JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 13 Июни 2019 09:22

Фирдавсӣ ва ойини ҷавонмардӣ

Муаллиф: Зуҳуров АБДУХОЛИҚ

  Ҳаким Абулқосим Мансур бинни Ҳасан Фирдавсии Тӯсӣ[1] шоири бузурги ҳамосасаро буда, яке аз шоирони машҳури ҷаҳону ситораи дурахшони осмони адаби форсӣ мебошад. Соли 934 дар деҳи Божи ноҳияи Табарони Тӯс, яъне ҳамон ҷо ки имрӯз оромгоҳи ӯст, дар хонаводае аз табақаи деҳқон чашм ба ҷаҳони ҳастӣ кушод. Чунон ки медонем, деҳқонон як табақа аз моликон буданд, ки дар давраи Сосониён дар Эрон зиндагӣ мекарданд. Ба қавли Муҷтабо Минавӣ: «Деҳқон молики русто ё раиси шаҳрро гӯянд».[2] Деҳқонон табақаи фарҳангдӯсту бомаърифате буданд, ки расму ойин, одобу суннати волои Эрони бостонро ҳифз намуда буданд. Бинобар ин фарзандони онҳо низ аз таъриху фарҳанг, тамаддуну суннатҳои Эрони бостон ба хубӣ огаҳӣ доштанд.

  Фирдавсӣ, ки худ аз чунин табақаи иҷтимоӣ буд, бо фарҳангу тамаддун ва  таърихи Эрон ошноӣ дошт. Аз ин лиҳоз, ватани худро дӯст медошт. Бо офаридани «Шоҳнома» фарҳангу тамаддун ва ҳувияти миллиро эҳё кард. Бинобар ҳамин дуруди фаровон ба равони поки бузургмарду ҷавонмарде, ки тамоми ойини ҷавонмардиро аз бар кард ва риштаи пайванду ягонагии мардуми ин сарзаминро аз ҳазор сол пеш то ба имрӯз бо неруи сухану эъҷози калом устувор сохт.

  Қайд кардан бамаврид аст, ки калимаи «ҷавонмардӣ» дар фарҳанг ба маънии ҳимматбаланд, олиҳиммат ва сахӣ омадааст. Баъзе фарҳангнависон онро муродифи «футувват» медонанд. «Футувват» калимаи арабӣ буда, аз решаи фатӣ, ки ҷамъи он фатиён мебошад, гирифта шуда, маънои ҷавонӣ ва ҷавонмардиро дорад, ки баъдан тобиши тасаввуфӣ ба бар кард. Калимаи фатӣ дар байни мардуми араби қабл аз ислом ҳамчун унвони фахрӣ  ба кор мерафт ва касе, ки ба ин унвон сарфароз мешуд, дар ҳақиқат, инсони комил маҳсуб меёфт.  Аммо ҳамчун истилоҳ ҷавонмардӣ ба сифати мақулаи тарбиявӣ, ахлоқӣ ва паҳлавонии давраи қадим ба шумор рафта, моҳияти он иттиҳоди одамони ҳамфикру ҳамақида мебошад. Баъдан ба яке аз муҳимтарин ҷунбишҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва мафкуравию фалсафии асрҳои миёна табдил ёфт ва бо хусусиятҳои мушаххаси зиддифеодалии худ мақоми махсусро доро гашт. Ҷавонмардон бештар ба масоили мардумсолорӣ, башардӯстӣ, гуманистӣ ва демократӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамуданд.[3]    

  Ислом ба қавмияту забон, одобу суннати қавмҳои мусалмон кор надошт. Аммо тозиёни мутаассиб дар давраи Бани Умайя худро бартар аз қавмҳои дигар шумориданд ва аз таҳқири қавмҳои ғайритозӣ ҳазар намекарданд.[4] Гузашта аз ин, дар дохили Эрон ҷараёни мухолифе вуҷуд дошт, ки зидди фарҳангу тамаддуни эронӣ мубориза мебурд. Яке аз ин мухолифин Ҳасани Маймандӣ, вазири Маҳмуди Ғазнавӣ буд, ки забони коргузориро аз порсӣ ба тозӣ баргардонид. Дигаре таърихнависи маъруфу машҳур Абулфазли Байҳақӣ буд, ки барои дабирон фарҳанги тозӣ таҳия намуд. Фирдавсӣ, ки худ ҷавонмарде буд ва аз ойини ҷавонмардӣ баҳраи кофӣ дошт, наметавонист бубинад, ки чӣ гуна қабилаҳои биёбонгарди араб хори чашми озодагон бошанд ва аҳли илму адаб, фозилону донишмандони кишвари маҳбубашро таҳдиду таҳқир намоянд.   Фирдавсӣ  инро низ дуруст дарк карда буд, ки ҳар фард вобаста ба миллаташ шинохта мешавад, бинобар ин, ҳар фарди равшанбину озода хостори он аст, ки ба миллати арҷманде вобаста бошад.

  Ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, ки рукни асливу асосии ойини ҷавонмардӣ маҳсуб меёбад, Фирдавсиро водор намуд, ки «Шоҳнома»-и безаволи худро, ки яке аз бузургтарин ҳамосаҳои ҷаҳон, муҳимтарин номаи андешаи сиёсиву миллӣ, шоҳкории ҳамосии забони форсӣ ва бузургтарин санади ҳувияти эрониён аст, ба вуҷуд оварад. Агар касоне «Шоҳнома»-ро маҷмӯаи афсонаҳову достонҳои паҳлавонӣ ё маҷмӯаи достонҳо ва саргузашти подшоҳон бишуморад, қатъан иштибоҳ мекунад.

  «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бузургтарин осори ҳамосӣ ва чакидаи гаронбаҳотарин андешаи Эрони бостон буда, яке аз ёдгориҳои арзишманди таърихӣ ва баёнгари расму адабу   ойинҳои ҷавонмардӣ ба шумор меравад. Дар «Шоҳнома» аҳвол, пирӯзиҳову шикастҳо, нокомиҳову диловариҳои эрониён дарҷ ёфта, аз куҳантарин даврон, (нахустин подшоҳи ҷаҳон Каюмарс) то сарнагунии давлати Сосониён ба дасти араб маълумот медиҳад.

  «Шоҳнома» як асари адабии беназир аст, ки пайваста мавриди таваҷҷуҳи хосу ом аст. Теъдоди китобҳое, ки ба ин арзишу азамат дар саросари дунё  расидаанд, бисёр маҳдуд аст. Бояд гуфт, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дарбаргирандаи се қисмат мебошад. Қисмати якуми «Шоҳнома» асотирӣ,  кисмати дуввум паҳлавонӣ ва қисмати саввум таърихӣ мебошад. Қисмати асотириро аз подшоҳии нахустинсони рӯи замин, яъне Каюмарс  оғоз намуда, дар бораи эҳёи расму ойин ва пайдоиши касбу ҳунар чунин маълумот медиҳад, ки Каюмарс яке аз шахсони хирадманд буда, ҷои нишасти худро дар кӯҳ ихтиёр мекунад ва ба тан пираҳан аз пусти паланг ба бар мекунад ва қавми худро палангинапӯш намуда, ба онҳо касби кишоварзиро меомӯзад:

Каюмарс шуд бар ҷаҳон кадхудой,

Нахустин ба кӯҳ андарун сохт ҷой.

Сари бахту тахташ баромад ба кӯҳ,

Палангина пӯшид худ бо гурӯҳ.

Аз ӯ андар омад ҳаме парвариш,

Ки пӯшиданӣ нав буду нав хуриш.[5]

  Дарвоқеъ, барои дуруст пай бурдан ва тасаввури куллӣ гирифтан аз адабиёти қадимаи Эрон мо танҳо метавонем такя ба маҷмӯаҳои қиссаҳои диниву қавмӣ кунем. Зеро забон пайдоиши аввалияи ҳар қавму қабила буда, инсонҳо ба воситаи он фарҳангу маданияти худро шифоҳӣ баён намуданд ва аз лиҳози таърихӣ, давраи густариши қиссаҳои диниву қавмии эрониёни пеш аз ислом даврае мебошад, ки дар он ҳанӯз хат падид наёмада буд ва ҷомеа бо фарҳанги шифоҳӣ зиндагӣ мекард ва онро  аз насл ба насл, яъне ба фарзандони худ интиқол медод. Фирдавсӣ дар ин бора чунин мефармояд:

Кӣ буд он ки дайҳим бар сар ниҳод,

Надорад кас он рӯзгорон ба ёд.

