JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Таълим тавассути радио. Австралия. Азбаски дар Австралия зичии аҳолӣ хеле кам аст, аз ин рӯ, на дар ҳама минтақаҳои ин кишвар мактаб вуҷуд дорад. Бинобар ин, кӯдаконе, ки аз муассисаҳои таълимӣ дур зиндагӣ мекунанд, ба воситаи радио мавзӯъҳои дарсиро аз худ менамоянд. Тавассути радио пахшҳои махсус вобаста ба мавзӯъҳои дарсӣ пешниҳоди муҳассилин мегардад.
Панҷшанбе, 26 Ноябри 2020 07:59

Оё медонед, ки…

Муаллиф:
…аз 170 минерали то имрӯз маълуми мис танҳо 17- тоаш аҳамияти саноатӣ доранд. …минералҳои аҳамияти саноатӣ доштаи мис инҳоянд: халкопирит, борнит, халкозин, ковеллин, энаргит, малахит, хризоколла, халкантит, куприт ва ғ. …аз минералҳои ҷинсҳои беҳосил дар таркиби маъданҳои мисӣ кварс, калсит, шпати саҳроӣ ва ғ. бештар паҳн шудаанд.
Ба ҳама сокинони сайёра окшор аст, ки бонуфузтарин ва гаронтарин муокофт Ҷоизаи нобелӣ буда, барои дастовардҳои назаррас ва саҳми арзанда дар соҳаҳои физика, химия, физиология ё тиб, адабиёт, таҳкими сулҳ ва иқтисод тақдим мегардад. Ҷоизаи мазкур тибқи васияти олим ва ихтироъкори шведӣ Алфред Бернхар Нобел (1833-1896) таъсис ёфта, ҳар сол ба олиме ё гурӯҳи олимон ва ё муассисае супорида мешавад. Аз вақти таъсиси ин ҷоиза то ба имрӯз хеле кам иттифоқ афтодааст, ки олиме барандаи ду Ҷоизаи нобелӣ гашта бошад. Бояд ёдовар шуд, ки Ҷоизаи нобелиро ҳамагӣ чор нафар - Мария Кюри (физика, 1903 ва кимиё, 1911), Лайнус Полинг (кимиё,…
Саҳифа аз 1 то 6