Вуҷуд доштани ташвишу изтироби инсонӣ дар бастагӣ бо мушкилоти глобалӣ, ки сайёраи Заминро аз ҳар ҷиҳат таҳдид мекунад, маънои онро дорад, ки инсони ҳушманд ҳамеша барои бартараф кардани мушкилот ва масоили ҳалталаби зистӣ-биологӣ, муҳитӣ-экологӣ, фикрӣ, равонӣ ва амсоли инҳо тавассути ба кор андохтан ва фаъол сохтани коргоҳи мағзӣ талош карда, бад-ин васила роҳро барои ошкор сохтани мушкилоти умумисайёравӣ ва кайҳонӣ ва натиҷатан, танзим кардани барномаҳои зистӣ ва ҳамшарикии иҷтимоӣ дар баробари хатарҳои сайёравӣ, ҷаҳонӣ ва кайҳонӣ ҳамвор месозад. Ҳанӯз табиатшинос ва файласуфи маъруфи англис Бертран Рассел дар нимаи дуюми садаи бистум ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дода буд, ки инсон дар пешорӯйи хатарҳои кайҳонӣ қарор дорад ва ҳамасола имконоти зистӣ барои инсон бар асари хатароти табиӣ дар сайраи Замин коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, инсонро зарур аст, ки дар андешаи муттаҳид кардани неруҳои ақлонӣ ва зеҳнии башарӣ шуда, ҷилави хатарҳои умумиинсонӣ ва куллисайёравиро, ки пеш аз ҳама, ба инсон ва ҷомеаи инсонӣ садама мезананд, бигирад. Гузашта аз ин, сайёраи инсониро дар садаи бистум ду ҷанги ҷаҳонӣ – Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ (солҳои 1914-1918) ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ(солҳои 1939-1945) дунболагирӣ намуда, бар асари ин ҷангҳо миллионҳо ҷони хдро аз даст дода. миллионҳо дар тангнои тақдир афтида, миллионҳо ятиму бепарастор монданд.
Чуноне ки тазаккур ёфт, худпарастӣ, худкомагӣ ва зӯрозмоии қудратҳои сиёсӣ дар садаи бист боиси аз байн рафтани ҳаёти мардумони зиёди сайёраи инсонӣ гардид. Ҷанги Якуми Ҷаҳон (солҳои 1914-1918) 26 миллион ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳон (солҳои 1939-1945) 53 миллиону 547 ҳазор куштаро ба бор овард. Тибқи омори расмӣ, агар дар Ҷанги Якуми Ҷаҳон 50 дар сади аҳолии осоиштаи мамолики ба ҷанг даргир ҳалок шуда бошад, дар ҷараёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ин рақам ба 60 дар сад расид (ниг.: Состояние мира 1999. Москва: Издательство «Весь мир», 2000. -С. 225). Ба сухани дигар, дар раванди ҷанҳои якуму дуюми ҷаҳонӣ аҳолии ғайринизомӣ низ сахт талаф ёфтааст. Омори расмӣ шоҳиди 54 миллион куштаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар ҷабаҳот мебошад (ниг.: Состояние мира 1999. Москва: Издательство “Весь мир”, 2000. -С. 226). Тағйироти иқлимӣ ва ноҷур шудани низоми муҳити сайёра дар натиҷаи таркишҳо, инфиҷороти бомбҳо, ба кор андохтани яроқи ҳастаӣ дар минтақаҳои Херосима ва Нагасакии Ҷопон вазъи куллии муҳитзистиро дар Замин вайрон карда, силсилаи бемориҳои гуногунро дар ҷомеаҳои ҷангзада тавсеа бахшид. Муҳаққиқон асароти яроқи ҳастаиро то имрӯз дар миёни ҷомеаҳои Шарқи Дур ба қайд гирифтаанд. Ҳамчунин, хисороти ҳангуфти молию иқтисодие, ки Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ аз худ ба мерос гузошт, ҷаҳони инсониро солиёни дароз дар вартаи буҳронҳои амиқи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нигоҳ дошт. Ҷуғрофиёи ҷангу даргириҳои инсонӣ дар асри бисту як ҳамчунон тавсеа ёфта, ба гирдоби бозиҳои сиёсӣ ва геосиёсӣ кишвару давлатҳои мухталиф кашида шуда истодаанд, ки ин навъи сиёсатҳо на танҳо сабаби бадтар шудани авзои сиёсӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳон мегарданд, балки шароити экологӣ ва биологии сайёраро номусоид сохта, мушкил андар мушкил меафзоянд. Истифодаи маводи таркишии кимиёвӣ ва ба дунболи ин инфиҷороти рӯзмаррае, ки дар Ховари Миёна ҷони ҳазорон нафарро аз байн мебарад ва миллионҳоро дар вартаи гуруснагӣ, нодорию бенавоӣ нигоҳ медорад, имкони муътадили зистро дар сайёра зери суол мебарад.