Магар к-аз падар ёд дорад писар,

Бигӯяд туро як ба як дар ба дар. [6]

  Дар бораи навиштани ҳаҷви Султон Маҳмуд ҷойи шакку шубҳа аст. Ба ақидаи донишманди эронӣ Муҳаммадамини Риёҳӣ, Фирдавсӣ  чанд байте дар накӯҳиши Маҳмуд сурудааст. Ин донишманд барои тақвияти фикри худ аз Усмони Мухторӣ, ки қабл аз Низомии Арузӣ зиндагӣ мекард ва яке аз маддоҳони Алоуддавла Масъуди севуми Ғазнавӣ- набераи Маҳмуд буд ва дар «Шаҳриёрнома»-и худ ба ҳаҷвномаи Фирдавсӣ ишорае карда буд, далел меоварад.[7] Аслан «Ҳаҷвнома»-и Фирдавсӣ сохтаи шоирони баъдии дарборист, зеро;

а) шоирони дарборӣ бад-ин васила метавонистанд ба суду манфиати худ кор кунанд (хусусан, Усмони Мухторӣ, ки пешаи маддоҳӣ дошт) ва шоҳонро ҳушдор намоянд, ки шоирро таҳқир намудан бар зарари худи онҳост ва ин байти илҳодиро ба души Фирдавсӣ бор карданд:

Ки шоир чу ранҷад, бигӯяд ҳиҷо,

Бимонад ҳиҷо то қиёмат ба ҷо.[8]

  На танҳо ин байт, балки сартосари «Ҳаҷвнома» аз ҳушдор намудани шоҳон иборат буда, барои силаву инъоми хуб гирифтан хеле мусоид мебошад;

б) чаро маҳз Фирдавсиро интихоб карданд. Гарчанде ки Фирдавсӣ дар замони худ машҳур набуд, вале пас аз даргузашт чунон машҳуру маъруф гашт, ки паямбари қасидасарои Аҷам Анварии Абевардӣ мартабаи ӯро дар шеър ба худоӣ расонид ва худро дар офаридани шеър бандаи ӯ маҳсуб донист:

Офарин бар равони Фирдавсӣ,

Он ҳумоюннажоди фархунда.

Ӯ на устод буду мо шогирд,

Ӯ Худованд буду мо банда.[9];

в) ҳамчунин ин донишманд дар китоби мазкур оиди ранҷи чандинсолаи Фирдавсӣ баҳси ҷолибе ба миён оварда, бо далелҳои муътамад исбот мекунад, ки «Шоҳнома» дар тӯли бисту панҷ сол гирдоварӣ шудааст. Ба унвони далел яке аз байтҳои худи шоирро меоварад, ки чунин аст:

Ду даҳ солу панҷ андар ин шуд маро,

Ҳама умр ранҷ андар ин шуд маро.[10]

  Фирдавсӣ, ки бисту панҷ соли умри худро баҳри эҷоди ҳамосаи миллӣ бахшид, мисли Фаррухиву Унсурӣ ва Асҷадӣ барои дарёфти силаи мамдӯҳон рӯй ба пойтахти умаро наниҳод. Агар муҳити зисти Фирдавсиро бо Фаррухӣ муқоиса кунем, маълум мегардад, ки Фаррухӣ дар Систон хизмати деҳқонеро мекард ва чун зан гирифт музди маошаш ба зиндагӣ кифоя намекард, ночор рӯй баЧағониён ва Ғазна ниҳод.[11] Аммо Фирдавсӣ худ деҳқонзода буд ва тамоми дороӣ, сарвату моли худро сарфи «Шоҳнома» намуд ва бад-ин васила эҳёгари Аҷаму забони форсӣ гардид. Шахсияте ҳакиму донишманд ва аз одобу ойини ҷавонмардӣ баҳраманд, чӣ гуна метавонад дунҳимматӣ намуда, бо офаридани чанд абёти ҳаҷвомез қадру манзалати худро паст намояд?  

  Бисту панҷ соли умр ва тамоми дороиву сарвату моли худро сарфи «Шоҳнома» намудан далолат ба ҷавонмардии худи шоир мекунад, зеро тамоми хислатҳову ойинҳои ҷавонмардиро, ки дар «Шоҳнома» васф намуд, аввалин шуда худ онро дар амал иҷро кард. Ба ин тариқ шоир ба наслҳои баъдӣ намунаи ибрат шуда, таъкид менамояд, ки бояд ҷавонмардиро ҳар як фард бо пиндору гуфтору рафтори неки  худ шурӯъ намояд ва намунаи офаридаи худ бошад. 

