JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 21 Феврали 2022 05:23

Саҳми бонувони тоҷик дар рушди илми муосир

Муаллиф: Номвар Қурбон

Зан агар олиҳаи ҳусни замин гӯям кам аст,

Зан агар дар хонадон ҳуснофарин гӯям кам аст.

Гар набошад зан барои мо ҳаёту шодӣ нест,

Зан чароғи нозанини зиндагӣ гӯям кам аст.

  Дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ - иҷтимоиёт, иқтисодиёт, сиёсат, илм, маориф, фарҳанг ва ғайра нақши занон бағоят бузург аст. Зан - модар, тарбиятгар, кадбону, завҷа; зан - омӯзгор, олима, ходими илм, арбоби илму фарҳанг; зан - ходими давлатию ҷамъиятӣ, сиёсатмадор. Дар ин бобат номи садҳо бонувони тоҷикистониро метавон номбар кард, ки ифтихори давлату миллати куҳанбунёду тамаддуновари мо ҳастанд.

  Дар рушду таҳаввули бахшҳои мухталифи ҳаёт, бахусус илму маориф саҳми занони Тоҷикистон назаррас ва шоёни таҳсин аст. Дар соҳаҳои физикаю техника, кимиёву биология, тибу равоншиносӣ, иқтисоду сиёсат, таъриху филология, ҳуқуқу фалсафа, педагогикаю санъат ва бахшҳои дигари илм дастоварҳои олимаҳои тоҷикистонӣ қобили таърифу тавсиф аст. Занҳои Тоҷикистон соҳиби дараҷаи илмӣ (номзаду доктор), унвонҳои илмӣ (дотсенту профессор, ходимони калону пешбар), арбобони шоистаи илму маориф, аъзои вобаста ва академикҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияи дигар мамолики олам, раҳбарони муассисаҳои илмиву таълимӣ (ректору проректор, директору декан, мудири озмоишгоҳҳову кафедраҳо) мебошанд.

  Дастовардҳои олимаҳои тоҷикистонӣ дар тамоми бахш-ҳои илм хеле ҷолиб ва қобили қайданд. Дар байни олимаҳои мо махсусан олимаҳои бахши илми тиб нисбатан сершумор ва хеле фаъол буда, онҳо дар бартараф, пешгирӣ ва муолиҷа намудани бисёр касалиҳо корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд. Асарҳои бузургҳаҷму дорои аҳамияти калони илмидоштаи онҳо дар соҳаҳои гинекология, терапия, педиатрия, офталмология, кардиология, фармакология на танҳо дар кишвари мо, балки берун аз марзи он ҳам маълуму машҳуранд.

  Дар соҳаҳои риёзӣ, физика, кимиё, биология, адабиёт, таърих, фалсафа, иқтисод низ олимаҳои тоҷикистонӣ корҳои илмии шоиставу арзандаро анҷом додаанд. Илова бар ин, онҳо бо олимони бурунмарзӣ робитаҳои илмиро барқарор карда, дар бисёр тадқиқоти илмӣ ҳамкории бевосита доранд.

  Бояд қайд кард, ки аксар олимаҳои мо роҳбари проблема-ҳои илмӣ низ мебошанд ва маҳз бо иштироки онҳо мавзуъҳою мушкилиҳои илмӣ ҳалли худро меёбанд. Доир ба фаъолияти пурсамару заҳматталаби ҳар як олимаи тоҷикистонӣ ба мисли таърихшинос ва сиёсатшиноси номвар Усмонҷон Ғаффоров, ки дар навиштани асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба ҳаёту фаъолияти одамони наҷиб шуҳрати хоса дорад, шоҳасаре таълиф намоем ҳам, боз кам аст… Вале, ин ҷо мехоҳем аз рӯи тартиби алифбо танҳо оид ба фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва эҷодии он олимаҳое (докторони илм) маълумот диҳем, ки дар поягузории равияи нави илмӣ, кашфиёти ҷадиди илмӣ ва умуман, дар ин ё он соҳаю бахши илмҳои ҷудогона нахустин шуда, амали бузурги умумибашариеро ба сомон расониданд.

Амонова Фирӯза (тав. 1951) аз зумраи ховаршиносони номвари тоҷик буда, фаъолияти илмиашро аз таҳқиқи масоили тафовутҳои забонҳои муосири форсӣ ва тоҷикӣ шуруъ кардааст. Вай поягузори омӯзиши ономасиологии равандҳои калимасозӣ буда, дар ин соҳа як қатор асарҳои илмӣ таълиф намудааст. Олима дар асарҳояш масоили муқоисаи типологии калимасозӣ, бахусус калимасозии аффиксалӣ ва нимаффик-салӣ, истифода ва усулҳои лингвостатистикӣ, баъзе тафовутҳо дар фонетика ва морфологияи забонҳои форсӣ ва тоҷикиро ҳаллу фасл кардааст.

