JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Имрӯз охирин рӯзест, ки дӯстони ҷонӣ ва ҳамкурсон аз ҳам ҷудо мешаванд. Барои Шариф, Нилуфар, Сурайё ва Ҷовид рӯзи вазнин аст. Имрӯз рӯзест, ки онҳо ба роҳи зиндагии мустақилонаи худ равона мешаванд, чунки курси панҷумро хатм кардаанд. Дипломҳояшонро ботантана гирифтанд. Ба ҳамин хотир, ба ин хулоса омадаанд, ки пеш аз ҷудо шудан аз ҳамдигар ва ба шоҳроҳи мустақили зиндагӣ қадам задан, дар тарабхонаи “Саодат” нишаста, охирин маротиба даврони донишҷӯияшонро ҷамъбаст намоянд. Ҷойи нишастро интихоб карданду нишастанд. Дар болои мизе, ки нишаста буданд, феҳристи номи хӯрокҳо гузошта шуда буд. Духтари зебое,…
Душанбе, 16 Ноябри 2020 08:27

Рӯдакӣ ва Хоқонӣ

Муаллиф:
Сухан бар бикри табъи ман гувоҳ аст, Чу бар эъҷози Марям нахли хурмо. Хоқонӣ Устод Рӯдакӣ – падари шеъри тоҷик-форс, шоири миллӣ, шоире мебошад, ки дар замони зуҳури давлати миллии Сомониён зиндагию эҷод намудааст ва пояи адабиётамонро ба суханони муҳкаму матину солими худ бунёдгузорӣ намуда ва дар қад барафрохтани бинои бузург ва муҳташами он саҳми бузург гузоштааст. Агар устод Рӯдакӣ хиштҳои бинои ин кохи бузургро дар ибтидо дуруст намегузошт, ҷо ба ҷо намекард, имрӯз ин бино ва ин кохи пуршукӯҳ, ки мо дорем ва муҷиби ифтихори мо ва аҳли олам…
Панҷшанбе, 23 Январи 2020 08:02

Духтари муаллим (Ҳикоя)

Муаллиф:
 Ишқро оғоз ҳаст, анҷом нест. Саъдӣ Мардуми Вахшонзамин аз носозие, ки майдоннишинон, ба сарашон оварда буданд, хонаю дарашонро партофта мегурехтанд, чунонки солҳои бистуми асри бист, бобоёну пайвандонашон табор-табор аз ҷафои болшевику босмачӣ фирор карда буданд. Мардуме, ки дар он солҳо хорзору найзорҳои санг барин сахтшударо бо каланду зоғнӯл канда, киштзор карда, на як бору ду бор хона сохтаю тӯю маъракаҳо ороста, бо ҳам паймони хешию дӯстӣ баста буданд, ҳоло аз якдигар, мисле ки аз пасашон мор медавад, мегурехтанд. Халқе, ки ба меҳнатқаринию саховатмандӣ ном бароварда буд, ҳоло бо лақаби «вовчику…
Сешанбе, 07 Январи 2020 14:18

Дарси вафодорӣ

Муаллиф:
“Аз таҷрибаи солҳои тадрисӣ дарк намудам, ки “муаллим” новобаста аз хоҳишу хостор вориди зиндагии ҳар кӯдак ва хонаводаи ӯ мешавад”. Ин сухани муаллимаи мактаби №53-и ш. Душанбе (ҳоло Гимназияи ба номи Муҳаббат Маҳмудова) Саида Бобоева мебошад. Мо донишҷӯёни солҳои 70-ум ва 80-уми асри гузашта, асарҳои нависандаи маҳбуб, Баҳром Фирӯзро ба ҳавас мехондем. Ин бор, баъди чиҳил сол, хотираҳои ҳамсари устод, муаллима Саида Бобоеваро, ки журналист ва нависандаи пуркор Латофат Кенҷаева ба номи “Таронаҳо бо олиҳаи вафо” китобат кардаанд, бо таҳсину ҳаваси бештар хондам. Чунки андешаву хулосаҳои аз баландии ҳафтод соли…
Саҳифа аз 1 то 12