JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 04 Апрели 2024 13:49

Фатҳи кайҳон аз тарафи инсон: аз асотир то ҳақиқат

Муаллиф: Хуҷаназаров Ҳ.Ф., Пирова В.С.

  Инсоният ҳазорсолаҳо пеш ба осмони ситоразор ва кайҳони беканор нигариста, дар дил орзуи парвоз ба ин беҳудудӣ мепарварид. Аммо ин орзуе беш набуд. Асрҳо мегузаштанду парвоз ба кайҳон ба мисли садсолаву ҳазорсолаҳо амалиношуданӣ боқӣ мемонд.

Як қатор асотиру ривояту достонҳо навишта мешуданд, оиди парвоз ба кайҳон ва дар байни мардум овозаҳо дар бораи қаҳрамонҳои кайҳоннавард паҳн мегардид. Олоти парвоз дар чунин қиссаҳо гилемҳои паррон, уқобҳои бузургҷусса, симурғи хаёлӣ ва деву париҳо буданд.

Дар асри 17 бори авали асари фантастики нависандаи фаронсавӣ Сирано де Бержерака оиди парвоз ба Моҳ ба миён омад. Қаҳрамонони асар то Моҳ тавассути лавҳаи оҳанине рафтанд, ки дар болояш магнити пурқуввате буд, ки ҳамеша оҳанро ба сӯи худ ҷазб мекард.

Нависандаҳои асарҳои фантастӣ дар асарҳояшон сафина (ракета)-ҳоро ҳам ёдовар шудаанд, аммо сафина (ракета)-ҳо орзуи аз нигоҳи техникӣ ҳанӯз асоснокнашуда ба ҳисоб мерафтанд. Олимон таи садсолаҳо наметавонистанд асбоберо ном гиранд, ки тавонад инсонро ба кайҳон барорад ва орзуи ҳазорҳосолаашро амалӣ созад.

Мо дар асре зиндагӣ дорем, ки тамоми орзуҳои дар боло зикршуда амалӣ шуда истодаанду нақшаҳои нав тарҳрезӣ мешаванд. Чунин бахти бузург ба олими бузурги рус Сиолковский даст дод. Ин муаллими оддии рус тавонист, ки дар сафина (ракета)-и ба ҳама маълуми борутӣ намуди киштиҳои кайҳонии ояндаро бинад. Идеяҳои ӯ то дер барои фатҳи кайҳон аз тарафи инсон хизмат мекунанд. Ин идеяҳоро Королёв дар амал татбиқ намуда ба сохтани киштии кайҳонӣ пардохт ва муваффақ ҳам шуд. Аввалин конструктори киштии кайҳонӣ ин Сергей Павлович Королёв мебошад.

Бо шарофати олимони Иттиҳоди Шуравӣ азхудкунии кайҳон аввалин маротиба 4 октябри соли 1957 буд, ки дар ин рӯз ба кайҳон сафинаи фазоиро фиристоданд.

Сафинаи дуюми Шӯравӣ 3 ноябри соли 1957 ҳамроҳи худ аввалин ҷондор – сагеро бо номи Лайка ба кайҳон баровард, ки як қадами ҷиддие ба пеш – ба сӯи фатҳи кайҳон ба ҳисоб мерафт.

Пас аз якчанд парвозҳои санҷишӣ, ки дар кабина аз замбӯруғҳо то бактерияҳо ва дар охир Белка ва Стрелкаи ба ҳама машҳур мавҷуд буданд. Конструксияи киштиҳои кайҳонӣ бо тамоми системаи мураккаби баровардан ба мадор, танзими парвоз ва бозгашт ба Замин ба пуррагӣ кор карда баромада шуданд.

Бо амри Сарфармондеҳи Қуваҳҳои Ҳарбии Ҳавоӣ Константин Андреевич Вершинин гуруҳи кайҳонавардонро ташкил намуданд, ки  3 марти соли 1960 Ю.А.Гагарин ба ин гурӯҳи номзадҳои кайҳонавардон шомил гардид.