Ашрафӣ Муқаддама (тав. 1936) хатмкардаи шуъбаи таърихи санъати ДДМ ба номи М.В. Ломоносов буда, аввалин тоҷикзанест, ки ба гирифтани дараҷаи илмии доктори илми санъатшиносӣ мушарраф гардидааст. Равияи асосии илмию тадқиқотии Ашрафӣ минётурҳои мусаввирони тоҷик, алалхусус минётурҳои осори Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Ӯ яке аз аввалин муҳаққиқони мактаби минётурии Осиёи Миёна ва Эрони асри XVI низ мебошад.

Бердиева Турдихон (1940-2008) низ аз қабили шарқшиносони маъруфи кишвар буда, соҳаву равияҳои асосии тадқиқотӣ ва эҷодияш мавзуъҳои иқтибосҳои арабӣ дар забони тоҷикӣ, унсурҳои иқтибосӣ, таъсири мутақобилаи фарҳанги арабу аҷам, масъалаҳои таъсири омилҳои иҷтимоӣ дар инкишофи забон ва сотсиолингвистика мебошанд. Олима доир ба ин масъалаҳои забонӣ беш аз 150 мақолаю асарҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва публитсистӣ таълиф кардааст. Ҳамчунин, профессор Бердиева нахустин мураттиби фарҳанги басомади иқтибосҳои арабӣ дар забони тоҷикӣ мебошад.

Глазунова Елена (тав. 1931) соли 1953 факултаи табиат-шиносии (шуъбаи кимиё) ДДТ ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ)-ро бо муваффақият хатм намудааст. Ӯ аз соли 1954 то соли 1994 (соли ҳиҷрат аз ҶТ) дар Пажӯҳишгоҳи кимиёи ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ дар вазифаҳои мухталиф фаъолияти пурсамари илмию тадқиқотӣ доштааст. Профессор Глазунова Е. муаллифи зиёда аз 100 мақолаи илмӣ ва 30 шаҳодатномаи муаллифист, ки онҳо асосан ба кимиёи спиртҳои сеатомаи қатори атсетилен бахшида шудаанд. Ҳамчунин ин кимиёшиноси асил реаксияи сиклоэтерификатсияи глитсерин-ҳои этилениро кашф кардааст, ки ба воситаи он эфирҳои мураккаби дигидропиранолро ҳосил намудан мумкин аст.

Ғаффорова Мунзифа (1924-2013) аввалин доктори илмҳои фалсафа аз байни бонувони Осиёи Марказӣ мебошад. Профес-сор М.Ғаффорова соли 1944 Институти омӯзгории Ленинобод (имрӯза ДДХ ба номи Б.Ғ. Ғафуров)-ро бомуваффақият хатм намуда, солиёни зиёд дар вазифаҳои пурмасъули ҳизбию давлатӣ фаъолияти босамар кардааст. Тадқиқоти илмии Ғаффорова М.Қ. асосан ба масъалаи ташак-кули шахсияти занони Осиёи Миёна равона карда шудааст. Ӯ муаллифи бештар аз 150 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ буда, иштирокчии фаъоли конгресси 15-уми ҷаҳонии файласуфон (1972, Варна) ва бисёр форумҳои илмии байнал-халқиву ҷумҳуриявӣ буд.

Демидчик Лариса (тав. 1927) хатмкардаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Санкт-Петербург мебошад. Профессор Демид-чик бештар дар масъалаҳои гуногуни таърихи адабиёти сермиллатаи шӯравӣ ва адабиёти шӯравии тоҷик таҳқиқоти илмӣ бурда, мавсуф нахустин муҳаққиқи драматургияи тоҷик ба шумор меравад.

Каримова Муҳаббат (тав. 1937) яке аз намоёнтарин риёзидонҳои ҷумҳурӣ буда, соли 1960 факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо муваффақият хатм намудааст. Каримова М. соли 1994 рисолаи докториашро дифоъ намуда, ба гирифтани унвони илмии доктори илмҳои физикаю математика шарафёб мегардад. Ӯ дар байни занҳои Тоҷикистон аввалин нафарест, ки сазовори унвони доктори илм (дар риштаи математика) гардидааст. Ӯ дар хонишҳои гертсенӣ ва ломоносовӣ, ки дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Москва, Киев, Харков, Минск ва ғайра баргузор гардидаанд, фаъолона ширкат варзида ва инчунин, суханронӣ кардааст.

Коровина Вера (1937-2012) нахустин бонуи тоҷикисто-ниест, ки сазовори унвони доктори илм дар соҳаи физика (равияи оптика ва спектроскопия) гардидааст. Соҳаи тадқиқотии профессор Коровина В. таъсири байнимолекулавӣ ва ошкоршавии он дар спектрҳои электронии молекулаҳо, усули комплексии тадқиқи муқоисавии сохтори лаппиши спектрҳои электронии системаҳои конденсӣ ва ҳодисаҳои оптикии астрофизика буда, оид ба ин масоили илмӣ беш аз 70 мақолаю китоб ба нашр расонидааст.

