Мо дар ин мақолаи хоксоронаи худ усули тадқиқӣ (муқоясавӣ)-и адабиётшиносиро пеш гирифтаем. Ҳангоме ки нависандаи араб дар бораи шоири намоёни тоҷик, муборизи роҳи бахту озодӣ устод Садриддин Айнӣ сухан ронданӣ мешавад, надида наметавонад, ки роҳи ин шоир, ҷодаи шеъру зиндагие, ки ӯ тай намудааст, қатъи назар аз тафсилоте, ки ба муҳити маҳал ва шароити ба худ хос вобаста аст, дар ҷавхари худ таҷассуми орзуву омоли шоирони Шарқ ва инъикоси намунаи ифодаи ҳақиқии беҳтарин ва зеботарин умедҳоест, ки шоирони муосири Шарқ аз интиҳои асри ХIХ то нимаи асри ХХ дар дили…