JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 14 Апрели 2022 02:53

Диалектизмҳо дар романи “Восеъ”-и Сотим Улуғзода

Муаллиф: Мирзоёров Ф.Н

  Қисмати фаъоли таркиби луғавии забонро калима, ибора ва ҷумлаҳои шевагию лаҳҷавӣ ташкил медиҳанд, ки забони тоҷикӣ низ аз ин ҳолат бархурдор аст. Диалектизмҳо он калима, ибора ва ҷумлаҳоеанд, ки аз шеваю лаҳҷаҳои гуногун дар забони адабиёти бадеӣ ҳамчун воситаҳои муайяни услубӣ, барои ба вуҷуд овардани обуранги хоси ин ё он маҳал, барои тавсифи нутқи персонажҳо истифода мешаванд. Диалектизмҳо, ки хоси шеваҳои ҷудогона мебошад бо аломату хусусиятҳои фонетикӣ, морфологӣ, синтаксисӣ, фразеологӣ ва семантикӣ, аз забони адабӣ фарқ мекунанд. Муҳаққиқон ҳамаи тафовутҳои луғавии диалектизмҳоро ба ҳисоб гирифта онҳоро ба чунин гурӯҳҳо ҷудо кардаанд:

  1. Диалектизмҳои грамматикӣ. Тарзҳою воситаҳои калимаю иборасозӣ ва ҷумлабандии хоси шеваю лаҳҷаҳо, ки ду навъанд: а) диалектизмҳои морфологӣ. Истифодаи шаклҳои дастурии хоси ҳиссаҳои ҷудогонаи нутқ. Масалан, ифодаи ҷамъу номуайянии исмҳо, дараҷаҳои сифат, шаклҳои замонии сиғаҳои феъл ва м.и.: Бобот садқа, номи ту Аноргул аст? (С.У.) б) диалектизмҳои синтаксисӣ: калимаҳои иборасозӣ ва воситаҳои алоқаю робита дар ҷумлаҳо: Собирбойба семириба канаф фурӯхтам (Р.Ҷ.).
  2. Диалектизмҳои калимасозӣ. Калимаҳое, ки дар шеваю забони адабӣ ҳамреша буда, пешванду пасвандҳои дигар доранд, гурӯҳи диалектизмҳои калимасозро ташкил медиҳанд. Чунончи шабона-шабаконӣ, рӯзона-рӯзаконӣ (китоб), дъхтарвара; духтардор, падару модари духтар (Қаратегин).
  3. Диалектизмҳои лексикӣ. Калимаҳои хоси ин ё он шеваю лаҳҷа: Дидед, дадо, авӣ барои аз марг нигоҳ доштани ман худашро ба тир сипар кард (П.Т.); Духтари отаву очам (С.У.).
  4. Диалектизмҳои лексикию фонетикӣ. Калимаҳое, ки қолабу таркиби овозиашон аз забони адабӣ фарқ мекунад: Ту духтари ки мешӣ? (С.У.).
  5. Диалектизмҳои селеантикӣ. Калимаҳои бар замин маънои маъмули худ маънои иловагии ин ё он шеваро доранд ва ба забони адабӣ дохил нашудаанд: ғурбат (ҷанҷол, тӯпаланг), диёр (намоён).
  6. Диалектизмҳои фразеологӣ. Ибораҳои рехтаю устуворе, ки хоси лаҳҷаҳои ҷудогонаанд: Дилам об шуд (ғаму андуҳи аз ҳад зиёд).
  7. Диалектизмҳои этнографӣ. Номи предметҳо, амалу ҳолатҳои хоси ин ё он маҳал: Йарч замини нокорам, яъне ҳеҷ шудгор нашудагӣ (Кӯлоб, Қаротегин); мурова // вирова – наздикони домод, ки шаби никоҳ ба ӯ ҳамроҳӣ мекунанд (Қаротегин), Гирдача, чигина, хамак, қинғола, чоқила, рошак, торун дар Қаротегин: Духтарат аз ту пинҳонӣ қинғолабозӣ карда гаштант-ку (С.У.) [2,74-75].

