Дар миёни шеърҳои устод Лоиқ як навъ шеъре нуфузи бештаре аз навъҳои дигаре дорад, ки то ҳол дар нақд ва адабиётшиносии мо номи он мушаххас нашудааст. Ин навъи шеър на он «шеъри конкрет», на он «шеъри мавзӯ», на он «шеъри рӯз», на он «шеъри отиф» ва на он «шеъри андеша» аст, ки мегуфтему мегӯему менависем. Ин шеърест, ки дар он ҳамзамон ҳам лаҳзаҳову саҳнаҳову ҷузъиёти зиндагии воқеъ, ҳам манзараҳои маҳсуси табиат, ҳам ҳолат, отифа, андеша, таассурот ва тасаввуроти инсони замин дар фазо ва муҳити муайяни иҷтимоиву сиёс бозтоб ёфтааст. Ва дар он «таносубу тасвирҳои шоирона…