JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 15 Декабри 2020 09:13

Чанд далели ҷолиб дар бораи мактабҳо ва таҳсил дар кишварҳои ҷаҳон

Муаллиф: Таҳияи Номвар ҚУРБОН
Чанд далели ҷолиб дар бораи мактабҳо ва таҳсил дар кишварҳои ҷаҳон https://acerforeducation.acer.com
  1. Таълим тавассути радио. Австралия.

Азбаски дар Австралия зичии аҳолӣ хеле кам аст, аз ин рӯ, на дар ҳама минтақаҳои ин кишвар мактаб вуҷуд дорад. Бинобар ин, кӯдаконе, ки аз муассисаҳои таълимӣ дур зиндагӣ мекунанд, ба воситаи радио мавзӯъҳои дарсиро аз худ менамоянд. Тавассути радио пахшҳои махсус вобаста ба мавзӯъҳои дарсӣ пешниҳоди муҳассилин мегардад.

  1. Мактаб дар заврақ. Бангладеш.

70%-и масоҳати умумии Бангладеш аз сатҳи баҳр пасттар буда, дар ин ҷо соле ду маротиба обхезии бузург ба амал меояд. Аз панҷ як ҳиссаи аҳолии Бангладеш ҳар сол аз обхезӣ азият мекашад ва табиист, ки ба мактаб рафтани кӯдакон ғайриимкон мегардад. Бинобар ин, дар вақти обхезиҳо мактабҳои заврақӣ роҳи ҳалли мушкилотанд. Ташкилоти ғайритиҷоратии Shidhulai Swanirvar Sangstha барои ҳалли мушкилоти обхезиҳои ҳарсола роҳи ҳалли аҷиб – хонаҳо, марказҳои саломатӣ ва мактабҳои шинокунандаро пешниҳод кардааст. Мактабҳои шинокунанда бо батареяҳои офтобӣ фаъолият карда, дорои ноутбук, интернет ва китобхона мебошанд. Онҳо субҳ кӯдаконро аз хона гирифта, пас аз дарс, ба мисли автобуси мактаб боз ба хона мебаранд.

  1. Мактаб дар фазои озод. Дания.

Бинои гимназияи Орестади пойтахти Дания – Копенгаген замоне аз ҷониби як ширкати тарроҳӣ лоиҳакашӣ шудааст, ки онро ба амали воқеии санъати муосир ҳам дар дохил ва ҳам дар берун табдил додааст. Зеро тибқи як назарсанҷӣ дар соли 2007 гимназия беҳтарин бинои Скандинавия дониста шуд. Бояд қайд кард, ки Орестад дар доираи ислоҳоти маорифи миллии Дания ифтитоҳ гардида, барои таълим додани хонандагони мактабҳои миёна, ки нияти дар соҳаи ВАО таҳсилоти олӣ доштанро доранд, пешбинӣ шудааст.  Хусусияти аҷиби дигари гимназия дар он аст, ки синфхонаҳо шартан тақсим карда шуда, ҳамаи синфҳо амалан дар як ҳуҷраи азим машғули омӯзишанд. Азбаски дар тамоми бино интернети бесим дастрас аст, бинобар ин хонандагони синфҳои болоӣ на танҳо дар фазои воқеӣ, балки дар фазои маҷозӣ ҳамкорӣ мекунанд.

  1. Мактаб дар зери замин. ИМА.

Дар миёнаи солҳои 70-уми асри гузашта, вақте ки дар ИМА бӯҳрони энергетикӣ сар зад, дар шаҳраки Рестони Вирҷинияи Шимолӣ мактаби ибтидоии зеризаминии «Terraset» бунёд карда шуд. Бо хотири сарфаи энергия, ки дар он солҳо гармкунии муассисаҳои таълимӣ як мушкилоти хеле ҷиддӣ буд, дар Рестон ба тарзи хеле одӣ мактаб сохта шуд. Онҳо теппаи хурдеро дар майдони ҷангали калон ҳамвор карда, бинои мактаб месозанд ва сипас, онро бо хок мепӯшонданд, то ки қабати замин гармиро нигоҳ дорад.

  1. Мактаб бо ҳодисаҳо. ИМА.

Дар иёлати Колорадои ИМА мактабе бо номи Watershed мавҷуд аст, ки бо барномаи таълимии ғайристандартӣ машҳур мебошад. Табиист, ки дар мактаб кӯдакон фанҳои анъанавӣ – забони англисӣ ва риёзиро меомӯзанд. Аммо ин танҳо муқаддима ба сафарҳои омӯзишӣ аст. Дар Watershed ин сафарҳо усули таълими хеле муфид ҳисобида мешаванд. Масалан, меъморӣ на дар синф бо истифода аз китобҳо, балки дар кӯчаҳои шаҳр омӯзонида мешавад. Ва ё биология ва география бо сайругашт дар ҷангал ва заврақронӣ дар дарё таълим дода мешавад. Ҳамчунин, хонандагон дар якҷоягӣ бо муаллимон сурудҳои худро менависанд, гурӯҳҳои мусиқӣ таъсис медиҳанд, сенарияҳои бозиҳои компютерӣ пешниҳод мекунанд ва инчунин, роботҳоро ҷамъ меоранд. Илова бар ин, дар мактаб ба варзиш, на танҳо ба намудҳои анъанавӣ, балки касе ба кадом намуди варзиш (як кас ба футбол, дигар кас бо волейбол, сеюми ба баскетсол, чоруми ба теннис ва ғайра) шавқ дошта бошад, диққати махсус дода мешавад.

