JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 05 Апрели 2021 06:00

Илми мо ба тамаддун чӣ дод?

Муаллиф: Номвар ҚУРБОН

  Нажоди форс (тоҷик) бо илму фалсафа, ҳикмату мантиқ, фарҳангу санъат ва дигар суннатҳои волои миллии худ аз қадим шуҳраи офоқ гардида буд. Ба ин маъно, ки дар таълимоти нахустпайӣамбари олам – Зардушт писари Гистасп аз қавми Ориёӣ омадааст: «ҳар фарде дар ободии ҷаҳон ва шодмонии ҷаҳониён кӯшида, ё худро ба василаи пиндору кирдор ва гуфтори нек қобили болоравӣ ба олами рӯҳонӣ ва расидан ба авҷи камол ва саодати ҷовидонӣ намояд». Аз суханони пурмуҳтавои ин мутафаккири аҷдодии мо бар меояд, ки ҳар як инсон бояд баҳри ободу зебо гардонидани гетӣ ва хурсанду шодмон намудани мардуми рӯи олам кӯшиш ба харҷ диҳад. Ва ба ин васила ӯ метавонад, ки номи худро дар таърихи башарият ҳамчун инсони накӯкор абадӣ гардонад. Илова бар, ин қайд намудан зарур аст, ки миллати мо миёни дигар миллатҳои олам ҳамчун миллати фарҳангӣ ва соҳибтамаддун шинохта шудааст. Ва тамоми халқу миллатҳои баъдӣ, ки андактар ба дину мазҳаби миллии хеш соҳиб гардиданд, сохтори ин дину мазҳабҳояшонро дар пайравии дини зардуштӣ ва фарҳанги ҷамшедӣ ба роҳ монданд ва бо ин то имрӯз ифтихор ҳам доранд. Пас, чаро имрӯзиёни миллати тоҷик – нигаҳдорандагони фарҳанги ориёӣ, аз чунин суннатҳои волои ниёгони худ, ки то ҳол ягон халқу миллат мислашро соҳиб нагаштааст, ифтихор нанамоем ва онро дар меҳвари фаъолияти хеш қарор надиҳем. Фарҳанги аҷдодии мо фарҳанги инсонмеҳварӣ буда, ҳамеша таҷассумкунандаи волотарин ӣояҳои инсонпарварӣ мебошад. Дар ҳама давру замон фарзонагони ин миллат дар пешрафти илму фалсафа, адабиёту таърих, меъморию ҳунарманидӣ ва сиёсату давлатдорӣ хидматҳои ҷаҳонӣ кардаанд, ки нодида гирифтани хизматҳои эшон амали ноҷавонмардист.

  Имрӯз замоне расид, ки тамоми халқу миллат ва қавму қабоил бояд ҳувияти миллӣ ва фарҳанги аҷдодии хешро дошта бошанд. Дар ин хусус суханони бисёре гуфта шуда, миллатҳо муқобили ҳамдигар андешаҳои «алтернативӣ»-и худро мегузоранд ва мо – нажоди ориёӣ аз ин амал бетараф буда наметавонем. Алалхусус, миллати араб тавонист, ки бо як фарҳанги «сустморхӯрию бодиянишинӣ» ва дини исломи «поку беолоиш»-и худ фарҳангу тамаддун ва маданияту маърифати тоҷику форсро чунон нобуд созад, ки ин нажоди ориёӣ дар тӯли чордаҳ асри пас аз исломӣ ҳеҷ ба худ наомад. Ҳатто аслу насаби худро фаромӯш кард ва ба гуфтаи устод Ч.Айтматов «манқурт» шуд. Вале, дар тӯли таърихи беш аз 5000-солаи миллати ориёӣ кам нестанд фарзонагоне, ки барои нигоҳ дошатани тамоми анъанаю урфу одати ниёгон ва суннатҳои миллӣ ҷонбозиҳо намуданд ва ин ҷо шоири муосирамон Низом Қосим дуруст мефармояд: «мо намурдем аз дигар пайдо шудем». Имрӯз миллати тоҷикистонӣ ба ягон дину мазҳаб, ба ягон набию расул-, ба ягон «қувваи осмонӣ», ба ягон «ҷирми аз осмон афтида» ва чандин чизи дигаре, ки аз миллатҳои бегона ба мо таҳмил гардидааст ва мерос мондааст, эҳтиёҷ надорад. Зеро миллати тоҷик дар масири таърих аз асри XVIII пеш аз милод оӣоз карда, то имрӯз (асри XXI) чунин нобиӣаҳоеро тарбия карда ба воя расонид, ки онҳо бо илму дониши худ аҳли Замину замонро ҳайратзада мекунанд. Маҳз ин нобиӣаҳо расул-ону анбиё, ин алломаҳо пайӣамбарону авлиёҳо, ин донишмандон қувваҳои осмонию кашшофи ҷирмҳои кайҳонӣ ва ҳамин алломаҳо фарҳангофарону тамаддунсозони миллати тоҷик мебошанд.

