худ кушода буд ва ба сабки тозаи замон – ироқӣ ва хосси худ ҳунарнамоӣ мекард, мехост, ки тавассути қиёс бо осори адибони пешин ҳунару фазилат ва бартариҳои хешро ба ҳамрӯзгоронаш ба намоиш бигузорад, зеро ҳамзамонони шоир, ба вижа ҳасудон, мункири ҳунари ӯ буданд. Аз ин рӯ, ӯ бад-ин васила афзалияти худро дар эҷоди сабки тоза, сухани нав, ба таври шоиста қадр нашудани хеш ва қадрдонии Сомониён аз Рӯдакӣ, Ғазнавиён аз Унсурӣ ва Салҷуқиён (султон Санҷар) аз Муиззиро, ки дар бахшандагӣ зарбулмасал гардидаанд, як навъ гӯшзад мекард, то шоҳону ҳокимони замонаш бидонанд, ки ба шоир чӣ гуна бояд муносибату ғамхорӣ кард, бардаву ғулому силот бахшид. Ӯ мехост, ки подшоҳону ҳокимони замонаш бояд аз подшоҳону ҳокимони замони Сомониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён (султон Санҷар) дар ин замина ибрат бигиранд, зеро он шоирон ба табъу маҳорат ба пояи ӯ намерасиданд, аммо мамдӯҳонашон ба эшон ба назари эҳсону хайру тараҳҳуму шафқат менигаристанд, муносибат мекарданд. Агар онҳо зинда мешуданд ва аз вуҷуди шоире чун Хоқонӣ, ки мубдеъву навовару беназир аст, сар ба осмон месоиданд ва арзандатарин мукофоту ҷоизаву силотро на ба Рӯдакиву Унсуриву Муиззӣ, балки ба ӯ тақдим мекарданд, зеро, ба қавли аҳли тазкира, аз ҷумла Ҷомӣ, «се кас аз шуаро дар се давлат иқболҳо диданду қабулҳо ёфтанд, ки кас наёфт: Рӯдакӣ дар аҳди Сомониён ва Унсурӣ дар давлати Маҳмудиён ва Муиззӣ дар давлати Санҷариён». 5 Аз ин хотир, Хоқонӣ дар осораш аз онҳо дам ба дам ёд мекунад. Ӯ эшонро куҳансухан, бостонсаро (хусусан Унсуриро), маҳдудмавзӯъ, маҳдудбаён, бо як сухан, резахӯри хони худ муаррифӣ менамояд. Ин байти Хоқонӣ, ки дар он бар устод Рӯдакиву Унсурӣ тохтааст, аз ҳамин воқеият моя ва поя мегирад:
Шоири муфлиқ манам, хони маонӣ марост,
Резахӯри хони ман Унсуриву Рӯдакӣ [6].
Муроди шоир ин ҷо паст задани ин устодон нест, балки шинохти қудрату нерӯи адабии худ, гӯшрас кардани таҳаввули шеър ва ҳушдор додан ба подшоҳону ҳокимону ҳасудону мункирони сухани тозаву тари хеш дар замони нав мебошад. Аммо бадбахтона, бархе аз мутаассибон, тангназарон ва ноогоҳон аз таърихи адабиёт, сабкшиносӣ, ноошноёни сухан, аҳли эҳсос ин байти Хоқониро нодуруст фаҳмида, онро дастак карда, нисбат ба ӯ муносибати кинатӯзона ва мутаассибона гирифта, дар осору гуфторашон ӯро сарзаниш кардаанд, ки гӯё ӯ ба устод Рӯдакӣ беэҳтиромӣ карда бошад. Ҳол он ки чунин нест. Тибқи қоидаи таҳаввул зиндагӣ ҳамеша пеш меравад, тараққӣ менамояд, кашфиётҳо карда мешаванд, яъне ҳаёт дар як ҷо намеистад, адабиёт низ тибқи ҳамин талабот амал мекунад, балки ҳамвора тағйир меёбад, рушд мекунад, завқҳо дигаргун мешаванд, сабкҳои тоза ба тоза, мактабу равияҳои гуногун пайдо мешаванд ва ба осори давраи аввал аз дидгоҳи замони худ баҳо медиҳанд. Гӯяндагон офаридаҳои пеш аз худро як навъ сода мебинанд, ҳол он ки худи онҳо маҳсули ҳамон офаридаҳои содаанд, ки камол ёфтаанд, агар он офаридаҳои сода набуданд, онҳо ба чизҳои тоза даст намеёфтанд. Хоқонӣ низ аз ҳамин дидгоҳ дар ин байт ба устод Рӯдакӣ ва шеъри вай наздик шудааст. Қасди ӯ паст задани устод Рӯдакӣ ва шеваи ӯ нест, балки куҳнагии услубу баён ва навии сабку шеваи худро дар назар дорад, ки воқеан ҳам тару тоза аст ва бо тарзи баёни шоирони сабки хуросонӣ, яъне Рӯдакиву Унсурӣ муғойират дорад. Аммо мақоми Рӯдакиву Унсурӣ, ки дар рӯзгори худ доштанд, ба ҳеҷ ваҷҳ бо ин гуфтаи Хоқонӣ ва ё Давлатшоҳу дигарон паст намешавад, балки ба ҷои худ, мақоми хеш мемонад, зеро:
Он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон
Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист [7].
***
Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ [8].