  1. Мактаби хурдтарини ҷаҳон. Италия.

Мактаби ибтидоӣ дар шаҳри Алпетти Италия метавонад ба таври ҳуқуқӣ хурдтарин мактаб дар ҷаҳон ҳисобида шавад. Зеро дар он танҳо як хонанда таҳсил менамояд.

  1. Таълим бо ду забон. Канада.

Дар Канада хонандагон бо ду забон – англисӣ ва фаронсавӣ таҳсил мекунанд.

  1. Мактаб бидуни қоида. Канада.

Дар шаҳри Торонтои Канада «Мактаби алтернативии Алфа» аз соли 1972 фаъолият дорад. Маълум нест, ки ин мактаб то ҳанӯз фаъолият мекунад ва вайрону валангор нашудааст, зеро дар ин ҷо ҷашни воқеии саркашӣ таҷлил мегардад. Дар мактаб ба хонандагон баҳо намегузоранд, ҷадвали ҳатмии дарсӣ ҳам вуҷуд надорад ва умуман вазифаи хонагӣ супориш намешавад. Барои таҳқиру дашном, монанд ба навиштани лаънат ба унвони муаллиме дар тахтаи синф, ҳеҷ касро сарзаниш намекунанд ва аслан касе маҷбур намекунад, ки хонанда таҳсил намояд. Хонандагон худашон тасмим мегиранд, ки чӣ гуна рӯзи хонишро созмон диҳанд ва дар кадом дарсҳо иштирок намоянд. Дар синф, кӯдакон на аз рӯи синну сол, балки аз рӯи шавқу ҳавас интихоб мешаванд. Илова ба дарсҳои анъанавии хат ва риёзӣ, дарси хӯрокпазӣ, амсиласозӣ ва ҳатто асосҳои фалсафа таълим дода мешавад. Муаллимон ҳама кори аз дасташон меомадаро мекунанд, то ба донишазхудкунии кӯдакон халал нарасонанд. Албатта, ихтилофҳо низ ҷой доранд. Вале, барои ҳалли онҳо комиссияи махсус даъват карда мешавад, ки ба ҳайати он ҳам кӯдакон ва ҳам калонсолон шомиланд. Ҳарду тараф дар бораи ҳодиса ё воқеаи рухдода ҳуқуқи баробари овоздиҳӣ ва баёни нуқтаи назари худро доранд. Сипас, комиссия роҳҳои ҳалли низоъро пешниҳод мекунад. Аз ҳама чизи муҳим дар ин раванд пайдо кардани созиши ба ҳама мувофиқ мебошад.

  1. Таълим аз чорсолагӣ. Нидерландия.

Дар Нидерландия бо хоҳиши волидон кӯдаконро дар чорсолагӣ ба мактаби хурдсолон баранд ҳам, вале аз 12-солагӣ ба мактаби асосӣ қабул карда мекунанд. Бо фарқ аз мактабҳои нидерландӣ, дар мактабҳои ҳолландӣ хонандагон аз 5-солагӣ ба мактаб мераванд ва барои ба мактабҳои хориҷӣ дохил шудан имтиёзҳои зиёд дода мешавад.

  1. Мактаби сайёр. Нидерландия.

Дар пойтахти Нидерландия – Амстердам мактаби «de kleine kapitein» метавонад, ки ҳатто сайёҳони ботаҷрибаю дунёдидаро ба ҳайрат орад. Бинои мактаб соли 2009 ҳамчун иморати муваққатӣ сохта шудааст. Аммо ба волидони хонандагон он қадар писанд омад, ки онҳо тасмим гирифтанд, фарзандонашон мактабро тарк накунанд. Чунин мактаби «сайёр»-и гуногунранг метавонад ҳар лаҳза ба ҷои дигар кӯчад ва инчунин, хеле арзон аст. Ин роҳи ҳалли яке аз масъалаҳои мубрами шаҳр – афзоиши босуръати аҳолӣ мебошад.

  1. Соли хониши кӯтоҳтарин. Фаронса.

Дар мактабҳои олии Фаронса соли хониши кӯтоҳтарин, аммо рӯзи таҳсили дарозтарин мавҷуд аст.

  1. Зиндагӣ дар мактаб. Хитой.