  Дар даврони сарнавиштсоз рӯ овардан ба фарҳанги маънавии ниёгон аҳамияти беш аз пеши назариявию амалӣ пайдо менамояд. Махсусан ҳадафи тадқиқу таҳқиқ қарор додани афкори илмӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ ва ҷамъиятию сиёсии мутафаккирони гузаштаи миллат дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ баӣоят муҳим аст. Ин ҷо мехоҳам, хонандагони арҷуманд ва миллатдӯсту меҳанпарастро водор намоям, ки ба таъбири файласуфи соҳибмактаб Комил Бекзода «Пайғамбарони миллати тоҷик» маҳз ҳамин равшанфикрон мебошанд:

 Муҳаммади Хоразмӣ аз намоёнтарин донишмандони табиатшиноси форсу тоҷик буда, бунёдгузори риёзиёти Хилофати Араб ва системаи ҳисоби даҳӣ мебошад. Маҳз тавассути осори Хоразмӣ системаи ҳисоби нуҳрақама дар алгебра роиҷ гардида, худи вожаи алгебра аз номи асари ӯ «Китоб-ул--ҷабр ва л-муқобала» гирифта шуда, мафҳуми алгоритм, ки аз истилоҳҳои асосии ҳисоббарорист, аз шакли лотинишудаи номи ин олими тоҷик гирифта шудааст. Хоразмӣ ҷадвали пурраи тригонометриро коркард кардааст, ки дар он функсияҳои синус, косинус, тангенс ва котангенс инъикос ёфтаанд. Дар асрҳои XII ва XIII дар асоси китобҳои Хоразмӣ корҳои лотинии «Carmen de Algorismo» (Александр аз Вилдё) ва «Algorismus vulgaris» (Иоанн Сакробоско) навишта шудаанд, ки моҳияти худро чандин садсолаҳо гум накардаанд. То XVI тарҷумаи китобҳои ӯ доир ба арифметика дар донишгоҳҳои бонуфузи аврупоӣ ҳамчун китобҳои асосӣ доир ба математика ба ҳисоб мерафтанд.

  Аҳмади Фарғонӣ яке аз мунаҷҷимон, риёзидонон ва ҷуғрофидонони аввалини тоҷик буда, яке аз нахустусутурлобҳоро (дастгоҳ барои муайян кардани ҷойгиршавии ҷирмҳои кайҳонӣ ва масофаи байни онҳо) сохт ва кусуфу мавҷудияти доӣҳоро дар Офтоб пешгӯӣ кард. Ӯ курашакл будани Заминро собит намуда, ба 7 минтақаи иқлимӣ тақсим шудани сатҳи онро аз Шарқ ба Ғарб бо координатаҳои дақиқ нишон додааст. Ҳамчунин, бо номи «миқёси ҷадид» асбобе сохтааст, онро барои чен кардани оби дарёи Нил истифода мекарданд ва он имрӯз бо номи «нилометр» маълум аст. Фарғонӣ ахтарёберо сохтааст, ки ҷойгиршавии ҷирмҳои осмонӣ ва масофаи байни онҳоро муайян мекардааст. Дар бораи дастгоҳи мазкур рисолаи илмӣ навишта, соли 861 дар ҷазираи Рауди наздикии Қоҳира нилометрро барқарор кардааст. Асбоби мазкур барои ҳисоби гуногунобии дарёи Нил ва пешгӯии обхезӣ дар замони сохтмони дарғоти Асуан истифода бурда шудааст, ки то имрӯз шӯҳрати худро гум накардааст ва яке аз ёдгориҳои пойтахти Миср ба ҳисоб меравад. Ӯ илман исбот намудааст, ки Замин куррашакл аст, дарозтарин ва кӯтоҳтарин рӯзи сол (22 июн ва 23 декабр)-ро бо роҳи ҳалли математикӣ исбот намудааст, доғҳои рӯи офтобро исбот намуда, гирифти офтоби соли 832 онро пешгӯи кардааст

  Закариёи Розӣ аз мутаффакирони камшуморест, ки дар донистани тамоми илмҳои замон, бештар аз ҳама доир ба ул-уми табиатшиносӣ ва махсусан, тиб ва кимиё дасти қавӣ дошт ва дар Аврупо бо номҳои «Abubater» ё «Razes» маълум аст. Розӣ аввалин донишмандест, ки оид ба илми кимиё нахустин озмоишгоҳро таъсис дод ва ҳамчунин, дар бораи тибби амалию назарӣ ва сохтани шифохонаҳо саҳми бузург дошта, бинобар ин бо тахаллуси «табиби мористонӣ» (талафузи арабии «бемористон») маъруф аст. Огоҳӣ, бедорӣ ва далерии Розӣ дар он зоҳир мегардад, ки шаклҳои ҳастии ҳаюло – макон, замон, вақт, фазо ва ҳаракатро абадӣ шуморида, ҳастии Худоро на офаринандаи кул-л, балки як ҷузъи ин қатор меҳисобид. Ӯ қариб 238 китоб ва рисола навиштааст. Мутаассифона аксарияти онҳо несту нобуд гардида ва имрӯз фақат 30 ҷилд аз осори ӯ боқӣ мондаасту халос, ки аксарияташон ба забони арабӣ нигошта шудааанд. Осори бойи Закариёи Розӣ аз 164 то 234 номгӯй асарҳои хурду калонро ташкил медиҳад. Мероси ба тиб бахшидаи ӯ зиёда аз 60 китобу рисолаҳоро дар бар мегирад. Ба муҳимтарин асарҳои энсиклопедии донишманд «Китобул- ҳовӣ» ва «Китобут-тиб-ул-Мансурӣ» дохил мешавад. Китоби якум номбаршуда аз 30 ҷилд иборат буда, тамоми шохаҳои тиббӣназариявӣ ва амалиро дар бар мегирад. Дар китоби мазкур назария ва комёбиҳои пешқадами илми тибби қадимаи юнонӣ, ҳиндӣ, арабӣ, форсиву тоҷикӣ, дар навбати аввал таҷрибаи амалии худи ҳаким гирд оварда шудааст. Ин асар соли 1279 ба забони лотинӣ тарҷума ва дар соли 1486 нусхаи чопии он дастраси аврупоиён гардид. Такроран ин шоҳасар ба забони лотинӣ боз ду маротиба дастраси табибону донишмандони мамолики зиёди ҷаҳон мегардад. Асари дигари Закариёи Розӣ «Китобул- чадори вал хасба» (китоби нағзак ва сурхак) бо забони лотинӣ, юнонӣ, англисӣ ва немисӣ тарҷума шуда, 49 маротиба пайи ҳам нашр гардидааст.

