JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 21 Феврали 2024 12:36

Радифони калонтарини Cистемаи офтобӣ

Муаллиф: Хуҷаназаров Ҳ.Ф., Пирова В.С.

  Ба ғайр аз ду сайёраи аввал (Аторуд ва Зуҳра) дигар ҳамаи сайёраҳо (Замин, Миррих, Муштарӣ, Зуҳал, Уран ва Нептун) дар Системаи офтобӣ дорои радифи табиӣ мебошанд. Ғайр аз ин ҷирмҳои хурди сайёрамонанде ҳастанд, ки дар канори Системаи офтобӣ ҷойгирифта, баъзеашон ба астероидҳои Тасмаи асосӣ ва қисми дигарашон ба Тасмаи Койпер мутаалиқанд. Моҳ ягона радифе мебошад, ки аз қадимулайём маълум буда, нисбатан хубтар омӯхта шудааст. Дигар радифони боқимонда бошад, баъдан бо ёрии телескопҳо ва дастгоҳҳои сайёри кайҳонӣ кашф карда шудаанд. Агар рӯшноии Муштарӣ халал намерасонид, чор радифони галилеии он – Ио, Европа, Ганимед ва Калисторо бо чашми оддӣ дидан мумкин буд. Аз ин рӯ ин радифон ба ҳафт радифи калонтарини Системаи офтобӣ мансуб мебошанд.

  Радифони калонтарини Муштарӣ­ ин Ио, Европа, Ганимед ва Калисто мебошад, ки  аз тарафи Галилей баъд аз кашфи телескоп мушоҳида шудааст, аз ин рӯ онҳоро радифони галилеии мегуянд. Сатҳи ин радифонро дастгоҳи кайҳони “Вояҷер” ҳангоми аз назди сайёраи Муштарӣ гузаштан омӯхтааст. Аз рӯйи ҷойгиршавӣ ва андоза ба сайёраҳои гурӯҳи заминӣ монад буда, лекин бо хосиятҳои аҷибашон аз сайёраҳо фарқ дорад.

Ио - аз ҷиҳати геологи радифи фаъол мебошад. Дастгоҳи кайҳонии “Вояҷер” 8 марти соли 1979 ҳафт вулқони амалкунандаро мушоҳида намуд, ки он нисбати вулқонҳои Замин пурзуртар буданд ва ҳарорати миёнаи сатҳ ба -145 баробар аст. Зичии калони Ио нишон медиҳад, ки таркиби он аз ҷинсҳои кӯҳи иборат аст. Ио зиёда аз 100 танураҳои андозаашон  200 км ва аз он ҳам зиёд дорад. Ҳарорат дар қисмҳои экваторӣ -140 ва дар қутбҳо ба -190 баробар аст.

Европа – сатҳаш ҳамвор буда, хусусияти инъикоскуниаш аз ҳама баланд аст, ки дар Системаи офтобӣ ягона мебошад. Танураҳои аз 5 км калон дида намешавад, ки ин аз ҷавон будани сатҳи гувоҳи медиҳад. Дар сатҳи он тасмаҳои дарозиашон ҳазорҳо км (5000 км), бараш даҳҳо – садҳо км (то 200-300 км) ва умқаш аз садҳо метр зиёд нестанд. Ҳарорати нисфирӯзӣ -140 ва дар соҳаи терминатор (бегоҳӣ) ба -180 баробар аст.

Ганимед - радифи калонтарин дар Системаи офтобӣ буда, аз Аторуд калонтар аст ва зоҳиран ба Моҳ монанди дорад. Сатҳаш аз танураҳо, миқдори зиёди шохаҳо, куҳпораҳо ва қисмҳои равшану торик таркиб ёфтааст. Қисмиҳои торик назар ба қисми равшан бештар мушоҳида карда мешавад, ки андозаҳои 3000 км доранд.