   Аз 25 марти соли 1960 дарсҳои доими аз рӯи барномаи тайёри кайҳонавардон оғоз шуд. 10 апрели соли 1961 комиссияи Давлати қарор қабул кард, ки якумин маротиба ба кайҳон Юрий Гагарин парвоз мекунад, дублёри вай бошад Герман Титов таъин карда шуд. Дар ҷавоб Гагарин гуфт: Вазифаи гузошташуда иҷро карда мешавад. 12 апрели соли 1961 касе хабар надошт, ки маҳс имрӯз аввалин парвози Инсон ба кайҳон ба амал меояд. Лейтинантҳои калон Гагарин ва Титов соати 5:30 дақиқа бархоста, баъди варзиши пагоҳирӯзӣ хуроки саҳарӣ карданд.

   Духтурҳо Гагаринро аз муоина гузаронида, кӯмак намуданд, ки скафандрро ба бар кунад. Бо автобуси махсус онҳоро ба майдони парвозии Байконур оварданд.

  Пеш аз оне, ки бо лифт ба кабинаи киштӣ нишинад, Гагарин чунин  гуфт:

“Хайр бародарон, як кас барои ҳама ва ҳама барои як кас!”

 Дар рӯзи таърихии 12 апрели соли 1961 соати 9 пагоҳирӯзӣ ба вақти Москва бо киштии кайҳонии «Восток» аввалин кайҳоннавард дар таърихи инсоният – Юрий Алексеевич Гагарин аз Пойгоҳи кайҳонии “Байконур” ба кайҳон парвоз кард! Атрофи Заминро Гагарин дар 1 соату 48 дақиқа чарх зада, ба Замин баргашт. Гагарин барои инсоният ба кайҳон роҳ кушод. Аз рӯи маълумотҳои аввала даври гардиши киштии кайҳонӣ – радиф ВОСТОК дар атрофи Замин ба 89,1 дақиқа баробар буда, масофаи минималии дурӣ аз Замин 175 км, ва масофаи максималӣ ба 302 км баробар буд. Мадори кишти таҳти кунҷи 650 4 дақиқаи камони буд нисбати экватор.

Тибқи маълумоти додашуда аз киштии кайҳонии “ВОСТОК” дар соати 9.52 дақиқа бо вақти Маскав сарнишин - кайҳонавард, майор Гагарин дар болои Америкаи Ҷанубӣ, чунин хабар дод: “Парвоз дуруст рафта истодааст, худамро хуб ҳис мекунам”.

Дар соати 10.15 дақиқа аз рӯи вақти Маскав сарнишин - кайҳонавард, майор Гагарин аз болои Африка парвозкунон, аз киштии кайҳонии “ВОСТОК” чунин хабар дод: “Парвоз хело хуб аст, ҳолати бевазниро нағз бардошта истодаам”.

  Баъди парвоз 12 апрели соли 1961 соати 10:55 дақиқа бо вақти Маскав Гагарин ба ҷойи муайяншуда фаромад, бо кишти кайҳонии худ. Пас аз баргашти Гагарин ба ӯ як қатор ордену унвонҳо ва медалу дипломҳо, инчунин шаҳрванди фахрии чандин давлаҳо дода шуд.

Орденҳо

  • Ленин (СССР)
  • Георгий Димитров (Болгария)
  • Карл Маркс (ҶДГ)
  • Ситораи дараҷаи II (Индонезия)
  • Ордени «Салиби Грюнвалд» (Полша)
  • Нишонаи дараҷаи I бо бриллиант (Венгрия)
  • «Гарданбанди Нил» (Миср)
  • Лентаи калони Ситораи Африкоӣ (Либерия).
  • «Барои хизматҳо дар соҳаи парвози ҳавоӣ» (Бразилия).
  • Ордени якумин кавалер «Плайя-Хирон» (Куба, 18 июли 1961).

Ӯнвонҳо

  • Сарнишин -кайҳонавардӣ СССР (14 апрели 1961)
  • Қаҳрамони Иттифоқӣ Шӯравӣ (14 апреля 1961)
  • Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистии, Ҷумҳурии Сотсиалистии Чехословакия (28 апреля 1961)
  • Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистии Ҷумҳурии Халқии Бӯлғория (23 мая 1961)
  • Қаҳрамони меҳнати Ҷумҳурии демократии Ветнам
  • Иттифоқи Шӯравӣ ба Ю.А.Гагарин якбора унвони аз лейтинати майориро дод.
  • Аъзои фахрии Ҷаъмияти «Финляндия—Иттифоқи Шӯравӣ» ва ғайраҳо.