Таври сунъӣ ба ду қутб ҷудо кардани мардуми сайёра – Шарқу Ғарб ва дар ин замина роҳандозӣ намудани барномаҳои зиддиинсонии баъзе гурӯҳҳои манфиатхоҳ дар асри нуздаҳ (ва шояд қаблтар) шуруъ шуда, то имрӯз ин табартақсими сунъӣ дар пасманзари сиёсатҳои баъзе давлатҳои абарқудрат дар қолаби барнома-стратегияҳои давлатӣ амалӣ мегарданд. Бар пояи ин сиёсати ғалат аст, ки мардуми сайёра ба таври нохудогоҳ(ва бар асари ҷаҳолату таассуб), одатан бо «ҷонибдории неруҳои манфиатдор» бар он тамаъ меварзанд, ки худ ва дигаронро ҷудо кунанд. Тибқи ин қолаби тангу маҳдуди назарӣ, ҷаҳон дар тарозуи марзҳои ҷуғрофии Шарқ – Ғарб, Шимол—Шарқ, Марказ—Музофот андозагирӣ шуда, мавриди таҳлили таҳмилию сунъии сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор мегирад (таваҷҷуҳ шавад ба: Хантингтон, Самюэль. Столкновение цивилизаций. –Москва: АСТ, 2006. –С.10). Ҳоло ки ҷаҳон даргири чунин низоъҳо аст, мардум ба ҳоли танги иқтисодию иҷтимоӣ гирифтор шуда, имкони беҳбуд бахшидани вазъи зиндагиашонро надоранд. Аз ин рӯ, шинохти дақиқу дурусти хатарот ва дар ин замина, густурдани фаъолиятҳои ақлонии инсон метавонад сатҳи афзоиши хатароти гуногунмуҳтаворо коҳиш диҳад.
Мушкилот ва хатароти асрӣ
Мусаллам аст, ки масъалаи асосии инсоният дар асри ХХI аз таҳдиди хатарҳои ҷаҳонӣ, ки метавонанд дар ҳар лаҳза ба нестии тамаддун ва инсоният мусоидат намоянд, дар амон мондан аст. Мутаассифона, айни ҳол техникаи муосир имконияти ба вуҷуд омадани хатарҳои антропогениро таъмин намудааст ва агар пешрафти фавқулфанноварӣ бо роҳи табиӣ ва идоранашаванда амалӣ гардад, дар оянда имконияти ба вуҷуд омадани хатарҳои нав ба нав зиёд мешавад.
Оянданигарони ҷаҳонӣ хатарҳои умумии наноӣ ва технологӣ ва меъёрҳои зарурӣ барои пешгирӣ намудани онҳо, ба ғайр аз ин, мушкилотҳои ҳуқуқӣ ва имкониятҳои террористонро мавриди тадқиқ қарор додаанд. Сохтани маркази ҷаҳонӣ барои қабули ҳалли таҳдидҳои умумӣ, ҷойгир намудани системаи ҷаҳонии муҳофизатӣ имконият медиҳад, ки амнияти инсониятро таъмин намоем. Имрӯзҳо гурӯҳҳои терористию радикалӣ дар ҳолати дастрас намудани маълумотҳо барои сохтани нанороботҳои карбонии вуҷуди зиндаро хӯранда, сохтани вирусҳои фалокатовари биологӣ ва имконияти сохтани лабораторияҳои хусусиро пайдо намудаанд, ки метавонанд дар як муҳлати кӯтоҳ инсониятро нест намоянд. Аз рӯйи хусисуятҳои умумӣ, хатарҳои глобалиро ба ду қисм - хатарҳои глобалии табиӣ ва технологӣ ҷудо менамоянд.
