Абдураҳмони Ҷомӣ, чуноне ки муҳаққиқи барҷастаи аҳволу осораш Аълохон Афсаҳзод навиштааст, муаллими ахлоқи писандидаи замони худ буда (ниг.: Афсаҳзод Аълохон. Таҳаввули афкори Абдурраҳмони Ҷомӣ. –Душанбе: Дониш, 1981. –С.125), дар ахлоқшиносии асрҳои миёна нақши бориз дорад. Ҳарчанд ки аз “Гулистон”-и Саъдӣ пайравӣ кардааст, дар “Баҳористон” масоили иҷтимоӣ ва ахлоқии замонашро як навъ ҷамъбаст намудааст.