Дар Хитой барои хонандагон вазифаи хонагӣ дар ҳаҷми калон пешниҳод мегардад. Бинобар ин, аксари хонандагон дар мактабҳо зиндагӣ мекунанд ва танҳо рӯзи истироҳат ба хона мераванд. Ҳамчунин, дар мактабҳои Хитой  ба азхуд намудани далелҳои гуногун диққати зиёд дода мешавад. Вале, тафаккури таҳлилӣ ва танқидӣ озмуда нашуда, диққати асосӣ ба сана, далелҳо ва таърифҳо дода мешавад. 

  1. Мактаб дар қуллаи кӯҳ. Хитой.

Дар уезди Ланкатсзии ноҳияи мухтори Тибети Хитой (доманакӯҳҳои шимолии Ҳимолой) дар баландии 5573 метр мактаби ибтидоии Пуматсзянтан фаъолият мекунад, ки айни замон мактаби баландтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Машғулиятҳо дар ин мактаб дар шаш синф баргузор гардида, ҳамаи хонандагони он шабро дар мактаб рӯз мекунанд. Бо вуҷуди ин, ҳамаи кӯдакони деҳаи Пуматсзянтан ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

  1. Мактаб дар ғор. Хитой.

Музофоти Гуйчжоуи Хитой яке аз музофотҳои нодортарини кишвар буда, дар он ҷо мардум аксар вақт ғизои дуруст намехӯранд ва ҳатто наметавонанд, ки ба худ як ҷуфт пойафзоли изофӣ бихаранд. Ба ин нигоҳ накарда, сокинони музофот тавонистанд, ки ба фарзандони худ мактабе бунёд намоянд. Маблағе, ки аз ҷониби давлат ба Гуйчжоу ҷудо мегардид, ҳатто барои бунёди бинои муқаррарӣ кифоягӣ намекард. Аз ин рӯ, бошандагони музофот тасмим гирифтанд, ки барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ як муассисаи таълимӣ бисозанд. Онҳо ғореро ба сифати бинои мактаб интихоб намуда, дар он шароити таълимро фароҳам оварданд ва ин мактаб аз соли 1984 то соли 2011 фаъолият кард. Дар мактаби даруни ғор 8 муаллим фаъолият дошта, дар тӯли 27 сол ба садҳо кӯдакон таълим доданд. Имрӯз мактаби даруни ғор баста шуда бошад ҳам, дар ин ҷо то ҳол мактабе, ки бо ҳама шароитҳо муҷаҳҳаз бошад, бунёд нагардидааст.

  1. Мактаби бузургтарини ҷаҳон. Ҳиндустон.

Дар Ҳиндустон ба сабаби зиёд будани аҳолӣ мактабҳои хеле калон бунёд карда мешаванд. Аз ин рӯ, бузургтарин мактаб дар ҷаҳон дар ин кишвар ҷойгир аст. Ҳанӯз соли 2000-ум City Montessori School-и пойтахти иёлати Уттар-Прадеши Ҳиндустон – шаҳри Лакхнау ҳамчун бузургтарин мактаби ҷаҳон ба китоби рекордҳои Гиннес ворид карда шуд, ки он замон 22 612 хонанда дошт. Мактаб соли 1959 аз тарафи Ҷагдишем Ганди ва завҷаи ӯ Бхарти таъсис ёфта, дар ибтидо дар он танҳо 5 хонанда таҳсил мекард. Барои бунёди бузургтарин мактаби ҷаҳон Ҷагдиш Ганди маҷбур буд 300 рупия (камтар аз 10 доллар) қарз гирад ва дар чандин биноҳои Лакхнау иҷора нишинад.

  1. Мактаб дар назди купрӯк. Ҳиндустон.

Соли 2008 бо ташаббуси омӯзгори ҳаваскор Раҷеш Кумар Сингҳ дар таги яке аз купрӯкҳои роҳи оҳани пойтахти Ҳиндустон – Деҳлӣ барои кӯдакон аз оилаҳои камбизоат мактба кушода шуд.  Номи он «Free School under the bridge» («Мактаби ройгон дар назди купрӯк») буда,  дар байни сутунҳои азими рақами 5 ва 6-и метрои рӯизаминии Деҳлӣ, дар соҳили рӯди Ҷамна ҷойгир аст. Дар мактаб Раҷеш Кумар аз забони ҳиндӣ ва хониш ва ҳамкорӣ ӯ Лакшми Чандра аз риёзӣ, забони англисӣ ва дигар фанҳо дарс мегӯянд.

  1. Таълими ҳатмии ахлоқ. Ҷопон.

Дар Ҷопон ба ахлоқи хонандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Таълими ахлоқӣ дар Ҷопон даҳсолаҳост, ки амал мекунад ва тадриҷан дар барномаи таълимии бисёре аз мактабҳо ҷой мегирад ва дар баробари дигар фанҳо, ба монанди риёзӣ ё забони ҷопонӣ ба таври фарогир омӯзонида мешавад. Дар дарсҳои тарбияи ахлоқӣ малакаҳои зиндагӣ баррасӣ ва омӯзонида мешавад.

 

Таҳияи

Номвар ҚУРБОН

Хондан 5450 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Оё медонед, ки…