Манобеи асосии хатарҳои глобалӣ
Зеҳни сунъӣ |
Таҷрибаҳои хатарноки илмӣ |
Нанотехнология |
Астероидҳо |
Биотехнология |
Фавқулвулқонҳо |
Яроқҳои ҳастаӣ |
Гамма-шалпозҳо |
Сирояткунандаи химиявии умумӣ |
Буҳронҳои систематикӣ |
Манбаи аз ҳама назарраси хатарҳои глобалӣ ин объектҳои нави фановариҳои муосир аст, ки маҳз пешрафти босуръати илм ва технологияи садсолаи охири инсоният ба он мусоидат намудааст.
Хатарҳои асосии технологӣ
Биотехнология |
Нанотехнология |
Зеҳни сунъӣ |
Силоҳи ядроӣ |
Пешрафти биотехнологӣ ва бурузи хатароти навбатӣ
Дар як вақт ба муҳити атроф метавонад даҳҳо патогенҳои тағйирдиҳандаи генетикӣ паҳн гарданд. Ин патогенҳо қобилияти фаро гирифтани тамоми биосиферраро доранд. Патоген - ҳама намуди микроорганизмҳо, яъне вирусҳо, бактерияҳо ва ғайраҳо, ки қобилияти дар тамоми организмҳои зинда ба вуҷуд овардани ҳолатҳои потологӣ (касалӣ)-ро доранд.
Ҳар сол ба шабакаи иҷтимоии Интернет тақрибан 2 миллион вирусҳои компютерӣ ворид менамоянд, ки ин нишондод сол аз сол зиёд шуда истодааст. Шабеҳи чунин фаъолиятро мумкин аст, ки биохакерҳо низ ба роҳ монанд. Зеро, дар айни замон арзиши таҷҳизотҳо барои сохтани вирусҳо садҳо долларро ташкил медиҳад ва ба хотири ба вуҷуд овардани дарҳамбарҳамӣ дар низоми фаъолиятҳои иттилоотӣ роҳандозӣ мешаванд. Ба ғайр аз ин, рамзи генетикии бисёр вирусҳо дар шабакаҳои интернетӣ ворид карда шудааст. Масалан, зукоми «испанӣ». Зукоми «испанӣ» - эҳтимолияти ба хатар мувоҷеҳ кардани насли инсониро дошта, дар таърихи инсоният зукоми хатарноктарин маҳсуб меёбад. Аз рӯи нишондодҳои расмӣ, тайи солҳои 1918 – 1919 аз тамоми ҷаҳон бештар аз 60 миллион нафар гирифтори ин вирус шуда, бар асари сироятпазирӣ фавтидаанд. Айни замон, 500 миллион нафар мубталои ин навъи зуком гардидаанд.
Зеҳни сунъӣ ва таҳдидоти баъдӣ
Дар оянда зеҳнҳои сунъие сохта мешаванд, ки қобилияти пешрафти худро таъмин намуда, метавонанд аз масъалаҳои мақсадноки гузоштаи инсон берун бароянд. Аз ин ҷост, ки пешрафтҳое дар заминаи зеҳни сунъӣ дар баробари муваффақияту комёбӣ, ҳамчунин хатаротеро ба дунбол доранд, ки ба авоқиби он таваҷҷуҳ бояд кард.
Пайдо гардидани ғалати низомҳои фармоишӣ дар фавқушшуурҳои сунъӣ ба он сабаб мегардад, ки Заминро тасарруф намоянд ва тамоми инсониятро маҳв созанд. Зеҳнияти олӣ метавонад якчанд роҳу усулҳо барои маҳв сохтани инсониятро фикр намояд (албатта, ба ёрии роботҳо, нанотехҳо ва токсинҳои идорашаванда), агар дар назди ӯ чунин масъала гузошта шавад.