Диалектизмҳо бештар барои ифодаи мафҳумҳои амалу ҳаракат ба кор бурда мешаванд: таққӣ, торсакӣ, даррав, шалпар, шаррос, булак ва ғайра. Сабабгори асосии ба забони адабӣ роҳ ёфтани чунин калимаҳо намояндагони шеваҳо ва лаҳҷаҳои ҷудогона мебошанд. Ба хусус, агар чунин намоянда соҳибқалами шинохта бошад, дар нутқи худ бисёр вақт калимаҳои шевагиро беихтиёр ба кор мебарад, ки баъдан аз ҷониби дигарон истеъмоли онҳо идома дода мешаванд [4,149-155].

Тавре маълум аст, таҳкурсии забони адабии тоҷикӣ, забони гуфтугӯии халқ аст. Дар ин маврид муҳаққиқ Р.Ғаффоров чунин андеша дорад: «Забони адабии тоҷик дар заминаи пурсарвати забони халқ ба вуҷуд омада, иқтидор ва имкониятхои беназир пайдо кардааст. Ин забон дар арзи беш аз ҳазор сол аз тарафи устодони сухан пайваста сайқал ёфт, ғанитар, тавонотару салистар гардид» [3,34].

Забоншинос Ҳ.Талбакова доир ба лексикаи нутқи гуфтугӯйӣ назари худро дорад: «Ба лексикаи нутқи гуфтугӯйӣ одатан калимаҳои одии халқӣ, калимаҳои шевагӣ низ дохил мешаванд, ки онҳо дар асарҳои бадеӣ вобаста ба матн барои кушодани образ, нутқи персонажҳо, савияи дониши қаҳрамонҳои асар кор фармуда мешаванд» [6,15].

Муҳаққиқ Н. Маъсумӣ қайд мекунад, ки «бойигарии забони халқро санъаткорона истифода бурдан – боиси ифоданокӣ, таъсирнокӣ, бо рангубори табиӣ, содагӣ, халқият ва реализми сухани бадеӣ мегардад. Сирри ин кор на фақат дар боигарии луғавӣ ва ибораороии забони халк аст, балки дар пуробутобии ҷиҳати маъногӣ ва гуногуннамудии истеъмоли услубии элементҳои он ҳам мебошад. Сухани халқ бо самимияти хоси худ пур аз фикру ҳисси ҳаётӣ, пур аз тобишҳои нозуки маъногӣ мебошад. Вай ба забони асари бадеӣ дохил шуда, ба асар қувваи фавқулодда зиндаи ҳаётӣ ва табиӣ мебахшад» [5,132].

Ҳадафи мо дар ин мақола таҳлилу баррасии корбурди диалектизмҳо дар романи “Восеъ-и  нависандаи соҳибзавқ СотимУлуғзода мебошад. Барои равшан шудани матлаб, ин гурӯҳи вожаҳоро дар такя бо шарҳашон дар луғатномаҳо баррасӣ мекунем.

 Яке аз таркибҳое, ки дар романи мазкур ҳамчун диалектизм истифода шудааст”ғурру пис” мебошад, ки  маънои “доду даъво”-ро дорад:

Баъди ба сафар рафтани амирзода амлокдор ба пулчинӣ иқдом намуда буд,ки ғиждувониҳо ғурру писи худро сар карданд, зеро аз он пештар андозҳои давлатиро базӯр адо карда, “дастмояҳояшон ба ғалат баромада”, монда буд [7,26 ]

 Вожаи “тӯра” дар “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” ба маънои “1.унвони валиаҳдон – фарзандони амирони Бухоро. 2. кҳн. унвони эҳтиромии эшонҳо. 3. кҳн. унвони амалдорони ҳукумати подшоҳии рус дар Туркистон. 4. маҷ. мансабпараст, калонгир [10,361]. Ҳарчанд ин вожа дар луғати мазкур гунаи маҷозаш зирк нашудааст, аммо варианти лаҳҷавии он, дар романи”Восеъ” ба шакли “тӯрем” корбаст шудааст, ки дар лаҳҷаи Бухоро истеъмоли фаровон дорад:

 “Тӯраи валиаҳд ҳокими мо, соҳиби молу ҷони мо, ҳам соҳиби нангу номуси мо мебошанд,-гуфт ӯ, писару духтари худро ба ғуломӣ ё канизакии тӯрем тортуқ кардан гуноҳ нест” [7,28 ].