 Абумаҳмуди Хуҷандӣ аз ихтироъкорон, мунаҷҷимон ва риёзидони номвари тоҷик аст, ки ба навиштаи аллома Берунӣ дар сохтани устурлоб ва тайёр намудану ихтирои дигар асбобҳои нуҷумӣ фарди фавқул-ода ва ягонаи замон будааст. Маҳз бо асбоби сохтаи худ бори аввал қимати майли мадори (эклиптика) Офтобро 23°32’21" муайян кард, ки ин бузургӣ аз рӯйи формул-аи астрономи амрикоӣ Саймон Нюком 23°34’13" аст. Дар баробари нуҷум, дар риёзӣ низ дасти қавӣ дошта, теоремаи машҳури математикаи муосирро, ки бо номи теоремаи Ферма маъмул- аст, 600 сол қабл аз ӯ Хуҷандӣ ибтидо гузошта буд. Ҳамчунин дар илми мусалласот (тригонометрия) теоремаи синусиро барои секунҷаи сферавӣ исбот кард, ки он барои ҳалли бархе масоили астрономияи сферавӣ ибтидо гузошт.

 Абӯрайҳони Берунӣ намоёнтарин мутафаккиру донишмандони тоҷик буда, оид ба ҳама илмҳои замон, махсусан умуми табиатшиносӣ дониши мукаммал доштааст. Далели ин гуфта он аст, ки Берунӣ қариб дар ҳама соҳаҳои илм асар эҷод карда, ё назари илмиву фалсафии худро ба ин ё он масъала мушаххас баён намудааст ва ақоиди илмию фалсафиаш бештар ҷанбаи табиатшиносӣ, яъне назароти натурфалсафӣ доштааст. Ӯ бисёр масоили физикию табиатшиносиро, ки бо фалсафа қаробат доранд, аз ҷумла масъалаи ҳаракат, афтиши озоди ҷисмҳо дар фазо, аз гармӣ васеъ шудани ҷисмҳо, дарки манбаи нурҳои кайҳонӣ, таъсир ва мақоми нури Офтоб ва ҳоказоро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Ба андешаи Берунӣ манбаи асосии муваффақияти илм танҳо дар асоси таҷрибаю мушоҳида ба даст меояд ва ҳамин аст, ки бо хизматҳои илмию эҷодӣ ва фарҳангии худ фарҳангии мо миллати тоҷикро машҳури ҷаҳон гардонид.

 Пури Сино машҳуртарин олим, табиб, шоир ва донишманди тоҷик аст, ки таърихи башар ҳамтои беназирашрро хеле кам дидааст. Ҳарчанд, ҷаҳонбинии Пури Сино идеалистӣ бошад ҳам, назарияи маърифатии ӯ тамоюли материалистӣ дорад. Аз ин ҷост, ки ин нобиӣа дар рушди қисми зиёди илмҳои замонаш саҳми бузург гузошта, аз ҷумла барои пешрафти ул-уми дорушиносию дорусозӣ беш аз 811 навъ доруҳои наботӣ, ҳайвонӣ ва маъданиро тавсиф додааст, ки 70 навъи доруҳои ихтироъкардааш то ба имрӯз ҳам дар тибби ҷаҳонӣ мавриди истифодаанд. Саҳми Пури Сино махсусан, дар рушди илми тиб баӣоят бузург буда, шуҳрати ӯ то ҷое расидааст, ки дар як китоби дарсӣ (соли 1471) мураттиб ба Гипократ ҳамагӣ 150 бор, ба Ҷолинус 500 ва ба Пури Сино 3000 дафъа муроҷиат кардааст. Ва ё олим Фарарри де Гардо (соли 1469) дар шарҳи «Китоби ҷадиди Мансурӣ»-и Закариёи Розӣ аз Буқрот 150 маротиба, аз Розӣ ва Ҷолинус 500 борӣ ва аз Сино беш аз 3000 маротиба ном бурдааст. Ҳамин тавр, Пури Сино дар умри кӯтоҳи худ беш аз 480 асар эҷод карда, дар аксар бахшҳои илм хизмати ҷаҳонӣ анҷом дод ва арҷгузории оламиён ба ин фарзанди фарзонаии миллат боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷик аст.