Пешрафтҳои нанотехнологӣ ва авоқиби таҳдидӣ
Аз тарафи оянданигарони муосир як хусусиятҳои хоси ба миён овардани хатарҳо пешниҳод гардидааст, ки инҷо ду хусусияти асосиро пешниҳод менамоем. Фарзияи сенарияи поёни ҳаёт бо номи «Луоби хокистарранг», ки ба пешрафти нанотехнологияи молекулавӣ вобаста буда, яке аз масъалаҳои нигароникунандаи ҷаҳони инсонӣ мебошад. Муҳтавои ин сенария чунин аст: пешрафти суръати кайҳонии нанотехнология мусоидат менамояд, ки нанороботҳои худтақвиятдиҳандаи идоранашаванда ба вуҷуд оянд ва барномаи худзиёдшавиро иҷро намуда, тамоми биомассаи Заминро дар як фурсати кӯтоҳ нест кунанд. Роберт Фрейтас нишон дод, ки ин навъи нанороботҳо, пеш аз ҳама, карбони вуҷудҳои зиндаро мехӯранд, дар бадтарин ҳолат онҳо метавонанд тамоми мавҷудоти зиндаро дар давоми ду ҳафта нобуд созанд. Лекин эҳтимолияти истеҳсоли нанороботҳое, ки тасодуфан озод мешаванд ва метавонанд тамоми муҳити атрофро фаро гиранд, хеле кам аст.
Имконияти бунёд кардани аслиҳаи нанотехнологиии қобилияти худмуаррификунанда - нанороботҳои микроскопии ба чашм ноаён, ки метавонанд пинҳонӣ дар ҳудуди душман паҳн шуда, бо роҳи заҳр пошидан ё ба майна ворид шудан ба одамон ҳуҷум намоянд, ё худ ба хати алоқаҳои барқӣ васл шуда, тамоми техникаро аз кор бароранд.
Бо ёрии техникаи наноӣ арзиши истеҳсолии дигар аслиҳаҳо, махсусан силоҳи ҳастаӣ, арзонтар мегардад.
Силоҳи ҳастаӣ – манбаи чолишзоӣ
Тавре ки аз расонаю медиаҳои маъруфи минтақавию ҷаҳонӣ огоҳем, силоҳи ҳастаӣ ва даъвиҳои қудратҳо дар заминаи яроқи ядроӣ аз ҷумлаи чолишҳои бузурги имрӯзӣ маҳсуб мешаванд. Иттиҳомҳои ҳастаӣ, ҷанги ҳастаии умумӣ, терроризми ҳастаӣ дар тамоми минтақа ҳамеша хатарро таъмин менамоянд. Дар ҷаҳони муосир муносибатҳои сарди кишварони ҳарфи аввалмезада вобаста ба дороии яроқҳои ҳастаӣ ба амнияти инсоният хатар ворид менамоянд. Нархи ғанигардонидани уран ба таври экспоненталӣ паст шуда истодааст, ки имконияти сохтани чунин яроқҳоро боз ҳам мусоид менамояд. Масалан, дере нагузашта технологияи лазерии ғанигардонии уран мавриди истифода қарор гирифт, ки садҳо чархандаҳои марказиро дар роҳи техникии коркарди аносири радиоактивӣ иваз намуд.
Хатарҳои табиӣ
Хатарҳои табиӣ навъи дигари хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ буда, аз фаъолияти антропологӣ кам вобастагӣ доранд. Тақрибан 74000 сол муқаддам охирон хатари ҷаҳонии табиӣ, ки ба фавора задани фавқулвулқони Тоба дар ҷазираи индонезиягӣ Суматр вобатагӣ дорад, инсониятро ба сарҳади нобудшавӣ оварда расонид. Аз рӯи усулҳои генетикӣ муайян карда шуд, ки дар ин вақт миқдори ками инсоният тақрибан 20 ҳазор нафар, боқӣ мондааст. Вобаста аз давомнокии бардавоми зимистони вулқонӣ эҳтимол аст, ки занҷири даврии таъминоти ғизоӣ вайрон гардида, рақобат барои ба даст овардани захираҳои боқимонда шадид гардидааст. Масалан, Чиксилуб - танӯраи зарбавии қадима, ки қутраш 180 км буда, дар нимҷазираи Юкатан ҷойгир шудааст. Тахмин карда мешавад, ки танӯра дар давраи табошир 65 миллион сол қабл дар натиҷаи афтидани астероиди қутраш 10-киллометра ба вуҷуд омадааст. Энергияи зарба 5 ∙1023 Ҷоул баҳодод карда мешавад.