Бинобар ин, боз мегӯем, ки устод Рӯдакӣ дар оғози шеъри мо қарор дорад, шеърҳои олии ӯ намунаи давраи ибтидоии адабиёти моанд, аммо шеъри Хоқонию Низомию Саъдиву Ҳофизу Ҷомию Урфию Соиб ва ғайра намунаи давраҳои ташаккулу такомулу камолу балоғат ва инкишофи адабиёти моро инъикос менамоянд, ба намоиш мегузоранд ва ҳаргиз ба он намунаҳои ибтидоӣ қобили қиёс нестанд, зеро агар онҳо низ дар пояи ҳамон намунаҳо шеър мегуфтанд, эҷод мекарданд, ҷустуҷӯю навоварӣ намекарданд, шеъри мо, мисли шеъри мурдаву карахт, дар як ҷой пой мекуфт, аз инкишоф бозмемонд ва ҳаргиз ҷаҳонгир намешуд. Лиҳозо, бояд донист, ки шеъри устод Рӯдакӣ нисбат ба замони худ ва сабки ҳокими он замон зебоӣ дорад, аммо дар замони Хоқонӣ ва сабки нави эҷодӣ, ки дидгоҳҳо, завқҳо дигаргунаанд, талаботи хонандаро қонеъ карда наметавонанд. Албатта, мақом ва зебоии худро нигаҳ медоранд, аммо асосан барои ҳамон замон, ҳамон сабк, на замони нав, ки талаботу завқҳо дигаргун шудааст. Аз ин рӯ, ба хонанда шеъри нав мақбулу писанд меафтад, на куҳан. Лиҳозо, завқеро, ки хонанда ва шунаванда дар замони Сомониён аз шеъри Рӯдакӣ мегирифт, дар замони Салҷуқиён, аз он ки сабку завқҳо дигар шудааст, аз шеъри ӯ пайдо наменамоянд, балки аз шеъри Хоқонӣ, Заҳир, Низомӣ ва дигарон, ки бо хаёлбандию мазмунофариниву ташбеҳу кинояву истиораҳои нав, бесобиқа ва шигифтангез ороставу пироста шудаанд, дарёфт мекунанд. Бинобар ин, Давлатшоҳ ба шеъри «Бӯйи ҷӯи Мӯлиён», ки амири Сомонӣ Наср ибни Аҳмад баъд аз шунидани он аз Бодғис, бидуни ба по кардани мӯза, азми Бухороро менамояд, ба тааҷҷуб меояд ва мегӯяд: «Ва уқалоро ин ҳолат ба хотир аҷаб менамояд, ки ин назмест сода ва аз саноеву бадоеъ ва матонат орӣ. Чӣ агар ки дар ин рӯзгор суханваре мисли ин навъ сухан гӯяд, дар маҷлиси салотин ва умаро арз кунад, муставҷиби инкори ҳамагон шавад…». 9 Дар ин гуфтори Давлатшоҳ рӯҳияи замон ва талаботи шеъру шоирӣ дар ин даврон, завқу салиқаи адибону умарову ҳокимон, ки талабгори сухани тозаву пурхаёлу пурмуболиғаву пуророиши адабӣ будаанд, таҷассум ёфтааст, на ғаразу ҳамлаву паст задани шеъри устод Рӯдакӣ ва мақоми бузурги шоирии ӯ. Мо ин гуна баҳодиҳиро дар мавриди шеъри шоирони бузург дар асрҳои мухталиф, дар ҳолатҳои гуногун, хусусан дар мавриди ивазшавии сабкҳо ва тағйир ёфтани завқҳо ва талаботҳо, фаровон боздид менамоем. Масалан, Ҷаҳонгир аз як ғазали Ҷомӣ танҳо як мисраи онро меписандад, аз боқимондаи он сарфи назар менамояд. Ба ин маънӣ, Шиблии Нӯъмонӣ дар «Шеър-ул-Аҷам» чунин менависад: «Як бор Хонихонон ин ғазал тарҳ кард, мисраъ:
Баҳри як гул заҳмати ҳар хор мебояд кашид,
Ҷаҳонгир филбадеҳа ин матлаъ гуфт:
Соғари май бар рухи гулзор мебояд кашид,
Абр бисёр аст, май бисёр мебояд кашид.
Мисраи мазбур ҷузви ғазалест аз Ҷомӣ. Ҷаҳонгир тамоми ғазалро ба даст оварда ва аз назар гузаронид, вале чу манзур ҳамон як мисраъ буда, дар «Тузук» чунин менависад: «Ин мисраъ зоҳир шуд, ки аз Мавлоно Абдураҳмони Ҷомист, ғазали ӯ тамом ба назар даромад, ғайр аз он мисраъ, ки ба тариқи мисол забонзади рӯзгор шуда, дигар коре насохта, бағоят содаву ҳамвор гуфта».[10] Ё аз куллиёти Ҷомӣ фақат даҳ порчаро интихоб кардани Восифӣ ва Қатилӣ, ки дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» нақл шудааст, ки баёнгари дигаргун шудани завқҳо, талаботҳо дар марҳалаҳову замонҳои мухталиф мебошад, ки ба қонуну қавоиди такомул ва инкишоф иртибот мегирад. Бинобар ин, устод Айнӣ дар мавриди интихоби даҳ порча аз куллиёти Ҷомӣ аз ҷониби Восифию Қатилӣ дар поварақи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» чунин менависад: «Шак нест, ки Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз намоёнтарин намояндагони адабиёти тоҷик буда, ӯро шеърҳои хубе, ки дар салосат, балоғат ва фасоҳат назир надоранд, бисёр аст. Ҷомиро шеърҳои «саҳли мумтанеъ» – шеърҳое, ки дар дидан сода, осонфаҳм ва равон, аммо монанди онҳо эҷод кардан душвор, ҳатто номумкин аст, кам нест. Бо ҳамаи ин, интихоб кардани Восифӣ даҳ порчаеро, ки бинои онҳо дар асоси лафзбозист ва мувофиқ афтодани интихоби Қатилӣ ба чизҳои интихобкардаи Восифӣ ҳаминро нишон медиҳад, ки дар асри XVI хубии шеър иборат аз лафзбозӣ шуда будааст»[11]. Ё мақбули намояндагони хонадони Темуриёни Ҳинд қарор нагирифтани осори Мушфиқӣ, ки ба сабки куҳан шеър мегуфт, ин қазияро собит менамояд, зеро онҳо дар Ҳинди он замон ба сабки нави ҳиндӣ, ки Урфию Назирӣ ва соири адибони Эрону Хуросону Мовароуннаҳр онро ба он диёр бурдаву расмият бахшида буданд, сухан мегуфтанд. Лиҳозо, шеъри Мушфиқӣ, ки намояндаи услуби куҳан буд, харидор пайдо наменамояд ва ӯ пас аз як сол маҷбур мешавад, ки ба ватани хеш боз гардад. Дар ин бора Абдулғани Мирзоев чунин менависад: «Ҷунбиши адабӣ, ки дар замони ҳукмронии Акбар (1556-1605) бо ташаббуси худи ӯ ва Абулфазли Муборак ва бо фаъолияти Урфии Шерозӣ (1555-1591), Назирӣ (вафоташ дар соли 1612), Файзии Даканӣ (1547-1596) ва дигар шоирони забардасти аз Осиёи Миёна ба Ҳинд ҳиҷрат карда дар Ҳиндустон қувват гирифта буд, гуфтан мумкин аст, ки сабки ҳиндиро нисбатан ба як шакли муйяне дохил кард. Лекин намунаи маҳсули ин ҷунбиши адабӣ- аз ҷумла латофати лафз, нозуктасвирӣ, борикандешӣ, образ ва мазмунэҷодкуниҳои аз ҳад берун ва ғайра, ки хусусиятҳои сабки ҳиндиро ташкил медоданд, дар худи ҳамон давра дар адабиёти Мовароуннаҳр дида намешавад»[12]. Ногуфта намонад, ки ӯ ин масъаларо дар поварақ низ шарҳ медиҳад. Аз ҷумла менависад: «Мушфиқӣ дар аввалҳои салтанати Акбар ба Ҳиндустон рафта, бо ин намояндаи хонадони Темуриёни Ҳинд мулоқот намуд ва ба вай қасидае навишта тақдим кард. Инчунин ӯ аз Самарқанд истода ба Акбар қасидае навишта равона кардааст. Лекин дар эҷодиёти Мушфиқӣ муваффақиятҳои ҷунбиши адабии нимаи дуюми асри XVI Ҳиндустон чи навъе, ки дар матни китоб гуфта шуд, ҳис карда намешавад. Сарчашмаи “Гулзори Ирам»-и ӯ (ки дар соли 973 ҳиҷрӣ/ 1565-66 мелодӣ навшта шудааст) ва мумкин аст баъзеро дар ин бора ба шубҳа андозад, низ аз ҷои дигар аст. Мумкин аст, ин аз он ҷиҳат бошад, ки дар вақти ба Ҳиндустон рафтан, синни шоир аз 45 гузашта услуби бадеии ватани ӯ дар эҷодиёташ таъсири пурқуввате гузошта ва дар замони худ санъаткори бузурги ҳамин услуб гардида буд. Тарк кардани ин услуб ва гузаштан ба услуби дигар, агар аз як тараф (бинобар гузаштани синни шоир) душвор бошад, аз тарафи дигар мумкин аст худи шоир нахоста бошад. Ин буд, ки Мушфиқӣ бо маҳсули адабии худ дар Ҳиндустон муваффақияте пайдо карда натавониста ба зудӣ ба Мовароуннаҳр пас гашт»[13].
