Мо ин навъи шеърро феълан то пайдо намудани номи муносиб «шеъри ҳолат» гуфтем. «Ҳолат» на танҳо ба маънои маъмули луғавиаш дар забонамон, ки ба ду маън истифода шудааст: «Ҳол 1. чигунаг, ваъият, ҳолат; чигунагии саломат ва тандуруст, аҳвол; 2. Шод, хуш, нишот, тараб; дар тасаввуф ваҷд, рӯҳбаланд, шӯр» [7], балки ба маънои шеъре, ки дар он дар баробари ҳолатҳои гуногуни инсон ҳолати мухталифи зиндаг, ҷомеа ва табиат низ дар як замон, макон ва фазои муайян баён гардидаанд.
Барои тасдиқи қазияи мазкур се шеъри устод Лоиқро баррас мекунем. Яке аз онҳо шеъри «Тирамоҳ» (1965) аст. Шоир бо зикри шоиронаи манзара ва ҷузъиёти хотирмон ин фасли соли Тоҷикистонро тасвир намудааст:
Осмони тозарӯ шуд тирарӯ,
Токҳоро гӯр карданд…
Пояҳои хушки пахта бе гулу бебарг монданд,
Рафт з-онҳо қадру қимат - он гули симинашон,
Сӯяшон сар хам намесозанд дигар пахтачинон.
Пуштаҳо урён шуданд аз сабзаҳои махмал,
Гашта бефарёду танҳою карахту пурсукут.
Яхча меборад саҳаргаҳ ҷойи шабнам з-осмон…
Лонаи бесоҳиби паррандагон
Дар миёни шохсорон зору ҳайрон мондаанд [9]…
Ва шоир дар бандҳои чаҳорум ва панҷум гуфтааст, ки замин мисли модарон баъди ташвишу тараддудҳо хобидааст ва киштзорон мисли гурдест, ки баъди корзор бо сарбаландию виқор паҳлу задаст ва худро бар набарди дигаре, ба баҳори дигаре омода месозад. Замин неъматҳояшро баҳри халқ тӯёна овардааст ва ҳар куҷо тӯй асту шод, нағмаи чангу рубоб. Ва бо ҳамин ӯ табиат ва инсонро ба ҳам пайванд додаст. Танҳо дар як байти панҷум (Ҷӯҷаҳое, ки калон карданд, ҳоло дар куҷоянд, Дар куҷои ин фазои бекарон пар мезананд?) ва банди мақтаи шеъри «Тирамоҳ» ҳолати равониашро баён доштааст:
Осмони тозарӯ шуд тирарӯ,
Токҳоро гӯр карданд.
Лек одам ток нест,
То ки онро гӯр карда айни сармои зимистон,
Боз бикшоянд айёми баҳорон [3] …
Дар ин шеър табиат, воқеъиятҳои зиндаг ва таассуроту андешаҳои инсон ҷамъ омадаанд. Онро ҳам намешавад танҳо «шеъри тавсиф» ё танҳо «шеъри отиф» ва ё танҳо «шеъри андеша» номид. Дар он ҳам тавсифи тирамоҳ, ҳам тасвири зиндаг, ҳам баёни отифа ва андешаи инсон ба ҳам гиреҳ хӯрдаанд.
Дигар, рӯ меорем ба шеъри маъруфи устод Лоиқ «Баччагиям бекасу танҳо гузашт» (1974).
Баччагиям бекасу танҳо гузашт,
Бо дарав, бо хӯшачиниҳо гузашт,
Доманаш аз хӯша пур аз домани саҳро гузашт.
Дар сари санге ҳама рӯз интизор
Мешумурдам турнаҳоро ҳар баҳор,
Баччагиям бо қатори турнаҳо якҷо гузашт.
Шаст меандохтам бар рӯди маст,
То биафтад моҳии тилло ба даст,
Баччагиям бо умеди моҳии тилло гузашт.
Ханда мекардам ба сӯи шаршара,
Ханда меомад зи ҳар санги дара,
Баччагиям ханда бар лаб лаб-лаби дарё гузашт.