 Калимаи “чӯрӣ” ифодагари маънои “ғуломзан, канизак” [10,569] мебошад. Дар романи мавриди назар ҷумлаи зерин ба назар омад, ки ифодагари маънои боло мебошад:

Ин занаки ошпазу нонпаз, духтари як мисгари камбағал, чӯрии хонадон, мутеъ ва фармонбардор, чунон доду фиғон бардошт, чунон шӯру ғавғое андохт, шавҳару пошохонашро нахустин бор бо як ҷасорати ҳайратангез чунон ҳам” аз лой гирифта ба лой зад”, ки онҳо аз гуфтаашон сад бор пушаймон гаштанд [7,28 ].

Феъли дигаре, ки хусусияти гуфтугӯӣ дорад “тиққон” аст. Ин вожа маънои”зӯран даровардан, фурӯ бурдан (чизеро ба ҷойе) чизеро бо зӯр ва фишор ба ҷойе ҷо кардан; даровардан”-ро дорад[10,341]. Дар романи мавриди баррасии мо ҷумлаи зер истифода шудааст:

Ё зиндаву зор дар гӯрам тиққону баъд духтарамро ба ҳокимат тортуқ кун! [7,28 ].

 Шакли гуфтугӯии калимаи “пой” поча” аст, ки маънои луғавиаш аз зону то панҷаи по, қисми аз зону поёнии пойи одам ва ҳайвонот; қисми поёнии шалвор, эзор” аст [10,116].

Мисол: Мирзои Қорӣ бедонаро ба дасташ гирифта ба ангуштонаш почаҳо ва нӯли онро санҷид [7,30].

 Калимаи “интухин” варианти –лаҳҷаи Бухороии “ин тавр”мебошад, ки нависанда Сотим Улуғзода онро дар ҷумлаи зерин корбаст намудааст:

-Ҷонваре, паҳлавон будааст! Аммо барои чӣ, бедонаат интухин лоғар? – гуфт бой, зеро ӯ то алҳол бедонаҳоро фақат барои кабоб кардан хӯрдан мехарид ва гумон мекард, ки бедонаи ҷангӣ ҳам бояд фарбеҳ бошад [7,30].

 Вожаи “читу” гунаи лаҳҷавии “чи тавр” мебошад, ки дар романи “Восеъ” ба ҳамин маъно  истеъмол шудааст:

-Ибӣ, ин аз фарбегӣ чарбӯ будааст-ку, читу меҷангад? [7,31].

 Феъли “ҳӯй кардан” маънои “сар додан, раҳо кардан”-ро ифода мекунад, ки дар романи”Восеъ” ба ҳамин маъно омадааст:

-Хайр, ҳӯй кунед,-хоҳиш кард ӯ. – Як тараф истед! [7,37].

 Калимаҳои “ҷайқондан” ба маънои “ обгардон кардан” ва “ота” ба маънои “падар” ҳарду диалектизм буда, дар шеваву лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ корбасти фаровон доранд. Ҷумлаҳои зерини Улуғзода маъноҳои дар боло зикршударо ифода кардаанд:

Занаш Аноргул дар таги нови чашма як тағора либоси шустаашро ба об чайқонда истода буд, бо дилсӯзӣ гуфт:

-Чаро худат бардошта овардӣ, отаи Ҳасан? [7,38].

 Яке аз вожаҳое саристеъмол дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ истеъмоли “тӯрба” мебошад. Дар “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ калимаи мазкур чунин шарҳ дода шудааст:  “тӯрба 1. тӯрба, емхалта, халтае, ки ба он коҳу алафу ҷав мегиранд ва бар сари асп, хар ва ғайра. меовезанд. 2. халта, халтаи бенавоён” [10,360].  Калимаи мазкур ба маънои аввал дар романи “Восеъ” корбаст шудааст:

Бачаҳо турбаи алафи худро пуштора карда гирёну нолон ва фиси бинӣ резон ҷониби деҳа раҳсипор шуданд [7,39].

 Гунаи лаҳҷавии ҷонишини ишоратии “ин тавр” “ита” мебошад, ки дар ҷумлаи зерини асари мавриди баррасии мо истеъмол гардидааст:

Бача ҳиқ-ҳиқкунон:

-Лой-да... партофт. Ана ита-ита лагад кад,-гӯён почаҳои лойолудашро бар замин кӯфта чӣ гуна поймол карда шудани саракҳоро нишон дод [7,40].