Назари Хоқонӣ низ ба шоирони пеш аз худ ба ҳамин қоида ва қонуни ҷорӣ ва сорӣ дар адабиёт ихтисос мегирад ва такя менамояд. Аммо Хоқонӣ, илова бар ин қоидаи маъмули шеъру шоирӣ, аз як сӯ, ба инкори шеъри Рӯдакиву Унсуриву Муиззӣ пардохта, аз сӯи дигар, ба амирону ҳокимони замонаш ҳушдор медиҳад, ки ӯро хубтар бишиносанд, аз шеъраш қадрдонӣ намоянд ва дар ин росто аз қадрдонию бахшандагии мамдӯҳони Рӯдакиву Унсуриву Муиззӣ ибрат бигиранд. Бубинанд, ки онҳо чӣ тавр ба шоироне, ки осорашон ибтидоӣ, куҳна ва ҳатто аз лиҳози мавзӯъ ва муҳтаво маҳдуд аст ва ба пояи шеъри ӯ намерасанд, силоти фаровон медиҳанд ва ҳунарашонро қадр менамоянд, аммо онҳо шоири навовару навгӯю муфлиқе чун Хоқониро ба хубӣ, ба таври боиставу шоиста арҷгузорӣ наменамоянд, ба қадри сухани тозаву тари ӯ намерасанд. Бинобар ин, Хоқонӣ ба ин се устоди сухан, аз ҷумла устод Рӯдакӣ, на танҳо даъвои ҳамсарӣ, балки бартарӣ менамояд, як навъ аз тақдири баланди онҳо ва мамдӯҳони пурсаховаташон рашк мекунад. Шояд дар он айём девони устод Рӯдакӣ мавҷуд будааст ва шоире чун Хоқонӣ онро мисли девонҳои Унсурию Муиззӣ пайваста мехондааст, зеро ташобуҳу ҳамсониҳои ашъор ва афкор дар байни осори бозмондаи устод Рӯдакӣ ва Хоқонӣ хеле зиёд аст, ки ковишу қиёсу баррасии онҳо кори алоҳида мебошад. Дар ин замина дар адабиётшиносии тоҷик устод Шарифҷон Ҳусейнзода нахустин касест, ки аз таассури Хоқонӣ аз устод Рӯдакӣ на танҳо сухан дар миён овардааст, балки мисол ҳам задааст. Чунончи, ӯ дар мақолаи «Баъзе қайдҳо аз таърихи робитаҳои илмӣ ва адабӣ», ки ба муносибати ҳафтаи адабиёти Озарбойҷон дар Тоҷикистон ихтисос дода шудааст, на танҳо дар бораи робитаи адабии шоирони Эрону Мовароуннаҳру Хуросон, аз ҷумла устод Рӯдакӣ, бо шоирони Эрони ғарбӣ, яъне минтақаи Кавказ ва таъсири мутақобили адибони ин ҳавзаҳои адабӣ сухан меронад, балки мисол ҳам меорад. Чунончи ӯ мегӯяд: «Таъсири мутақобили шоирони Озарбойҷон ва тоҷик хеле бузург аст. Шоири бузург ва халлоқи маонии Озарбойҷон Хоқонии Шервонӣ мероси адабии шоирони асрҳои X ва XI, монанди Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Унсурӣ, Саноӣ ва ғайраро мутолиа ва таҳқиқ карда, дар ҷавоби осори онҳо манзумаҳо навишта, дар мадҳи баъзе ҳукмдорони Мовароуннаҳр қасидаҳо низ эҷод кардааст. Масалан, ду ғазали зерин, ки яке аз тарафи Рӯдакӣ ва дигаре аз ҷониби Хоқонӣ гуфта шудаанд, намунаи комили робитаи эҷоди ҳар ду устоди шеър мебошад:
Рӯдакӣ мегӯяд:
Биёр, он май, ки пиндори равон ёқути ноб астӣ
Ва ё чун баркашида теғ пеши Офтоб астӣ.
Ба покӣ, гӯӣ, андар ҷом монанди гулоб астӣ,
Ба хушӣ, гӯӣ, андар дидаи бехоб хоб астӣ.
Саҳоб астӣ қадаҳ гӯиву май қатрай саҳобастӣ,
Тараб, гӯӣ, ки андар дил дуои мустаҷоб астӣ.
Агар май нестӣ, яксар ҳама дилҳо харобастӣ,
Агар дар колбад ҷонро надидастӣ, шароб астӣ.
Агар ин май ба абр – андар ба чанголи уқоб астӣ,
Аз он то нокасон ҳаргиз нахӯрдандӣ, савоб астӣ.
Хоқонӣ мегӯяд:
Сармастаму ташна, об дардеҳ,
Он оташгун гулоб дардеҳ.
Дар ҳиҷлаи ҷоми осмонранг
Он духтари Офтоб дардеҳ.
Он хуни Сиёвуш аз хуни Ҷам
Чун теғи Фаросиёб дардеҳ.
То ҷуръа адимгун кунад хок,
Он лаъли суҳайлтоб дардеҳ…
Хоқониро даме ба хилват
Биншону бад-ӯ шароб дардеҳ.