  Аз оғоз то фарҷом «Шоҳнома» дарбаргирандаи панду андарзу ҳикмат ва одоби паҳлавонӣ мебошад, ки бо ойини ҷавонмардӣ иртиботи қавӣ доранд. Фаридуддини Аттор дар «Футувватнома»-и худ ойини ҷавонмардиро ба ҳафтоду ду шарт тақсимбандӣ намудааст:

Ки ҳафтоду ду шуд шарти футувват,

Яке з-он шартҳо бошад мурувват.

  Бад-ин тартиб ҳар як шартро, ки аз ростиву некӣ, вафову саховатмандӣ, зуҳду тақво, адабу тавозӯъ, қаноату риёзат ва ғайра иборат мебошанд, номбар намуда, дар бораи он маълумоти мухтасаре медиҳад. Ба қавли Аттор, агар яке аз ин шартҳо дар инсон набошад, пас ӯ аз ҷавонмардӣ баҳрае набардоштааст.

  Ҳамаи ин шартҳо дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ оварда шудааст, ба ғайр аз ин, дигар хислатҳои ҷавонмардие, ки дар «Шоҳнома» вуҷуд доранд, дар Аттор дида намешаванд, зеро «Футуватнома»-и Аттор сирф тасаввуфӣ буда, дигар хислатҳои ҷавонмардие, ки Фирдавсӣ офаридааст, хоси давраи Эрони пеш аз ислом мебошад.

  Яке аз ойинҳои калидии ҷавонмардӣ хирад аст ва Фирдавсӣ онро дар оғози «Шоҳнома» ҷой додааст:

Ба номи Худованди ҷону хирад,

К-аз ин бартар андеша барнагзарад.[12]

  Фирдавсӣ бо тавсифи хирад ва онро дар оғози «Шоҳнома» ҷой додан, инсонро ба хирадмандӣ тарғиб мекунад, зеро маҳз хирад метавонад инсонро аз тамоми бадӣ нигоҳ дорад ва ба роҳи ростиву накӯкорӣ ҳидоят намояд.

  Барои аз бар намудани ойинҳои ҷавонмардӣ ва ҷавонмарди комил шудан пайраҳаҳои зиёдро тай намудан лозим аст. Яке аз шартҳои асосии он, доштани устоди моҳиру ботаҷриба мебошад. Аз ин ҷост, ки достони Сиёвуш байни дигар достонҳои «Шоҳнома» ҷолибу дилчаспкунанда ва таваҷҷуҳи хонандаро бештар ба худ ҷалбкунанда офарида шуд, зеро Сиёвуш тарбиятёфтаи ҷаҳонпаҳлавон Рустами Дастон буд: 

Чунин то баромад бар ин рӯзгор,

Таҳамтан биёмад бари шаҳриёр.

Чунин гуфт, к-ин кӯдаки шерфаш,

Маро парваронид бояд ба каш.[13]

  Сиёвуш тамоми ойинҳои ҷавонмардиро, аз қабили ба асп савор шудану тир андохтан аз камон, нишастан ба маҷлису бо бозу шоҳин шикор намудан, роздориву парҳезгорӣ, хиёнат накардану бевафоӣ ва ғайраро аз Рустам омӯхт:

Савориву тиру камону каманд,

Инону рикебу чиву чуну чанд.

Нишастан гаҳи маҷлису майгусор,

Ҳамон бозу шоҳину кори шикор.[14]

  Барои тамоми ҳунарҳоро аз бар намудани Сиёвуш, Ҷаҳонпаҳлавон дар омӯхтани ҳунарҳо басо ранҷ бардошт:

Ҳунарҳо биёмӯхташ сар ба сар,

Басе ранҷ бардошту омад ба бар.[15]

  Ҳангоме ки Судоба мехост бо роҳи макру ҳила Сиёвушро ба доми худ афканад ва коми дил аз ӯ ҳосил кунад, Сиёвуш бо ақлу хиради худ дарёфт, ки хиёнат кардану бевафоӣ нишонаи ноҷавонмардист, пас зуҳду тақво пеш гирифт ва ба Судоба гуфт:

Сиёвуш бад- ӯ гуфт: «Ҳаргиз мабод,

Ки аз баҳри дил сар диҳам ман ба бод.

