Мушкили ахлоқие, ки солҳост дар ҷомеа тасаллут пайдо карда, қариб ки ба эпидемия табдил ёфтааст, пойин будани сатҳи эҳтиромдорӣ дар ҷомеа аст. Сари ин мушкил зиёд ҳарф мезанем, нидо дармедиҳем, барномаҳо таҳияву татбиқ месозем, вале масъала ҳамоно ҳаллу фасл нашуда, мушкил ба таври систематикӣ окшору рафъ нагардидааст. Ба ин манзур, зарур аст, ки аввалан, ба масъала дурусту мантиқӣ бояд бархурду тамаркуз бояд кард, сониян, мушкилро дурусатҳисобӣ решашиносӣ намуд, солисан, барномаҳои муассире роҳандозӣ бояд кард.
Дар баробари анвои гуногуни тарбиятӣ (тарбияи ахлоқӣ, тарбияи ҳувиятӣ, тарбияи фикрӣ, тарбияи маданӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, тарбияи тафаккури танқидӣ, тарбияи миллӣ ва амсоли инҳо), тарбияи хонаводагӣ ҷойгоҳи махсус дорад, чаро ки хурдсолону наврасон дар хонавода нахустин гомҳои тарбиятиро бардошта, аз тими пуртаҷрибаи хонаводагӣ (бобою бибӣ, падару модар, бародарбузургу хоҳарбузург) алифбои тарбияро меомӯзанд. Масъала ин андоза муҳим аст, ки тухмаи тарбияти миллӣ дар ин ниҳоди кучаки иҷтимоӣ рехта мешавад ва аз тариқи механизми гуфтушунид ва диду боздидҳо тадриҷан ба муҳиту институтҳои дигари иҷтимоӣ интиқол меёбад. Ин аст, ки хонавода ниҳоди хурдтарини таркиботи иҷтимоӣ буда, кайфияту чигунагии тарбияти ахлоқию ҳувиятию фикрию фарҳангии ҷомеа маҳз ба он ва аз он бастагӣ дорад.
Асосан, барномаи тарбиятӣ дар муҳити хонаводагӣ ва фазои ҷамъиятӣ аз тариқи ду равиши тарбиятӣ – равиши тарбиятии механикӣ ва равиши тарбиятии органикӣ – роҳандозӣ мегардад. Равиши тарбиятии механикӣ бар асоси усулу мабодии тарбиятии асру солҳо тарҳрезишудаю шахшуда арзи вуҷуд карда, хонавода ва ҳам ҷомеа ба таври механикӣ дар иҷрои онҳо саъй мекунанд ва равиши органикӣ бошад, бар мабнои тағйироту таҳаввулоти тарбиятӣ ва эҳсосоти эҷодию зебоишинохтии хонавода ва аъзои ҷомеа шакл гирифта, дар ҳоли тағйиру таҳаввул мебошад. Албатта, муҳит ва фазои берунӣ (манзур хориҷ аз хонавода: кӯча, бозор, мактаб, донишгоҳ, ташкилоту муассисот ва амсоли инҳо дар назар аст) низ дар кайфияти тарбиятӣ нақши калидӣ дорад, вале чигунагии тарбияти наслӣ аз муҳити хонаводагӣ сарчашма мегирад. Ба сухани равшантар, дар тарбияти насли наврасу ҷавон муҳити тарбиятии хонаводагӣ, аз як тараф ва фазои берунӣ, аз тарафи дигар, ба таври баробару мувозӣ таъсиргузоранд. Аз ин ҷо мувозинати тарбиятӣ дар муҳити хонаводагӣ ва фазои хориҷ аз хонавода ба вуҷуд меояд. Бинобар ин, арзишҳои ахлоқие мисли накукорӣ, мурувват, эҳсон, ёрмандӣ, эҳтиромдорӣ сараввал дар муҳити хонаводагӣ ташаккул меёбанд ва минбаъд ба хориҷ аз хонавода – ба фазои берунӣ мунтақил мешаванд. Дар воқеъ, баръакси ин равандро ҳам мушоҳида кардан мумкин аст: категория-мақулаҳои ахлоқии накукорӣ, эҳтиромдорӣ, масъулиятписандӣ, шарофатмандӣ, муҳаббатсолорӣ, дӯстдорӣ ва амсоли инҳо метавонанд дар муҳити атроф ташаккул ёфта, ҳангоми ҳамкориҳои иҷтимоӣ аз берун ба фазои хонавода интиқол шаванд. Дар зимн, ҳар қадар ки хонавода (оила) ба лиҳози тарбиятӣ мустаҳкам бошад, ҳамон қадар ба фазои хориҷӣ ва муҳити атроф метавон эътимод кард.