Ғайр аз ин, Хоқонӣ дар як қасидаи худ, ки бо ин матлаъ сар мешавад:
Ҷоми май то хати Бағдод деҳ, эй ёр, маро,
Боз ҳам дар хати Бағдод фикан, ёр, маро-
ба мисраи зерини:
Кас фиристод ба сар – андар Айёр маро,
Ки кунад ёд ба шеър – андар бисёр маро?-
шеъри Рӯдакӣ тазмин карда, гуфтааст:
Миннате дорам гар бар сари натъам чу чароғ
Бинишонӣ хушу он гаҳ бикушӣ зор маро.
Кас ба Айёр фиристодию гуфтӣ, ки ба сар
Хун бирезад ба сари ханҷари хунхор маро.
В-аз пайи он ки зи сирри ту хабардор шавам,
«Кас фиристод ба сар – андар Айёр маро».
Теғи Айёр чӣ бояд зи пайи куштани ман,
Ҳам ту куш, к-аз ту наёяд ба дил озор маро.
Хоқонӣ асосан шоири қасидасаро аст, вале дар аксар шеърҳояш маъниҳои баланди иҷтимоӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ ва пандиро бисёр ифода намудааст. Дар воқеъ, шеъри хуб назди Хоқонӣ он аст, ки аз маънӣ ва таъбирҳои бадеӣ пур бошад. Махсусан, вай ба ҷиҳати фалсафа ва ахлоқ дар шеър аҳамияти бисёр медиҳад. Ӯ шоири маддоҳи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ-Унсуриро танқид мекунад,ки ӯ, ба ғайр аз мадҳу ғазал, дар ҳикмат ва ахлоқ шеър нагуфтааст. Масалан:
Ҷуз аз тарзи мадҳу тарози ғазал
Накардӣ зи табъ имтиҳон Унсурӣ…
На таҳқиқ гуфта, на ваъзу на зуҳд,
Ки ҳарфе надонист аз он Унсурӣ.
Набудаст чун ман ба назму ба наср
Бузурғояту хурдадон Унсурӣ…» [14]
Албатта, таассури Хоқонӣ аз устод Рӯдакӣ бо ин ду мисоле, ки устод Ҳусейнзода овардаанд, маҳдуд намешавад, мо дар осори Хоқонӣ ба намунаҳои зиёди ин гуна таъсирпазирӣ рӯ ба рӯ мешавем, ки алоқаи зиёди Хоқониро ба шеъри устод Рӯдакӣ бармало месозанд. Гузашта аз ин, ёдкардҳое, ки Хоқонӣ дар осори хеш аз ӯ намудааст, далели нуфузи афкору орои устод Рӯдакӣ дар осори Хоқонӣ ва мақому ҷойи ӯ дар андешаву афкораш метавонад буда бошад. Чунончи:
Гарчи будаст пеш аз он дар Арабу Аҷам равон,
Шеъри Шаҳиду Рӯдакӣ, назми Лабиду Буҳтурӣ.
Дар сифати ягонагӣ он сафи чоргонаро
Банда се зарба медиҳад дар ду забони шоирӣ [15].
Масалан, агар устод Рӯдакӣ дар асри Х Бухороро аз Бағдод, ки маркази хилофат аст, бартар ниҳода бошад:
Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост,
Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост [16].
ва рӯҳи шуубии худро ба намоиш гузошта бошад, Хоқонӣ 200 сол баъд аз ӯ Шарвонро аз Бағдод боло мегузорад ва як навъ гуфтаи ӯро такрор менамояд:
Шарвон ба иззи шоҳ зи Бағдод даргузашт,
То шоҳзода Сафватуддин бонувони ӯст [17].
Хоқонӣ агарчи дар девонҳои шуарои пеш аз худ, ба вижа шуарои сабки хуросонӣ – Рӯдакӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ ва дигарон татаббӯи зиёд дорад, аз онҳо, аз ҷумла устод Рӯдакӣ, мавфур мекунад, шеърашонро тазмин менамояд, аммо пойбанди эшон ва сабкашон нест, балки бештар ба гӯяндагоне, ки дар марзи таҳаввул дар байни сабки куҳани хуросонӣ ва сабки нави ироқӣ қарор доранд, аз ҷумла, Мухтории Ғазнавӣ, Сайид Ҳасани Ғазнавӣ, Абулфараҷи Рунӣ, Масъуди Саъд, алалхусус Саноӣ ва амсоли ин, ки падидоваранда ва намояндаи сабки нав буданд, пайравӣ менамояд. Аз ин хотир, шеъраш тозаву наву бесобиқа аст. Ба қавли Маликушшуаро Баҳор, «ин ашъор, ғайр аз пухтагӣ ва дурустӣ ва ба дастуру қонун будан, дигар аз ҳайси мазоёи табиӣ ва улуви маънӣ шабоҳате ба ашъори Рӯдакиву Унсурӣ ва Фаррухӣ надоранд». Аммо бо ин ҳама, тавре ки гуфтем ва дидем, нақши каломи шоирони замони Сомониён, алалхусус устод Рӯдакӣ, дар каломи Хоқонӣ ҳар оина ба чашм мерасад. Аммо мо дар ин маврид танҳо ба овардани як қасидаи Хоқонӣ, ки ба қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и устод Рӯдакӣ:
Маро бисуду фурӯ рехт, ҳар чи дандон буд,
Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд [18].
аз ҷиҳати мазмун монанд аст, иктифо менамоем:
Намонд аҳли ранге, ки ман доштам,
Бирафт обу санге, ки ман доштам
Ба бӯи дили ёри якранг буд
Ба манзил диранге, ки ман доштам.
Барад ранги дебо ҳаво лоҷарам,
Ҳаво бурд ранге, ки ман доштам.
Хазон шуд баҳоре, ки ман ёфтам,
Камон шуд хаданге, ки ман доштам.
Ба ҷуз бо лабу чашми хубон набуд,
Ҳама сулҳу ҷанге, ки ман доштам.
Чу шер оташинчангу чуст омадам,
Пайи ҳар паланге, ки ман доштам.
Кунун ба таъвизи тифлон дарун
Набинанд чанге, ки ман доштам.
На Хоқониям, ном гум кун маро,
Ки шуд ному нанге, ки ман доштам [19].
