Ҳаким Абулқосим Мансур бинни Ҳасан Фирдавсии Тӯсӣ[1] шоири бузурги ҳамосасаро буда, яке аз шоирони машҳури ҷаҳону ситораи дурахшони осмони адаби форсӣ мебошад. Соли 934 дар деҳи Божи ноҳияи Табарони Тӯс, яъне ҳамон ҷо ки имрӯз оромгоҳи ӯст, дар хонаводае аз табақаи деҳқон чашм ба ҷаҳони ҳастӣ кушод. Чунон ки медонем, деҳқонон як табақа аз моликон буданд, ки дар давраи Сосониён дар Эрон зиндагӣ мекарданд. Ба қавли Муҷтабо Минавӣ: «Деҳқон молики русто ё раиси шаҳрро гӯянд».[2] Деҳқонон табақаи фарҳангдӯсту бомаърифате буданд, ки расму ойин, одобу суннати волои Эрони бостонро ҳифз намуда…