Номаҳо бинвишта будам беҳисоб,
Лек аз он сӯ намеомад ҷавоб…
Баччаг чун номае бар ёри бепарво гузашт[3].
Устод Лоиқ пас аз зикри ин саҳнаҳои нотакрор ва фаромӯшношудании даврони кӯдакиаш, ки ба солҳои сахти баъди ҷанг рост омада буд, гузашти зуди даврони зебои баччагиашро ба рехтани зудгузари шохборон, обшорон ва шохнам дар дашти бопаҳнои зиндаг ташбеҳ дода, онро «гулгуни зарринёлу зарринболе» меномад, ки ёлуболаш ғарқи гул буд.
Баччаг чун шохборон рехт, рехт,
Баччаг чун обшорон рехт, рехт.
Ё мисоли шохнам аз дашти бопаҳно гузашт.
Баччаг гӯё буду гӯё набуд,
Баччаг аз мо буду аз мо набуд,
Бехабар мондем, то дидем фарсахҳо гузашт.
Баччаг – гулгуни зарринёли ман,
Баччаг - гулгуни зарринболи ман –
Ёлу болаш ғарқи гул аз роҳи умри мо гузашт[1] …
Ин шеърро низ наметавон ҳамчун сирф «шеъри отиф» ё «шеъри тавсиф» ё «шеъри андеша» ё «шеъри тасвир» ва ғайра номид, зеро дар он зикри чанд ҷузъиёти зиндагии даврони баччагии шоир: бекасиву танҳо, даравгарию хӯшачин, дар сари санг ҳамарӯза дар интизори омадани қатори турнаҳо нишастанҳо, шаст андохтан ба оби рӯди маст, ханда кардан ба сӯи шаршара ва акси садои он дар сангҳои дара, номаҳои беҷавоб навиштанаш бартар дошта, таъкид бар он намудааст, ки баччагиҳояш дар домани саҳро бо домани пур аз хӯша, бо қатори турнаҳо дар баҳорон, бо умеди ба шаст овардани моҳии тилло, ханда ба лаб лаб-лаби дарё чун номае ба ёри бепарво гузашт. Ноаён ва зуд гузаштани баччагиашро ба рехтани шохборон ва обшорон ва шохнам дар дашти бопаҳно монанд намудааст. Ин гуфтаи ӯро таъкиди он ки баччаг гӯё буду гӯё набуд ва аз мо буду аз мо набуд гӯётар, хонотар ва муассиртар кардааст.
Намунаи дигареро, ки ба хотири исботи будани «шеъри ҳолат» дар сурудаҳои устод Лоиқ оварданиям, «Эй шаҳри беситораи дунёнадидаҳо» (1994) мебошад ва дар он шоир фазои буғзовари шаҳри Душанберо дар солҳои 90-уми асри гузашта, ки муддате гурӯҳҳо ва тоифаҳои мухталиф ба майдонҳои он рехта буданд, ба қалам овардааст. Онро ҳамчун «шаҳри беситораи дунёнадидаҳо», «аз ҳар куҷо расида ба ҳам нарасидаҳо», «забоншикастаҳо, аз ҳам гусастаҳо», «дар раҳгузори ҳодиса сархам нишастаҳо», «дурангзодаҳо, дуоташнажодаҳо», «ҳам ҳошиянишастаҳо, ҳам уфтодаҳо», «ниҳоди хешро барбоддодаҳо», «мурда, вале баҷой чу қандили ҷодаҳо», «шаҳре, ки гӯ муслиму бадтар зи кофиранд», «шаҳре, ки гӯ бумиянду аммо мусофиранд» тавсиф менамояд.
Эй шаҳри беситораи дунёнадидаҳо,
Аз ҳар куҷо расида, ба ҳам нарасидаҳо,
Шаҳри забоншикастаҳо, аз ҳам гусастаҳо,
Дар роҳгузори ҳодиса сархам нишастаҳо.
Шаҳре, ки дар суруди он матни ягона нест,
Шаҳре, ки дар таронаи он бекарона нест.