Зимнан бояд гуфт, ки Хоқонӣ на фақат дар ашъораш аз устод Рӯдакӣ ёд менамояд, ба ӯ метозад, ашъорашро тазмин мекунад, балки дар «Муншаот»-аш, ки ба наср навишта шудааст, низ аз ӯ ёд менамояд. Мо ин гуна ёдкардро, ки ҷанбаи қиёсӣ дорад, дар як номаи ӯ, ки ба вазири Арман – Шамсуддин Маҳмуд ибни Алӣ бахшидааст ва аз саховату бахшиши шоҳони пешин ва арҷу эҳтироми онҳо ба аҳли қалам, минҷумла устод Рӯдакӣ ва соири шоирон, қисса менамояд, дида метавонем. Чунончи, ӯ мегӯяд: «Аз форсизабонони мулукситой Рӯдакӣ дар китоби ҷалоли рази Сомонӣ, амири хуросонӣ ва Хусравӣ дар умдаи фазоил ва рукни фазоили Абулфазли Балъамӣ ва Мантиқӣ дар дорулкифоти садри карим Соҳиб ибни Ибод ва Асҷадӣ дар рикоби давлатбахши шоҳи Ҷилон ва Фаррухӣ дар залли залили малики Систон ва Унсурӣ таҳти рояти султони сулаймоннигин Маҳмуди Сабуктегин, маъамо , ки ҳиммати Яминуддавла Маҳмуду (и) Ғазнин, ки ирнайни айём буд, ки макрамати ин садри маҳмудномаро айёзи убудият шояд, ки бошад. Аммо бар забони мани кеҳтар з-ин сиғату санъати дӯст:
Маҳмуд бани Алист чу Маҳмуду чун Алӣ
Ман ҳам Аёзи ҷудашу ҳам қанбари сахош» [20].
Мусаллам аст, ки устод Рӯдакӣ намояндаи машҳури сабки хуросонӣ мебошад. Содагии забону баён, камии калимоти бегона, ноошно, номаънус, истифодаи радифҳои сода, тасвирҳои табиӣ, муътадил, бозтоби рӯҳи маҳаллию миллӣ, нуфузи асотири миллию эронӣ, таъсири андаки ирфону тасаввуф, васфи хираду дониш, рӯҳияи шодию нишот, барканор будан аз таассубу сахтигариҳои мазҳабӣ, тарғиби панду ҳикмат, таълиму тарбия, корбурди андаки вожаҳои арабӣ, ҳузури луғоти куҳнаву маҳҷур ва наздик ба паҳлавӣ, такрор, рӯҳи ҳамосӣ, ҷанбаи таълимӣ, дурӣ аз навмедию яъс, нуфуз надоштани истилоҳи илмӣ, фаннӣ, қавӣ набудани корбурди оёт, ҳадис, ишора ва талмеҳоти арабиву исломӣ, истифодаи ташбеҳу истиораҳои ҳаётию табиӣ, эронгароӣ ва эронситоӣ, парҳез ва дурӣ аз иҳому ибҳом, мавҷудияти сакта, нуфуз надоштани саҷъ, вожагони туркӣ, алоқамандӣ нишон додан ба юнонгароӣ, дурӣ аз печидагӣ, муғлақбаёнӣ, бозӣ бо вожагон, худдорӣ аз истифодаи зиёди тасвир ва ороишоти адабӣ, парҳез аз фазлфурӯшӣ ва ғайра аз вижагиҳои асосии сабки хуросонӣ мебошанд. Осори устод Рӯдакӣ дорои ҳамин гуна хасоис мебошанд. Хусусан тавсифи донишу хирад яке аз мавзӯъҳои муҳимми осори боқимондаи ӯ мебошад:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ [21].
Ин ҷанбаи мавзӯи шоирони сабки хуросонӣ, ки устод Рӯдакӣ дар авҷи он қарор дорад, яъне тарғиби донишу хирадро донишмандон ба вижа сабкпажӯҳон, дар осорашон таъкид кардаанд ва афзалияту тафовути онро бар соири сабкҳои баъд аз он, алалхусус сабки ироқӣ, ки ҷойгузини сабки хуросонӣ мешавад, нишон додаанд. Хусрави Фаршедвард гӯяд: «Тафовути дигаре, ки дар мавзӯоти адабии ин ду давра (давраи ҳукмронии сабки хуросонӣ ва ироқӣ – Ҷ.С.) дида мешавад, масъалаи дониш ва хирад аст, ба ин маънӣ, ки бисёре аз шоирони сабки хуросонӣ ситоишгари донишу хираду фалсафаву ҳикмат будаанд… Дар ҳоле, ки дар асри Салҷуқӣ ва муғул бар асари ривоҷи ақоиди ашоъираи Ғазолӣ ва сӯфия фалсафа ва донишу хирад мавриди бемеҳрӣ қарор мегирад ва таассубу шӯру ваҷду ҳолу ишқ ҷои илму истидлолро мегирад».22 Бад-ин маънӣ донишманди ҳиндӣ Кошинот Пандтио низ дар мақолаи «Андешаҳо оид ба адабиёти форсу тоҷик» ишораи сареҳ менамояд. Аз ҷумла ӯ мегӯяд: «Муҳаққиқон таърихи адабиёти Эронро аз лиҳози сабк ба чандин давр тақсим кардаанд ва нахустин давраи онро сабки хуросонӣ номидаанд… Яке аз ҷанбаҳои ахлоқӣ, ки шоирони ин давра ба он аҳамияти фаровон додаанд, арзиши дониш дар боло бурдани фарҳанги башар мебошад. Дониш, яъне донистан ва огоҳ будан аз вазифаи шахсӣ ва иҷтимоӣ, завқ ва дилсӯзӣ барои пешрафти зиндагии моддӣ ва маънавии башар. Дар авосити давраи салтанати Сомониён шоире тоҷик ва марде донишманд Абӯшакури Балхӣ мегӯяд:
То бад-он ҷо расид дониши ман,
Ки бидонам ҳаме, ки нодонам.
Рӯдакӣ арзиши донишро бад-ин гуна васф менамояд:
Дониш андар дил чароги равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Аммо нахустин зарбае, ки ба андешаи бартарии дониш ворид шуд, аз тарафи ҷамъе аз мутаассибони мадрасаи Низомияи Бағдод бо сарварии Муҳаммади Fазолӣ буд, ки дар миёнаи қарни XI-и мелодӣ, яъне замони ҳукмронии Алп Арслони Салҷуқӣ зиндагӣ мекард. Бояд гуфт, ки дар ҳақиқат, бунёдгузории ҷараёни иртиҷоии фикр дар Хуросон ва сарзамини рӯди Ому дар он замон Низомулмулки Тӯсӣ-вазири маъруфи Салҷуқиён ва душмани ашаддии исмиоилиёну равшанфикрони он давра буд, онҳоро зиндиқ ва мулҳид мехонд. Доир кардани мадрасаҳои Низомия дар нукоти мухталифи кишвар-Ҳирот, Марв, Тӯс ва ҷойҳои дигар бо ин манзур буд, ки иртиҷоъро ҳимоят кунад ва муратаҷеъин, мисли Fазолӣ, дар он мадрасаҳо тарбият биёбанд. Илмҳое, ки дар ин мадрасаҳо омӯхта мешуданд, фиқҳ, тафсир, қироат ва дигар улуми динӣ буданд. Вале таълими илмҳои ақлӣ, мисли фалсафа, мантиқ, риёзӣ, ҳандаса, нуҷум ва ғайраҳо мамнӯъ буд. Муқобили файласуфон ва ҳакимон Fазолӣ китобе ба номи «Таҳофат-ул-фалосифа» навишта ва пояи динро дар ҳар нигориш ҳимоят намуд. Ҳайф, ки бо таъсири аҳли иртиҷоъ Хоқонӣ барин шоири нуктасанҷ ва донишманд низ дониши юнониёнро маҳкум кард. Чунонки мегӯяд:
Фалсафа дар сухан маёмезед,
В-он гаҳе номи он ҷадал маниҳед.
Нақди ҳар фалсафӣ кам аз фулс аст,
Фулсе дар кисаи амал маниҳед» [23].
Аммо дар сабки ироқӣ, ки давом ва такомули сабки хуросонист ва Хоқонӣ яке аз намояндагони сутурги он маҳсуб мешавад, забон таҳаввул мекунад, калимоти арабӣ зиёд мешаванд, вожагони туркӣ меафзоянд, истилоҳоти илмиву фаннӣ, аз ҷумла тиббиву нуҷумӣ, корбурди зиёд пайдо менамоянд, ирфону тасаввуф, оёту ҳадис, такаллуфу санъатгарӣ, донишситезиву хирадгурезӣ авҷ мегирад, ғазал нуфуз пайдо менамояд, луғатҳои маҳҷур кам мешаванд, забон суфтаву пухта мегардад, калимаҳо бештар маънои истиориву киноӣ пайдо менамоянд, авзони шеър тарош мехӯрад, сактаъ дар шеър, ки дар сабки хуросонӣ нуфуз дошт, кам мешавад, шеър душвору мураккабу печида ва муғлақ мегардад, радифҳои исмӣ зиёд мешаванд, қофияҳои душвор расмият пайдо мекунанд, такаллуф ва тасаннуъ зиёд мегардад, муғлақсароӣ, тумтароқи лафз меафзояд, асотир, қиссаву достонҳои арабиву исломӣ беш аз пеш ҷойгузини асотиру қиссаву достонҳои эрониву милливу маҳаллӣ мешаванд, шеър гоҳе шакли муаммову чистонро мегирад, хирадситоиву ақлгароӣ камранг мегардад, ахлоқ рангу бӯи тасаввуфию ирфонӣ пайдо менамояд, рӯҳи миллӣ, ашъори ватандӯстона рӯ ба таназзул мениҳад, юнонситезӣ, таҳқири аҳли фалсафаву ҳикмат боло мегирад, шеър асосан дар қаламрави дину шариату тариқату ирфон ҳаракат менамояд, ҷойи илму донишу хираду таълиму тарбияро таассубу ҷаҳлу шӯру ҷазабаву ваҷду ҳоли ирфониву сӯфиёна мегирад, ғам, бадбинӣ дар адабиёт меафзояд ва ҷойи васфи шодиро, ки дар сабки хуросонӣ нуфуз дошт, мегирад, яъсу гӯшанишиниву зуҳду риёзату бадбинӣ, таваккулу қаландарию дунёситезиву дунёгурезӣ, ки дар сабки хуросонӣ ба нудурат вомехӯрд, меафзояд, ишқи заминӣ ба ишқи осмонӣ бадал мешавад, дузабонӣ мустаъмал мегардад. Қариб аксари адибон шеъри муламмаъ мегӯянд. Мо ҳамаи ин сифат ва хасоисро дар осори Хоқонӣ боздид менамоем. Рӯи ҳамин асос, даъвоҳои зиёди Хоқонӣ, бартариҷӯӣ ва таъкиди афзалияти худ ва ашъораш нисбат ба намояндагони сабки хуросонӣ, аз ҷумла устод Рӯдакӣ, як амри мантиқӣ ва табиӣ маҳсуб мешавад ва тавре ки гуфтем, он ба қонуну қавоиди таҳаввулу такомулу инкишоф такя менамояд, на эҳсосу кибру ғуруру худситоӣ, ки бархеҳо аз ноогоҳию таассуб мепиндоранд. Дар воқеъ, ин амалкарди шоир ба талаботи замон ихтисос мегирад, зеро ҳар замон талаботи вижа пеш мегузорад. Лиҳозо, Хоқонӣ аз рӯи талаботи давр ва қонуни таҳаввул ва иваз шудани сабки шеърӣ амал кардааст, аз худ шигифтиву эъҷоз нишон додааст ва аз ҳунари волои худ, бартариятҳои шеъру ҳунари хеш дар олами шеъру шоирӣ хабар додааст, зеро ӯ воқеан ҳам намояндаи сабки нави адабӣ – ироқӣ шоири устод, мубдеъ ва халлоқи лафзу маънии тоза мебошад:
Мунсифон устод донандам, ки аз маъниву лафз
Шеваи тоза, на расми бостон овардаам [24].
Бинобар ин, зери тозиёнаи танқид қарор гирифтани Хоқонӣ аз ҷониби муаллифи китоби «Адабиёти тоҷик барои синфи 8» (2009) як навъ таассубу бехабарӣ аз таърихи адабиёт, сабку сабкшиносӣ, анъанаву навоварӣ, қонуни таҳаввулу такомул дар шеъру шоирӣ ва амсоли ин мебошад. Аммо ӯ аз рӯи таассубу ғараз ба Хоқонӣ туҳмат мезанад ва мегӯяд: «Ҳеҷ шоире ба монанди Хоқонии Шервонӣ дар фахри худ зиёд сухан нагуфтааст ва зиёдаравӣ ҳам накардааст. Чунончи:
Нест иқлими суханро беҳтар аз ман подшо,
Дар ҷаҳон мулки сухан рондан мусаллам шуд маро.
***
Ман дар сухан азизи ҷаҳонам ба Шарқу Ғарб,
К-аз Шарқу Ғарб номи суханвар накӯтар аст.
***
Сухан гуфтан ба кӣ хатм аст, медонию мепурсӣ,
Фалакро бин, ки мегӯяд: «Ба Хоқонӣ, Хоқонӣ».
***
Шоири муфлиқ манам, хони маони марост,
Резахури хони ман Унсурию Рӯдакӣ.
