Тайи даҳсолаҳои охир равандҳои ҷаҳонишавӣ ва муҳоҷират ба омилҳои калидии рушди иҷтимоии ҷомеа табдил ёфтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ ба таври фаъол дар ин равандҳо иштирок мекунад. Имрӯз муҳоҷирати меҳнатӣ ба як падидаи иҷтимоии устувор табдил ёфта, бешак ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ ва мусбати худро расонида истодааст.
Ҷаҳонишавӣ равандест, ки бо ҳамгироии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварҳо тавсиф мешавад. Назарияҳои муосири ҷомеашиносӣ ҷаҳонишавиро ҳамчун омили тағйирдиҳандаи сохтори иҷтимоӣ арзёбӣ менамоянд. Он боиси заифшавии сарҳадҳои миллӣ ва таҳкими робитаҳои байнифарҳангӣ мегардад.
Ҷаҳонишавӣ ин раванди душвори кӯшиши ҳамгироии мутақобила миёни кишварҳо ва минтақаҳо мебошад. Дар адабиёти илмӣ муҳоҷират ҳамчун ҷараёни ҳамгироии савдоҳои ҷаҳонӣ, давлатҳо ва фарҳангҳо фаҳмида мешавад. Олимон қайд менамоянд, ки ҷаҳонишавӣ бо рушди савдои байналмилалӣ, тараққиёти ташкилоту корхонаҳо, паҳн шудани технологияҳои нав ва афзоиши мубодилаи иттилоот ҳамсафар мебошад.
Муҳоҷират яке аз муҳимтарин шаклҳои ҳаракати иҷтимоӣ мебошад. Дар Тоҷикистон муҳоҷирати меҳнатӣ асосан хусусияти берунӣ дошта, ба кишварҳои хориҷӣ равона шудааст. Ин раванд ба таркиби демографӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ таъсири назаррас мерасонад. Бештари аҳолии Тоҷикистон ба кишварҳои соиқ ИҶШС, пеш аз ҳама ба Федератсияи Россия ва Қазоқистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои Аврупо, Туркия ба муҳоҷират мераванд. Дар баробари ин, айни замон дар соҳаи муҳоҷират диверсификатсияи куллӣ ба дигар самтҳо, аз ҷумла Кореяи Ҷанубӣ, Швейтсария, Ҷумҳурии Мардумии Чин, кишварҳои арабӣ дар ҳоли рушд мебошад. Бо мақсади дарки амиқи масъала моро зарур аст ба умқи мафҳуми калимаи «муҳоҷират» назар афканем.
Муҳоҷирати аҳолӣ - ин тағйири маҳалли сукунати аҳолӣ буда, ба дигар намудани макони истиқомат иртибот дорад. Муҳоҷират яке аз масъалаҳои муҳимми иҷтимоии аҳолӣ буда, на танҳо чун ҳаракати механикии одамон (дар илми демография шартан ҳаракати аҳолиро ба ҳаракати табиӣ (раванди таваллуд ва фавт) ва ҳаракати механикӣ (муҳоҷират) ҷудо менамоянд. Ҳаракати механикӣ гуфта, тағйири маҳалли зист аз тарафи шахсони алоҳида ё гурӯҳи одамонро дар ҳудуди кишвар ё берун аз он, ки дар натиҷа ба сохтор, сифат ва шумораи аҳолӣ таъсир мерасонад, меноманд), балки чун раванди мураккаби ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, ҷанбаҳои бисёри ҳаёти иҷтимоию сиёсиро дар бар мегирад.
Одамон аз лаҳзаи пайдоиши худ дар ҳаракати доимӣ мебошанд: табиӣ (таваллуд мешаванд, мемиранд), иҷтимоӣ (мақоми иҷтимоӣ, касб, доираи фаъолият ва ғайраро тағйир медиҳанд), муҳоҷират (ҳаракатҳои фазоӣ мекунанд). Аммо маҳз ба шарофати муҳоҷират одамон дар саросари ҷаҳон паҳн шуданд. Намуди зоҳирии ҷаҳони муосир далели натиҷаҳои равандҳои муҳоҷират аст. Дар натиҷаи равандҳои муҳоҷират насли нав пайдо мешавад.
Муҳоҷирати аҳолӣ дар асри 21 таносуби бузург пайдо кард. Тибқи маълумоти шуъбаи аҳолии Департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз дар ҷаҳони дорои 7 миллиард нафар ҳадди аққал 214 миллион нафар берун аз кишварҳое, ки таваллуд шудаанд, зиндагӣ мекунанд. Агар ҳамаи муҳоҷирони байналмилалӣ кишвари худро таъсис медоданд, он аз рӯи шумораи аҳолии ҷаҳон мавқеи шашумро ишғол мекард.