  Умари Хайём дар таърихи илму адаби тоҷику форс ва ҷаҳон чун муаллифи рубоиҳои иҷтимоиву фалсафӣ машҳур аст. Мавзӯи шеърҳои ӯ ҷуз васфи таззоди неку бад, ки муаммои назми классикии ҷаҳонист, тасвири таносуби озодии ирода ва тақдири инсон мебошад, ки барои инсон дар ҳама давру замон аз озодии ирода муҳимтар чизе нест. Дар баробари ин, Хайём дар риёзиёт, нуҷум, ҳандаса ва ӣайра забардаст буда, нақши ӯ дар ҳалли муъодилоти дараҷаи сеюм ва мутолеоташ дар бораи асли панҷуми Уқлидус, номашро ба унвони риёзидоне барҷаста дар тарихи илм сабт кардааст. Тақвиме, ки Хайём дар заминаи ҳисобҳои риёзӣ ва мушоҳидоти нуҷумӣ мураттаб сохтааст, бо саҳеҳию дақиқии худ аз дигар тақвимҳо ба кул-ли фарқ мекунад ва дар давоми 4500 сол фақат як шабонарӯз тасҳеҳ металабад. Ҳамчунин, аз Хайём рисолаҳое хурд, вале арзишманде дар бахшҳои механика, гидростатика, ҳавошиносӣ, назарияи мусиқӣ ва ӣайра низ бар ҷой мондааст.

  Насириддини Тӯсӣ аз симоҳои бузурги илми ҷаҳонӣ ва ифтихори халқи тоҷик буда, саромади мутафаккирони асри ХШ ба ҳисоб меравад. Ӯ бори аввал дар таърихи илми риёзӣ ададҳои мусбату манфиро дар асари худ «Шакл-ул--қита» пешниҳод кард, ки аврупоиён онро пас аз 400 сол кашф карданд. Тӯсӣ аввалин донишмандест, ки назарияи курравии ҳамвории чортарафа ва секунҷаи куравии қутбиро пешниҳод намудааст. Хизматҳои ӯ оид ба хатҳои мусовӣ тригонометрияро ба илми мустақил табдил дода, барои геометряи ӣайриэвклидӣ замина фароҳам оварданд. Дастовардҳои Тӯсӣ доир ба шаклу андозаи Замин, ҳисоб кардани нуқтаи эътидоли баҳорию тирамоҳӣ, чен намудани кунҷи моили эклиптика ва экватор барои илм таҳкурсӣ гардиданд. Яке аз дастоварди бузурги олим дар соҳаи нуҷум қабл аз Кеплер пешниҳод кардани амсилаи ҳаракати сайёраҳо мебошад. Дар биология бошад, Тӯсӣ яке аз аввалинҳоест, ки ӣояи таҳаввул-отро иброз дошт ва тибқи таълимоти ӯ дар ибтидо танҳо унсурҳои аввалия ва тадриҷан аз онҳо маъданҳо, растаниҳо, ҳайвонот ва одамон пайдо шуданд. Гузашта аз ин, Тӯсӣ бо гурӯҳи донишмандон дар шаҳри Мароӣа (соли 1259) расадхонаи калонтарини даврро бунёд кард, ки дар заминаи он академияи байналмилалии олимон ташкил шуд ва дар академия беш аз 100 олимони миллатҳои гуногун бо роҳбарии бевоситаи ӯ тадқиқот мебурданд ва инчунин, дар ин ҷо зиёда аз 10 намуд асбобҳои дақиқсанҷ сохта шуд.

  Абулвафо Бузҷонӣ яке аз беҳтарин математик ва астрономҳои асрҳои миёнаи Шарқ шинохта шудааст. Донишҳои астрономии ин олими шинохта дар пайравии олими машҳур Клавдий Птоломей навишта шудаанд. Дар яке аз рисолаҳои ин олими нотакрор, маълумотҳои пурра дар бораи нобаробарии ҳаракати Моҳ омадааст, ки баъдан аз тарафи Тихо Браге кашф карда шудаанд. Ҳангоми мушоҳидаҳои худ дар соли 998 анқариб ба маргаш гирифти Моҳро ӯ аз Бағдод ва Берунии ҷавон аз Урганҷ тӯли ин шаҳрҳоро дақиқан муайян кардааст. Ҳамчунин, Бузҷонӣ функсияҳои тригонометрии тангенс ва котангесро ҷорӣ намуда, ҷадвали онҳоро сохтааст; қимати синуси як дараҷа (градус)ро дақиқан исбот кардааст. Ӯ аввалин шахсе мебошад, ки формул-аи синуси ду кунҷро ҷорӣ намуда, ҳамроҳи олимони дигар ба монанди Хуҷандӣ ва ибни Ироқӣ теоремаи синусҳоро барои секунҷаҳои сферикӣ исбот намудааст. Ӯ аввалин шуда исбот кард, ки дар сохтмон бо қутбнамо бо ҳалли собит ва ҳоким, шумо метавонед ҳамаи нуқтаҳоеро, ки бо қутбнамо ва ҳоким сохта мешаванд, созед.

  Абдуллоҳи Марвазӣ яке аз чаҳраҳои шинохтатарин дар олами илми математика ва нуҷум буда, мероси гаронбаҳои вай то замони қариб, ки омада нарасидааст. Асарҳои оламшумул-и ин олими забардаст, қисман ҳам бошанд то ба мо омада расидаанд. Тибқи маълумотҳои таърихии илмҳои дақиқ истилоҳҳои тангенс ва котангенсро аввалин маротиба дар тригонометрия Марвазӣ ворид намуда, ҷадвали ин функсияҳоро тартиб додааст. Ӯ усули муқаррарии ҳалли муодилаҳои трансентентиро, ки дар назарияи параллакс истифода мешавад пешниҳод кардааст.