«Ҷаҳон» ва «Шарқу Ғарб»-е, ки Хоқонӣ мегӯяд, ба маънии қаламрави забони форсии тоҷикӣ ва тарафҳои олам аст, на ба мафҳуми имрӯзаи ҷуғрофӣ ва сиёсии онҳо. Дигар ин ки ҳаргиз сухан гуфтан ба Хоқонӣ хатм нашуда буд. Сониян Рӯдакиву Унсуриро резахӯри хони худ хондани ӯ камоли беинсофӣ мебошад. Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола» ба куллӣ дуруст гуфтааст, ки ин суханони Хоқонӣ дар ҳаққи соҳибқирони шоирон Рӯдакӣ аз ҷоҳилию кӯдакист. Ин фахри беҳуда ва муболиғаомез аз шеъру шоирии худ беш аз ҳама ба шоирони мадеҳасарои дарбор хос аст ва нишонаи хусумат ва рақобати онҳо барои ҷалби таваҷҷӯҳи мамдӯҳ ва ситондани молу зари бештар аз вай мебошад. Дар бораи хусумату рақобати Хоқонӣ бо бисёре аз шоирони замонаш, аз ҷумла бо Рашиди Ватвот ва ҳатто устодаш Абӯалои Ганҷавӣ, сухан зиёд аст. Хоқони шахси худписанд ва мағрур буд…»[25]. Ҳамин муаллиф дар ҳамин китоб Хоқониро шоири сабки хуросонӣ медонад, ки аз фарти ноогоҳии ӯ аз адабиёт, таърихи адабиёт, сабкшиносӣ, анъанаву навоварӣ, таъсирпазирӣ, таъсиргузорӣ, қонуни таҳаввулу тағйирот дар забону адабиёт ва таассубу беинсофӣ нисбат ба адабиёт, намояндагони сутурги он, аз ҷумла Хоқонӣ хабар медиҳад. Чунончи ӯ менависад: «Баъзеҳо (киҳо? – Ҷ.С.) гумон кардаанд, ки он «шеваи тоза» ва «тариқи ғариб»-и Хоқонӣ ҳамон сабки ироқист, ки дар адабиёти форсии тоҷикӣ маъмул аст. Аммо аз мутолиа ва баррасии беҳтарин намунаҳои мероси шоир равшан бармеояд, ки ӯ давомдиҳандаи ҳамон «расми бостон» - суннатҳои адабии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, хосса Носири Хусрав ва Анварии Абевардӣ дар қасидасароӣ мебошад. Кӯшишҳои ӯ барои гуфтани шеър бо қофияву радифҳои ноёб, истифодаи санъатҳои бадеии лафзие монанди илтизом, бо ду-се матлаъ, нуктапардозиҳо, истеъмоли луғат ва таркибҳои хос, сохтани таркибу ибораҳои гуногун аз калимаҳои ноёб ва камистеъмол, истифодаи истилоҳоти илмҳои гуногун ва ғ. ҷуз нишонаи ҳунарнамоӣ чизе нест» [26]. Тавре ки мебинем, ин пора низ саросар аз ғараз нисбат ба шоир иншо шудааст. Масалан, «баъзеҳо гумон кардаанд», мегӯяд, ки маълум нест, ки ин баъзеҳо киҳо бошанд. Дигар, «шеваи тоза» ва «тариқи ғариб»-ро сабки ироқӣ намедонад, балки хуросонӣ медонад, ки аз ноогоҳии муаллифи китоби дарсӣ дарак медиҳад. Ҳамзамон, ӯ Хоқониро «давомдиҳандаи ҳамон «расми бостон», яъне сабки хуросонӣ, ки устод Рӯдакӣ намояндаи он аст медонад, ки қатъан ғалат аст. Пас маълум мешавад, ки муаллиф осори Хоқониро сарсарӣ мутолиа кардааст ва аз гуфтори муҳаққиқон, ба вижа хоқонипажӯҳон, хабар надорад ва бадтар аз ҳама, аз вижагиҳои сабки хуросонӣ ва ироқӣ, ки мо дар боло онҳоро нишон додем, бехабар аст ва ё шиддати таассуб, ки Хоқонӣ Рӯдакиро «резахӯри хон»-и худ донистааст, мақоми бузурги ӯро дар шеъри сабки ироқӣ ва умуман таърихи адабиётамон нодида гирифтааст ва бад-ин васила эҳсоси қассосгирии худро аз ин шоири бузург ва нобиғаи сабки ироқӣ таскин бахшидааст. Лиҳозо, тамоми «кӯшишҳои ӯро ҷуз нишонаи ҳунарнамоӣ чизи дигаре надонистааст». Ин гуна бархурд бар яке аз аркони муҳимми шеъри форсӣ ва яке аз бузургтарин қасидасароёни таърихи адабиётамон, аз як сӯ, камоли беинсофӣ, камбинӣ ва таассуфи муаллифро нишон диҳад, аз сӯи дигар, хонанда , талабагонро ба бадбинӣ, гумроҳӣ ва нодуруст қазоват кардан дар бораи шоир замина муҳайё месозад. Ниҳоят, бояд донист, ки муаллифу муҳаққиқ ҳақ надорад, ки таассуб дошта бошад. Ӯ метавонад муътақиди адибе бошад, аммо мутаассиб будан айби бузург аст. Шояд ин муаллиф дар идроки шеъри Хоқонӣ оҷиз мондааст, зеро, ба қавли Абдулҳусайни Зарринкӯб, «мумкин аст касе аз тамоми фунуни адабӣ ба дурустӣ огоҳ бошад ва бо ин ҳама шеъри Хоқонӣ ва Анварӣ ё гуфтаи Мутаннабӣ ва Муайириро идрок накунад. Зеро идроки шеъри Хоқонӣ ва Анварӣ дар баъзе маворид мавқуф ба иттилоъ ва истилоҳот аст ва масоили тиббу нуҷум ва мусиқӣ ва фалсафаи табиӣ ва илоҳӣ аст ва бидуни вуқуф бар он масоил наметавон ҷамоли фаннии он ашъорро дарёфт. Дуруст аст, ки шояд, ҳатто бо дар даст доштани он муқаддимоти тоза, дар баъзе аз он ашъор ҷамоли фаннӣ наметавон ёфт, аммо дар бисёре аз онҳо фақат ба мадади вуқуф ва иттилоъ бар муқаддимоти илмӣ метавон ҷамоли фанниро идрок кард»[27].