Муҳоҷирати аҳолӣ як падидаи мураккаби иҷтимоӣ буда, қариб хоси тамоми давлатҳои ҷаҳон мебошад. Муҳоҷират боиси тағйироти миқдорӣ ва сифатӣ дар аҳолии ин ё он минтақа, умуман давлат гардида, ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, муҳоҷирати аҳолӣ мавзуи таҳқиқи бисёр илмҳо: ҷуғрофия, сотсиология, демография, иқтисодиёт, ҳуқуқ ва ғайра мебошад. Олимони соҳаи ҷуғрофия муҳоҷирати аҳолиро аз нуқтаи назари тақсимоти фазоии аҳолӣ, демографҳо тағйироти миқдор ва синну сол, сохтори ҷинсии аҳолӣ меомӯзанд, ҷомеашиносон таъсирро ба рушди иҷтимоӣ ва сохтори иҷтимоии ҷомеа, иқтисодчиён – азнавтақсимкунии захираҳои меҳнатӣ ва рушди иқтисодӣ, ҳуқуқшиносон – аз нуқтаи назари риояи талаботи қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти миллӣ меомӯзанд. Масъалаҳои муҳоҷиратро олимони маъруф ба мисли М.Б.Денисенко, В.А.Ионтсев, Б.С.Хорев, И.В.Ивахнюк, В.И.Переведенсев, Л.Л.Рибаковский, А.У.Хомра ва ғайраҳо таҳқиқ кардаанд.
Истилоҳи «муҳоҷират» аз решаи лотинӣ ( migratio ) маънои ҳаракат, кӯчониданро дорад.
Муҳоҷирати меҳнатӣ ба тағйирёбии табақабандии иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Афзоиши даромади муҳоҷирон метавонад мавқеи иҷтимоии оилаҳоро беҳтар намояд, аммо ҳамзамон нобаробарии иҷтимоиро низ афзоиш медиҳад.
Ғоибии дарозмуддати аъзои оила, махсусан падар, ба тағйирёбии нақшҳои иҷтимоӣ дар дохили оила оварда мерасонад. Занон ва калонсолон масъулияти бештарро ба дӯш мегиранд, ки ин ба муносибатҳои оилавӣ таъсир мерасонад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ аҳамияти хос пайдо мекунад. Муҳоҷирон дар муҳити фарҳангии дигар қарор гирифта, ҳамзамон арзишҳои миллиро нигоҳ медоранд ва унсурҳои навро қабул мекунанд. Новобаста аз дур будан аз Ватан, дар муҳоҷирон эҳсоси ватандӯстӣ боло гирифта, идҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Рӯзи Истиқлоли давлатӣ, идҳои Рамазон ва Қурбонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар толор ва маконҳои бошукӯҳ таҷлил менамоянд. Лекин фарзандони онҳо дар рӯҳия ва зери таъсири фарҳанги нав қарор мегиранд. Ин насл аз лиҳози ҷаҳонбинӣ инкишоф ёфта, дар онҳо эҳтимолан идома додани анъанаҳои миллию ватании волидайн мумкин аз байн равад. Шумораи ками онҳо ба Ватан бармегарданд, қисмати бештарашон муқими он кишварҳо мешаванд.
Ҷаҳонишавӣ на танҳо ба иқтисодиёт, балки ба ҳаёти ҳаррӯзаи одамон, фарҳангҳо ва фардҳо таъсир мерасонад.
Аз ин ҷост, ки раванди ҷаҳонишавӣ ҳам паҳлӯҳои манфӣ ва ҳам паҳлӯҳои мусбати худро дорост.
Аз ин ҷост, ҷаҳонишавӣ ва муҳоҷират алоқамандии зич доранд. Муҳоҷират ҳамчун натиҷа ва нерӯи таҳрикдиҳандаи ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ баромад намуда, ба ҷомеаи ҷаҳони муосир таъсири худро мерасонад.
Хулоса, муҳоҷирати аҳолӣ дар таърихи башарият нақши барҷаста дошта, равандҳои сокиншавӣ, мавриди истифода қарор додани заминҳо, рушди қувваҳои истеҳсолӣ, ташаккул ва омӯзиши ирқу нажод, забон ва халқҳо ба он иртибот доранд. Ҷаҳонишавӣ ва равандҳои муҳоҷират ба тағйирёбии амиқи сохтори иҷтимоии ҷомеаи муосири Тоҷикистон оварда мерасонанд. Барои коҳиш додани паёмадҳои манфӣ ва истифодаи имкониятҳои мусбат сиёсати иҷтимоии мутавозин ва дарозмуддат зарур мебошад.
Ёқубова А.А.,
ҳуқуқшинос