  Абӯнаср Мансур Ироқии Ҷадӣ ситорашинос ва математики барҷастаи шогирди Абулвафо Бузаҷонӣ ва дӯсти Абӯрайҳони Берунӣ будааст. Дар «Китоб оид ба сохтани гептагон» ӯ масъалаи сохтани гептагони муқаррариро ба ҳалли муодилаи кубӣ коҳиш додааст, пас аз он ин муодиларо бо ёрии қисматҳои конусӣ ҳал кард, ки барои он аз Умари Хайём ситоиши махсус гирифт. Ибни Ироқ дар таҳияи усулҳои тригонометрияи сферӣ саҳми назаррас гузоштааст. Вай шарҳи муфассали «Сферикӣ» и Менелайро тартиб додааст. Дар «Китоб дар бораи теоремаҳои ҳамвор ва сферикӣ барои секунҷаҳои росткунҷа ва кунҷҳояш моил» ӯ аккордҳои дугонаеро, ки Менелай истифода мебурд, бо синусҳо иваз кард. «Китоби Азимутҳо» ва дар як қатор асарҳои дигар Ибни Ироқ далелҳои теоремаи сферавии синусҳоро овардааст, ки теоремаи Менелаусро дар чоркунҷаи мукаммал дар ҳисобҳои астрономӣ иваз кардааст. Дар «Рисола дар бораи дониш дар бораи камонҳои осмонӣ» вай секунҷаи қутбиро ҳангоми ҳисоб кардани паҳлӯҳои секунҷаи сферавии додашуда бо се кунҷи он ҷорӣ кардааст; ин усулро баъдтар Носируддини Тӯсӣ дубора такмил додааст.

  Абӯмашҳар Муҳаммади Балхӣ яке аз машҳуртарин ситорашинос ва математики барҷастаи форсу тоҷик буда, муаллифи зиҷҳои «Зиҷи ҳазор», «Зиҷҷи пайвастшавӣ ва расиш» ва китобҳои «Китоб дар бораи шаклҳои сфераҳои осмонӣ ва гуногунии зуҳуроти онҳо», «Китоб дар бораи муайян кардани вақт аз рӯи дувоздаҳ равшанӣ» меболшад. Китоби ӯ бо номи «Муқаддима дар илм оид ба ситорагон Kitab almudkhal alkabir ila 'ilm ahkam annujjum», ки соли 848 дар Бағдод навишта шудааст дар Аврупо (солҳои 1133 ва 1140) бо номи «Introductorium in Astronmiam» ба забони лотинӣ гардонидашуда, аввалин китоби аврупоӣ дар бораи астрономия мебошад. Дар Ғарби масеҳӣ, ӯ ба шарофати Питер д'Абано, ки дар асри 13 дар китоби худ Conciliator Differentiarum Philosophorum et Praecipue Medicorum (фарқ. 156) машҳур шудааст, аз "Ал-Мудсакарет" (ё "Ёддоштҳо") и Абӯсаид Шодон, шогирди Абу ёдовар мешавад, ки посухҳо ва изҳороти астрологии муаллимашро навиштааст. Таҳлили Ёддоштҳо, ки дар байни схоластикҳо бо номи «Апомасар дар ривояти Садан» маъруф аст, бинобар таҳриф шудани номи ҳарду олим, аз ҷониби Линн Торндайк гирд оварда шудааст.