Медалу дипломҳо

  • Медали «Ситораи Тилло» (СССР)
  • Медали тиллои ба номи Константин Сиолковский (АИ СССР)
  • Медали де Лаво (ФАИ).
  • Медали тиллоии Ҳукумати Австрия, 1962
  • Медали тиллои ва дипломи фахрии «Инсон дар Кайҳон» асссотсатсияи кайҳонавардони Италия.
  • Медали тиллоии «За выдающееся отличие» ва дипломи фахрии аэроклуби Шоҳии Шветсия.
  • Медали калони тиллоӣ ва дипломи ФАИ.
  • Медали тиллои Ҷаъмияти хабарҳои байнисайёравии Британияи Кабир, 1961.
  • Медали Колумб (Италия).
  • Медали тиллоии шаҳри Сен-Дени (Фаронса).
  • Медали тиллоӣ, ҷоизаи «За храбрость» Фонди Матссотта (Италия), 2007.

Шаҳрванди фахрии шаҳрҳо ва давлатҳои зерин буд: 

  • Калуга, Новочеркаск, Любертс, Сумгаит, Смоленск, Виннитс, Севастопол, Саратов, Тюмен (СССР); Оренбург (Россия); София, Перник, Пловдив (Бӯлғория); Афина (Юнон); Фамагуста, Лимасол (Кипр); Сен-Дени (Фаронса); Тренчянск Теплитсе (Чехословакия).
  • Инчуни ба ӯ Калидҳои тиллоии дарвозаи шаҳрҳои Коҳира и Искандария (Миср) тақдим шуда буд.

Пас аз чанд моҳ, 6 августи ҳамон сол киштии кайҳонии  «Восток-2» бо кайҳоннавард Герман Степанович Титов парвоз кард. «Восток-2» дар гирди Замин 17,5 маротиба тоб хӯрда дар тӯли 25 соату 18 дақиқа дар парвоз буд.

Дар соли 1966 Гагаринро Аъзои фахрии Академияи байналхалкии кайҳонавардон, аз соли 1964 бошад ӯ сардори гурӯҳи кайҳонавардони шуравӣ буд. 27 – уми марти соли 1968 ӯ дар ҳолатҳои фавқулода дар наздикии деҳаи Новоселовои ноҳияи Киржачски вилояти Владимирск дар вақти парвозҳои тайёрӣ ҳалок шуд

Илми космонавтика ва парвоз ба кайҳон яке аз воситаҳои муҳими омӯзиши коинот, Замин, Системаи Офтобӣ ва умуман инсон мебошад. Рӯз то рӯз истифодаи дастовардҳои космонавтика дар ҳаёти ҳаррӯзаамон васеъ гашта, имкониятҳои худро тавассути онҳо инкишоф медиҳем ва табиатро тобеи худ мегардонем.

Пешгӯии боду ҳаво, навигатсия, наҷоти одамон ва ҷангалзорҳо, телевизиону радио, алоқаи моҳвораӣ ва интернет технологияҳои пешқадами замони муосир мебошанд, ки ҳама ба шарофати парвозҳои кайҳонӣ ба мо даст додаанд.

Мо танҳо то парвози Гагарин навиштем, вале таърихи парвозҳои кайҳонӣ бо ин хотима намеёбад. Парвозҳои Герман Титов, Валентина Терешкова – аввалин кайҳоннавардзани дунё, Комаров, Николаев Андриян Григоревич, Нелюбов Григорий Григоревич ва дигарон қаҳрамонии Гагаринро такрор карданд.

Вақте ки тараққиёти космонавтикаро дар Иттиҳоди Шӯравӣ таҳлил мекунем бевосита ҳисси ифтихор моро фаро мегирад, ки дар вақти чунин дастовардҳо мо ҳам узви ин кишвари абарқудрат будем ва Гагаринро кайҳоннаварди рус намегӯянд, балки кайҳоннаварди шӯравӣ меноманд, ки мафҳуми шӯравӣ моро ҳам фаро мегирад. Таманно мекунам, ки дар оянда аз байни тоҷикон низ Королёвҳову Гагаринҳо ба воя расанд.

 

Хуҷаназаров Ҳ.Ф., Пирова В.С.

Таҳияи ходими илмӣ ва Лаборанти калони Институти астрофизикаи АМИТ.

Хондан 2181 маротиба