JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 15 Декабри 2020 12:00

Эълон! Озмун барои ишғоли вазифаи мудир дар шуъбаҳои Институт

Муаллиф:

ЭЪЛОН

        Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи мудир дар Шуъбаҳои зерини муассиса озмун эълон менамояд:

-Шуъбаи онтология, гнесеология ва мантиқ;

-Шуъбаи таърихи фалсафа;

-Шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ;

-Шуъбаи фалсафаи фарҳанг;

-Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин;

-Шуъбаи ҷомеашиносӣ;

-Шуъбаи сиёсатшиносӣ;

-Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ;

-Шуъбаи масоили назарявии давлат ва ҳуқуқи муосир;

-Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ;

-Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ;

-Шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ;

-Шуъбаи ҳуқуқи хусусӣ;

-Маркази синошиносӣ.

 Ба вазифаи мудирони Шуъбаҳо шахсе пешбарӣ карда мешавад, ки соҳиби дараҷаи илмии доктори илм ё номзади илм (аз рӯйи ихтисос) буда, қобилияти хуби ташкилотчигӣ дошта бошад.

Барои иштирок дар озмун пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст: - пешниҳод оид ба пешбарии номзад ба вазифа:

-  аризаи номзад оид ба розигӣ ҷиҳати иштирок дар озмун;

-  варақаи шахсӣ оид ба ҳисобгирии кадрҳо;

-  тарҷумаи ҳол;

-  нусхаи дипломи мактаби олӣ бо замимааш;

-  нусхаи дипломи докторӣ ё номзадӣ;

-  нусхаи шиноснома;

-  рӯйхати корҳои илмӣ;

-  барномаи рушди корҳои илмию таҳқиқотии Шуъба дар 5-соли оянда;

-  нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- варақаи тиббӣ;

Ҳуҷҷатҳо ҷиҳати иштирок дар озмун ба Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ бо нишонии зерин фиристода шаванд: ш.Душанбе, хиёбони Рудакӣ, 33 (тел: 221-56-89; 221-49-33).

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабони озмун то соати 1700  рӯзи 27 декабри 2020.

 

Маъмурияти  ИФСҲ АМИТ

Хондан 1321 маротиба