  Абӯабдуллоҳ Ҷобир Хайёни Суфӣ кимиёгар, табиб, дорусоз, математик ва ситорашиноси машҳури форсу тоҷик, ки дар Аврупои асрҳои миёна бо номи лотинишудаи Гебер (Geber) машҳур гаштааст. Ҷобир ба принсипҳои Евклид ва “Алмагест” и Птолемей тафсирҳо додааст. Ӯ соҳиби “Китоб дар бораи сохти устурлоб", "Намудҳои зиҷҳо", "Китоб дар бораи мавқеи равшанӣ", "Китоби оинаҳо" мебошад. Ҳамчун табиби машҳур, ӯ Китоби “Заҳрҳо ва позаҳрҳо” ва “Китоби Меҳр”ро навиштааст. Дар байни асарҳои Ҷобир ибни Ҳайён ҷолибтарин "Китоби ҳафтод" аст, ки як навъ энсиклопедия мебошад, ки аз 70 боб дар масъалаҳои гуногуни динӣ, сиёсӣ ва табиатшиносӣ иборат аст. Дар бобҳои охирини Китоби Ҳафтод, ӯ дар бораи металлҳо ва минералҳо маълумот медиҳад. Аз моддаҳои гуногуни табиат, диққати Ҷобир ба ҳафт металл равона шудааст; ӯ ба канданиҳои фоиданок диққати калон медиҳад. Барои тавсиф кардани хосиятҳои ҳамаи ин моддаҳо, алалхусус чунин хосиятҳои мушаххаси металлҳо, ба монанди обшавӣ, тобишпазирӣ ва тобиши металлӣ. Ҷобир ба таври равшан аз чаҳор унсури аристотелӣ кофӣ нест. Аз ин рӯ, Ҷобир назарияи симобсул-фури пайдоиши металлҳоро пешниҳод мекунад: вай мафҳуми оғози металлургия (Меркурии фалсафӣ) ва оғози сӯзишворӣ (сул-фати фалсафӣ) ро ҳамчун ду ҷузъи металлҳо ҷорӣ мекунад. Аз ҷониби ӯ сул-фур ҳамчун принсипи сӯзишворӣ, Меркурийпринсипи металлӣ ҳисобида мешавад. Тибқи таълимоти Ҷобир, буғҳои хушк, конденсатсия дар замин, сул-фур медиҳанд, дар ҳоле ки тарМеркурий. Сипас сул-фур ва Меркурий бо роҳҳои гуногун якҷоя шуда ҳафт металли маълумро ташкил медиҳанд. Тилло ҳамчун металли комилтарин танҳо дар сурате ба вуҷуд меояд, ки сул-фур ва Меркури комилан пок дар таносуби мусоидтарин гирифта шаванд. Дар замин, ба гуфтаи Ҷобир, пайдоиши тилло ва дигар металлҳо тадриҷан ва оҳиста ба амал меоянд. "Пухтани" тиллоро бо ёрии як "дору" ё "эликсир" и муайян суръат бахшидан мумкин аст, ки ин ба тағир ёфтани таносуби Меркурий ва Сул-фур дар металлҳо ва ба тилло ва нуқра табдил ёфтани охирин оварда мерасонад. Ҷобир ибни Ҳайён инчунин амалиётҳои гуногуни кимиёвӣ (дистилятсия, сублиматсия, ҳаллшавӣ, кристаллизатсия ва ғ.) асоснок кардааст. Инчунин баъзе препаратҳои химиявиро (витриол, гилхок, ишқорҳо, аммиак ва ғ.), усулҳои ба даст овардани кислотаи сирко, маҳлул-и сусти кислотаи нитрат, сурби сафедро тавсиф мекунад.

  Абӯзакариё Яҳёи Мосӯя табиб ва донишманди маъруфи халқиятҳои форсу тоҷик ба ҳисоб меравад, ки ҳамчун тарҷумон ва мударриси илмҳои тиббӣ шинохта шудааст. Қайд мекунанд, ки “Ибни Мосӯя дар канори Даҷла маконе барои ташреҳи бӯзинагон фароҳам сохта буд”. Ин далел аз он шабоҳат медиҳад, ки дар ҳамон давру замонҳо низ гузаштагони мо барои ҷарроҳи ва гузаронидани таҷриба аз ҳайвонҳои гуногун истифода мебурданд, махсусан дар маймун, ки ба инсонҳо наздикӣ доранд.

  Абӯлҳасани Табарӣ аз аввалин табибони бузурги олам дониста мешавад. Дар миёни чаҳор табиби бузурги олами ислом дониста шудааст ӯ (Закариёи Розӣ, Алӣ Аббоси Маҷусӣ ва Абӯалӣ Ибни Сино).  Аз рӯи баъзе маълумотҳои таърихӣ Рабани Табарӣ устоди Закариёи Розӣ будааст. Аз ин олими барҷаста танҳо як асари қомусӣ (энсиклопедӣ) то замони мо омада расидааст, ки ин ҳам бошад “Фирдавсул-ҳикма”и ӯ (соли 850) аст, ки натанҳо асари тиббӣ, балки фалсафӣ, кайҳоншиносӣ, ҳайвоншиносӣ, оламшиносӣ, равоншиносӣ, мантиқӣ ва математикист.

  Абӯмансури Азҳарӣ маъруф бо тахаллуси Муваффақи Ҳиравӣ. Табиб ва дорушиноси маъруфтарини аҳди сомониён ба ҳисоб меравад. Ӯ зиёда 595 намуди доруро бар ҷадвале кашид ва дар он дараҷаи таъсирнокии онҳоро муайян намудааст. Ин шахс аввалин нафаре мебошад, ки китоби тиббии бо забони форсии дариро бо номи “Алабния ан ҳақоиқул-адвия” навиштааст. Дар китоби номбурда олим аз натиҷаи сафарҳои чандинсолаи хеш ба кишварҳои гуногун маводҳоро гирдоварӣ намудааст. Аз китоби номбурда дар аксар кишварҳои олами асримиёнагӣ истифодаи амиқ кардаанд.

  Абӯмансури Қамарӣ бо тахаллуси Мансури Бухороӣ машҳур гаштааст. Аз ҷумлаи бузургтарин ул-амои илми тиб дар Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт. Аз рӯи маълумотҳои таърихӣ ин нобиғаи халқи тоҷик ҳамзамони Закариёи Розӣ ва устоди Шайхурраис Ибни Сино ба ҳисоб меравад. Таъсири назарявӣ ва амалии илмии ӯ ба ул-амои тибб дар қуруни вусто бузург аст. Ба дасти ӯ китобҳои арзишманде ба монанди “Китоб илалул-алил”, “Мачӯаи кабир дар адавияи муфрада”, “Муолиҷоти Мансурӣ” (маъруф бо номи “Тибби Мансурӣ”), “Рисола дар илоҷи амрози садр”, “Мақола дар марази истисқо”, “Китоби ғино ва муно” ва ғайра таълиф шудаанд.

 Абӯбакр Муҳаммади Караҷӣ яке аз риёзидонони маъруфи форсу тоҷик ба ҳисоб меравад. Вай дар риёзиёте, ки барои мутахассисин навишта буд, дар пайравии Диофант рафта, дар борабари ин ба ҳалли муодилаҳо муваффақиятҳои азим ба даст оварда, натиҷаҳои аҷиби ададҳои ғайриқиёсӣ (ирратсионалӣ)ро ба миён гузоштааст. Вай ба илми ҳисоби ҳиндуҳо начандон эътимо дошт. Найри Нурӣ қайд мекунад, ки Фибоначчи кашфиётҳо ва масоили матруҳиву ҳалшуда тавассути Караҷиро ба худ нисбат додааст . Ба ҳар сурат имрӯз низ ӯ дар қатори беҳтарин риёзидонҳои олам машҳур аст.

  Абӯҳасан Аҳмади Насавӣ яке аз риёзидони маъруфи форс тоҷик ба ҳисоб меравад. Ӯ усули соддатарини аз решаи квадратӣ ва кубӣ баровардани ададҳоро пешниҳод кардааст, ки математикони машҳури аврупоӣ П.Руфини (1804) ва У.Горнер (1819) онро такмил доданд. Китоби машҳури ӯ «Алмиқнаъ фӣлҳисобил ҳиндӣ» ба забони форсӣ таълиф шуда, баъдан ба забони арабӣ баргардонида шудааст. Ин китоб дар бораи амалҳо бо ададҳои бутун, касрӣ, касрҳои омехта ва шастӣ сухан меравад. Ба асарҳои чандин олимони машҳури юнони шарҳҳо навиштааст. Яке аз олимони дарбори Дайламиён буд.

  Асируддини Самарқандӣ яке аз риёзидони машҳури замони худ будааст. Ӯ аввалин шахсест, ки илми риёзиро ба чор шоха ҷудо намуда чунин номгузорӣ кардааст: ҳандаса (геометрия), ҳисоб, мусиқӣ ва ҳайат. Аз рӯи маълумотҳои таърихӣ ӯ ҳамроҳи Насируддини Тусӣ дар расадхонаи Мароға фаъолияти илмӣ доштааст. Мутаасифона то замони қисман ду китоби ин олими бузург омада расидаасту халос, ин ҳам бошанд: «Ислоҳи ҳандасаи Уқлидус » ва «Ҳидоятул-ҳикма».

  Салоҳиддин Мӯсои Маҳмуд машҳур бо тахаллуси Қозизодаи Румӣ, ихтирооту навигариҳои зиёде дар расад ва илми риёзӣ кардааст, аз ҷумла, чунонки қаблан гуфта шуд, яке аз услубҳои махсуси муайян кардани синуси 10ро ихтироъ кардааст. Аз ӯ осори зиёде доир ба илми риёзиёт боқӣ мондааст: «Дар баёни истихроҷи ҷайби як дараҷа», «Рисолаи ҳайат валҳандаса», «Шарҳи тазкира», «Рисола дар рубъи ҷайб», «Шарҳи «Ашколуттаъсис»» (шарҳи мукаммал ба китоби Муҳаммад ибни Шамсуддин Ашрафи Самарқандӣ аст, ки дар он 53 шакли ҳандасаи Уқлидус оварда шудааст), «Шарҳи «Мухаллас фӣлҳайат»Ҷағминӣ», «Шарҳи «Таҳрирул-Миҷастӣ»» (шарҳи мукаммали рисолаи Насируддини Тӯсӣ), «АлМиҷастии Балтимус», «Рисолаи ҳисоб», «Рисола фӣ самтилқибла», «Шарҳи «Ҳикматул-айн»», «Дастурамал ва тасҳеҳи ҷадвал» ва ғайра.

  Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ бо номи тахаллуси Ҷамшеди Кошонӣ машҳур буда, мунаҷҷим ва риёзидони машҳури аҳди Темуриён яке аз ситораҳои тобноки илмҳои дақиқ дар таърихи илми тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар тараққиёти илми нуҷум ва махсусан ҳисоб дар ҷаҳон саҳми босазо гузоштааст. Ӯро дар Самарқанд «Батлимус» мегуфтанд. «Мифтоҳул-ҳисоб»ӯ қомуси риёзии асри XV ба ҳисоб меравад, ки борҳо ба забонҳои лотинӣ тарҷума шудааст (аз ҷумла бо забони русӣ). Осори риёзии ин мутафаккири барҷастаи халқи тоҷик чунин аст: «Рисола фӣ истихроҷи ҷайби дараҷаи воҳидати аъло қавоиди ҳандасия», «Нузҳатул-ҳадоиқ», «Рисола фӣ маърифати самъилқибла мин доиратин ҳандасия», «Мифтоҳул-асбоб фӣ илмиззиҷ», «Рисола дар ҳайат», «Мухтасар дар илми ҳайат», «Аррисолатул-камолия», «Натоиҷул-ҳақоиқ», «Мифтоҳул-ҳисоб» (дар панҷ ҷилд) ва ғайра.

  Аҳмад Махдуми Дониш аввалин маорифпарварони Осиёи Марказӣ ва машҳуртарин шахсияти Осиёи Марказӣ буда, аз худ мероси адабӣ ва илмии гаронбаҳоне ба мерос гузоштааст, аз ҷумла асарҳои “Манозирул-қавокиб”, “Рисола фи аъмолилқурра”, “Таодул-и хамсаи муттахайира” ва ғайраҳо. Ӯ дар мадраса мустақилона фанҳои табииёт, риёзиёт, нуҷум, таърих, фалсафаи табиӣ ва адабиёти гузаштаи хешро омӯхтааст. Дар дарбори амир ҳамчун хаттот ва наққош кор карда, ҳамчун донишманд шуҳрат пайдо кардааст. Солҳои 1870-1873 рисолаи бо номи «Рисола дар назми тамаддун ва таовун»ро ҳамчун барномаи ислоҳоти ҷиддии тарзи давлатдорӣ дар аморат навишт. Аҳмади Дониш ҷорӣ намудани вазоратҳо ва маҷлиси машваратӣ, маҳдудияти ҳуқуқи амир дар асоси Сарқонун ва муносибати давлатдоронро бо халқ батафсил баён намудааст. Вай дар бораи подшоҳи одил ва адолатхоҳ андешаронӣ намуда шартҳои онро пешниҳод кардааст.

  Халифа Ҳасани Рашт яке аз машҳуртарин олимон ва аввалин обёрикунандаи тоҷик мебошад, ки дар баробари фаъолияти илмӣ умри хизрона, яъне 163 сол умр дидааст. Соли 1739 бо ҳамроҳии дӯсти тотораш Муҳаммад Солеҳ ба воситаи Қафқоз ба шаҳри Астрахан омада дар ободонӣ ва обшор намудани соҳилҳои дарёи Волга саҳми арзанда гузоштааст. Соли 1743 андешаҳои мелиоратсионии худро дар шаҳрҳои Қазон ва Самара амалӣ менамояд. Соли 1749 ба Лоҳур (Покистон) рафта, дар онҷо муддати 3,5 сол ба корҳои илмӣ-тиббӣ ва тӯли 11 сол дар манотиқи гуногуни Покистон ва Ҳиндустон корҳои обёрикуниро ривоҷ медиҳад. Соли 1758 ба ватан баргашта, корҳои мелиоратсиониро давом дода (зери роҳбарии ӯ аз деҳаи Фатҳобод то деҳаи Мазори Шинг ба масофаи 6,5 км наҳр канда мешавад, ки ҳаҷми обкашии он 2,5 м3/сония мебошад), нақши хешро дар пешрафти таърихи мелиоратсияи тоҷик гузоштааст. Дар ин муддат зери роҳбарии ӯ якчанд лоиҳаҳои обёрии сунъӣ амалӣ мегарданд. Аз ҷумла наҳрҳои Дараи Нушор бо дарозии 10,4 км ва ҳаҷми обкашии 2,0 м3/сония буда, беш аз 3,5 ҳазор гектар заминро обёрӣ менамояд ва деҳаи Зебон (дарёи Моғиён), ки дарозии он 45 км ва ҳаҷми обкашияш 10м3/сония мебошад. Соли 1797 канали Дашти Чӯпонро канда, муддати шаш сол дар шаҳри Самарқанд ва се сол дар шаҳри Қуқанд зиндагӣ намуда, чандин корезҳоро ба истифода додааст. Соли 1802 дар синни 100 солагиаш ба шаҳри Панҷакент омада то охири умр дар инҷо фаъолият намудааст.

  Ҳоҷӣ Юсуфи Хуҷандӣ илмҳои кайҳоншиносӣ, география, заминшиносӣ ва мелиоратсияро хуб аз худ кардааст. Ӯ барои обёрӣ кардани заминҳои бекорхобидаи Хуҷанд, атрофи он ва рӯёнидани ҳосили баланди он, инчунин барои тайёр кардани пилаҳамчун ашёи хом барои Руссия ва сохтани глобуси дақиқтарини он вақта соҳиби се ҷоизаи гуногуни илмии Руссияи подшоҳӣ гаштааст. Ҳоҷӣ Юсуф соли 1896 дар экспедитсияи олимони Петербург ва Маскав ба шимоли Тоҷикистони имрӯза роҳбарӣ кардааст ва инчунин соли 1920 барои ба роҳ мондани системаи обёрии заминҳои хушки уезди Хуҷанд, корези «Хоҷақурғон» саҳми худро гузоштааст. Вай бо олимон, адибон ва сайёҳони Хуҷанд ҳамкорӣ карда. китобу харитаи олимони гуногунро бо шавқи зиёд мутолиа намуда, таҳлил карда нақшаҳо мекашид. Ҳоҷӣ Юсуф дар соҳаи нуҷум, география, геология, кӯҳшиносӣ, гидрология ва кишоварзӣ дониши мукаммале дошт, ки ин овозаро шунида подшоҳи Руссия ӯро ба наздаш даъват намуда, фаъолияти илмиашро бом едал ва ҳуҷҷати муаллифӣ қадр кардааст. 

  Хулоса, фарзандони фарзонаи миллати тоҷик тавонистанд, ки дар асрҳои миёна фанҳои табиатшиносиро аз умқи асотиру ифтироот берун кашанд ва дар аввали шоҳроҳи илм бигзоранд ва инкишоф диҳанд, балки бештар аз бист номгӯи унсурҳои химияиро маълум кунанд. Ва низ тавонистанд, ки дар тамоми даврони боимтидоди асрҳои миёна сарварии ин илмҳоро асосан дар ихтиёри худ дошта бошанд.

Номвар ҚУРБОН

Хондан 1548 маротиба