Шаҳри дурангзода, дуоташнажодаҳо,
Ҳам ҳошиянишастаҳо, ҳам уфтодаҳо.
Шаҳри ниҳоди хешро барбоддодаҳо,
Мурда, вале баҷой чу ҷандили ҷодаҳо.
Шаҳре, ки гӯ муслиму бадтар зи кофиранд,
Шаҳре, ки гӯ бумианд, аммо мусофиранд.
Ва барои бозтоби вазъи ноҷури онзамонаи шаҳри Душанбе асосан бо овардани силсилаи тавсифҳо қаноат намудааст, вале тавонистааст, ки онро гӯё ва хоно инъикос намояд, ки аз ҳунари волои шоирии ӯ шаҳодат медиҳад. Устод Лоиқ шеъри худро бо зикри он ки вақте ба боми шаҳри Душанбе оташ бирехтанд, ҳама ҳар сӯ гурехтанд ва як кас намонд, ки бигӯяд: «шаҳри ман ин аст, ин манам, инак ману дифоъи дилу ҷони меҳанам!». Барои ҳамин ҳам шоир ба он «Эй шаҳри ҳеч кас» хитоб менамояд ва нигарон аз он мекунад, ки бо ин бекас ба куҷо мерасида бошад? Ва ташвишҳои шоир беасос набуданд, зеро ин бекасиву бесоҳибиҳову бебандубориҳо боз се соли дигар дар ин «шаҳри ҳеч кас» давом карданд.
Шаҳре, ки чун ба боми он оташ бирехтанд,
Оташгирифтаҳо ҳама ҳар сӯ гурехтанд.
Як кас нагуфт: «Шаҳри ман ин аст, ин манам,
Инак ману дифоъи дилу ҷони меҳанам?»
Эй шаҳри ҳеч кас, ба куҷо мерас, дареғ!
Шаҳри ҳама кас, ки чунин бекас, дареғ!
Хосса ин шеърро низ, ба ҳеч ваҷҳ наметавон «шеъри отиф», «шеъри андеша», «шеъри тавсиф» ё «шеъри тасвир» номид. Ин «шеъри ҳолат» аст. Ва аз ҳамин қабиланд шеърҳои «Баҳорон буду як шомеву борон», «Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам», «Чу табболе шабе борони хашм», «Ману ту тирамоҳ гулчин рафтем», «Оҳ, эй зан, зани оташбунёд», «Дилам он қадр маст хоҳад имшаб», «Баҳоре буду маҷнунбеди навбарг», «Он шом зи пушти боғи кӯҳ», «Шеъре дар бемористон», «Гар намебуд ту яктои дилам», «Дар шаби борон», «Ба модарам», «Дар он соат, ки дилгирам», «Навҳаи Таҳмина бар Сӯҳроб», «Хумор», «Само буғзе ба дил дорад, ҳаво абрист, меборад», «Шудам пазмон, эй ҳамшишаву ҳамсоғарам, Варзоб» ва бисёр дигару дигарҳо.
Сарчашмаҳои «шеъри ҳолат» дар шеъри форсии тоҷик ба шеъри устод Рӯдак, аз ҷумла сурудаҳои «Шод з бо сияҳчашмон, шод», «Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст», қасидаи «Шикоят аз пир», «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавс, аз ҷумла саҳнаи кушта шудани Сӯҳроби ял аз дасти падари хеш Рустам, ҳолати Маҷнун дар Каъба аз «Хамса»-и Низом, қасидаҳои ҳолияи Носири Хусрав, ҳабсиёти Масъуди Саъди Салмон ва ғ. мерасад. Аммо бо ин ҳама «шеъри ҳолате», мо манзурамон аст, дар гузашта дар адабиёти мо маъмул набуд. Дар пайдоиш ва ташаккулу таҳаввули «шеъри ҳолат» таъсири шеъри рус дар адабиёти муосири тоҷик, шеъри фаронсав дар шеъри муосири Эрон муассир мебошад. Пайванди ин ду сарчашма ва имтизоҷи (синтези) суннатҳои адабии милл ва ғарб дар адабиёти охири солҳои 50-ум ва 60-70-уми асри ХХ тоҷик як омили ба вуҷуд омадани дигаргуниҳои кулл ва сифатан тоза, аз он ҷумла «афзудани ҷанбаи тадқиқ, иқтидор ва имконияти тасвири реалист» дар он буд, ки як намунаи барҷастаи он, чунон ки дидем, эҷодиёти шоири бузурги тоҷик Лоиқ Шерал мебошад.