Ба ин тартиб, тарбия дар маънии васеи иҷтимоӣ, интиқоли таҷрибаи андӯхташудаи насли солманду калонсол ба наслҳои наврасу ҷавон аст. Таҳти мафҳуми таҷриба дониш, маҳорат, тарзи тафаккур, меъёрҳои ахлоқӣ, эстетикӣ, ҳуқуқӣ ва мероси маънавии инсоният фаҳмида мешавад. Дар ин робита, субъектҳои асосии тарбиятӣ дар хонавода бобову бибӣ ва падару модар мебошанд ва агар ин табақа ё тоифа мактаби тарбиятиро дурустҳисобӣ гирифта бошанд, ҷараёни минбаъдаи тарбиятӣ ба таври решаӣ иҷро мегардад ва агар барномаҳои тарбиятии хонаводагӣ нодуруст таҳия гардида бошанд (аз ҷумла, инҳирофоти ахлоқие мисли дурушгӯйӣ, дағалӣ, дурӯғпароканӣ, фиребгарӣ, тақаллубкорӣ, бемасъулиятӣ, беадолатӣ дар барномарезиҳои хонаводагӣ ҷой дошта бошанд), ҳатман кӯдакро зери бор қарор медиҳанд ва шахсияти нодурустеро ба ҷомеа “ҳадя” менамоянд.
Ба ин маъно, тарҳҳои тарбияти ахлоқӣ, монанди эҳтиромдорӣ, накукорӣ, эҳсону шарофатмандӣ, ҳисси масъулият нисбат ба бузургсолону солмандон ва умуман, аъзои як ҷомеа дар муҳити хонаводагӣ рехта мешаванд ва пасон таври тадриҷӣ ба атроф пароканда мегарданд. Аз ин ҷо тарҳҳои тарбияти ахлоқӣ дар хонавода ва ҷомеа ниҳодина мешаванд ва аз насл ба насл мунтақил мегарданд. Аз ин ҷост, ки нақши хонавода дар шаклгирии тарбияти ахлоқӣ хеле калон мебошад.