 Ҷумлаи “сур кардан” маънои аз паси касе “таъқиб кардан”-ро дорад, ки дар ҷумлаи зер ба маврид истифода шудааст:

 Гулъизор давида баромада, дид ки Ҷобири савор қамчин дар даст як тӯда писарбача ва духтарбачагон аз алафчинӣ омада истодаро сур мекунад[7,41].

Феъли серистеъмоли хусусияти гуфтугӯӣ, ба хусус лаҳҷавӣ дошта, дар забони тоҷикӣ “лат кардан” аст, ки маънои 4-уми луғавиаш “рондан, таъқиб кардан; сур кардан дунбола, пеш кардан” [10,271] мебошад:

Ин шӯрапушти муштзан,косалези амлокдор ҳар каси ба худаш беҳурматӣ кардаро лат мекард ва ба ин ҳам қонеъ нашуда дар ҳаққи вай тӯҳмате бофта, ба амлокдор хабар кашида хонаашро месӯзонд[7,42].

 Феъли “шалпар шудан” маънои луғавиаш “аз қувват афтода, мондаю афсурда, беҳол, бемадор, лакот[10,622]аст. Дар романи “Восеъ” ҷумлаи зерин ба назар расид, ки маънои мазкурро дурусту фаҳмо ифода кардааст:

То одамон онҳоро аз ҳам ҷудо карданд, ки Ҷобир аз зарби мушти гарони ҷувозкашонаи Восеъ тамом шалпар шуда буд [7,42].

 Гунаи лаҳҷавии ҳиссачаи тасдиқии  “ҳа, бале” –“ҳова” аст, ки онро Сотим Улуғзода дар романи “Восеъ” ба маврид ва нишонрас истифод кардааст:

Ту ӯро таъриф кардӣ,-лабханд карда Ҷобирро нишон дода ба Восеъ гуфт амлокдор. –Ҳова таъриф кардӣ[7,43].

 Калимаи “ҳанг “ ба маънои 6-ум дар “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” тафсирёфтааш, диалектизм буда, шарҳи луғавиаш “ҳуш” мебошад. Ифодаҳои “ҳангаш канд, ҳушаш парид, ҳайрон шуд; ҳангу манг шудан, ҳайрон шудан, моту маҳбут шудан, саросема шудан, ҳайратзада шудан, ҳанг кандан- ҳайрон шудан, тарсидан” [10,493] дар заминаи ин вожа пайдо шудаанд. Мисол аз романи “Восеъ”:

Аноргул ҳангаш канд [7,45].

Ифодаи “Ёғиву тоғӣ маънои нафари “ба ҳукумати қонунӣ исёнкарда, саркаш, исёнгар, нофармон” [9,489].-ро дорад:

-Мо, ба қавли манғитҳо, ёғиву тоғӣ ҳастем[4,51].

Калимаи “ҷазир” дар лаҳҷа маънои “1. хушк (аз беобӣ), сӯхта, бирёншуда, хароб, валангор (замин). 2. гуфт. ифлос, чиркин; ҷазир кардан ифлос кардан [10,578].-ро дорад ва калимаи “ҷазирбод” аз ҳамин вожа сохта шудааст ва “бодест, ки ҳама ҷоро вайрону валангор” мекунад, аст:

 Мисол аз роман: Қишлоқҳоро ҷазирбод намекунад[7,52].

Ҷумлаи “ҷазир шудан” маънои “хушку нообод гардидан”-ро дорад, ки дар ҷумлаи зерин дурусту ба маврид кор фармуда шудааст:

Хандақро ҳар сол таъмир карда аз барф пур намудан кори осон намуд, бинобар ин Сайдалӣ, барои он ки баъд аз сари падараш боғи ӯ хушк нагардад ва ҷазир нашавад, ба ҷустуҷӯи манбаи дигари об афтод [7,54].

“Сӯлама” вожаи гуфтугӯӣ буда“ба балоғат расидан, бӯзбала”-ро ифода мекунад. Дар романи мавриди назари мо “суламаи сарҳуй” ба назар расид, ки маънои “бесоҳиб ва саркаш”-ро дорад:

Восеъ ҷавонро шинохт-вай Ризо буд, ҳамон суламаи сарҳуй, ки гоҳ-гоҳ дар Дараи Мухтор ҳам пайдо шуда қилиқҳо мекард[7,62].

Ҳамчунин дар ҷумлаи боло вожаи “қилиқ” истифода шудааст, ки ба маъно “кору амали нохушоянд” корбаст шудааст. Ин вожа калимаи туркӣ-муғулӣ бошад ҳам дар забони муосири тоҷикӣ серистеъмол  аст, зеро хусусияти диалектиро низ дорад.

 Ҷумлаи “Иқа дам гирифтан” маънои“каме истироҳат кардан, дам гирифтан”-ро ифода мекунад, ки онро нависанда барои табиӣ ифода кардани сухани қаҳрамон истифода бурдааст:

Биё биравем ба хона, ман барои ту қуротов пухта истода будам, қурутовамро хӯрда иқа дам мегирию меравӣ[7,64].

“Мучӣ кардан” маънои “бӯса кардан, бӯсидан”-ро ифода мекунад, ки дар асари мазкур ба назар расид:

 Ҳасанҷону Давлатҷонро аз барои ман мучӣ кун [7,64].

 Вожаи “таҳловӣ” гунаи лаҳҷавии  калимаи “тагиаловӣ” буда, маънои “дар хокистари гарм пухтан”-ро дорад:

Саракҳоро таҳловӣ кунӣ, бомазатар мешуд, -рӯйи пахол нишаста гуфт Восеъ[7,65].

  Калимаи “рӯйловӣ” бошад, баръакс маънои “рӯйиаловӣ-ро дорад, ки дар асри мазкур ба назар расид:

  • Ба ман рӯйловиаш мефорад.
  • Гушнаӣ?

Аз ду бучаи қурут одам магар сер мешавад? [7,66].

Дар ҷумлаи боло ҳамчунин калимаи “буча” ба маънои “кулӯла” истифода шудааст.

 Гунаи дигар калимаи “чалфас”, “чалпас” аст, ки маънои ноуҳдабаро, ноқобил”-ро [10,526] дорад:

-Мехоҳам, ки мардум маро чалфас гӯянд, шайтон гӯянд, ғӯл гӯянду аз ман ҳазар кунанд! [7,67].

 Маънои калимаи лаҳҷавии “зика”- зебо, нозанин” мебошад, ки дар романи “Восеъ” ба ҳамин маъно истифода шудааст:

-Ӯ ҳамин хел духтари зика аст,ки ту ошиқи беқарораш шудӣ?- кунҷковӣ кард Шакар[7,85].

  Калимаи “чум” маънои “чи донам”-ро дар бар мегирад, ки дар ҷумлаи зерин корбаст шудааст:

Чум... Як ҳафта шуда бошад?... [7,111].

Калимаи “ҳамита” шакли лаҳҷавии “ҳамин тавр” аст, ки дар романи мазкур фаровон истифода шудааст:

Ҳамита? Аз ҳамқишлоқиат хабар гирифтан омадӣ? [7,111].

 Вожаи “шапидан” лаҳҷавӣ буда, маънои “задан, лат кардан”-ро [10,526] ифода мекунад:

-Лекин дар Ғарм як рӯзи бозор мардум амини бозорро шапиданд... [7,203].

 Калимаи лаҳҷавии “талотӯб” маънои “ғавғо, мағал,тӯпаланг, талотуф”[10,301]-ро фарогир мебошад, ки дар ҷумлаи зер корбаст шудааст:

Дар бозор талотӯбе бархост, аз ҷониби шаҳрча тапар-тупари суми аспон ба  гӯш расид[7,308].