Чунин бо падар бевафоӣ кунам,

Зи мардиву дониш ҷудоӣ кунам». [16]

  Дигар аз шарти ойини ҷавонмардӣ бахшидани гуноҳ ва ҳидоят намудан ба роҳи рост аст. Ҳангоме ки Сиёвуш аз оташ мегузарад ва бегуноҳии худро исбот мекунад, шоҳ Кайковус мехоҳад Судобаро ҷазо диҳад ва ба дор овезад. Сиёвуш аз роҳи ақлу дониш ва хиради худ пай бурд, ки агар шоҳ Судобаро бикушад, пас аз кардаи худ пушаймон мешавад ва Сиёвушро сабабгори ғаму андуҳи худ медонад. Бинобар ин, аз шоҳ талаби бахшиши Судобаро мекунад:

Сиёвуш чунин гуфт бо шаҳриёр,

Ки дилро бад-ин кор ранҷа мадор.

Ба ман бахш Судобаро з-ин гуноҳ,

Пазирад магар панду ояд ба роҳ.[17]

  Ҳамаи мо суханони Фирдавсиро, ки гавҳар ва олитарин андешаву афкори ниёгони мо мебошанд ва онҳо тӯли қуруни мутамодӣ аз таҷрибаи таърих гузашта, ойини ҷавонмардиро дар худ ғунҷонида, шахсро бевосита ба сӯи ҷавонмардӣ раҳнамун месозанд, бояд сармашқу дастурамали зиндагии рӯзмарраи хеш қарор диҳем, зеро тарвиҷи афкори баланду андешаҳои бузурги Фирдавсӣ, агар ба тариқи саҳеҳ анҷом гирад, метавонад аз ҳар василаи омӯзишии дигар бештару беҳтар муассир бошад. Ба хусус навҷавонони сарзамини мо, ки ҳамоно сармояҳои аслӣ ҳастанд, агар аз ҳикмати Фирдавсӣ, ки бар пояи ҷавонмардӣ мустаҳкам аст, баҳраманд шаванд, ҷомеаи мо, воқеан, ранги дигар ба бар мекунад ва дар баробари ҷомеаҳои мутамаддини ҷаҳонӣ қарор мегирад.

Зуҳуров АБДУХОЛИҚ

ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№3 (16), 2019

 

 

 

 
[1]Низомии Арўзии Самарқандӣ.  Чаҳор мақола, мураттибон Х. Шарифов, У. Тоиров  Душанбе: «Ирфон», 1986.

[2] Муҷтабо Минавӣ. «Деҳқон», «Симурғ», шумораи 1, 1351. саҳ. 8-13.

[3]  Қурбон Восеъ. Номаи ҷавонмардӣ.-Душанбе: Ирфон, 1986.  144с.

[4] Муҳаммадамини Риёҳӣ. Фирдавсӣ-Душанбе: Шуҷоиён, 2010. саҳ. 51.

[5] Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилди 1. Таҳияи Камол Айнӣ, Зоҳир Аҳрорӣ, Баҳром Сирус. Душанбе: «Адиб», 1987. Саҳ. 46.

[6] Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилди 1. Таҳияи Камол Айнӣ, Зоҳир Аҳрорӣ, Баҳром Сирус. Душанбе: «Адиб», 1987. Саҳ. 45.

[7] Муҳаммадамини Риёҳӣ. Фирдавсӣ-Душанбе: Шуҷоиён, 2010. саҳ. 136.

[8] Шоҳбайтҳои Шоҳнома.  Муаллифи сарсухан ва мураттиби китоб Шодӣ Асрор Душанбе: Адиб, 1990. саҳ. 207.

[9] Ҳамон ҷо саҳ. 4.

[10] Муҳаммадамини Риёҳӣ. Фирдавсӣ-Душанбе: Шуҷоиён, 2010. саҳ. 77.

[11] Ҳамон ҷо саҳ. 104.

[12] Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилди 1. Таҳияи Камол Айнӣ, Зоҳир Аҳрорӣ, Баҳром Сирус. Душанбе: «Адиб», 1987. Саҳ. 25

[13] Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилди 3. Таҳияи Камол Айнӣ, Зоҳир Аҳрорӣ, Баҳром Сирус. Душанбе: «Адиб», 1988. Саҳ. 12.

[14] Ҳамон ҷо саҳ 350.

[15] Ҳамон ҷо саҳ 350.

[16] Ҳамон ҷо саҳ 361.

[17] Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилди 3. Таҳияи Камол Айнӣ, Зоҳир Аҳрорӣ, Баҳром Сирус. Душанбе: «Адиб», 1988. Саҳ. 53.

Хондан 3335 маротиба