Ишқро оғоз ҳаст, анҷом нест. Саъдӣ Мардуми Вахшонзамин аз носозие, ки майдоннишинон, ба сарашон оварда буданд, хонаю дарашонро партофта мегурехтанд, чунонки солҳои бистуми асри бист, бобоёну пайвандонашон табор-табор аз ҷафои болшевику босмачӣ фирор карда буданд. Мардуме, ки дар он солҳо хорзору найзорҳои санг барин сахтшударо бо каланду зоғнӯл канда, киштзор карда, на як бору ду бор хона сохтаю тӯю маъракаҳо ороста, бо ҳам паймони хешию дӯстӣ баста буданд, ҳоло аз якдигар, мисле ки аз пасашон мор медавад, мегурехтанд. Халқе, ки ба меҳнатқаринию саховатмандӣ ном бароварда буд, ҳоло бо лақаби «вовчику…