JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 07 Феврали 2022 10:09

Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад

Муаллиф: Э. Оқилов

  Яке аз нуктаҳои муҳимтарини Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 21 декабри соли 2021 ин буд: «Мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф — сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободии давлат ва Ватан мебошад».

  Воқеан, ҷомеаи навини мо ба самти фарзонагиву саодат ва зеҳнгароӣ қадам ниҳода, дар ин замина омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиатшиносӣ ва забонҳои хориҷӣ мавқеи умумимиллӣ касб хоҳад кард.  

  Тавре Пешвои миллат таъкид менамоянд, ояндаи дурахшони Тоҷикистон дар дасти ҷавонони донишманд, масъулиятшинос, донандаи забонҳои хориҷӣ ва ташаббускору созанда мебошад ва насли ҷавони кишвар вазифадор аст, ки тамоми масъулияти худро барои расидан ба ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Роҳбарияти Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор гардидан ба бовариву эътимоди Пешвои муаззами миллат равона созад ва содиқонаву софдилона ба  Ватани азизамон хизмат намояд.

  Мавриди зикр аст, ки соли 2019 зимни ироаи Паёми Президенти мамлакат ба парлумон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид.

  Бо таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ин бистсола ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас равона гардидааст.

  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин бистсола изҳор намуданд, ки бояд «назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».

  Бистсолаи  омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф бояд қобилиятҳои зеҳнии насли наврасу ҷавони моро тақвияту тавсеа диҳад, тафаккуру фарҳанги техникиро дар ҷомеа роиҷ гардонад. Таваҷҷуҳи хоса бо омӯзиши таърих, забону адабиёт, мутолиаи асарҳои бадеӣ ва умуман, китобу китобхонӣ бошад, ҷомеаро аз ҷиҳати маънавӣ қавӣ месозад ва имкон фароҳам меоварад, ки мо арзишҳои асилро аз арзишҳои сохтаю бебунёд ташхис дода тавонем, Ватанамон, милатамонро дониста, бо фаҳми кор дӯст дорем, хислатҳои неки инсониро пайравӣ кунем. Ин ду ҷанбаи рушд-зеҳнию маънавӣ дар тарбияву ташаккули инсон арзиши яксон доранд ва танҳо дар якҷоягӣ зиндагии саодатмандонаи ӯро таъмин гардонда фардро ба иҷрои вазифааш дар назди ҷомеа мукаммалтар омода месозанд. Аз ин ҷост, ки ба масъалаи рушди нерӯи инсонӣ дахл карда, Сарвари давлат ҳарду паҳлӯи он - ҳам камолоти зеҳнӣ ва ҳам камолоти маънавиро барои ояндаи кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.

  Дар даврони истиқлолият таваҷҷуҳи хоса додан ба насли наврас  ва ҷавон аз ҷумлаи дастовардҳои беназири истиқлолият мебошад. Чунки ин  насл ояндаи миллат буда, бақои  давлат ва Ватан мебошад. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳо ва консепсияҳо оид ба  маърифаткунонии насли ҷавон ҳамчун  насли  солим ва бомаърифат қабул гардидаанд. Бояд зикр кард, ки соли 2017 – Соли ҷавонон эълон  гардида буд.  Дар ин  раванд  Академияи  илмҳо дар  самти тарбияи  кадрҳои  ҷавони илмӣ нақши  муҳим  бозида,  дар  назди  он  шуъбаи  магистратура ва  докторантура (PhD)  ташкил  гардидааст.

  Дар рушди илму  фарҳанг ва   дастовардҳои  бузурги  инсоният  дар  соҳаҳои   астрономия,  физика,  биология,  тиб, фалсафа  ҳамеша хидмати абармардони тоҷику форс кам нестанд. Шоҳкориҳои азими  фарзонагони халқи  тоҷик  дар  соҳаҳои  илмҳои  гуногун  бо  номҳои  Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абунасри Форобӣ, Умари Хайём ва даҳҳо дигар донишмандон ва  мутафаккирон алоқаманд  аст.

  Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои авали соҳибистиқлолӣ ба рушди илми миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Тайи ин солҳо хусусан ба рушду такомули илмҳои табиатшиносиву дақиқ дар ҷумҳурӣ эътибори зиёд дода шуд. Ҳанўз соли 2000 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо намояндагони аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ ба муносибати вуруди ҳазорсолаи нав  таъкид карда  буданд, ки дар асри нав мо бояд рушди назаррасро  дар илмҳои дақиқ ноил гардем.

  Тавре аз маводҳои ВАО огоҳем, масъалаи тараққӣ додани илмҳои дақиқу техникӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва баланд бардоштани тафаккури илмию техникии ҷомеа дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (15 апрели соли 2009)  ва маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 60-солагии таъсиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (октябри соли 2011) бори дигар зикр гардида, аз олимони ҷумҳурӣ даъват карда шуд, ки ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа диҳанд.

  Ҳамин тариқ, давлат ва Ҳукумат илмро меҳвари асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешад.

  Имрӯзҳо олимони тоҷик дар таҳқиқи илмии бунёдӣ ва амалӣ дар  самтҳои афзалиятноки илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ корҳои самарабахш анҷом дода, ба истифодаи онҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ саҳм гузошта истодаанд.

 

 

Э. Оқилов

Магистранти соли дуюми

 Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Хондан 1578 маротиба