Эҳтимол нест, нафаре ки дар кӯдакиаш ба манзараи кафшер нигоҳ накарда бошад, ҳарчанд бо вуҷуди маън намудани калонсолон. Зеро шарораи зебое, ки ҳангоми кафшер ба амал меояд диққати ҳар кӯдакро ба худаш ҷалб месозад. Пасон, бо гузашти вақт ва ба сиини болиғӣ расидан бе таҷҳизотҳои ҳимоявӣ нигоҳ намудан ба манзараи кафшер ва дарки таъсири манфии он ба саломатии инсон, аз он ҷумла ба узви босир (чашм) ба амал омадан мегирад. Пеш аз оне, ки сабаби зарари нурҳои кафшерро ба шумо бигӯем, каме дар бораи худи кафшер маълумот медиҳем. Ба ҳар яки мо маълум аст, ки бо ёрии кафшер ашёҳоеро, ки…