Хатари дигари табиии ба ҳамагон маълум – ин афтидани астероидҳо аст, ки ба монанди ҳамин, яке аз омилҳои асосии маҳв гардидани динозаврҳо ҳисобида мешавад. ин ҳодисаро танӯраи вулқони Чиксулби Мексика шаҳодат медиҳад.
Ба монанди астероидҳо каметаҳо низ, махсусан, кометаҳои тира, ки бо қабати торик рӯйпӯш шудаанд, хатар эҷод менамоянд. Бо вуҷуди ин, ҳангоми ба мадор равона намудани самти телескопҳои инфрасурх, ба монанди WISE, онҳоро мушоҳида менмоянд.
Дар гузашта боз як омили маҳвсозандаи умумӣ гамма – таркишҳо, яъне дар натиҷаи таркиши абарахтарҳои нав аз масофаҳои садҳо соли рӯшноӣ зиёд ҳам дастаи гамма– нур ба вуҷуд омада, тамоми сайёраро то як дараҷаи муайян месӯзонанд, ба ҳисоб меравад.
Хатарҳои дигари табиӣ эҳтимолияти бавуҷудоӣ ва маҳвгардониашон кам аст. Лекин дар натиҷаи фаъолияти худи инсоният хавфи ба вуҷуд омадани хатарҳои ҷаҳонӣ ҷой дорад, ки аллакай шароит барои ин мусоид намудааст: равона намудани астероид ба самти Замин ё ангехтани фавқулвулқонҳо ва гарм гардидани сайёра.
Тағйирёбии иқлим
Яке аз масоили асосие, ки тамоми аҳолии кураи арзро ба ташвиш андохтааст, мушкилоти тағйирёбии иқлим, харобшавии қабати озонӣ ва ифлосшавии муҳити зист мебошад. Зеро вазифаи экологии ҷаҳонӣ танҳо ба омӯхтани таъсири фаъолияти инсон ба биосфера, ҷузъҳои таркибии он - атмосфера, гидросфера, литосфера, тағйирёбии таркиби химиявӣ, хосиятҳои физикӣ ва биологӣ ин ҷузъҳо маҳдуд намешавад, балки бояд қонунияти таҳаввули биосфера ва ноосфераро низ равшан намеояд. Барои омӯзиши ҳолати биосфера аз маводҳои пойгоҳҳои метеорологию климатологӣ, океанология, ҳамсафарҳои сунъии Замин, расмгирии фосилавӣ, инчунин аз маводҳои полеографӣ, геологияи таърихӣ, геохимия ва полеонтологӣ, геофизикӣ, тамсилсозӣ ва ғайра истифода бурда мешавад. Мушкилоти экологии умумиҷаҳонӣ хеле зиёданд, сарфи назар аз ин, ҳадди ақал ҳар сокини соҳибмаълумоти кишвар оид ба масъалаҳои экологӣ ва таъсири онҳо ба шароитҳои иқлимӣ, гидроэнергетикӣ, географӣ, гидрологӣ, ландшафтӣ ва геофизикию геохимиявии Тоҷикистон андешаи хоси худро дошта бошад. Ин масоилро олимони намоёни соҳаҳои мухталифи илм ба ду омилҳои ба ҳам алоқаманд тағйирёбии иқлим ва ифлосшавии муҳити зист тақсим намудаанд.
