Имрӯз санъатшиносӣ – яъне шинохти амиқ ва дарки ҳамаҷонибаи падидаҳои гуногунранги ҳунарҳои зебо - қисми таркибӣ ва яке аз бахшҳои афзалиятноки илмҳои гуманитарии ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ба маънои васеъаш ин илм маҷмӯи номгӯи зиёди фанҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад ва дар он асосан фарҳанги маънавии ҷомеа, аз ҷумла кулли намудҳои ҳунарҳои бадеӣ (театр, мусиқӣ, адабиёт, драматургия, санъати тасвирӣ, хореография, меъморӣ, муҷассамасозӣ, дизайн ва ғ.), қонуниятҳои ташаккул ва рушди онҳо, таҷассуми воқеияти ҳаёт, нақш ва таъсири онҳо дар ташаккули афкори омма, алоқамандӣ бо ҳаёти ҷомеа, хулоса кулли масоили вобаста ба шакл ва мазмуни осори намудҳои…