Мамадҷонова Солия (тав. 1948) нахустин тоҷикзанест, ки ба гирифтани дараҷаи илмии доктори меъморӣ шарафёб мегардад. Пас аз хатми ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ба кори илмию омӯзгорӣ машғул шуда, соҳаи асосии тадқиқотияш таърихи меъморӣ ва санъати шимоли Тоҷикистон мебошад. Профессор Мамадҷонова яке аз аввалин меъморони тоҷик аст, ки ба масъалаи назарияи таъмири меъмории ёдгориҳои хиштихомии Тоҷикистон асос гузоштааст.

Мансурова Ирина (1925-1992) яке аз олимаҳои сермаҳ-сулест, ки ҳам дар соҳаи тиб ва ҳам дар соҳаи биохимия ба муваффақиятҳои калоне ноил гардидааст. Ӯ соли 1948 Дониш-кадаи тиббии Самарқандро хатм намуда, то соли 1959 дар вазифаи ординатори клиникаи кафедраи бемориҳои сироятии ДДТТ ба номи Ибни Сино фаъолият намудааст. Профессор Мансурова И. маротибаи аввал дар ИҶШС усулҳои таҳлили микрохимиявии пунктатҳои ҷигар (унурҳои бофтаи ҷигар, ки бо сӯзани махсус гирифта мешавад), инчунин типҳои конселят-сионии ферментҳоро тадқиқ кардааст. Бо роҳбарии бевоситаи ӯ сабабҳои музмин гаштан ва роҳҳои пешгирии бемориҳо ва инчунин, таъсири растаниҳои доругӣ ба мубодилаи модда дар организми зинда омӯхта шудаанд.

Ҳакимова Саъдинисо (тав. 1924) асосгузори мактаби акушеру гинекологии Тоҷикистон ва инчунин, аввалин тоҷикзанест, ки соли 1969 узви вобастаи АИТ ИҶШС интихоб гардидааст. Ҳакимова С.Ҳ. аз ординатори одӣ сар карда, то ба вазифаҳои директори Институти илмию тадқиқотӣ ва роҳбари Раёсати тандурустии вилоят расидааст. Ӯ яке аз нахустин докторони илми тиб (аз байни занҳои Осиёи Миёна) буда, тадқиқоти илмиаш ба масъалаҳои танзими эндокринии функсияи бачазоии зан, фаъолияти гармонии комплекси машимаю ҳамл ҳангоми ҳомилагию муътадил ва вазниншуда, фаъолияти усоравии тухмдон ва қабати қишри ғадудҳои болои гурда дар шароити баландкӯҳ, камхунии занҳои ҳомила равона карда шудаанд.

Юсуфова Сороҷон (1910-1966) нахустин геолог-зан ва аввалин академик-зани тоҷик буда, соли 1935 Донишгоҳи шаҳри Самарқандро сарбаландона ба поён расонидааст. Вай солҳои 1946-1948 мудири шуъбаи геологияи нафту ангишти Институти геологияи филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС ва аз соли 1949 то поёни умраш сарварии кафедраи минералогия ва петрографияи ДМТ-ро ба ӯҳда дошт. Асарҳои илмии Юсуфова ба тадқиқи хусусиятҳои минералогӣ ва таркиби химиявии гил, лёсс ва геохимияи элементҳои ҷудогонаи химиявӣ бахшида шудаанд. Инчунин, муаллифи аввалин китоби дарсӣ дар соҳаи геология (бо забони тоҷикӣ) «Геология бо элементҳои минералогия, петрография» (1963) мебошад.

  Навиштаи мазкур танҳо ба ин хулоса намешавад, чунки оид ба фаъолияти гуногунҷабҳаи бонувони донишманду гиромии кишвар достонҳову романҳо офарем ҳам, боз кам аст. Вақте сухан дар бораи нақши занон дар рушди илму фарҳанг меравад, беш аз ҳама шоҳбайти машҳуре аз осори безаволи устод Турсунзода (1911-1977) хотираҳоро бедор месозад:

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

  Ҳамин тавр, ҷомеаи имрӯзаи на танҳо Тоҷикистон, балки кулли сайёраро бе нақши зан тасаввур намудан имконнопазир мебошад, зеро бонувон дар тамоми соҳаҳои илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, техникӣ ва ғайра саҳмгузор ҳастанд ва аз замонҳои қадим сар карда то имрӯз баробари мардон дар рушду нумӯи ҳаёти аҳли башар нақши дастони зан – модар бағоят бузург аст.

Номвар Қурбон 

Бознашр аз рӯзномаи «Адабиёт ва санъат»,

№41 (1752), 10.10.2014, саҳ.15.

Дурахши ахтарони илм (Бахши аввал). - Душанбе: «Дониш», 2022. - 267 с. 

Хондан 2107 маротиба