Тарғйирёбии иқлим зери таъсири омилҳои табиӣ ва инсонсириштӣ сурат мегирад. Ҳангоми ба ҳадди калон тағйир ёфтани иқлим минтақаҳои иқлимӣ ба самти арзҳои баланд ҷой иваз мекунанд. Инсоният фаъолияти худро ба тағйирот мутобиқ мегардонад. Ифлосшавии муҳити зист хосияти умумиҷаҳонӣ гирифтааст, зеро барои он сарҳади давлатӣ, динӣ ва миллӣ вуҷуд надорад.афзоиши ифлосшавии муҳит боиси пайдоиши хавфу хатари раванди мӯътадили низоми биосфера ва аз ҷумла инсоният мегардад. Комплекси сӯзишворӣ-энергетикӣ дар миқёси ҷаҳон яке аз соҳаи асосии заҳролудкунанда ва ифдоскунандаи муҳити зист буда, ҳоло ба ҳиссаи он қариб 48% партовҳои заҳролуди атмосфера, 36% ифлосшавии захираҳои обӣ ва 30% дигар партовҳои заҳролудкунанда рост меояд.
Харобшавии қабати озонӣ
Масъалаи дигари экологӣ, ин хавфи хароб гардидани қабати озонии атмосфера - озоносфера мебошад. Исбот намудаанд, ки танҳо дар сурати 1% кам шудани қабати озонии таркиби атмосфера шумораи маризиҳои саратони пуст то 5-7% меафзояд. Ин нишон медиҳад, ки танҳо дар минтақаи Аврупо соле то 6-9 000 нафар гирифтори ин касалии шадид мегардад. Сабаби асосии хароб шудани қабати озонӣ афзудани ҳаҷми оксиди нитроген, атомҳои хлор ва буғи оби дар таркиби атмосфера буда мебошад. Нурҳои ултрабунафш, ки дарозии мавҷашон аз 0,290 мкм камтаранд, барои тамоми мавҷудоти зиндаи сайёраи мо марговаранд. Ҳаёт дар сатҳи сайёраи мо маҳз аз он сабаб имконпазир аст, ки дар баландии 25 - 50 км-и сатҳи атмосфера, дар қисми болоии тропосфераву қисми поёнии стратосфера қабати озонӣ - озоносфера ҷойгир аст ва ин қабат нурҳои кутоҳмавҷи ултробунафшро нигоҳ дошта ба сатҳи Замин танҳо баъд, қисми лозимии нурҳои ултробунафши нисбатан дарозмавҷро (0,300 - 0,400 мкм) мегузаронад. Нурҳои ултрабунафш аз чиҳати кимиёвӣ хеле фаъол буда, дар сурати аз меъёри табиӣ зиёд буданашон ба организмҳои зинда зарар меоваранд. Ин аст, ки қабати озонӣ таъсири нурҳои ултрабунафшро то ба 6500 маротиба кам менамояд. Чунки миқдори ками ин нурҳо барои фаъолияти муътадили организмҳои зинда, зарураст.
Норасоии оби тозаи ошомиданӣ
Масъалаи дигари экологӣ, норасоии оби нушокӣ мебошад. Сабаби нарасидани оби тоза нархи ночизу бесоҳиб будани он мебошад. Бе нарх будан ва истифодаи бехирадонаи об дар сатҳи сайёра ба он овард, ки дараҷаи тоза будани он дар муҳити табиӣ хеле паст гардид. Одамон чунин ҳисобиданд, ки обро бемеъёр истифода кардан ва фикр накарда ифлос намудан чазои маъмурӣ надорад. Аз ин ҷост, ки баъзе ашхоси масъули «Донишмандони соҳаи экология» баҳри Аралро «Хатогии табиат» ҳисобида, оби дарёҳои Аму ва Сирро бебаркаш, бо нақшаю бе нақша барои шодоб намудани заминҳои ҳосилхез истифода карданд. Наҳрҳои зиёде канда, обро ба пахтазор беягон асбоби обченкунӣ равон намуданд, ки ин ҳолат сабаби асосии хушк шудани баҳри Арал гардид. Чунин муносибати бехирадонаи инсон нисбат ба об, аз як тараф, агар боиси шуста ба қуруқзор табдил додани заминҳои зиёди водиҳою биёбонҳо гардида бошад, аз тарафи дигар, сабаби пайдо гардидани шӯразаминҳо гардидааст. Аз