Қисмати фаъоли таркиби луғавии забонро калима, ибора ва ҷумлаҳои шевагию лаҳҷавӣ ташкил медиҳанд, ки забони тоҷикӣ низ аз ин ҳолат бархурдор аст. Диалектизмҳо он калима, ибора ва ҷумлаҳоеанд, ки аз шеваю лаҳҷаҳои гуногун дар забони адабиёти бадеӣ ҳамчун воситаҳои муайяни услубӣ, барои ба вуҷуд овардани обуранги хоси ин ё он маҳал, барои тавсифи нутқи персонажҳо истифода мешаванд. Диалектизмҳо, ки хоси шеваҳои ҷудогона мебошад бо аломату хусусиятҳои фонетикӣ, морфологӣ, синтаксисӣ, фразеологӣ ва семантикӣ, аз забони адабӣ фарқ мекунанд. Муҳаққиқон ҳамаи тафовутҳои луғавии диалектизмҳоро ба ҳисоб гирифта онҳоро ба чунин гурӯҳҳо ҷудо кардаанд: