Таҷрибаи даҳсолаҳои охир бевосита нишон медиҳад, ки илми муосир, дар муқоиса бо илми асрҳои гузашта, бештар хусусияти иҷтимоӣ ва коллективӣ пайдо намудааст. Кашфиёту коркардҳои назариявӣ, ҳалли масъалаҳои бунёдӣ ва татбиқи лоиҳаҳои миқёсии илмӣ эҳтимолан на аз ҷониби олимони алоҳида, балки аз ҷониби гурӯҳҳои илмии касбӣ – оғоз аз мактабҳо ва лабораторияҳои илмӣ то шабакаи васеи ҳамоҳангшудаи олимон ва мутахассисон ба даст оварда мешавад. Ин амалия дар тамоми мактабҳои илмии ҷаҳон ҳамчунин тавассути ҳамкории байналмилалии ҳам олимони алоҳида ва ҳам ҷомеаҳои илмӣ, лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ, чорабиниҳои илмӣ – конференсияҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо, нишастҳои техникӣ, мактабҳо ва ғайра…