ин ҷост, ки ҳоло зиёда аз 40%-и масоҳати заминҳои пахтакории минтақаи Осиёи Марказӣ аз меъёри муқараршудаи иқтисодӣ хеле кам ҳосил медиҳанд. Аз ҷойҳои хушк шудаи замини зери баҳри Арал соле то 150 млн тонна намакҳои гуногунро бод ба атрофи он паҳн мекунад, ки ин сабаби ба амал омадани касалиҳои гуногуни одамону ҳайвонот гаштааст. Мувофиқи ахбори расонаҳои хабарӣ, ҳоло зиёда аз 20 давлати дунё, ки шумораи аҳолиашон аз 132 млн кас зиёд аст, аз оби нушокӣ танқисӣ мекашанду 2,4 млрд нафар оби пурра тоза накардаро истеъмол менамоянд.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи хеш “Тоҷикистон дар остонаи асри XXI”, ки 7 декабри соли 2000 дар саҳифаҳои рӯзномаи “Независимая газета”-и Федератсия Русия ба табъ расида буд, сатҳи экологии Осиёи Марказиро дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода, зикр намуда буданд, ки дар натиҷаи гармшавии ҳарорати сатҳи сайёра дар давоми 50 соли охир 1/3 ҳиссаи захираи оби яке аз пиряхҳои калонтарини Осиёи Марказӣ - Федченко кам шудааст. Дар ин мақола Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки табиати сайёра силсилаҳои зиёди гарму сардшавии иқлимро медонад, вале мо, алҳол давраи гармшавиро аз cap мегузаронем. Агар ин тамоюл идома ёбад, гумон аст, ки дар сад соли наздик аз пиряхи Федченко чизе боқӣ хоҳад монд. Аммо муҳим он аст, ки агар дар бораи нигоҳ доштани захираҳои обии Тоҷикистон ба охир мерасад. Масъалаҳои асосии экологии ҷаҳони муосир ва таъисри онҳо ба захираҳои обии кишвар хеле хатари калон дошта, на танҳо ба захираҳои гидрографӣ, балки ба тамоми сарватҳои табиӣ таъсири манфии худро мегузорад. Баҳри баратараф намудани масоили ҷойдоштаи ҳалталаби умумибашарӣ чораҳои аввалиндараҷаро дидан мебояд.
Инсон ба корҳои ҳаррӯзаи худ машғул шуда, одатан таъсири худро нисбат ба муҳит равшан ҳис намекунад ва ё нисбат ба онҳо бетафовут менигарад. Чи тавре ки маълум аст, тағйироти миқдорӣ ҷамъ шуда, дар як вақти муайян ба ҷаҳиш ба тағйироти сифатӣ бадал мешаванд, ки дар мавридҳои ҷудогона он боиси фалокатҳои даҳшатовар мегардад. Фалокатҳои ҷузъӣ нишонаи зуҳуроти бӯҳрони умумии сайёравӣ мебошанд. Солҳои охир инсон ин масъалаҳоро натиҷагирӣ намуда, бояд ба он кӯшад, ки робита ва таъсири мутақобилаи он аз ҳолати имрӯза пуршиддаттар нагардад. Аз ин лиҳоз инсониро зарур аст, барои пешгирии хатари экологӣ чораҳои аввалиндараҷаро андешад.
Воқеан, имрӯз кишвари мо таҳти мудирияти Сарвари давлат барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ кардани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”— солҳои 2018-2028 ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири Даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо иттифоқи оро аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ эълон гардида буд, яке аз вазифаҳои муҳими давраи наздик ба шумор меравад. Аз ин рӯ, сарвари ҳар кишвари ҷаҳонро зарур аст, ки чун Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии хатароти экологӣ дар миқёси сайёра чора ва тадбирҳои аввалиндараҷаро андешад.