Эҳсоси масъулият ва эҳтиром нисбат ба бузургсолон ва эҳтироми насли солманди ҷомеа дар хонавода ташаккул ёфта, минбаъд дар муҳити атроф шакл гирифта, таҳаввул пазируфта, фазосозӣ мешавад. Агар муҳассаноти ахлоқие мисли эҳтиромдорӣ ва накукорӣ нисбат ба бузургсолону солмандон дар ҷомеа тасаллут пайдо намояд ва дар шакли органикӣ (на хаотикӣ) нуфуз ёбад, ҳам хонавода ва ҳам муҳити берунӣ аз буҳронҳои ахлоқию ҳувиятӣ эмин мемонанд ва агар хонавода ва ҷомеа ба арзишҳои ахлоқии эҳтироммадорию накукорӣ дар қиболи бузургсолон бетафовут бошад, тадриҷан беарзишӣ дар ҷомеа тасаллут пайдо карда, паёмадҳои ногувореро ба дунбол хоҳад дошт. Ба ин маънӣ, қаҳрамонони асосии хонавода – падарбузургу модарбузург, падару модар ва насли нисбатан бузургсоли хонавода – муваззафанд, ки бар асоси равиши тарбиятии органикӣ муҳассаноти ахлоқӣ: меҳру муҳаббат, дӯстдорӣ, покизагӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтиромдорӣ, накукорӣ ва амсоли инҳоро аввал худ доро гарданд ва пасон миёни аъзои хонавода тарғибу ташвиқ намоянд. Кӯдакону наврасон ҳатман ба параду модар ва бузургсолон тақлид мекунанд ва агар падару модари мо масъулияти баланди ахлоқӣ эҳсос намуда, аз одитарин талаботи ахлоқӣ (ором гап задан, зебо такаллум кардан, аз дуруштию дағалӣ парҳез кардан, нармӣ кардан, ба кумак ҳамеша омода будан) шуруъ карда, то муқтазиёти болотари ахлоқиро риоят мекунанд. Мурооти талаботи ахлоқӣ ва инсонӣ аз ҷониби волидайн ва калонсолони хонаводаву ҷомеа боиси решадор шудани муҳассаноти ахлоқӣ мегардад ва ҳами тур, хонавода ва мутаносибан ҷомеа ба сатҳи ахлоқӣ мерасанд. Ба ин тартиб, хонавода ва ҷомеаи ахлоқӣ шакл мегирад ва арзишҳои ҳувиятию ахлоқӣ дар бастагӣ бо таҳаввулоти иҷтимоию маданӣ ниҳодина мешаванд.
Тарбият ва мутаносибан тарбияти ахлоқӣ, ки вежагиҳои масъулиятшиносӣ, меҳрубонӣ, шафқат, некхоҳӣ, накукорӣ ва амсоли инҳоро дар худ мунсаҷим месозад, бо худии худ як раванди ҳадафманди беохир аст ва тамоми умр идома меёбад. Ҳар буҳрони ахлоқию ҳувиятие, ки сар мезанад, пеш аз ҳама, бар асари бетаваҷҷуҳӣ ва фориғболии масъулин, дастандаркорон, зиёиён ва насли миёнсолу калонсол иттифоқ меафтад. Аз тарафи дигар, коргардонону муҷриёни хориҷие ҳастанд, ки дар доираи тарҳҳои сиёсӣ-мафкуравӣ ва барномарезиҳои геополитикӣ насли наврасу ҷавони ҷомеаро, ки ба лиҳози физиологӣ-баданӣ серҳаракату фаъоланд, мавриди суъистифода қарор медиҳанд. Махсусан, дар шароити фаъол будани насли наврасу ҷавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарҳҳое зиддиахлоқию ғайримиллӣ тариқи барномарезиҳои интернетӣ роҳандозӣ гардида, аз ин тариқ ҷомеа тарбият карда мешавад. Насли наврасу ҷавон дигар аз тариқи “силсилатадобир”-и ҳувиятӣ, аз ҷумла саргармии саросарӣ ба бозиҳои интернетӣ, рӯоварӣ ба таассуби динӣ-мазҳабӣ, тасаллут пайдо кардани беҳувиятию худбохтагӣ, бетафовутию саҳлангорӣ ва амсоли инҳо ба бозӣ кашида мешавад ва ҳамин тавр, як насли беҳувият, бетафовут ва худбохта тарбият мешавад.
Акнун мо дар баробари сели таҳоҷумоти иттилоотӣ, фарҳангию маданӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳувиятию ахлоқӣ чӣ кор бояд кунем, ки миёни насли наврасу ҷавон эҳсоси масъулият, муҳаббат, накукорӣ ва некманиширо тақвият бидиҳем? Таваҷҷуҳ ба ин масъалаҳо зарур аст:
Якум. Бузургсолону миёнсолон бояд аввал худ тавассути муносиботи баланди ахлоқӣ: масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ, покдоманӣ, меҳрубонӣ, накукорӣ ва амсоли инҳо намунаи ибрат бошанд. Он чи ки мегӯянд, аввал худ иҷро намоянд. Кӯдак чунон ҳассос аст, ки одитарин талаффуз, гуфтор, кирдор ва амалу рафтори бузургсолонро ба мушоҳида мегирад ва бар мабнои фаҳмишҳои беғаши худ тасмим мегирад. Ба ин лиҳоз, гуфтор ва рафтори насли миёнсолу калонсол ҳамеша мадди назари кӯдак қарор мегирад.