Падидаи адабии «шеъри ҳолат», тавре ки ишора рафт, дар шеъри муосири тоҷик зуҳур дошт ва дар нақди адабии тоҷик нишонаҳои он таъкид мегардид, аз ҷумла камина соли 2001 дар сарсухане, ки ба нашри аввали «Куллиёти Лоиқ Шерал» навишта будам, зебо ва нотакрории шеърҳои ошиқонаи замонии шоирро дар он дида будам, ки «онҳо ҳар як дар худ як ҳолат, як рӯҳия, як манзара, як фазо, як эҳсоси муайяни муайян ва нотакрори олами ишқро шоирона ва ошиқона ва бе рӯву риё бозтоб медиҳанд. Шоир дар онҳо аз васл, ҳаҷр, дард, ҳасрат, хотирот, хушиҳои ҷавонию ормонҳои пир, ба сухани дигар, аз баҳору хазони ишқ, аз гулу хори ишқ, аз сӯзҳои ширину талхи ошиқон қиссаҳои ошиқии дарзамон мекунад». Вале ин падидаи адаб он вақт номи мушаххас надошт. Чунин ҳолат дар таърихи илму адаб ва ҳунари мо ва мардумони ҷаҳон маъмул аст. Яъне ки дар аввал падидаҳои адаб ва ҳунар зуҳур мекунанд, баъд ба худ ном мегиранд, мисли падидаҳое чун сабки хуросон, сабки ҳинд, шеъри нав ва ғ. Як намунаи тамоман тозаи он ин аст, ки рассоми номии тоҷик академики ифтихории Академияи рассомии Русия ва дорандаи шоҳҷоизаи «Уқоби тилло» дар озмуни байналмилал дар Нюйорки ИМА, муаллифи чеҳранигораҳои маълум ва машҳури Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шерал, Малика Собирова, Гулназар ва дигарон Зокир Собиров дар сабкҳои ҷадиде асар меофарид ва солҳо барои ин сабкҳо ном меҷуст, дар ниҳоят ҳамаг ду-се сол пештар ба он ном пайдо кард ва онҳоро «Нурворизм» (параллелизм) ва «Танворизм» (материализм) ном гузор кард ва хотираш ҷамъ шуд. Ба ҳамин монанд агар истилоҳи «шеъри ҳолат» дар нақд ва адабиётшиносии мо пазируфта шавад ва ё номе аз ин муносибтар ва беҳтар ёфт шавад, хурсанд мешавам.
Сатторзода Абдунабӣ
доктори илмҳои филологӣ
Адабиёт:
- Куллиёт, с.115.
- Куллиёт, ҷ.1 (Китоби якум). –Хуҷанд. -2001. –С.14.
- Лоиқ Шерал. Куллиёт. Ҷилди 1. Ашъор.-Душанбе: «Адиб», 2008.-С.50.
- Лоиқ. Суҳбат бо Аскар Ҳаким// Аскар Ҳаким. Дар қаламрави сухан.–Душанбе: «Ирфон», 1982. -С.160.
- Лоиқ. Фарёди бефарёдрас. –Душанбе: «Адиб», 1997. –С.47.
- Сатторзода А. Мероси дили шоири дилдода ва озода //Лоиқ Шерал.
- Сатторзода А.. Мӯмин Қаноат ва шеъри навини тоҷик // Мақоми Мӯъмин Қаноат дар пешрафти адабиёти муосири тоҷик. – Душанбе, 2002.- С. 51.
- Сатторов А. Нуқтаи пайванд. –Душанбе: «Ирфон». -1982. –С.67.
- Фарҳанги забони тоҷик. Ҷ. 2.– Москва: «Советская энциклопедия»,1969. - С.751.