Хотима
Ҳамин тариқ, сайёраи Замин ва ҷомеаи инсониро дар баробари чолишҳои табиию экологию кайҳонӣ, ҳамчунин хатарҳои глобалие чун бунёдгаройӣ (фундаментализм), ифротгаройӣ (экстремизм), тундравӣ (радикализм) ва ҳаросафканӣ (терроризм)-и динӣ-мазҳабӣ, ки аз сӯйи ширкат-синдикатҳои пурқудрати минтақавию ҷаҳонӣ ба хотири бароварда сохтани манофеи геополитикӣ сохтаву мудирият шуда, дар қолиби пружаҳои вежаи сиёсӣ-мафкуравӣ роҳандозӣ мегарданд, ҷиддӣ таҳдид мекунанд. Ин хатарҳо камтар аз хатарҳои табиӣ ва кайҳонӣ нестанд. Бадбахтӣ дар ин аст, ки худи инсон бо нодонӣ, худхоҳӣ, худбохтагӣ, беҳувиятӣ, худшефтагӣ, фурсатталабӣ ва бемасъулиятиаш барои инсонҳои дигар ва ҳатто барои худ мушкилу хатар меофарад ва инсониятро ба чанголи маргу нестӣ вомесупорад. Аз сӯйи дигар, рақобатҳои сиёсӣ, даъвиҳои геополитикӣ ва бархурдҳои рӯзафзуни тамаддунӣ, ки дар шароити феълӣ афзоиш меёбанд, таҳдиду чолишҳои нав ба навро пешорӯйи мо вомегузоранд. Ба ин манзур, муррихи маъруфи норвежӣ Гейр Лундестад (мутаваллиди соли 1945) вазъи мавҷудаи сиёсии ҷаҳонро мавриди омӯзиш қарор дода, ба натиҷаи зайл расидааст: “Дар ҳоли ҳозир мо қудрати бузург ва рақобати мутақобили қудратҳои бузургро мебинем, ки дар як дақиқа вуҷудияти тамоми инсониятро қатъ карда метавонанд” (ниг.: Лундестад, Г. Восток, Запад, Север, Юг. Основные направления международной политики. – Москва: Издательство “Весь мир”, 2002. -С. 12).
Ба ин тартиб, қудратталабиву худхоҳӣ ва бархӯрди ғайримунсифонаи манфиатҳо дар замони муосир мушкили инсониро дар курраи замин садҳо баробар афзуда, хатарҳои нави глобалиро ба вуҷуд овардааст. Хатару мушкилоти имрӯзӣ бо шумли ҳаросафканӣ, даҳшатофарӣ, ифроту тафритгарӣ, тундравӣ, қочоқи маводи мухаддир, хариду фӯруши одамон ва амсоли инҳо масоили дардовари башарианд, ки сари маҳори онҳо мебояд ҷиддӣ тамаркуз кард ва роҳҳалҳои муассире ҷусту амалӣ намуд. Ин аст, ки дар шароити кунунӣ ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, барои пешгирӣ аз хатари нобудии инсоният дар курраи Замин, ки хонаи ҳамаи инсонҳо ба ҳисоб меравад, авлавият бахшидани манфиатҳои инфиродию гурӯҳии хешро канор бигузоранд ва дар мадди аввал манфиатҳои умумиинсониро вогузошта, дар масири ҳалли мушкилоти ҷаҳони инсонӣ қадамҳои устувор бардоранд. Донишманди шаҳири амрикоӣ Вилл Дюронт дуруст дарк кардааст, ки башарият дар тули таърихи мавҷудият танҳо аз назари эҳтимолият дар баробари хатарҳои заминиву кайҳонӣ то имрӯз боқӣ мондааст. Имрӯз сарнавишти башар, дигар дар дасти худи ӯст. Суоли матраҳ дар ин замина ин аст: Ё инсон донишу мафърифату имкониятҳояшро барои нигоҳ доштани худу ҳамнавъону сайёраи Замин, ки ба масобаи иқоматгоҳи бехатари доимӣ пазируфтааст, огоҳонаву оқилона сафарбар намуда, дар баробари хатароти заминиву кайҳонӣ ва инсонӣ ҳифз менамояд, ё дар баробари чолишу таҳдиду хатарот маҳв мегардад. Рисолати инсони огоҳ, ҳушманд ва солимақл ҳифз кардани сайёраи Замин аст. Маҳз бар ин маъно устод Мирзо Турсунзода ҷиддӣ фармуда буданд:
Ҷуз Заминро ҳифз кардан аз балоҳои азим,
Аз барои насли инсон ҳеҷ дигар чора нест.
Нозим Нурзода
пажуҳишгар