Мо дар бораи шоири навовару мубдеъ будани Хоқонӣ чизе намегӯем, ин ба ҳамагон маълум аст. Танҳо дар бораи на намояндаи сабки хуросонӣ, балки намояндаи тамомиёри сабки ироқӣ будани Хоқонӣ ба муаллифи китоб ин далелҳоро дар анҷоми сухан дигарбора нишон медиҳем, то дар нашрҳои ояндаи китоб ба ҳисоб гирад ва иштибоҳи хешро ислоҳ намояд. Воқеан, сабки хуросонӣ, ки устод Рӯдакӣ аз он намояндагӣ мекунад, дорои чунин вижагиҳо мебошад: шеър сода аст, лиҳозо онро гоҳе саҳлу мумтанеъ гуфтаанд, калимоту таркиботи арабӣ дар он хеле кам мебошад, луғоти маҳҷур ва куҳна ва наздик ба паҳлавӣ дар шеър вомехӯранд, такрор дар шеър ҷоиз аст (ба хотири сухани нағз, андешаву орои бостон ва бурузи рӯҳи миллӣ), шеър шодигаро ва аз назари андеша ҳамосӣ, таълимӣ ва фарогири панду ҳикмат мебошад, истилоҳоти илмӣ, хусусан нуҷуму тиб, ба нудурат ба чашм мехӯрад, ғаму андӯҳу яъсу ноумедӣ бисёр кам аст, корбурди мазомини Қуръон, оёту ҳадис, талмеҳоти арабиву исломӣ чандон нуфуз надорад, шеър рӯҳи миллию ватанпарварона дорад, ташбеҳу истиораҳо табииву ҳаётианд, ирфону тасаввуф, афкору орои қаландарӣ нуфуз надоранд, ҳама чиз муътадил аст, шеър табиатгаро аст, шоирон аксар хирадситою ақлгароянд, фалсафаву ҳикмат мавриди таваҷҷуҳи шоирон аст, печидагӣ нуфуз надорад, вожагони туркию муғулӣ қариб ба дида намерасанд, шеър берунгаро аст, тасаннӯъ камранг аст, вожагон маънусу ошноянд ва ғайра, аммо сабки ироқӣ, ки Хоқонӣ аз он намояндагӣ мекунад нисбат ба сабки хуросонӣ мураккаб аст, забон дар он тағйиру такмилёфта мебошад, вожагону таркиботи арабию туркию муғулӣ корбурди зиёд доранд, санъатгарӣ, печидагӣ, тасаннуъ, бозӣ бо вожагон дар шеър мавқеи муҳим доранд, саҷъ дар наср истифодаи зиёд дорад, истилоҳоти илмию фаннӣ, бахусус тиббиву нуҷумӣ ва ирфониву тасаввуфӣ, мазҳабӣ, фаннӣ, динӣ дар шеър равнақ меёбад, ғазал дар баробари қасида нуфузи зиёд пайдо менамояд, хусусан ғазали ошиқонаву орифона дар эҷодиёти Мавлоно ва Саъдӣ ба авҷ мерасад, достонҳои ҳамосиву миллӣ ҷойи худро ба досонҳои диниву романтикӣ медиҳанд, рӯҳи миллӣ билкул ба заъф мегарояд, маснавиҳои ирфониву тасаввуфию ахлоқӣ ҷойгоҳи хос пайдо мекунанд, шеър ғамборон мешавад ва саршор аз яъсу навмедӣ мегардад, рӯҳи мазҳабӣ ҷойгузини рӯҳи миллӣ мегардад, истифода аз Қуръон, ояту ҳадис ва талмеҳу асотири арабию динӣ нуфуз пайдо мекунанд, санъатгарӣ, печидагӣ, муғлақгӯӣ ба шеър роҳ меёбад, ташбеҳоту истиороти печидаву дур аз зеҳн дар шеър меафзояд, яъне шеър билкул мураккаб ва печида мешавад, забону баён шакли меъёрӣ мегиранд ва расмият пайдо мекунанд, бозӣ бо вожагон, истифода аз ҷинос зиёд мешавад ва шеър суфта ва сактаю калимаҳои куҳна кам мегарданд, радифҳои мушкил пайдо мешаванд, фазлфурӯшию муғлақсароӣ, таҳқири аҳли илму фалсафа, ҳикмати Юнон зиёд мешавад, рӯҳи ирфониву қаландариву сӯфиёна, ғаму андӯҳу нола дар шеър афзун мешавад, таассубу хурофот, шӯру ваҷду ҳол ҷои ақлу хираду донишро мегирад, илму истидлол мавриди инкор қарор мегирад, таассубу сахтигариҳои мазҳабӣ, зуҳду гӯшагирию риёзат зиёд мешавад, иҳому ибҳом дар шеър қонунӣ мегардад ва ғайра. Тавре ки мебинем, шеъри Рӯдакӣ дорои хусусиятҳои авваланд. Аз ин рӯ, ӯ шоири сабки хуросонист. Аммо шеъри Хоқонӣ дорои хусусиятҳои дувум мебошад. Лиҳозо, ӯ шоири сабки ироқист. Тамом, вассалом!
Ҷамолиддин САИДЗОДА
адабиётшинос
Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№4 (22), 2020
Пайнавиштҳо
- Маликушшуаро Баҳор. Девони ашъор. –Теҳрон, 1390. –С.880.
- Саид Нафисӣ. Ҳазору садумин соли Рӯдакӣ. Садои Шарқ, 1987, №9. –С.92-93.
- Девони Хоқонии Шарвонӣ. –Теҳрон, 1368. –С.187.
- Ш.Ҳусейнзода. Гуфтор аз ганҷи сухан. –Душанбе:Ирфон, 1985. –С.64.
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор. –Ҷ.7. –Душанбе:Адиб, 1989. –С.448-449.
- Девони Хоқонии Шарвонӣ.-С.927.
- Рӯдакӣ бояд, ки ояд бори дигар бар ҷаҳон… Рашидии Самарқандӣ. –Панҷекат,1996. –С.25.
- Ҳамон ҷо, -С.23.
- Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкират-уш-шуаро. –Хуҷанд: Ношир, 2015. –С.49.
- Шиблии Нуъмонӣ. Шеър-ул-Аҷам. Ҷ.3. –Душанбе, 2016. –С.13-14.
- Садриддин Айнӣ. Куллиёт. –Ҷ.13. –Душанбе:Ирфон. 1977. –С.250.
- Абдулғанӣ Мирзоев. Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик. –Душанбе:Дониш, 2018. –С.45.
- Ҳамон ҷо. –С.225-226.
- Ш. Ҳусейнзода. Баҳс ва андеша. –Душанбе: Ирфон, 1964. – С.254-256.
- Девони Хоқонии Шарвонӣ. –С.425.
- Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. –Душанбе:Адиб, 2007. –С.67.
- Девони Хоқонии Шарвонӣ. –С.73.
- Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. –Душанбе:Адиб, 2007. –С.76.
- Девони Хоқонии Шарвонӣ. –С.788.
- Муншаоти Хоқонӣ. Таҳеҳ ва таҳияи Муҳаммади Равшан. –Теҳрон, 1349. –С.256.
- Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. –Душанбе:Адиб, 2007. –С.329.
- Хусрави Фаршедвард. Дар бораи адабиёт ва нақди адабӣ. –Ҷ.2. –Теҳрон, 1363. –С.769.
- Кошинотҳ Пандита. Андешаҳо оид ба адабиёти форс тоҷик. –Садои Шарқ, 1983. №6. –С.109-112.
- Девони Хоқонии Шарвонӣ. –С.258.
- Абдунабӣ Сатторзода. Адабиёти тоҷик. Китоби дарси барои синфи 8. –Душанбе:АВА, 2009. –С.17.
- Ҳамон ҷо, -С.230.
- Абдулҳусайни Зарринкӯб. Нақди адабӣ. –Душанбе:Ирфон, 2017. –С.74.