Калисто - сатҳаш бо танураҳои андозаашон гуногун пушида шудааст. Танураҳои калон миқдорашон зиёд буда, калонтарини он “чашми барзагов” (600 км) мебошад. 15 ҳалқаҳои ҳаммарказ дар атрофаш мебошад, ки қутрашон то 2600 км-ро дар бар мегирад. Онҳо дар натиҷаи мавҷҳои зарбавии афтидани сангҳои осмонӣ ҳосил шудаанд. Ин гуна ҳалқаҳо дар ҷирмҳои силикатӣ нест ва ин исбот мекунад, ки Калисто сатҳи яхин дорад. Яхи он ғализ буда бо чангҳои метеорӣ пушида шудааст.

Ҷадвали 1. Ҳафт радифи калонтарини Системаи офтобӣ

Радиф

Сайёра

Сол

Масса 1022 кг

Радиус R, км

Қадри ситорагӣ m

Даври мадорӣ (шабонарӯз)

Кошиф

Ио

Муштарӣ

1610

8.93

1820

5.0

1.77

Галилей

Европа

Муштарӣ

1610

4.8

1565

5.3

3.55

Галилей

Ганимед

Муштарӣ

1610

14.8

2634

4.6

7.16

Галилей

Калисто

Муштарӣ

1610

10.8

2403

5.6

16.69

Галилей

Титан

Зуҳал

1655

13.45

2575

8.3

15.95

Х.Гюгенс

Тритон

Нептун

1846

2.14

1353

13.6

5.88

У.Лассел

Моҳ

Замин

 

7.353

1738

-12.7

27.32

 

Титан - соли 1655 аз ҷониби Христиан Гюгенс кашф гардидааст. Он яке аз радифи ҷолибтарину калонтарини Зуҳал мебошад. Он аз Ганимед хурдтар ва аз Аторуд калонтар мебошад, яъне дуюмин радифи калонтарини Системаи офтобӣ ба ҳисоб меравад. Зимни парвози дастгоҳи кайҳонии худкори “Вояҷер-2” соли 1981 аз назди Системаи радифони Зуҳал, таркиби атмосифераи онро омӯхта, ошкор намуд, ки он дорои атмосифераи зич мебошад ва аз 85% нитроген, аргон, метан ва дигар карбогидридҳо иборат аст.

 Дар Титан ҳаёт вуҷуд надорад, зеро ҳарорат (95 К) беҳад паст буда, фишор дар сатҳ ба 1.6*105 Па баробар аст. Гумон аст, ки атмосфераи Титан ба атмосфераи аввалаи Замин монанди дорад. Дастгоҳе, ки ба сатҳи Титан нишаст натиҷаи ин гуфтаҳост (соли 2005 дастгоҳи “Гюгенс”).

Тритон- пас аз ним моҳи кашфи сайёра (Нептун) 10 октябри соли 1846 аз тарафи Лассел мушоҳида шуд. Яке аз радифони ҳафтгона ва калонтарин радифи Нептун мебошад. Қутраш 2700км, зичиаш 2г/с3 мебошад. 70%-и массаашро ҷинсҳои куҳӣ ва 30%-и боқимондаро яхҳо ташкил медиҳанд, ки дар таркиби он N2, CО ва СН4 мавҷуд аст.

 Тритон ягона радифест, ки чаппа ҳаракат мекунад. Сатҳаш аз гейзерҳои яхин иборат мебошад. Сатҳи яхини нитрогении ҳарораташ 38К (-235) буда, ғафсиашон аз 20 м то 2 км аст. Шамоле ки аз шарқ ба ғарб мевазад дар зери таъсири он моддаҳои гейзерӣ то масофаҳои 100 км паҳн мешаванд ва дар сатҳ тасмаҳои яхини тираранг ҳосил мешавад.

