JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 30 Январи 2020 13:15

Дунявият ва ҷомеаи илммеҳвар

Муаллиф:
Яке аз хусусиятҳои зотии инсон хирадгароиву маърифати олам аст, вале дар тӯли замон на ҳамаи масоилро инсон аз роҳи ақлу хирад ҳал намудааст. Зеро шинохти воқеияти олам ба инсон якбора ба даст намеояд, балки зина ба зина ва насл ба насл пурратару комилтар шуда, ба ифодаи воқеияти олам баробар мешавад. Дониш инъикоси олам буда, нахуст дар шакли тасаввуроти ибтидоӣ зуҳур мекунад. Донишҳои инсонӣ метавонанд дониши илмӣ ва ё дониши ғайриилмӣ бошанд. Инсоният то ба марҳилаи донишҳои илмӣ расидан раванди тӯлониеро пушти сар намудааст.
Забони бумӣ аслан ба маънии нисбатан васеи ин мафҳум бо мафҳумҳои забони маҳаллӣ, забони мардуми асл, забони сокинони муқимӣ муродиф дониста мешавад. Ба ин далел забони тоҷикӣ дар ин марзу бум забони бумӣ маҳсуб мешавад, зеро тоҷикон қадимтарин ва асилтарин сокинони бумии қаламрави Тоҷикистони имрӯза ва фаротар аз он, қисмати аъзами Осиёи Марказӣ мебошанд, ки дар таъриху фарҳанги мардумони ин марзу бум нақши ба истилоҳ меҳварӣ доранд. Аз ҳамин ҷост, ки Юсуфи Балосоғунӣ (1015-1070) ба сифати яке аз нахустин донишмандон ва муаллифони осори туркӣ, дар китоби «Қутадғу билик» («Донишҳои файзбор») (соли таълифаш 1069) тақрибан ҳазор…
Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:«Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад». Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст баъд аз ба даст овардани истиқлолияти миллат тоҷиконро ба ҷанги бародаркуши оварданд. Агар ин ваҳдати миллии тоҷикон намебуд мо ба вартаи ҳалокат дучор мегардидем. Ин ваҳдат бузургтарин ва тақдирсозтарин ва арзандатирин дастоварди бузурги халқи тоҷик буд ки он маҳз бо кӯшишу талошҳою ҷонбозиҳои…
 Солҳои охир таваҷҷуҳи олимони тоҷик ба таҳқиқи навъҳои гуногуни ҷонишинҳои забони тоҷикӣ дар муқоиса бо забонҳои мухталиф ва роҳҳои тарҷумаи онҳо бештар ба назар мерасад. Аз ҷумла таҳқиқоти муқоисавии ҷонишинҳои саволии забони тоҷикӣ бо немесӣ Х. Сайфуллоев, бо забони англисӣ Н. Хайбатов, А. Мамадназаров, П. Авлиёева, бо забони русӣ Г. Музаффарова, бо забони ҳиндӣ Н. Бобоҷонова ва ғайраро [8; 9; 13] номбар кардан мумкин аст. Ба гуфтаи забоншиноси маъруфи рус А.И. Смирницкий “ҷонишинҳо хусусияти дар гурӯҳи умумии вожаҳо ва дар заминаи чанде аз нишонаҳои формалӣ муттаҳид шудан майл доранд. Ҳарчанд, на фақат аз ҷиҳати шаклгирӣ,…
Саҳифа аз 1 то 6