 Ҳамин тариқ аз таҳлилу баррасии корбурди диалектизмҳо дар  романи “Восеъ” мо чунин хулоса омадем:

  1. Як қисмати муҳими лексикаи романи “Восеъ”-и Сотим Улуғзодаро ташкил додани диалектизмҳо маҳз самараи дилбастагӣ ва муҳаббати беандозаи нависанда ба халқ ва забони ӯ мебошад. Нависанда бо мақсади тасвири ҳаққонии воқеият ба маъхази бойи забони зиндаи халқи тоҷик муроҷиат намуда, аз ин хазинаи пургуҳар ва беинтиҳо дурдонаҳои шоиста ва ба мақсад мувофиқро интихоб кардааст, ки онҳо фасоҳату ҷаззобии тарзи баёни ӯро таъмин намуда, шираи забони асарҳояшро боз ҳам афзудаанд. Диалектизмҳо одатан, ба нутқи шифоҳӣ, хосатан гуфтугӯии муқаррарӣ характерноканд. Чунин калимаҳо дар суҳбатҳои ғайрирасмӣ барои кушоду равшан баён кардани матлаб ва фикру ҳиссиёти мусбат ва ё манфии гӯянда кор фармуда мешаванд.
  2. Дар романи “Восеъ”миқдори зиёди диалектизмҳо, аз қабили шалпар, талотӯб, сӯламаи сарҳӯй, ёғиву тоғӣ, сур кардан, мӯчӣ кардан ва дигар феълҳо ба кор рафтаанд, ки дар талқини ҳадафҳои эҷодии нависанда ва мундариҷаи онҳо чун воситаҳои муҳимми таъсирнокии сухан хизмат кардаанд.
  3. Аз аз таҳқиқ маълум гардид, ки нависандаи соҳибистеъдод ва сухансанҷ Сотим Улуғзода дар романи “Восеъ”аз сарвату имкониятҳои бепоёни забони зиндаи халқ ҳунармандона истифода кардааст. Дилектиҳмҳо фасоҳату халқияти сухани тасвирии ӯро афзуда, дар такомули таркиби луғавии забони муосири тоҷикӣ мусоидат кардаанд.
  4. Аз таҳқиқоти романи “Восеъ” бармеояд, ки нависанда калимаю ибораҳоеро истифода бурдааст, ки хоси замони худ ва гурӯҳи махсуси одамон аст. Қисми зиёди онҳо хоси маҳал буда, ҳоло умумихалқӣ гаштаанд. Масалан, дӯғу пӯписа маънои таҳдидро ифода мекунад, ки аз ин қабил вожаҳост.

 

Мирзоёров Ф.Н.

дотсенти кафедраи забони

адабии муосирии тоҷики ДМТ

Адабиёти истифодашуда:

  1. Абдуқодиров А. Забон ва услуби Мирзо Турсунзода. – Душанбе: Дониш, 1975. –124 с.
  2. Бобомуродов Ш., Мухторов З. Фарҳанги истилоҳоти забоншиносӣ. – Душанбе, 2016. - 428 с.
  3. Ғаффоров Р. Калимаҳои гуфтугӯйии халқӣ дар романи «Одамони ҷовид». // Баъзе масъалаҳои забон ва адабиёти тоҷик. Серияи нав. -№114. – Самарқанд, 1961. - С. 55-94.
  4. Маҷидов Ҳ.Забони адабии муосири тоҷик. Ҷилди I. Луғатшиносӣ. –Душанбе «Деваштич»-2007.-238 с.
  5. Маъсумӣ Н. Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик. -Душанбе, “Пайванд”,2011,-390 с.
  6. Муҳаммадиев М., Талбакова Ҳ., Нурмаҳмадов Ю. Лексикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.– Душанбе, 1997.– 189 с.
  7. Улуғзода С. Восеъ(Роман).-Душанбе, “Адиб”,2020,-480 с.
  8. Фарҳанги гӯишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ. Мураттибон М.Маҳмудов, Ғ.Ҷӯраев, Б.Бердиев. -Душанбе, 2012. - 942 с.
  9. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Дар ду ҷилд. -Душанбе, 2008.Ҷилди 1. - А-Н. - 950с.
  10. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Дар ду ҷилд. -Душанбе, 2008.Ҷилди 2. - О-Я. - 945 с.
  11. Хоҷаева М. О. Калимаҳои шевагӣ дар “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ.// Номаи донишгоҳ.№3 (44) 2015. –С.214-218.
  12. Ҷӯраев Ғ. Калимаи хоси шева ва баъзе аломатҳои фарқкунандаи он. //Забоншиносии тоҷик.–Душанбе: Дониш, 1976.– С. 123–139.
Хондан 1487 маротиба