Дувум. Ҷомеаи маданӣ, фаъолони иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти марбутаи давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёии миллӣ бояд дар боло бурдани сатҳи тарбиятии насли наврасу ҷавон саҳмгузор бошанд.
Севум. Бетарафӣ, саҳлангорию фориғболӣ ба сарнавишти миллату давлат хатарест, ки ба он ҷиддӣ таваҷҷуҳ бояд кард. Ҳар қадар бетаваҷҷуҳӣ дар ҷфомеа зиёд гардад, ҳамон қадар буҳронҳои паёпай давлату миллатро бунболагир мешаванд ва аз пештафту тараққиёт бозмедоранд. Бетарафӣ ба ҳар амали ғайриахлоқию ғайриинсонӣ боиси решадор шудани беарзишии ахлоқӣ ва буҳронҳои ҳувиятӣ мегардад. Аз паёмаде ҳамчунинӣ огоҳ бояд буд ва эҳтиёт бояд кард.
Чаҳорум. Ниҳодҳои марбутаи давлатию ҷамъиятӣ бо шумули ВАО, Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон, Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон, Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангию ҳамбастагӣ метавонанд барномарезиҳои тарбиятиро амалӣ намоянд.
Панҷум. Нармгуфторӣ, зебосуханӣ, меҳрубонӣ ва отифати инсонӣ бояд ба меҳвари умури иҷтимоӣ табдил ёбад ва дар ин кор, пеш аз ҳама, нақши бузургсолоне, ки дар вазифаҳои давлатӣ ва симатҳои расмӣ фаъолият мекунанд, калон аст. Нарммуомилагӣ, хушсуханӣ, отифати каломӣ ва муҳаббати самимӣ ба барномарезии амалии ҳамагонӣ бояд бадал шавад. То ин масъала ба таври бояду шояд дар муҳитҳои иҷтимоӣ ҳал нагардад, беҳбудии ҷиддии ахлоқиро миёни насли наврасу ҷавони ҷомеа интизор шудан хобу хиёле беш нест. Ин аст, ки ба ин масъала ҷиддӣ таваҷҷуҳ бояд кард.
Шашум. Меҳрубонӣ, накукорӣ, ёрмандӣ, дӯстдорӣ, эҳтироммадорӣ минҳайси барномарезиҳои ахлоқӣ аввал дар муҳити хонавода роҳандозӣ мегарданд, пасон ба сатҳи иҷтимоӣ роҳ меёбанд. Ҳар қадар пешоҳангони иҷтимоию маданӣ дар татбиқи барномарезиҳои ахлоқию ҳувиятӣ саҳим бошанд, ҳамон қадар имкони пешрафту шукуфоии маданӣ имконпазир мегардад.
Ҳафтум. Кӯдак, наврас аз забони бузургсолони хонавода нахустин муҳассаноти ахлоқиро аз қабили меҳр, муҳаббат, дӯстдорӣ, эҳтиромдорӣ, накукорӣ меомӯзад. Бинобар ин, нақши хонавода дар татбиқи барномарезиҳои муваффақи ахлоқию ҳувиятӣ хеле бузург аст. Дар ин робита, ба рушди хонавода ва оила ҷиддӣ таваҷҷуҳ бояд кард ва раванди тарбиятии хонаводагӣ ҳамеша бояд мадди назари ҷомеа, фаъолони маданӣ, дастандаркорони давлатӣ, масъулини блоки таълимӣ-тарбиятӣ қарор дошта бошад.
Нозим Нурзода
мудири Шуъбаи ташаккули ҳувияти
миллӣ ва оммависозии илми Раёсати АМИТ