  Моҳ – ягона радифи табиии Замин мебошад ва ягона олами берунае мебошад, ки пойи Инсон дар он расидааст. Тахминан 4-4,5 млрд сол пеш объекте ба номи Тея, ки он аз ҷиҳати ҳаҷм, андоза ва масса ба сайёраи Миррих баробар буд ба Замин бар мехурад. Ин ҳодиса яке аз ҳодисаҳои мудҳиши Системаи офтобӣ ба шумор меравад. Баъд аз бархурд қисми зиёди моддаҳо ба мадори Замин партофта мешавад, ки ин моддаҳо ҳалқаро ба монанди ҳалқаҳои сайёраи Зуҳал дар атрофи Замин ба вуҷуд меоранд. Як қисми он ба Замин афтида қисми дигараш дар атрофи Замин давр зада объекте, ки мо аз он вобастагии калон дорем, яъне Моҳро ба вуҷуд меоранд. Сатҳи Моҳ аз доғҳо, танураҳо, вулқонҳо, куҳҳо, чуқуриҳо, материкҳо ва қаторкуҳҳо иборат аст. Қувваи ҷозибаи Моҳ нисбат ба Замин 6 маротиба кам аст, атмосфераи Моҳ асосан аз Н, Не, Ne, Ar иборат буда, зичии он хело тунук мебошад. Аз ин сабаб мегӯянд, ки Моҳ атмосфера надорад. Бо сабаби надоштани радиф сайёраҳои Аторуд ва Зуҳра, Моҳ наздиктарин радиф ба Офтоб ба шумор меравад. Моҳ баъд аз Офтоб дуюмин ҷирми дурахшони осмон мебошад. Масофа аз Замин то Моҳ 384467 км-ро ташкил медиҳад. Масофаи дуртарин (Апогей) 405696 км ва наздиктарин (Перигей) 354988 км мебошад.

  Моҳ ягона радиф дар Системаи офтобист, ки нисбат ба сайёраи худ аз тарафи Офтоб зиёдтар ҷазб мешавад. Яъне Замин роҳи Моҳро дар атрофи Офтоб каҷ мекунад, на Моҳ Заминро. Даврзании Моҳ дар атрофи Замин синхрони аст, яъне Моҳ бо як паҳлу дар атрофи Замин давр мезанад.  Даври чархзании Моҳ дар атрофи Замин аввал аз сабаби Моҳ ба Замин хеле наздик будан дар давоми якчанд шабонарӯз буд. Баъдан таъсири мутақобилаи мадд Моҳро оҳиста-оҳиста аз Замин дур кард. Ҳоло вақти давр задани Моҳ дар гирди меҳвараш ба вақти давр задани Моҳ дар гирди Замин мувофиқат мекунад. Баъзе вақтҳо бошад Моҳ кам – кам пеш мегузарад ва мадори Заминро мебурад. Дар тарафи рӯзона, ки онро Офтоб равшан менамояд,  баъзе вақтҳо бошад қафо мемонад ва аз паси Замин ҳаракат карда дар тарафи шабонаи Замин ноаён мешавад. Сатҳи Моҳ аслан аз ду қисм иборат аст: равшан - материкҳо 83% ва тира - баҳрҳо 17%-и сатҳи онро ташкил медиҳад. Ҳарорат дар сатҳ аз -170 аст. 90%- и энергияи Офтоб аз тарафи сатҳ фурӯ бурда мешавад. Офтоб Моҳро равшан намуда, Моҳ рӯшноии Офтобро инъикос менамояд.

Хуҷаназаров Ҳ.Ф., Пирова В.С.

Таҳияи Ходими илмӣ ва Лаборанти

калони Институти астрофизикаи АМИТ

 

Адабиётҳо:

  1. Кононович Э.В., Мороз В.И. Общий курс астрономии. Учебное пособие. М., 2004, 544 с. (Классический университетский учебник.).
  2. Мартынов Д.Я. Курс общей астрофизики. М.: Наука, 1979, 640 с.
  3. Раҳмонов А.А. Ҷирмҳои Системаи офтобӣ. Душанбе, 2011, 225 с.

 

Хондан 1857 маротиба