1. Абрҳо аз чӣ иборатанд? Абрҳо аз заррачаҳои ниҳоят хурди бухори об иборат мебошанд. Обҳои бухоршуда аз қатраҳои хурдтарин иборат буда, дар болои дарё, кӯл ва баҳрҳо, инчунин дар баргҳои рустанӣ (шабнам) ва нафасгирии мавҷудоти зинда пайдо мешаванд. Ин заррачаҳои хурдтарин хеле сабуканд ва ҳаво онҳоро мебардорад. Аммо вақте, ки ин заррачаҳо сард мешаванд, ба ҳам омехта мегарданд ва онҳоро дигар ҳаво бардошта наметавонад. Дар натиҷа онҳо дар шакли борон, жола ва барф ба замин мерезанд.